Дар паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат бештар ба дастоварду муваффақиятҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии ватани маҳбубамон Тоҷикистон ёдовар шуданд. Қайд карда шуд, ки бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ин Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву осоиштагии мардум мебошад, ки он бо азму талош, заҳмату ҷонбозиҳои роҳбарияти олии кишвар ва дастгириии мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омад.
Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид.
Дар он айём, дар фурсати бисёр кӯтоҳ аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.
Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар пойтахти кишвар ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд.
Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем.
Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём навбатӣ қайд намуданд, ки дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар сӣ соли гузашта тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд. Хотирнишон месозам, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Ҷовид Равшанзода – ёрдамчии раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон