Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа буда, ҳамеша ба таваҷҷуҳ ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин соҳа аҳамияти бештар медиҳанду талаб мекунанд, ки дар саросари кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф чорабиниҳо сурат гиранд.

Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат зарурияти ҳар тадбиру вазифаи дар ин самт ба миён гузоштаро хуб дарк намуда, пайи иҷрои онҳо тамоми имкониятҳоро амалӣ месозад. Дар ин раванд дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи маориф», барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳри Ваҳдат, фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида истодаанд.

Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Қосим Давлатзода мегӯяд, ки кормандони раёсати маориф дар пайвастагӣ бо коллективҳои педагогӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътимоди қавию муътамад ва саршор аз муҳаббату самимият фаъолият карда, барои расидан ба дастовардҳои назаррас дар таълиму тарбияи насли наврас ҷаҳду талоши зиёде намуданд.

– Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегардад. Барои амалӣ кардани ин ҳадафи арзанда илҳомбахши аҳли маорифи кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Кормандони соҳа ҷавобан ба ғамхории Пешвои миллат, баҳри рушди ин соҳа пайваста тадбирҳои судманд ва амалӣ меандешанд, – мутмаин аст Қосимзода.

Фаъолияти муассисаҳои таълимӣ

Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат ба 153 адад расонида шуд, ки аз ин теъдод 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 15 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таълиму тарбия 83 ҳазору 682 нафар хонандагон машғул мебошанд, ки аз онҳо 39 ҳазору 763 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.  Шумораи хонандагон нисбат ба соли гузашта 4618 нафар (5,8%) ва дар қиёс нисбат ба 10 соли гузашта, 23602 нафар зиёд шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 ба синфи якум 10 ҳазору 508 нафар кӯдакони синни ҳафтсола қабул карда шуданд, ки аз ин 4986 (47,4 %) нафарашон духтарон мебошанд. Аз 83 ҳазору 682 нафар хонандаи ба таҳсил фарогирифташуда 35 нафарашон ятимони кул буда, 18 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Таъмини кадрҳои омӯзгорӣ

Агар теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли гузаштаи таҳсил 3691 нафарро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли таҳсили 2020-2021 ба 3886 нафар баробар гардид, ки дар қиёс ба соли гузашта 195 нафар омӯзгор зиёд мебошад. Дар соли сипаригашта 60 нафар мутахассиси ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм ба шаҳри Ваҳдат сафарбар гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо ҷои кор таъмин шуданд.

Дар панҷ соли охир 19 нафар омӯзгор бо унвони “Аълочии маориф”, 25 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, 22 нафар бо Ифтихорномаи раиси шаҳр ва Сипоснома сарфароз гардиданд. Омӯзгори литсейи ба номи Темур Собир, Ҳабиба Соҳибзода бошад, бо унвони “Корманди Шоиста” сарфароз шуд.

Айни замон, дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 2819 омӯзгор бо маълумоти олӣ, 214 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 853 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият доранд.

Пешқадамони соҳа      

Дар соли 2021 дар МТМУ №5 даври шаҳрии озмуни «Роҳбари беҳтарини синф» гузаронида шуд, ки дар он 19 нафар довталабон иштирок намуданд. Дар ҷамъбаст омӯзгори Гимназияи ба номи А. Балъамӣ Бобохонова Саодат сазовори ҷойи аввал ва ғолиби озмун дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби омӯзгори МТМУ №4 ва ҷойи сеюм сазовори омӯзгори МТМУ №140 гардида,  ғолибон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати маориф ва Кумитаи шаҳрии иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.

Илова бар ин, рӯзҳои 25 ва 27 майи соли 2021 дар МТМУ №4 ба номи Бӯригул Асоева даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» бо иштироки 11 нафар довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳр гузаронида шуд, ки дар ҷамъбаст омӯзгори фанни физикаи Гимназияи ба номи А. Балъамӣ Самадов Зубайдулло сазовори ҷойи аввал ва ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» дар шаҳри Ваҳдат дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби Пиров Раҳматшо аз Литсейи ба номи Темур Собиров ва ҷойи сеюм насиби омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №42 Нурова Кароматхон гардид.

Дастовардҳои муҳассилин

Дар соли таҳсили 2020-2021синфи 9-ро 6228 нафар ва синфи 11-ро 3439 нафар хатм карданд. Бо Фармоиши сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат аз 08-уми июни соли 2021 таҳти №82 130 нафар хатмкунандагони синфи 9, ки маълумоти умумии асосиро бо баҳои аъло хатм карданд, ба аттестати аъло мушарраф гардиданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки хатмкардаи муассисаи давлатии “Гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ” Бобиев Сафиаллоҳ дар озмуни довталабони медали тилло ба аттестати аълои равиявӣ фаъолона ширкат варзида, дар озмун дастболо ва сазовори медали тилло гардид. Дар соли таҳсили 2019-2020 низ хатмкардаи Гимназияи ба номи А. Балъамӣ Фарзона Ҳалимзода сазовори медали тилло шуда буд.

Дар баробари хонандагони пешқадами дар боло зикршуда, муҳассилини номбурда: Бобоева Гулдаста (МТМУ №139), Ансорӣ Ғаффоров (МТМУ № 109), Музаффарова Майрам (МТМУ №17), Ҳотамқулова Фаришта (МТМУ №141), Назира Хоҷаева (МТМУ №131), Сатторзода Раҷабалӣ (МТМУ №78), Шоистабону Ашӯрова (МТМУ №137), Файзиддин Саъдуллоев (МТМУ №52), Дилрабо Ҳасанова (МТМУ №67), Давлатов Муҳаммадёр(Гимназияи ба номи А. Балъамӣ) ва ғайра барои обрӯи соҳаи маорифи шаҳрро баланд бардоштан саҳми арзандаи худро бо дониши хубу аъло ва бо ғолибияташон дар озмуну олимпиадаҳо мегузоранд.

Хонандагони синфҳои 9-10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва  миёнаи умумии шаҳр пайваста дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар даври минтақавии олимпиада, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат иштирок карда, бо 4 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ сазовор гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиада бошад, шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат соҳиби 12 медал шуданд.

Боиси тазаккур аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат дар 5 соли охир сазовори 6 медали тилло, 7 нуқра, 20 биринҷӣ ва 46 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм шудаанд.

Роҳхат ба донишҷӯӣ

Дар соли таҳсили 2021 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр байни хатмкунандагони синфи 9 ва 11 оид ба ҳуҷҷатсупорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғот гузаронида шуда, дар нуқтаҳои бақайдгирии ММТ 2817 нафар хатмкунандагони синфҳои 9-11 худро ҳамчун довталаб барои супоридани имтиҳонҳои Марказ ба қайд гирифтаанд, ки аз он 1360 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. 99 дарсади онҳо ба донишкадаву донишгоҳ ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, номи пуршарафи донишҷӯйро сазовор гаштанд.

Инчунин, соли ҷорӣ 25 нафар хонанда ба муассисаҳои олии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд. Дар 5 соли охир тибқи квотаи Президентӣ 110 нафар хонандагони шаҳри Ваҳдат ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда, таҳсил намуда истодаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки худи ҳамин сол хонандаи муассисаи таҳсилоти умумии №29 (Амонова Муҳайёхон) ба филиали Донишгоҳи тиббии Амрико, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир аст, дохил гардид, ки ин боиси ифтихори маорифчиёни шаҳр аст. Дар маҷмуъ дар 5 соли охир 321 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳр дар хориҷи кишвар таҳсили илм намуда истодаанд.

Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ

Айни замон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 20 муассисаи томактабӣ, ки аз ин се  кӯдакистон хусусӣ мебошад, фаъолият доранд. Дар муассисаҳои томактабӣ 2345 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Агар соли 2016 2212 нафар кӯдак ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шуда бошанд, пас ин нишондод дар соли 2021 ба 2345 нафар расонида шудааст. Маълумотнокии мураббияҳо низ баланд бардошта шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи умумии мураббияҳои кӯдакистонҳо 92 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 33 нафар бо маълумоти олӣ, 20 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 39 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият карда истодаанд.

Бо дастгирии раиси шаҳр ва фарди маорифпарвар Амирзода Раҳмоналӣ Амир, АВО-и муассисаҳои томактабӣ ва шахсони ҳайрхоҳ дар ҳамаи  муассисаҳои томактабӣ рахти хоби тарбиятгирандагон аз нав карда шуда, бозичаҳо, курсичаҳо, дастурҳои методӣ ва дигар лавозимоти даркорӣ харидорӣ карда шуданд.

Илова бар ин, бо дастгирии раиси шаҳр муҳтарам Амирзода Р.А. бинои кӯдакистонҳои №№ 1, 4, 5, 8, 9, 10 ва 11 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо  таҷҳизоти лозимӣ таъмин карда шуданд.

Фаъолияти Марказҳои инкишофи кӯдак

Дар  доираи талаботи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар соли таҳсили  2020-2021 дар назди 54 муассисаи таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 890 нафар кӯдакони синни 5 – 6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон бошад, дар соли таҳсили 2020-2021 тибқи нақша 26 маҳфил (8 маҳфили варзишӣ, 2 техникӣ, 4 фаннӣ, 2 сайёҳӣ, 7 ҳунарӣ, 3 бадеӣ) фаъолият менамоянд. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар соли ҷорӣ дар мавзуъҳои «Шуҷоатмандони Ватан», «Сарчашмаи ҳаёт», «Ҷашни сада», «Артиши миллии мо», «Модар – сарчашмаи ҳаёт», «Наврӯзи байналмилалӣ”, “Ҳомиёни Ватан” конференсияҳои илмӣ-амалӣ гузаронид. Ҳамзамон, аъзои Марказ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аз қабили «Футбол», «Гӯштини миллӣ», «Таэквандо ИТФ» ширкат варзида, соҳиби 76 медали тилло, 92 медали нуқра ва 93 медали биринҷӣ гардиданд.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар кӯдакистонҳо

Дар кӯдакистонҳои шаҳр гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Дар соли сипаригашта озмуни “Сайри гули лола”, “Чакомаи гесӯ”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Рӯзи модар”, “Донояк”,  “Ҷашни Наврӯз”, “Ҷилваи рангҳо”, фестивал – озмуни “Андалеб -2021” гузаронида шуданд. Санаи 1-уми июни соли равон дар боғи фарҳангии шаҳр “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” бо шукуҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар байни кӯдакистонҳо озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон – 2020” гузаронида шуд. Дар ҷамъбаст мураббияи ширхоргоҳ -кӯдакистони №14 (“Ғунча”) Эргашова Тахмина ғолиб дониста шуда, дар даври минтақавӣ сазовори ҷойи 3 – юм гардид.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ

Маврид ба таъкид аст, ки Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат дар тӯли 10 соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти шаҳри Ваҳдат, ширкатҳои хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва АВО як қатор муассисаҳои нави замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, бо тамоми таҷҳизоташ мавриди истифодаи муҳассилин қарор дод. Мисоли равшани он ин муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 7, 10, 17, 20, 25, 28, 30, 31, 33, 35, 46, 54, 58, 61, 71, 80, 81, 82, 83, 86, 92, 98, 101, 103, 108, 115, 117, 132, 140 ва 144 мебошад, ки дар маҷмуъ дар ҳамаи он барои 9704 хонанда ҷои нишаст фароҳам карда шуд. Айни замон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 19, 38, 55, 66, 85 ва 133 идома дошта, дар ояндаи наздик онҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Инчунин, сохтмони муассисаи замонавӣ дар маҳалаи 14-и дохили шаҳр бо 1200 ҷои нишаст, аз тарафи ширкати “ТВЕА”-и Ҷумҳурии мардумии Чин, деҳаи Меҳргон, ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев барои 1200 ҷойи нишаст, бо иқдоми соҳибкор Ҳикматуллоев Рустам, деҳаи Корвон, ҷамоати деҳоти Гулистон идома дошта, бунёди 8 муассисаи таълимии замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит ба нақша гирифта шудааст.

Баргузории озмуну сабқатҳо

Бо ташаббусу дастгирии Мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат ва шарикони рушд аз ҷониби Раёсати маорифи шаҳр дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат чунин озмуну чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ ва варзишӣ баргузор карда шудааст: «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

“Чакомаи гесӯ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Сайри гули лола”, “Ҳунар беҳ аз зар бувад”, “Рӯзи модар”,  «Алласароӣ», «Модар қаҳрамон аст», «Зан – офаранда аст», «Зан -зебописандаст», “Ватанпарвар”, “Ҳимояи Ватан – қарзи фарзандии мост”, “Наврӯз – 2021”, “Ҳафт шину ҳафт син”, “Хизмат ба Ватан – шараф аст ”, “Варзиш гарави саломатист”, «Варзиш қосиди сулҳ», «Донояк», «Ҳамроҳ бихонем», «Ҳозирҷавобон», “Сабз бодо кишварам” ва «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров.

