“Мардуми бонангу номус ва шарафманди ноҳияи Панҷ бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои абармарди арсаи таърих, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ба хотири  пешрафту тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда ва босазои худро хоҳанд гузошт. Чуноне, ки Сарвари давлат мегӯянд, бояд наслҳои ояндаамон мулки озоду ободе ба мерос гузорем, то онҳо аз заҳматҳои ватандӯстонаву пуршарафи мо ифтихор намоянд”,-мегӯяд раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер.

Раиси ноҳия ҳамчунини қайд намуд, ки ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии  ноҳияи Панҷ дар нуҳ моҳи соли 2021 дар як даврае сипарӣ гардида истодааст, ки мардуми шарифи кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободониро вусъати тоза бахшида истодаанд.

Дар заминаи омодагиҳо ба ин санаи муҳими таърихӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ давоми нуҳ моҳи соли 2021 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои ҷойдошта ҷиҳати рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия як зумра корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Савдо ва иқтисод

Гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо ба 134,9 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 49,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 15,5 ва 3,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025, ки маблағи 293 миллиону 885,0 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 ба маблағи 6 миллиону 334,4 ҳазор сомонӣ таъмин шудааст ва 18,9%-и нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Панҷ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 22 миллиону 582,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ  шуда буд. Иҷроиши он дар ин давра 22 миллиону 582,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки сад фоизи нақшаро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 968,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, ки 6 миллиону 303,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ба 6 миллиону 951,5 сомонӣ расонида шуд. Дар маҷмуъ буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,2 фоиз иҷро гардид. Яъне, ба ҷойи 28 миллион 886,9 ҳазор сомонии пешбинишуда 29 миллиону 533,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки нисбати соли гузашта 6 миллиону 157,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Музди меҳнат ва нафақа

Музди миёнаи моҳона дар давраи сипаригардида 918,9 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 127,4 сомонӣ, ё ин ки 16,1 фоиз афзоиш ёфтааст. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 шумораи умумии нафақагирон 9 753 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 279 нафар зиёд мебошанд. Талаботи маблағи нафақахӯрони ноҳия 26 миллиону 552,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи нафақаи нафақагирандагон дар як моҳ 279,6 сомониро ташкил дод.

Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ

Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,7 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо 202,4 ҳазор доллари амрикоӣ  ё 3,6%-и умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Фаъолияти бонкӣ

Дар 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди карздиҳӣ барои фаъолияти ҳама бахшу соҳаҳо дар ноҳия ва соҳибкорон 54,6 миллион сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ум 22,2 миллион сомонӣ ё ин, ки  68,5  фоиз зиёд мебошад. Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон тариқи бонкҳо дар ин давра 21,8 миллион доллари амрикоӣ интиқол гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллион  доллар  кам  мебошад. Масъалаи муҳиме, ки дар соҳаи савдо ва фаъолияти соҳибкорӣ мавҷуд аст, ин пайваста дастгирӣ ёфтани соҳибкорон тавассути додани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат бо фоизҳои кам аз тарафи бонкҳои ҳудуди ноҳия мебошад. Ин амал бешак ба рушди соҳибкории хурду миёна ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳияи Панҷ мусоидат хоҳад кард.

Ёрӣ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат

Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар самти дастгирию кӯмак ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат диққати аввалиндараҷа дода, дар якҷоягӣ бо соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути расонидани кӯмакҳои яквақтаинаи моддию молиявӣ ба ин табақаҳои ниёзманд амалҳои хайру савобро дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳои давлатию миллӣ роҳандозӣ менамоянд. Дар “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ 94 нафар ниёзмандон ба қайд гирифта шудааст, аз он 26 нафарашон маъбон мебошанд. Давоми сол дар арафаи иду ҷашнҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ташкилоту муасисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 0306 ва 0332-и Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ятимони кулл, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ, камбизоатону маъюбон, нафақагирон, ашхоси барҷомонда, бепарсторон ва ашхоси яккаву танҳо ба маблағи 762,5 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст. Шумораи ятимони кулл дар ноҳия 13 нафарро ташкил медиҳад ва дар ин давра ба онҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони саховатпеша ба маблағи умумии  46,4 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Таъмини сокинон ба ҷойи кор

Дар 9 моҳи соли 2021-ум 972 нафар барои пайдо кардани ҷои кор  муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 372 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 792 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд, ки 272 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 621 нафар таъмин шуданд, ки аз ин шумора 199 нафарашон занон мебошад. Дар ин давра 12 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 88 ҷои кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 41 корхона ва 257 корҷӯй иштирок карданд. Аз ин ҳисоб 193 нафар ба ҷои бо кор таъмин шуда, 105 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Ба корҳои ҷамъиятии музднок бошад, 55 нафар сафарбар шуданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 33 нафар ба маблағи 107,7 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Кишоварзӣ

Тибқи омор, то 1-уми октябри соли ҷорӣ 8 498 нафар сокинони ноҳия дар муҳоҷират, дар хориҷ аз кишвар, қарор доранд, ки аз ин теъдод мардон-7780 нафар ва занон-718 нафар мебошанд. Соҳаи кишоварзии ноҳия рушд ёфта, заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст оварда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони ноҳияи Панҷ дар ҳаҷми 654,1 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22,7 миллион  сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 3,6%-ро ташкил медиҳад. Кишоварзони ноҳия дар майдони умумии 19 807 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 430 га зиёд мебошад. Аз он ҷумла: кишти ғалладонагиҳо дар майдони 5 929 га, ҷуворимаккаи дон – 526 га, зироатҳои техникӣ – 6 871 га, аз он ҷумла пахта – 6 404 га, хӯроки чорво – 2 838 га, картошка – 1004 га, кишти сабзавот дар майдони 1012 га гузаронида шудааст, ки 360 гектари онро пиёз ташкил медиҳад.

Дар ин давра маҳсулотҳои кишоварзӣ гӯшт (дар вазни зинда) 3 428 тонна, шир – 17 929 тонна, тухм – 4 720,4 ҳазор дона,  сабзавот – 43850,6 тонна, картошка – 19 076 тонна ва меваҷот – 10 139 тонна истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  аз 2 то 37,2% афзоиш ёфтааст.

Боғу токпарварӣ

Масоҳати умумии боғу токзорҳо 863 га мебошад, ки аз он  4 га боғи интенсивӣ ва 25 гектарро боғи ангур ташкил медиҳад. Соли равон содироти маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи дурнамо 2 260 тоннаро ташкил медод, ки ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 2 478,8 тонна сабзавоту меваҷот содирот карда шудааст. Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда 18 681 бех дарахт шинонда шуд, ки аз ин 3 045 бех ороишӣ, 5 200 дарахти ҳамешасабз ва 10 436 бех дарахтони сояафкан буда, 103,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Барои хурраму зебо гардонидани кӯчаю маҳаллаҳо бошад, ба миқдори 298 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо шинонида шудаанд. Бо мақсади гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулотҳои озуқаворӣ, инчунин,  танзими нарх дар бозорҳо дар соли 2021 кишти такрорӣ дар ҳамаи бахшҳои  хоҷагидорӣ дар майдони 8 033 гектар гузаронида шудааст, ки 100,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла ғалладонагиҳо 5 781 га, аз он ҷуворимакка барои дон 4 176 га, лӯбиё-315, мош-1 190  га, шолӣ-100 га, сабзавот-1326 га, полезиҳо-280 га, зироатҳои техникӣ- 85 га, хӯроки чорво 561 га.

Пахтакорӣ

Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ истеҳсоли пахта 6 577,8 тоннаро ташкил дод, ки 43,6 фоизи нақшаро дарбар мегирад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 107 тонна кам мебошад. Ин нишондиҳанда дар Кооперативии тиҷоратии тухмипарварӣ -133 тонна, ҷамоатҳои деҳоти Озодагон -515 тонна, ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат-481 тонна, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфуддинов Кабуд-690 тонна, Меҳвар-480 тонна ва ҷамоатҳои деҳоти Намуна-809 тоннаро ташкил додааст.

