Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон Назаралӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: “Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус изҳор доштанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки беш аз пеш баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.

Нишонзода Даврон Назаралӣ ҳамчунин, қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки соҳаи саноатро бештар рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро гузошта бошем”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуд ва дар айни замон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ баҳри сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама ҷониба фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст”.

 -Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти худро ба иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои корӣ Президенти мамлакат баён доштаанд, равона намуда, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии назаррас ноил гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки оид ба фаҳмонидани муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси амри раиси ноҳия аз 28-уми декабри соли 2021, №193 гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорон, ходимони илму фарҳанг, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва шӯроҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуда, моҳият ва нуқтаҳои асосии Паём бо сокинони ноҳия фаҳмонида шуд.

Инчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми марти соли ҷорӣ дода шуданд, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Султонзода Сулаймон Сайид бо тамоми аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия аз 4 то 8-уми апрели соли ҷорӣ суҳбату вохуриҳо, пеш аз ҳама оид ба фаҳмонидани муҳтавои асосии нуқтаҳои Паёми Роҳбари давлат, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва тақвият бахшидани корҳои кишту корӣ баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, захираи дусолаи маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳар як оила, риояи сарфаю сариштакорӣ, анҷом додани амалҳои хайру савоб ва дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, омодагиҳо барои дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам гуфта гузашта, маслиҳатҳои судманд доданд,- қайд намуд мавсуф.

Иҷрои буҷет

Дар идомаи суҳбат номбурда дар бобати иҷрои буҷет тазаккур дод, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ рушди соҳаҳои иқтисодиёт таъмин гардида, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101% иҷро гардид. Яъне ба ҷои 9,9 миллион сомонии нақша ба буҷет 10 миллион сомонӣ ворид шуда, аз нақша 130 ҳазору 841 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардидааст ва ҳамчунин, маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 1,04 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 92% иҷро гардида, нақшаи хароҷоти моҳҳои январ – марти соли 2022 15,6 миллион сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 14,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия мавҷуд нест.

Ба ҳолати 31-уми марти соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 5,4 миллион сомониро ташкил дод, ки ба ҳолати 1-уми феврали соли 2022 ба маблағи 98,1 ҳазор сомонӣ кам гардида, баҳри рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии пайдоиши қарзҳои нави андоз ва ситонидани қарзи андозҳо тамоми чораҳои иловагӣ андешида шудаанд.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Нишонзода Даврон Назаралӣ дар рафти суҳбат қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳибкорӣ ва ҷалби маблағҳои қарзӣ дар давоми 3 моҳи аввали соли 2022 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 32,9 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли муқоисашаванда 1216 нафар ва ба маблағи 10,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия ба ҳолати имрӯза ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самтҳои мутобиқгардонӣ ва кам кардани тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал, қарзҳои имтиёзнок дар самти кишоварзӣ, беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ, лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-19, обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот ва барои нигоҳубини кӯдак фаъолият намуда, дар ин давра маблағи азхудкардашуда 2,8 млн доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо фароҳам овардани шароити муносиби соҳибкорӣ дар ноҳия шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Дар ин давра шумораи субъектони ҳуқуқию инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва тибқи маълумотҳои нозироти андоз дар ноҳия 765 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 130 соҳибкорон бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 137 ҳазору 645 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, аз ҳисоби 3202 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ бошад 1 млн. 796 ҳазору 572 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

-Вобаста ба амалигардонии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Аз 84 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021 – 2025, ки 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, иҷроиши “Барнома ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ 10 лоиҳа ба маблағи 38,7 миллион сомонӣ иҷро гардидааст ва ин раванд ба маром идома дорад, қайд намуд номбурда.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 8596 нафарро ташкил дода, ҳаҷми миёнаи нафақапулиҳо ба ҳисоби миёна дар як моҳ 288,73 сомонӣ рост меояд ва талаботи моҳонаи нафақагирон 2,5 миллион сомонӣ мебошад.