Илм-фурӯғи маърифат

Пешвои миллат ба хотири боло бурдани нақши илм дар Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақоми илму маърифат ва дар руҳияи илмҷӯиву навоварӣ тарбия намудани насли наврас дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табииву риёзӣ амр доданд, ки минбаъд озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардад. Бо мақсади амалисозии фармоиши зикршуда ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт даври якуму дуюми озмуни шаҳрии “Илм – фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар он хонандагони 58 муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок карданд. Дар озмуни мавриди назар, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 1, 3, 8, 10, 20, 24, 49, 65 ва Гимназияи ба номи А. Балъамӣ маҳорату дониши баланд нишон дода, бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ба ҳамин монанд бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби моҳияти соли “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ конференсияҳои илмӣ – амалӣ, маҳфилҳои саволу ҷавоб, соатҳои тарбиявӣ, соатҳои синфӣ ва ҷамъомадҳои умумимуассисавӣ гузаронида шудааст.

Баргузории чорабиниҳои варзишӣ

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр, соли ҷорӣ тибқи нақша 46 мусобиқаи варзишӣ аз қабили шашка, шоҳмот, тениси рӯйи миз, футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, гузаронида шудааст. Бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 725 нафар хонандагони синфҳои болоӣ аз қисми ҳарбии 16772-и Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Ҳамчунин, дар варзишгоҳи маркази шаҳр бо иштироки дастаи Раёсати маориф, ҷамоатҳои деҳот, коллеҷи омор, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ-техникӣ даври ҷамъбастии озмуни “Ватанпарвар” баргузор гардид, ки дар он дастаи Раёсати маориф ғолиб дониста шуда, бо Диплом ва Шоҳҷоиза  сарфароз гардонида шуд.

Муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи замонавӣ

Дар давоми соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр 683 кабинети фаннӣ фаъолият намуданд, ки аз ин шумора 71 кабинети физика, 1 астраномия, 98 риёзӣ, 75  химия, 60 география, 63 биология, 82  таърих, 61 кабинети забонҳои хориҷӣ, 2 кабинети лингофонӣ, 49 омодагии дифои ҳарбӣ, 17 кабинети суруд ва мусиқӣ, 89 технологияи иттилоотӣ, 4 кабинети санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, 61 технологияи меҳнат барои писарон ва 48 кабинети технологияи меҳнат барои духтарон амал намуданд, ки дар таълиму тарбияи хонандагон ва донишандӯзии онҳо саҳми бориз доранд.

Маркази технологияи иттилоотӣ

Дар соли таҳсили 2020-2021 шумораи компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 1848 адад, принтерҳо 372 адад, тахтаҳои электронӣ 33 адад ва видеопроекторҳо ба 49 адад расонида шуд. Иҷроиши барнома 55,2 % – ро ташкил медиҳад. Барои пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо компютер 1421 адад компютери дигар лозим аст. Мувофиқи ҳисоботҳои омории кадрӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 122 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ фаъолият намуда, 121синфхонаи технологияи иттилоотӣ амал менамоянд.

Дар пайи иҷрои рисолати касбӣ

Дар фарҷоми суҳбат, сардори Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Қосим Давлатзода иброз дошт, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф хеле зиёд гардида, талабот ба сифату самараи таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар ва таълиму тарбия бештар гардидааст.

– Истиқлолияти давлатӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи маорифи Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои давлатӣ оид ба маориф пешрафти имконоти бағоят калон фароҳам овард. Аз файзи истиқлоли миллист, ки дар муддати начандон зиёд маорифи кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра, “Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид, ки мазмуни таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули салоҳиятнокии ҳар як хонанда нигаронида шудааст. Ислоҳоти  соҳаи маориф камбудиҳои зиёди ин соҳаро дар тӯли 30 – соли даврони соҳибистиқлолӣ бартараф кард. Санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳаи маориф қабул ва амалӣ гардонида шуданд, ки онҳо ба рушди бомароми маорифи кишвар мусоидат намуданд.

Маорифчиёни шаҳри Ваҳдат ифтихор аз он доранд, ки пуршарафтарин масъулият – таълиму тарбияи насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд, – дар анҷом гуфт Давлатзода.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here