Ҳифзи муҳити зист

Дар нӯҳ  моҳи соли 2021  мутахассисони  бахши  ҳифзи  муҳити  зисти  ноҳия ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани камбудиҳо 63 санҷишҳои нақшавӣ ва корҳои назоратӣ гузаронида, нисбати 55 нафар шаҳрвандони ноҳия барои қонуншиканиҳо ба маблағи 9 980 сомонӣ ҷарима баста, маблағҳо пурра ситонида шудааст. Аз ҷониби бахши муҳити зист дар ин давра бобати тозаву озода намудани ҳудуди маркази ноҳия, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз шаш ҳазор нафар Аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил”-ро доир намуда, соҳилҳои каналу ҷуйборҳо ва партовгоҳои маҳалаҳоро аз партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ тоза намудаанд.

Саноат, барқ

Тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки: “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.

Баъзе корхонаҳои саноатии ноҳия муҳтавои Паёмро асоси фаъолияти худ қарор дода, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш доданд. Нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли орд, нон ва маҳсулотҳои нонӣ, макарон, маҳсулотҳои ширӣ ва масолеҳи сохтмонӣ  зиёд шудааст. Инчунин, дар  ин давра  2 корхонаи истеҳсолӣ бо 15 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар ноҳия айни замон як корхонаи калони пахтатозакунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, як корхонаи коркарди маҳсулотҳои ширӣ, як сехи нонпазӣ ва қаннодӣ, як сехи макаронбарорӣ, 43 осёб, 6 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 5 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишти сементӣ, 2 сехи истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва 4 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо зиёда аз 156 нафар истиқоматкунандагони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳия 93 миллиону 290,6 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол дода шуда, талафоти нерӯи барқ 13 миллиону 209,8 ҳазор кВт соат, ё 14,2 фоизро ташкил додааст. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 80 миллиону 480,7 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 11 миллиону 651,8 ҳазор сомонӣ дода шудааст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 92 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 103 фоизро дар бар мегирад. Қарзи истифодаи барқ дар ин муддат 15 миллиону 94,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарзҳо асосан аз ҳисоби корхонаи буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ 10,1 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 5,0 миллион сомонӣ  мебошанд.

Роҳҳо: таъмир ва нигоҳдорӣ

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳо ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 539,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб барои пардохти музди меҳнат 335,4 ҳазор сомонӣ, барои нигоҳдории роҳ ва таъмири ҷорӣ 17,1 км  161,9 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои ниҳолшинонӣ, таъмири 3 адад пулҳо ва аломатҳои роҳ 42,0 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бошад, 100,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар 21,1 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ  гузаронида шудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби кумитаҳои маҳал ва соҳибкорон дар ин давра 51,7 километр роҳҳои маҳал ба маблағи 317,2 ҳазор сомонӣ сангфарш ва чароғонкунӣ, бунёди 5 пули мошингузар ба маблағи 137,5 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Иншооти ҷашнӣ ва тозагии маркази ноҳия

То ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 215 иншоот ба маблағи 96,6 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба 102,4 фоизи нақша баробар мебошад.

Тозаву озода нигоҳ доштани маркази маъмурӣ, шаҳраки Панҷ ба зимаи корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и  ноҳия вогузор шудааст. Барои  зебо гардонидани симои шаҳрак аз ҷониби кормандони корхона  дар маркази ноҳия 3000 ниҳоли гули садбарг, 500 дона гули лола, 150 дарахту гулбуттаҳои ҳамешасабз ва зиёда аз 24 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонда шудааст. Чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия таъмин гардида, корҳои ободонӣ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак  идома доранд.