Бо мақсади дастгирии ниёзмандон дар ин давра аёдат ва расонидани кӯмакҳо ба роҳ монда шуда, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маъюбон ва собиқадорони меҳнат кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шуда, дар се моҳи аввали соли 2022 аз ҳисоби фонди захиравии раис ба 35 шахсони ниёзманд кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд ва ин иқдом минбаъд ҳам идома дода мешавад.

Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳона аз тарафи шахсони саховатпеша ба оилаҳои дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва дар ҳайати худ шахси маъюбдошта ба 136 оила маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия мутобиқи протоколҳои комиссияи ноҳиявӣ ба шаҳрвандони камбизоат, аз ҷумла ба 2704 оила ба маблағи 304704 сомонӣ пардохт шудааст.

Саноат ва энергетика

Дар хусуси рушди саноат ва энергетика ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии саноатӣ ба 18,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,6 миллион сомонӣ зиёд ё баробари 120,1%-и ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Бо ироа аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, яъне давоми панҷ соли оянда, дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» ҷиҳати омода намудани нақша-чорабиниҳои алоҳида ва таъсиси гуруҳҳои корӣ дар маҳалҳо корбарӣ намуда, барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ тамоми чораҳои зарурӣ сафарбар карда мешаванд.

Тасмим дорем дар давоми панҷ соли минбаъда зиёда аз 28 адад коргоҳу корхонаи нави саноатиро бо таъсиси 137 адад ҷойҳои нави корӣ дар доираи «Солҳои рушди саноат» дар ноҳия мавриди истифода қарор диҳем. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар соҳаи саноат аз ҷониби як сокини ҷамоати Навзамин сехи хурди истеҳсоли собун барои ҷомашуӣ ва дар ҷамоати Ҷиликул як коргоҳи сангреза таъсис дода шуд.

Аз рӯи ҳисоботҳои пешакӣ дар давраи се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Навзамин 8,8 ҳазор дона собуни ҷомашӯӣ истеҳсол ва ба фуруш бароварда шуд.

Сохтмон ва меъморӣ

-Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб рафта ва ба ин васила дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисобот дар 33 иншоотҳои сохтмонӣ назорати сифати сохтмон гузаронида шуда, 6 амрнома ба соҳибкорон ва шахсони воқеӣ дода шуд.

Аз аввали семоҳаи якуми соли 2022 ҷамъи маблағгузории асосӣ 4,6 миллион сомонӣ, корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ 3,8 миллион сомонӣ, фондҳои асосӣ 7,5 миллион сомонӣ ва 3347 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ иҷро гардид.

Дар ин давра тибқи маълумотҳо дар аксари биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва дигар биноҳои шафати кӯчаҳои марказӣ ва деҳотӣ корҳои равшаннамоӣ, аз ҷумла дар деҳаи Гоголи ҷамоати деҳоти Нури Вахш дар масофаи 6 км бо 100 адад симчубҳо ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ бо ташаббуси сокинони саховатпеша анҷом дода шудааст. Ва ин раванди ободонӣ дар ноҳия ҷараён дорад, изҳор дошт, мавсуф.

Кишоварзӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ 25 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 103,2% иҷро гардидааст.

Дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия соҳаи кишоварзӣ мавқеи калидӣ дошта, бо истифода аз боду ҳавои мусоид то имрӯз дар майдони 9241 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо 2990 гектар, картошка 270 гектар, сабзавот 889 гектар, аз ҷумла пиёз 380 гектар, сабзӣ 250, карам 50, бодиринг 80, помидор 69, зироатҳои техникӣ дар майдони 4067 га, аз ҷумла пахта 3840 га, офтобпараст 112, маъсар ва кунҷид 65 га, полезиҳо 712 га гузаронида шуда, озуқадиҳии якум дар майдони 3788 га ва озуқадиҳии дуюм дар майдони 1575 га ва обмонии пахта дар майдони 1160 га таъмин гардид.

Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва васеъ намудани тутзорҳо, ки ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд, 21 ҳазор ниҳоли тут дар хоҷагиҳои деҳқонии қаламрави ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот шинонида шуд.

Масъалаи тақсимоти кирмак ва парвариши он зери назорати қатъӣ буда, то имрӯз 542 қуттии кирмак ба кирмакпарварон пеш аз ҳама ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда шуд.

Инчунин, имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯри асалпарварӣ гардида, имкон фароҳам овард, ки фаровонии бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум таъмин карда шавад.

Нишондиҳандаҳои соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия назаррас арзёбӣ гардида, дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дурнамои истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 100 то 103%-и таъмин гардид.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 42062 сар чорвои калони шохдор, ки нисбат ба ҳамин давраи соли муқоисашаванда афзоиши зиёд доранд.

Дар доираи ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа”, ки дар ноҳия фаъолият мекунад, барои шароити мусоид фароҳам овардан ба деҳқонону кишоварзон зиёда аз 254 техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 44 адади он Трактори МТЗ мебошад ва зимни тақдими як қисм техникаҳо моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода дар ноҳия ҷараён гирифт.

Дар ноҳия фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шуда, 7 адад пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обдиҳӣ омода ҳастанд ва аз 43 адад насосҳо дар ҳамкорӣ бо созишномаи байни Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Ширкати ҶСП Ҷунтай Хатлон Син – Силу 34 адад насосҳо пурра аз нав харидорӣ ва насб карда шуданд.

Маориф ва илм

Мавсуф инчунин, дар мавриди соҳаи маориф ва илм ба мо тазаккур дод, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи мазкур ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандсозии хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти миёна аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 10 нафар хонандагони аълохон, дар маҷмӯъ ба ҳар як нафар ба андозаи 100 сомонӣ стипендияи раиси ноҳия муқаррару роҳандозӣ гардид.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иширок намуда 35 ҷойҳои аввалро дар сатҳи вилоят ишғол намуданд. Хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 аз фанни биология ҷои сеюмро ишғол намуда, сазовори медали биринҷӣ ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Шаш нафар омӯзгори ҷавон соли таҳсили 2020 – 2021 ва чор нафар соли таҳсили ҷорӣ аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ (дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ) бархӯрдор шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо комиссариати ҳарбии ноҳия санаи 11- уми феврали соли ҷорӣ 250 нафар хонандагони синфҳои болоӣ бо 26 нафар омӯзгоронӣ фанни таълимии дифои ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 07256 Комендатураи гарнизони Хатлон бо мақсади вохӯрӣ бо сарбозон ва шиносоӣ бо яроқу аслиҳа сафарбар ва вохурию шиносоӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аҳли ҳунари ноҳия дар баргузории чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона дошта, бо таҳияи барномаҳои мукаммали фарҳангӣ саҳми худро дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии  мардум гузошта истодаанд.

Тандурустӣ

-Дар соҳаи тандурустӣ 979 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида, аз ин шумора маълумоти олӣ 123 нафар, миёнаи тиб 459 нафар, хурди тиб 274 нафар ва дигар кормандон 123 нафарро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра бинои шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва утоқи бандубасти беморхонаи марказӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуд, изҳор дошт, мавсуф.

Ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки ҷавонон неруи созанда ва бунёдкоронаи имрӯзу ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар ноҳия шумораи умумии ҷавонони ноҳия 36 091 нафар мебошанд.

Дар ин муддат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишадӯзии ҷавонон, ҷалби онҳо ба касбҳои гуногун, аз ҷумла дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ ва забономӯзӣ якчанд курсҳои омӯзиши ташкилу баргузор карда шуд.

Дар давоми се моҳи соли 2022 шумораи умумии сайёҳон 3290 нафарро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи сайёҳони дохилӣ 1471 нафар зиёд ва сайёҳони хориҷӣ бошад 130 нафар зиёд мебошад.

Ҷашни 35 – солагии Истиқлолият

Дар фароварди суҳбат Нишонзода Даврон Назаралӣ изҳор дошт, ки оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 26-уми феврали соли 2022-юм №222 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия» дар ҳайати шаш гуруҳҳои корӣ қабул гардида, 181 адад иншооту биноҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ истифода намуда, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилотҳои ҷойдошта ва барои вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, инчунин ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь