Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон Назаралӣ суҳбат анҷом дод.
Иҷрои буҷет
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмин гардида, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷои 19,3 миллион сомонии нақша ба буҷет 20,2 миллион сомонӣ ворид шуда, аз нақша 944 ҳазору 86 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба буҷети ноҳия ба маблағи 11,2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардид.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 98 фоиз иҷро гардида, нақшаи хароҷоти моҳҳои январ – майи соли 2023 – юм 30,9 миллион сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 30,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия мавҷуд нест.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ
Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки вобаста ба амалигардонии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Аз 84 лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021 – 2025, ки 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, иҷроиши барномаи мазкур ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ 19 лоиҳа ба маблағи 66 миллиону 573 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод аз ҳисоби азҳудкунии маблағҳо 27,12 фоизро ташкил менамояд.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
-Дар ноҳия ба ҳолати имрӯза ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, дар ин давра маблағи азхудкардашуда 4,6 млн доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо фароҳам овардани шароити муносиби соҳибкорӣ дар ноҳия шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
Дар ин давра шумораи субъектони ҳуқуқию инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва тибқи маълумотҳои нозироти андоз дар ноҳия 250 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 767 соҳибкорон бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 380 ҳазору 229 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, аз ҳисоби 2943 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ бошад 3 млн. 366 ҳазору 996 сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст,-афзуд номбурда.
Суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа ва шуғли аҳолӣ
Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 8955 нафарро ташкил дода, ҳаҷми миёнаи нафақапулиҳо ба ҳисоби миёна дар як моҳ 291,75 сомонӣ рост меояд ва талаботи моҳонаи нафақагирон 2 млн 612 ҳазору 626 сомонӣ мебошад.
Бо мақсади дастгирии ниёзмандон дар ин давра аёдат ва расонидани кӯмакҳо ба роҳ монда шуда, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, маъюбон ва собиқадорони меҳнат кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаистодааст ва ин иқдом минбаъд ҳам идома дода мешавад.
Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳона аз тарафи шахсони саховатпеша ба оилаҳои дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва дар ҳайати худ шахси маъюбдошта ба маблағи 30600 сомонӣ кумак расонида шуд.
Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия мутобиқи протоколҳои комиссияи ноҳиявӣ 3748 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда аст, ки бо ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шароиту беҳрӯзии онҳо зери назорати Ҳукумати кишвар ва ноҳия қарор дорад ва ниёзҳои онҳо сарвақт бароварда мегарданд.
Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Дар давоми 5 моҳи соли 2023 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 370 нафар корҷӯён муроҷиат карда, 7 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ба роҳ монда, дар маҷмуъ 81 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Саноат
Дар боби вазъи саноат дар ноҳия мавсуф қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии саноатӣ ба 29 млн. 583 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,1 миллион сомонӣ зиёд, ё баробари 113,2 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хурокворӣ 142,9 фоиз, саноати сабук 102,8 фоиз, коркарди чубу тахта 108,3 фоиз, масолеҳи бинокорӣ 103,7 фоиз, коркарди физилот 103,1 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бо мақсади эълон гардидани “Солҳои 2022-2026 – солҳои рушди саноат, сохтмони 6 корхонаю коргохҳои саноатӣ дар соли 2023 ба нақша гирифта шуда, бунёд мешаванд.
Ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар соҳаи саноат дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ду сехи осиёби ордбарорӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ва ҳамзамон, сохтмони иншоотҳои пешбинишуда идома доранд.
Барқ
-Оид ба оқилонаю сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, саривақт пардохт намудани маблағи ҳаққи истифодаи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 49 млн. 203 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 9 млн. 315,1 ҳазор сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 14,4 млн. сомонӣ баробари 154,6 фоиз, аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 98,0 фоизро ташкил додааст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 9 адад трансформаторҳо, аз ҷумла, панҷ ададаш трансформаторҳои 6-10-0,4 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 84 адад ноқилҳои корношоям иваз карда шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷамоати деҳоти Навзамини деҳаи Умед ва ҷамоати Шаҳраки 20-солагӣ як адади трансформатор насб карда шуд,-қайд кард номбурда.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба ҳисоб рафта ва ба ин васила дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар 44 иншоотҳои сохтмонӣ назорати сифати сохтмон гузаронида шуда, 16 амрнома ба соҳибкорон ва шахсони воқеӣ дода шудааст.
Дар панҷ моҳи соли 2023 ҷамъи маблағгузории асосӣ 15,2 миллион сомонӣ, корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ 8,2 миллион сомонӣ, фондҳои асосӣ 5,2 миллион сомонӣ ва 4973 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардид.
Дар ин давра тибқи маълумотҳо дар аксари биноҳои истиқоматӣ ва дигар биноҳои шафати кӯчаҳои марказӣ ва деҳотӣ корҳои равшаннамоӣ, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар масофаи 4,4 км ба маблағи 35,1 ҳазор сомонӣ ва дар ҷамоати Шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 2,5 км ба маблағи 35,6 ҳазор сомонӣ бо ташаббуси сокинони саховатпеша анҷом дода шудааст.
Нақлиёт ва алоқа
-Бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда, аз ҳисоби Дирексияи сохтмонӣ дар давоми се моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2,488 километр роҳҳои маркази ноҳия ба маблағи 3 млн сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид.
Инчунин, 2,8 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ба маблағи 76 ҳазор сомонӣ ва ду адад пули мошингузар ба маблағи 55 ҳазору 500 сомонӣ аз нав сохта, ба истифода дода шуд.
Барои таъмири роҳҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 56 ҳазору 128 сомонӣ ҷудо гардида, барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 ҳазору 694 сомонӣ масраф шуда, зиёда аз 27 адад аломати роҳ аз нав васл ва 10 адад аломатҳои роҳ таъмир карда шуд.
Ҳаҷми боркашонӣ ба 430 ҳазор тонна (153,6 фоиз), гардиши боркашонӣ ба 25800 ҳазор тонна/км (116,5), мусофиркашонӣ ба 1100 ҳазор нафар (100,9 фоиз), гардиши мусофиркашонӣ ба 23900 ҳазор нафар/км (148,5 фоиз) баробар гардид.
Маориф ва тандурустӣ
Дар хусуси ҳолати маориф ва тандурустӣ дар ноҳия номбурда қайд кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи мазкур ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Дар даври ноҳиявии олимпидаҳои фаннии хонандагони синфҳои 7 – 9, 11982 нафар иштирок намуда, 243 нафар роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд. Даври вилоятии олимпидаҳои фаннии хоннадагони синфҳои 9 – 11 ҷамъбаст гардид, ки дар онҳо 15 нафар, аз ҷумла ду нафар ҷойи якум, се нафар ҷойи дуюм ва 10 нафар ҷойи семюро ишғол намуда, роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд.
Дар даври аввали олимпиадаи байналмилалии “ИМАС” аз фанни математика 200 нафар хонандагони синфҳои 4-9 иштирок намуда, 6 нафар аз муассисаҳои таълимии №21, №13, №25, №34 ва №27 соҳиби сертификат гашта, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ олимпиадаи байналмилалии “АРХИМЕД” аз фанни математика дар байни хонандагони синфҳои 4-11 баргузор гардид, ки дар он 56 нафар хонандагони ноҳия иштирок намуданд.
Даври озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, касбу кори гуногун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” аз 3 майи соли 2006, №197 ба 15 нафар омӯзгори ҷавон аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 6000 сомонӣ (дар маҷмӯъ 90 000 сомонӣ) бархӯрдор шуданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълими бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 адад кабинети химия, 4 адад кабинета география, 4 адад кабинети математика, 4 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ ташкил гардид. Дар маҷмӯъ дар се моҳи соли ҷорӣ 33 адад кабинети фаннӣ, 3 адад озмоишгоҳҳои таълимӣ ба истифода дода шуда, иҷроиши Барнома барои соли ҷорӣ 94.7%- ро ташкил менамояд.
Имрӯз дар 48 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 15201 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудааст. Дар ҳисоби шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳия 894 адад компютер, 167 адад принтер, 25 адад проектор, 30 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 88%-ро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи тандурустӣ 1020 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида, аз ин шумора маълумоти олӣ 116 нафар, миёнаи тиб 394 нафар, хурди тиб 274 нафар ва дигар кормандон 145 нафарро ташкил медиҳанд.
Шуъбаи таваллуд, занона аз таъмири капитплӣ бароварда шуд.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 6 адад бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ бо арзиши умумии 1 млн. 860 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Созандагӣ ба ифтихори 35 солагии Истиқлол
Раиси ноҳия дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 26-уми феврали соли 2022, №222 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия» дар ҳайати шаш гуруҳҳои корӣ қабул гардида, 181 адад иншооту биноҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 181 иншоот (соли 2023, 68 иншоот) ба нақша гирифта шуда, 41 иншоот ба истифода дода шуданд.
57 иншоот дар соли 2022; 68 иншоот дар соли 2023; 23 иншоот дар соли 2024; 17 иншоот дар соли 2025; 16 иншоот дар соли 2026.
Дар панҷ моҳи соли равон дар ноҳия тибқи нақша-чорабиниҳои бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад мағозаи тиҷоратӣ, сохтмони 14 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №5 ва №23, азнавсозии пули автомобилгарди деҳаи Туркменобод, сангфаршкунии роҳи деҳаи Куҳдоман, Моҳинави ҷ./ш. 20-солагӣ ва деҳаи Ваҳдати ҷ./д. Ҷиликӯл ба миқдори 2,8 км, тоза ва кандани заҳбури деҳаи А.Раҷабови ҷ./д. Ҷиликӯл, чароғонкунии роҳи автомобилгарди деҳаи Куҳдомани ҷ./ш. 20-солагӣ ва сохтмони 2 сехи ордбарори мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл: Шумораи бинову иншоотҳо 11 -то мебошад, ки аз ин 12 иншоот ба истифода дода, 109% нақшаи соли 2023-ро дар ба бар мегирад.
Ҷамоати деҳоти Гарди Гулмуродов: Шумораи бинову иншоотҳо 12 -то мебошад. 2 иншоот ба истифода дода шуд, ки 16,8% нақшаи соли 2023-ро дарбар мегирад ва дар дигар иншоотҳо корҳо идома дорад.
Ҷамоати деҳоти Нури Вахш: Шумораи иншоотҳо 13-то мебошад. 6 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 46% нақшаи соли 2023-ро ташкил медиҳад ва дар дигар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод: Шумораи иншоотҳо 9-то мебошад. 7 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 77% нақшаи соли 2023-ро ташкил медиҳад ва дар дигар бинову иншоотҳо идома дорад.
Чамоати шаҳраки 20-солагии И. Ҷ.Т.: Шумораи бинову иншоотҳо 20-то мебошад. 9 иншоот ба истифода дода шуд, ки 45% нақшаи соли 2023-ро дар бар мегирад ва дар дигар иншоотҳо корҳо идома дорад.
Ҷамоати деҳоти Навзамин: Шумораи иншоотҳо 3-то мебошад. Ба истифода дода шуд 5-то, ки 166% нақшаи соли 2023-ро ташкил медиҳад.
Кишоварзӣ ва содироти маҳсулот
Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 212,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 110,8 фоизро ташкил дода 20,7 млн афзоиш ёфтааст.
Растанипарварӣ 166,5 млн сомонӣ баробари 112,5 фоиз, чорводорӣ 46,0 млн сомонӣ, баробари 100 фоиз, моҳипарварӣ 5,4 млн сомонӣ 2,5 баробаро ташкил медиҳад.
Дар панҷ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 13,9 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 2466 гектар, гандум 1523, шолӣ 230 гектар, лубиёгиҳо 64 гектар, ҷуворимакка барои дон. 239 га, зироатҳои техникӣ 8207 гектар, аз он пахта 7700 гектар, картошка 260 гектар, сабзавот 1103 гектар, полезӣ 1010 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 665 гектарро дар бар мегирад.
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 15180 тонна, аз ин ғалладонагӣ 5148 тонна, гандум 6844 тонна, ҷав 988 тонна, картошка 3094 тонна, полезӣ 3600 тонна, пиёз 11456 тонна, бодиринг 2790 тонна, карам 1595 тонна, сабзӣ 5814 тонна, дигар сабзавотҳо 1815, помидор 2783 тонна, сабзавот 21524 тонна, мева 695 тонна,
Соли 2023 аз ноҳия дар панҷ моҳ ҳамагӣ 409 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, лаблабуи сурх-77 тонна, сабзӣ-93 тонна, карам-18 тонна, Олу-53 тонна, зардолу-70 тонна маҳсулот содирот гардид.
Дар давоми панҷ моҳи соли 2023 гардиши савдо дар ноҳия 86 млн. 979 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 5,1 млн сомонӣ зиёд буда, баробари 102,4 фоизро ташкил медиҳад.
МТЖТ