Таъмини оби тоза ба аҳолӣ

Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ”-и ноҳия  бо 5 262 хонавода, 195 ташкилоту муассисаҳо ва нуқтаҳои савдою  хизматрасониҳо шартнома баста, онҳоро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ корхонаи мазкур 663,1 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол намудааст, ки 107,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.  Дар ин давра 827,3 ҳазор сомонӣ маблағи ҳаққи истифодаи об ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 106,0 фоизи нақша баробар мебошад. Феълан корхона 39,1 ҳазор аҳолии ҷамоатҳои шаҳраки Панҷ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут ва Озодагонро шабонарӯзӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

Маориф ва тандурустӣ

Дар 52  муассисаи таълимии ноҳия 27 ҳазору 652  хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва ба онҳо 2 051 омӯзгор, ки аз ин теъдод 1 345 нафарашон зан ҳастанд, таълим медиҳанд. Омӯзгорон бо маълумоти олӣ 1168 нафар, олии нопурра 566 нафар, маълумоти миёнаи махсус 562 нафар, маълумоти миёнаи умумӣ 232 нафар дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд. Инчунин, дар 7 муассисаи томактабӣ 806 кӯдак дар 35 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия 594  нафар кӯдакони синни 5-6 сола ба марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб карда шудааст.

Дар олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 69 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 4 нафараш дар ҷамъбасти олипиадаҳои даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои сеюм гардидаанд.

Солимии ҷомеа аз омилҳои муҳими соҳаи иҷтимоии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 122 духтур, аз ин шумора 39 нафар бо тахассуси олӣ ва 866 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 63 нафар дар беморхонаи марказӣ, 4 нафар дар беморхонаи рақамӣ, 5 нафар дар диспансери бемориҳои сил ва 6 нафар дар беморхонаи пусту зуҳуравӣ фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 13 шуъбаи бистарикунонӣ, 4 шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар ин давра 4 369 бемор бистарӣ шудаанд ва саломатии 4 351 барқарор карда шудааст.Дар 9-моҳаи соли равон 60 бемори сили фаъол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 38 нафар бистарӣ карда шудаанд. Аз ин беморон 38 нафар сили ҳасоснок ва 17 нафар сили ғайришушӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 213 бемори сили фаъол зери назорати диспансерӣ қарор доранд. Дар Беморхонаи марказии ноҳия барои пешгирӣ ва паҳншавии бемори сироятии  Ковид-19 50 кати хоб омода мебошад. Давоми нуҳ моҳи соли равон 82 нафар беморони илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст, аз он 35 нафараш гирифтори бемории короновирус мебошанд. Аз ин шумора 33 нафарашон дар беморхона табобат гирифтанд. То имрӯз аз ин бемори ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Фарҳанг ва маънавиёт

Соҳаи фарҳанг дар баланд гардонидани сатҳи маънавиёти аҳолӣ нақши басо муассир дорад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи нақша-чорабиниҳо зумрае аз корҳоро амалӣ намуда, дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 53 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки дар онҳо 55 234 нафар иштирок намудаанд. Айни замон дар назди 24 корхона, муассиса ва ташкилотҳо 24 китобхонаи идоравӣ ташкил гардида, бо 19 570 нусха китоб таъмин карда шудааст.

Ҷавонон ва варзиш

Дар ноҳия як варзишгоҳи замонавии футбол бо 6 ҳазор ҷойи нишаст, 156 адад майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 5 адад майдончаҳои замонавии варзишӣ дар ихтиёри ҷавонон мебошанд. Давоми соли сипаригашта 58 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 117 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Давоми солҳои 2018-2021 дар ноҳия 9 майдончаи варзишӣ ва 4 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 дар деҳоти ноҳия, ки беш аз сад хоҷагӣ доранд, бунёди 25 майдонча ва 22 толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 12 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар он 710 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Панҷ 1026 тӯйи домодию арӯсӣ, 206 маросими чил, 166 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо1 398 ададро ташкил додааст. Хароҷоти умумии маблағҳо дар тӯйҳои домодию арӯсӣ 3 миллиону 167,0 ҳазор сомониро дар бар гирифтааст, ки ба ҳар як тӯй ба ҳисоби миёна 3 087 сомонӣ рост меояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь