Ҳеч неъмат беҳ зи истиқлол нест,

Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.

Дар воқеъ, Мавлонои бузурги Балхӣ хеле дуруст ва бамаврид гуфтаанд, ки неъмате беҳтар зи истиқлол буда наметавонад. Ин неъмати худододи пурарзиш, ки дар баҳои ҷони ҷавони садҳо фарзандони ба ору номус ва шарафёри кишвар ба даст омадааст, ифодагари ормонҳои миллии таърихи беш аз сад ҳазорсолаи на танҳо Сомониёну Сосониён, балки Каёниёни далери кишваркушои Ориёӣ буда, пайвандгари имрӯзу фардои мост. Шояд ҳамин пайванди ногусастании абоҳои далеру кишваркушо ва башардӯстамон бошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини интихобшуданашон ба мақоми олии Раиси Шурои Олии Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол бо матонату қаҳрамонӣ ва далериву шуҷоати Ориёӣ, тамоми масъулияти раҳбарии кишварро миёни оташу хун ва ниқору кина бар душ гирифта, бо мадади Яздони пок ва рӯҳи ҷовидонаи Ориёи бузург дар баҳои ҷон ва хонумони азизаш онро дифоъ намуда, истиқлолияти рӯ ба нестӣ ниҳодаро аз нав эҳё намуда, муждаи васлу висол ва шукуфоиро  бар гӯши ҷони мардуми саросарии кишвар расонид. Ва барои ҳазорон зиёии кишвар имрӯз метавонад намунаи ибрати хос бошад. Ҳарчанд гуногунандешии сиёсӣ, ки охирҳаёти Шӯравӣ бо ибтикори охирон роҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбочёв рӯйи кор омада буд. Ҳукумати абарқудрати яккаҳизбии Ҳизби ҳокими коммунистро аз дохил пора-пора намуда, ин пораҳо ба ҷони ҳам барангехта, он қаламрави шукуфонро оғӯштаи хоку хун намуд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави Осиёи Миёна бедортарин кишвари фарҳангӣ буд ва марзҳояш ба рӯи ҳама душману дӯст боз гардида, бархе аз нотавонбинони диниву мазҳабӣ, бо баҳонаи  ҳамдиливу ҳамкешиву ҳаммазҳабиву ҳамзабонӣ вориди он гардида, иддае аз навришу навдину навкеши гумроҳро, ки бо эҳсосоти баланд ҷори мусалмонӣ мезаданд, ба домӣ худ афтонда, тавассути ана ҳамин «навриш»-ҳо кишвари сарсабзи соҳибтоҷи моро ба майдони ҳарбҳои мазҳабӣ кашиданд ва хуни садҳо ҷавони бегуноҳ рӯйи замини намозии Ориёи бузург рехт. Он гуна, ки пештар гуфтем, Тоҷикистони азиз бе ҳеч муболиға, охири солҳои ҳаштодуми саддаи гузашта, бедортарин мағзҳоро парвариш намуда, истиқлоли зеҳнии зиёии тоҷик дар тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ девори вуҷуди бисёре аз сардамдорони он замонро ба ларза андохта буд. Ҳанӯз, нимаи дуюми соли 1989 замони побарҷоии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ донишмандони тоҷик барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ, талошҳои зиёд намуда, ин иддаои тоҷикон бо дастгирии садҳо олимони шуҳратёри қаламрави Шӯравӣ ҳамовози пайдо намуда, бо ин забони шаккарин мақоми давлатӣ дода шуд.

 Бедории зеҳнӣ

Ҳамагон ин пирӯзии бедории зеҳниро бо шодиву сур, истиқбол намуда, бехабар аз ошуби замон, боз аз будаш бештар мехостем. Иддае аз донишмандони кишвар, ки дар замони побарҷоии Шӯравӣ ба сифати тарҷумон дар кишвари Афғонистон ва Эрони шоҳаншоҳӣ хизмат менамуданд, дар замони нави инқилобҳои зеҳнӣ вориди ин кишварҳо гардида, аз он ҷо на тафаккури созанда, балки таассуби динӣ ва мазҳабӣ оварда, бо ин тафаккур ба бархӯрдҳои шадиди миллӣ гирифтор шуда, ин бархӯрдҳои зеҳнии миллӣ дар муқобили таассубҳои динӣ ва мазҳабӣ тоб наоварда, бедории миллӣ, ки ҷанбаи дунявият дошту пуштибонаш Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ буд, аллакай аз по уфтода буд. Ҳамин тавр, зиёии миллатдӯсту ватанхоҳ, ки дар рӯҳияи башардӯстии Шӯравӣ тарбият ёфта буд, бепуштибон монда, дар муқобили зиёии замони нави пасошӯравӣ истодагарӣ натавониста, ба куфру бидъат ва динситезӣ муттаҳам мегардид ва зиёӣ бозичаи дасти диндорон гардида, ки соҳиби унвонҳои баланди илмии «профессор», «номзади илм», «доктор» ва «академик»  гардида буданд, бо ифтихор ба мақомҳои динии «эшон» «сайидӣ», «хоҷа», «шайх» ва «домулло» аз ҷониби хоҷагони худ соҳиб гардида, ин қишри бедори ҷомеаро ба бадномӣ ном мебурданд.

Ҳамин тавр, мақоми диндорон дар қариб тамоми сохторҳои сиёсиву фарҳангӣ ва қудративу иқтисодии кишвар зиёд гардида, ҳар касе, ки як ҷумлаи форсӣ ва ё арабиро хонда метавонист, ҳатман ба ин гуруҳи «зиёиён» пайваста аз китобхониву синфхонаҳои маърифатхез рӯ ба сӯи масҷиду меҳроб оварданд. Зиёии замони Шӯравӣ, ки забони русӣ забони тадқиқоту пажуҳиши илму донишандозиаш буд ва ба ин забон аз чаҳор се ҳиссаи олам гуфтугӯ менамуд ва садҳо асарҳои шуҳрати ҷаҳонидошта офарида буданд, дар муқобили ин навришҳои худфурӯши дилситез тоб наоварда, як иддааш бо онҳо пайваста, дар кӯчаву бозор ва макотибу мадраса таблиғот мебурданд, ки акнун ба забонамон мақоми давлатӣ додем. Ҳарчи зудтар ба алифбои бобоиямон, яъне алифбои арабиасоси форсӣ гузарем. Ин шиорҳо шабу рӯз аз тариқи матбуотҳои озод таблиғ гардида, айбҷӯиву бадномсозии ҷонибдорони алифбои русӣ зиёд гардида, интиҳои он дар хиёбонҳои Душанбе бо задухӯрди шадид мубадал гардида, Ҳукумат рӯ ба сукут оварда, бенизомӣ «низом» вақт гардид. Ва набояд фаромӯш кард, ки парлумони соли 1990-ум, ки аксарияти вакилонаш, парвардаи замони пурнишоти башардӯстонаи Шӯравӣ буданд, зери фишори сахти диндорон қарор гирифта, муддате аз фаъолият боз монд. Банда, ки он замон ба ҳайси мухбири махсус ва муовини нашрияи Бунёди Байналмиллалии забони форсии тоҷикӣ «Сомон» фаъолият менамудам, ба аксари вакилони парлумон иртиботҳои сахти фарҳангӣ доштам. Бо вакили мардумӣ аз ноҳияи Данғара муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки миёни вакилони минтақаи Кӯлоб хеле бедордилу раъиятпарвар ва ватандӯст буд ва бо вакили мардумӣ аз ноҳияи Маскав Сафаров Абдулҳамид дар меҳмонхонаи “Авесто” ҳангоми иҷлосияҳо ҳамхона буданд, хеле суҳбатҳои хотирмону самимӣ доштам, ӯ бо ҳамаи хабарнигорон бисёр бо самимият ва эҳтироми хоса суҳбат менамуд. Муносибаташ бо мо кормандони Бунёди Байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ва нашрияи «Сомон» он қадар хуб буд, ки устод Лоиқ чанд бор пешниҳод намуда буд, ки ӯро узви раёсати Бунёди забони форсии тоҷикӣ қабул намоем. Ин таклифи устодро банда шахсан ба ӯ расонида будам. Ӯ бо лутфу меҳрубонӣ гуфта буд, ки дар парлумон одамони донишманд зиёданд, мо бошем вакилони минтақаи Кӯлоб фақат рӯзҳои иҷлосия омада метавонем. Дигар рӯзҳо бо ҳамроҳии мардум дар талоши ҳосили заминҳо корҳои саҳроӣ банд мебошем. Ҳамин тавр, сарнавишт ин вакили мардумиро аз миёни он ҳама ба мақоми Раиси Шурои Олӣ овард. Бедории зеҳнӣ ва ватанхоҳиву ватансозиаш бе ҳеч як муболиға ва тамаллуқ ҳамон замон аз аксари вакилон фарқ мекард. Таҷрибаи бузурги заминкорӣ, мардумсолорӣ, раъиятпарварӣ, ватанхоҳӣ, башардӯстӣ ва кишвархоҳияш ӯро миёни мардум соҳибарҷу эҳтиром намуд.

Ҳамин муҳаббат ва самимияташ бо ҳар як сокини кишвар бо марзу бум ва донишмандону донишварон ӯро соҳиби мақоми олии Пешвои миллат намуд. Бедории зеҳнӣ, созандагӣ, сарсабзӣ ва ободонии кишвар ва бахшандагиву меҳрубониаш бар қалби миллионҳо бошандагони кишвар муждаи умед ба фардои некро овардааст. Ҳамон суханони саропо пур аз муҳаббат ва самимияти ватанхоҳонае, ки аз минбари Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Қасри Арбоб ба самои кишвар ва берун аз он печида буд, «То охирин гурезаи иҷбории тоҷикро ба Ватан бар нагардонам, худро орому осуда намебинам» бар торикистони қалбҳои ҳазорон модари тоҷик нуру сафо бахшида, гули ормонҳои миллионҳо нобоваронро ба фардои нек файзрезу файзхезаш намуд. Шадидтарин муҷримонро бахшид, на як бор, даҳо маротиба аз гуноҳашон гузашт. Онҳое, ки дар набардҳои хунин бо ӯ дӯшмани намуда буданд, бо  муҳаббат ва садоқати бепоёни тоҷикона бағал кушода оғӯшашон намуд, то кинаҳо фаромуш гардаду ниҳоли дӯстиву якпорчагӣ, самар орад. Хеле дуруст ва бомаврид шоири халқии Тоҷикистон устод Муҳаммад Ғоиб ин манзараро рӯи саҳфа овардааст:

Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард.

Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард,

Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,

Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.

Ҳамин тавр, ин абармарди таърихи навини миллат, бо иддае аз давлатмардони кишвар, арбобҳои сиёсиву фарҳангӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Абдулмаҷид Достиев, Мунавваршо Назриев, Талбак Назаров, Султон Мирзошоев, Амиршо Миралиев, Ҳабибулло Табаров, Мирали Маҳмадалиев, Сайдулло Хайруллоев, Шукурҷон Зуҳуров, Сафарали Раҷабов ва чанд нафари соҳибарҷу эҳтироми миллат Тоҷикистони анқариб поррагаштаро ҷамъ оварда, хишти аввалини якпорчагиву ҳамбастагии кишварро гузошт. Аввалин вохӯрияш бо зиёиёни кишвар моҳи феврали соли 1993 дар шаҳри Душанбе, ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ хеле наздик намуд. Мардум дар симои пок ва тиннати қаҳрамононааш роҳбари воқеии миллатро дарёфта, атрофаш ҷамъ гардиданд. Ҳама модарон, дилбарон, духтарон ва пирони рӯзгордида дуои тану ҷон ва хонадонаш намуда, бо фотиҳа ба майдони номусу нанги ватандорӣ раҳсипораш намуданд.

Номуси ватандорӣ

Нахустин мулоқоту гуфтушунидҳо оғоз гардид, ин мулоқот ва гуфтушунидҳо ӯро бо мардум хеле наздик намуд, ҳама суханварону фарҳангиёни кишвар, ки дар ҳолати бесарусомонӣ пушти дарҳои бастаи шодиву сур бо дилларза ба сар мебурданд. Аз нахустин мулоқот ҳамсиришт, ҳамтақдир, ҳамкеш ва ҳамрешаи асири хешро дар симояш дарёфтанд. Нахустин муждаи фарҳангӣ ин таҷлили ҷашни пуршукуҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1995 дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ буд. Аҳли зиёи кишвар бо ҳузури меҳмонони олиқадри Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Олмон, Фаронса, Бритониё ва Амрикову чандин кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор ба ҷаҳониён собит намудаанд, ки роҳи интихобнамудаи сулҳу якпорчагии миллат, ки аз ҷониби Президенти тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури ҳама ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон гардида буд, аз ҷониби ҳама бошандагони кишвар пазируфта шуда, Президенти муҳтарами кишвар ҳамчун кафили сулҳу салоҳ аз номи миллат ва давлат гуфтушунидҳоро оғоз хоҳад намуд. Аввалин вохӯрияш бо қумандонҳои саҳроии Бадахшон дар шаҳри Хоруғ нишон дод, ки Президенти тозаинтихоби кишвар дар воқеъ, шахсияти таърихӣ ва абармарди замони нав буда, метавонад кишварро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бубахшад. Ҳамин тавр, вохӯриву мулоқоташ, зимистони соли 1996 бо роҳбарияти нерӯҳои мухолифини тоҷик дар шимоли Афғонистон ба ҷанги таҳвилшудаи шаҳрвандӣ хотима гузошт. Қалами гӯёи марказҳои таҳвилию тадқиқотии хабарнигорони ҷаҳони нав пешорӯйи ӯ хеле оҷиз буданд. Бедории сиёсӣ, соҳибфарҳангиву ватанхоҳӣ, башардӯстиву мардумнавозиаш аксари фармондеҳони нерӯҳои мухолифинро бе ҳеч шаку шубҳа ба ӯ наздик намуда, онҳо бо савганди садоқат ба ӯ пайвастанд. Вале, як иддаи хурди онҳо, ки бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буданд, шармандавор ба ғазаби Худованди бузург гирифтор шуда, лаънаткардаи халқ гардиданд. Аз соли 2000 то ба ин ҷониб даҳо симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастаанд, эътибори Пешвои муаззам ва давлату Ҳукумати Тоҷикистони азизро машҳури олам намуд. Ӯ ба истиқлолияти зеҳнӣ, ки орзуи ҳазорон ҳазор донишмандони кишвар буд, заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз аз баракати истиқлолияти зеҳнӣ даҳо рисолаҳои докторӣ ва садҳо рисолаҳои номзадӣ дар илми сиёсатшиносӣ рӯйи кор омада, фазои иттилоотии кишвар хеле озод буда, аз ҷониби Ҳукумат ва арконҳои идорӣ ягон фишор дида намешавад. Мову манҳоро зарур аст, ки на аз рӯйи душмании сохта ва худфурӯшӣ давлат ва Ҳукуматро маломат намоему кадом як нокомгаштаи сиёсиро васф намуда, мардумро гумроҳ намоем. Зиракии сиёсӣ ва бедории зеҳнӣ дар тиннати пок рӯҳи солимро тарбият намуда, ҷомеаро аз хатарҳои глобалӣ мебояд эмин нигаҳ бидорад. На фирефтаи бозии ҳавасҳо гардида, ба хони поки меҳани азиз хиёнат намоем. Ин панди Шайх Аттори Нишопуриро набояд фаромуш кард:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Имрӯз баъзе аз тангдилону тангназарон аз рашк ва нотавонӣ аз кишварҳои дур, аз соҳилҳои номуродӣ санг бар пои шукуфоии кишвар мезананд. Иддае аз нотавонӣ дар дохилӣ кишвар Ҳукуматро дар сурати як носипосе, ки аз номи Ҳукумат хиёнат ба мардум мекунад, маломаташ менамоянд.

Ва иддае дигаре, ки фитназоянд соҳибдилону донишмандон ва ватанхоҳону пайравони воқеии Пешворо сари ҳар сатр маломат намуда, эътибори Ҳукуматро костан мехоҳанд. Магар онҳо намедонанд, ки Пешвои миллат бузургтарин таҷрибаи рӯзгорро пушти сар намуда, ҳар як мақомдори Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти муҳтарами кишвар аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузашта, бо эътибори баланди мардумӣ вориди Қасри миллат мегарданд. Ҳар як маҷлису машваратҳое, ки Пешвои миллат мегузаронанд, бо ахлоқи баланди Роҳбарӣ, бо як дилсузӣ ва самимияти бепоён аз ҳар як зимомдори Ҳукумат аввал аҳволи раъиятро пурсида, баъд ҳисоботҳои онҳоро мешунавад. Иддае аз роҳбарон каму костиҳо ва нотавониашонро агар пинҳон медоранд, он ҳамаро Пешво ёдоварӣ намуда, ба таъкид аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ба халқу Ватан хиёнат накунанд. Ҳамеша раиятпарвару ватанхоҳ бошанд, ин обу хок ва табиати биҳиштосо ва мардумони некрой ва некбину некандеши тоҷикро сазовор ба бовариашон бошанд. Фирефта ва бозичаи дасти касе набошанд. Хеле дардовар аст, ки аз ҳамин даргоҳи меҳру муҳаббат ва самимияти ватандорӣ баъзеҳо сӯистифода намуда, эътибори кишвар ва роҳбарияти онро коста месозанд. Чаро ки баъзе матбуоти озиди кишвар аҷнабиеро тавсиф намуда, амалҳои носавоби онро миёни мардум дар маърази тамошо мегузорад? Ҳол он ки самимияти ватандорӣ ва раъиятпарварии Пешвои миллатро берун аз кишвар, садҳо марказҳои таҳлиливу тадқиқотӣ мавриди омӯзиши хеш қарор дода, таҷрибаи бузурги роҳбарияшро ба садҳо шогирдон меомӯзонанд. Барои далели ин гуфтаҳо шеъри шоири шаҳиди эронӣ Масъуди Сипанд «Ман ориёиям» ба Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, далели шаръии ин гуфтаҳо буда метавонад. Ҳамин озодии матбуот, гуногунандешӣ, озодии баён, озодии зеҳнӣ, озодии иқтисодӣ, ки сутуни нардбони кишвари демократии башардӯстиву дунявии мо мебошад бо талошҳои зиёди Пешвои миллат рӯйи кор омадаанд.

Ориёинасаб

Оринасабе, ки ор дорад, бодо!

Бар асли худ ифтихор дорад, бодо!

Оё метавон бе муболиға ва тамаллуқ ин ҳамаро ба истиқлолияти зеҳнии Пешво, ки ифодагари Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад,  ҳамсанг донист. Бале, ин ҳама аз истиқлолияти зеҳнии азалии Пешво сарчашма гирифта, истиқлолияти комил, ин истиқлолияти зеҳнӣ буда, дар асоси дарки донишҳои баланди сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба миён меояд. Онгуна, ки дар оғоз гуфта будем, ҳама нофаҳмиҳо ва нооромиҳои ҷомеа аз набудани истиқлолияти зеҳнӣ сарчашма мегирад. Агар ин пиндор ва андеша дурӯғ будӣ, аз чи хотир ормонҳои Ориёии Пешвои миллатро, ки тамоми мардуми равшанзамири қаламрави Ориёнои бузург бо ҷону дил мепазиранду ба онҳо тақлид менамоянд, баъзе аз курдилони носипоси ҳамқавми мо хиёнат намуда, он гуна, ки устоди шифо-ул-калом Алимуҳаммади Муродӣ фармудааст, пушти аъробии биёбони ва турки хонабардуш рафта, чун соил аз хони ҷугие нон металабад. Ва эътибори миллати тамаддунофари тоҷикро коста менамояд.

Чаро эй Ориёии парешон,

Чу гарду чангӣ аз боди биёбон.

Чу аробию туркӣ хайма бар пушт,

Бипурсӣ аз дари ҷугӣ лаби нон.

Куҷо шуд он номусу шарафи ватандории Ориёие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наздики 30 сол боз бо таъкид бар гӯши ҷони мову манҳо мерасонад? Яъне моро зарурати таърихие пеш омадааст, ки бо чашми хирад ба неъмати истиқлол бингарему ба қадри он бедории зеҳние, ки аз Пешво ба мо расидааст, бирасем.

Пас истиқлолияти зеҳнӣ бедории фитрие мебошад, ки онро дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста ва дарки дурусти ҳаводис метавон аз худ намуд. Истиқлолияти зеҳнӣ хоси донишмандон буда, онҳо метавонанд, ки бо дарки баланди масъулият дар эъмори як ҷомеаи мардумсолорӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамин истиқлолияти зеҳнии Пешвои миллат ҳазорон донишмандони ватанхоҳро атрофи ӯ ҷамъ оварда, бо маърифати баланди Ориёӣ Тоҷикистони азизро, ки поррае аз Ориёи бузург мебошад, аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷоташ дода, имрӯз шуҳраи оламаш намудааст. Хеле бамаврид ва аз рӯи инсоф медонанд, ки иқтибосеро аз китоби тозанашри шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ «Ормонҳои Ориёӣ» биёранд, ки барои пайравони қадамроҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеият ва манфиатбор аст: «Имондорона бояд қоил шуд ва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин Ватан, ин миллат, ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дӯст медорад, аз дилу ҷон ба ҳамааш муҳаббати сӯзон дорад. Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш Ориёна аст, фаразанди Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикиро аз минбарҳои расмии муътабари умумидунявӣ барои ҷаҳониён тақдим медорад».

Ва устод ҷаҳду талошҳои Ориёнаи Пешвои муаззамро чунин сутудааст:

Ман ба расми Ориёнӣ тоҷ бар сар кардаам,

Бар дирафши Ковиёнӣ ҳафт ахтар кардаам.

Чилчароғи орифона ман фурӯзон доштам,

Хонадони ҳафт кишварро мунаввар кардаам.

Ин пораҳои саропо аз самимият ва меҳру муҳаббати ватандорӣ нишони арҷу эҳтироми поки Ориёӣ доштани аҳли зиёи кишвар бар ин абармарди таърихи нави ватандории мо навагони Ориёпешаи Каёниёни кишваркушо мебошад.

Ҳамин фазилати баланди инсонӣ ва башардӯстиву Ориёнасабӣ ва ватансозии Пешво ифтихори бузурги ватансозандагони ояндаи кишвар буда, аввал аз ҳама хонадони покмаҳзари Президенти маҳбубамон намунаи барҷастаи он мебошад. Шаҳрдори ҷавони пойтахти кишвар, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Рустами Эмомалӣ аз зумраи пайравони воқеии Пешвои миллат буда, амалҳои созандаи ватандӯстона ва мардумнавозиву башардӯстиаш миёни мардумони саросари Тоҷикистони азиз соҳиби арҷгузории ҳамагон гардидааст. Талошҳои созандагӣ ва ободонии шаҳрдори пойтахти азизамон Рустами Эмомалӣ ба Душанбеи азиз, ҳусну таровати хосса бахшида, онро рашки сад Ландану Порис намудааст. Аз парастишгоҳои кӯдакона то мактабу китобхона ва кохҳои фарҳангу боғҳои сарсабз, ки ба пойтахти кишварамон шуҳрату шон бахшидааст, айён аст, ки ӯ номбардори Ориёи бузург буда, эътибораш на танҳо дар Душанбеи азиз ва Тоҷикистони биҳиштосо, балки дар саросари қаламрави кишварҳои ҳамҷавор хеле баланд мебошад. Хамин аст, ки Душанбеи азиз бо ибтикори бевоситаи ӯ бо яке аз марказҳои фарҳангӣ ва мадании кишварҳои ҳамҷавор табдил гардида, мизбони доимии меҳмонони олиқадр ва ҷои баргузории симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ гардида, номи тоҷику Тоҷикистон дар равоқи эътибори фарҳангиёни олам бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь