Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз бекоршавии 400 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва хариду фурӯши замин дар вилоят изҳори нигаронӣ кард. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин амал гирифта шавад.

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ тасдиқ карда гуфт, ки соли 2021-ум аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбати 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2020 -ум 133 ҳолат зиёд мебошад.

“Аз 400 қарори ғайриқонунии эътироз овардашуда, 65 дарсади онҳо ба раисони амалкунанда тааллуқ дорад. Аз ҳисоби умумии қарорҳо 316 ҳолати он ба масъалаҳои замин рабт доранд”, – илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи 133 санҷиши прокурорӣ оид ба баратарафсозии қонунвайронкуниҳои замин 4 ҳазору 650 санади прокурорӣ бароварда шуда, бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ 2 ҳазору 526 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

-Инчунин, барои ғариқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудан  ва дигар ҷиноятҳо 429 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаст,-гуфт Варқа Зайниддин.

Зикр шуд, ки бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4 ҳазору 545 га қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 425 га зиёд мебошад.

Раисон дар бораи бекоршавии қарорҳо чӣ гуфтанд?

Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар нишасти матбуотиаш қайд кард, ки соли 2021 ба 14 қарори раиси шаҳр аз ҷониби  прокуратура эътироз оварда шудаст. “Қисми зиёди онҳо на ба қитъаҳои замин, балки ба ҷойҳои бартараф кардани дӯконҳо ва ду эътироз вобаста ба сохтмони боғи фарҳангию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев, сохтмони ҷойҳои дилхушии кӯдакон буд”, – иброз дошт раиси шаҳри Бохтар ва афзуд, ки аз ҷумла, вобаста ба расмият даровардани шартнома оид ба муҳлати истифодабарӣ аз 39 сол ба 20 сол ва қисми зиёди дигар эътирозҳое, ки нисбати қарорҳо аз ҷониби прокуратура пешниҳод шудаст, вобаста ба тозагии шаҳр мебошад.

-Дар эътирозҳои прокуратура вобаста ба додани қитъаҳои замин вуҷуд надорад, – ҳамчунин зикр кард шаҳрдори Бохтр ва афзуд, шаҳри Бохтар, ки  маркази маъмурии вилояти Хатлон аст, дар инҷо танҳо дар доираи нақшаи генералӣ қитъаҳои замин ҷудо карда мешаваду халос.

Вализода Икромуддин, раиси ноҳияи Кӯшониён низ қайд кард, ки соли 2021 нисбати 22 қарори раиси ноҳия эътирозҳои прокурорӣ оварда шудааст.

Раис сабаби асосии эътирозҳоро нисабти қарорҳо аз тарафи мутахассисон ё, ки мақомотҳои ваколатдори давлатӣ, ки ба хатогиҳо роҳ додаанд, арзёбӣ кард. Дар идома гуфт, ба хотири пешгирӣ аз эътирозҳо ва бекоршавии қарорҳо бо маоқомти прокуратура ва Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамкориҳоро ба роҳ мондаем.

“Дар инҷо ягон мақсади ғаразнок нест, камбудиҳои ҷузъӣ аст, ки мо ин камбудиҳоро дар нақша дорем, ислоҳ кунем. Мо нисбати ҳамон мақомотҳо ва сохторҳо, аз ҷумла аз худи комиссияи назди мақомоти иҷроияи ноҳия то дигарҳо, ки ба камбудӣ роҳ медиҳанд, чораҳо андешида истодаем”, – гуфт Вализода Икромиддин.

Раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, низ қайд кард, ки ҳама қарорҳое, ки аз ҷониби прокуратура эътироз оварда шудаст, дар назди ман ҳаст ва  ҳамаи онҳо вобаста ба заминанд.

Дар идома илова кард, ки соли 2021 нисбати 8 қарори раиси ноҳия эътироз оварда шуданд, ё бекор шуданд, ки як ҳолати он аз ҷониби прокуратураи генаралии кишвар ва 7 адади дигар аз ҷониби прокуратураи ноҳия мебошад.

“50 фоизи эътирозҳо дар бораи мутобиқсозӣ ба қонун ва дигар самтҳо мебошад. Мо дар якҷоягӣ бо Кумитаи замин талош мекунем, ки эътирозҳои прокуратура зиёд нашавад. 7 эътирозе, ки дар соли 2021 шудааст ҳамаи он дар давраи фаъолияти роҳбарии ман аст”,-илова кард Ш.Зарифхӯҷа.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз мисли ҳамтоёни  худ гуфт, ки соли 2021, 11 қарори раис бекор шуд, ки 4 қарораш аз ман мебошад.  Чор қарор дар самти тағйирот ворид кардан ва молия мебошад. Дар самти замин ягон  қарор бекор нашудааст.

“Ман мутахассиси замин ҳастам ва пеш аз қарор имзо кардан бо прокуратура дар якҷоягӣ онро таҳлил мекунем ва баъдан имзо мегузорам”, – гуфт О.Абдулҳафиз ва илова кард, агар прокурор эрод бигирад, мо онро барои аз нав дида баромадан мегардонем, ё умуман имзо намекунем”, – илова кард раиси Ҷайҳун.

-Дар ҳақиқат соли 2021, 13 адад қарори ғайриқонунии бекоршуда аз ҷониби прокуратураи генералӣ, вилоят ва ноҳия ба қайд гирифта шудаст, – гуфт Раҳимзода Сафар, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳамзамон илова кард, ки онҳо қарорҳои  раисони собиқи ноҳия мебошанд ва  3 адад нисбати соли 2020 зиёд аст.

Раиси ноҳияи Хурсон, Илҳом Аҳмадзода зикр кард, ки соли 2021 ягон қарори ман бекор нашудаст. Аммо дар умум 12 қарорро бекор карданд, ки сабабаш дар муҳлати муайянкардаи қонун истифода нашудани қитъаҳои замин мебошад. “Аксарият қарорҳо аз ҳамин ҳисоб бекор карда шудаанд, -илова кард ӯ ва афзуд, баъзеҳо заминро гирифтанд ва 5 ё 10 сол бекор мондаю истифода накардаанд. Аз ин хотир, қарорҳо бекор карда шуда, заминҳо бозпас гирифта мешаванд.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед бо изҳори таассуф иттилоъ дод, ки соли 2021 дар ҳақиқат ба 61 қарори раиси ноҳияи Ёвон эътирозҳои прокурорӣ оварда шудаст, ки 51 адади он ба давраи собиқ раиси ноҳия ва 10 адади дигар ба давраи  раисии худи ман рост меояд.

– Аз соли 2020 то охири соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон прокуратураи вилояти Хатлон як парвандаи калонро дар бораи хариду фурӯши замин ва ба таври ғайриқонунӣ додани замин оғоз карда, онро ба итмом расонид, -афзуд ӯ ва илова кард, собиқ роҳбароне, ки ман дар назар дорам, муовини аввали раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия,  архитектори ноҳия, раиси Кумитаи идораи замин ва дигарҳо. Яъне  як гуруҳи иборат аз 8-9 нафар бо қарори Суди вилоят рӯзи якуми ноябри соли 2021 ҳукм гирифтанд ва дар ҳамин доира соли 2020 ба пуррагӣ тафтишот ба охир расида буд. Дар аввали соли 2021 моҳҳои январ то март яку якбора 51 эътирозҳои прокурори вилоят нисбати қарорҳое, ки дар давраи соли 2016-2019 қабул гардида буд, пешниҳоди мо гардида, ҳамаи онҳо бекор шуданд. Аз ҳамин ҳисоб соли гузашта эътирозҳои прокурорӣ нисбати қарорҳои раиси ноҳияи Ёвон хело зиёд шуда буд, – гуфт Саидзода Ҷамшед раиси ноҳияи Ёвон.

“10 эътирози прокурорӣ, ки нисбати қарорҳои худи ман буд, ягон адади он ба додани қитъаи замин нест, зеро дар ноҳияи Ёвон қариб ду сол мешавад, мо  ягон қитъаи заминро ба касе дода наметавонем, чунки  ин гуна замин дар ноҳия нест. Мо талош дорем, ҳодисае, ки соли 2020 дар ноҳияи Ёвон рух дода буд, дигар такрор нашавад ,-қайд кард ӯ.

Қурбон Ҳакимзода: бекоршавии қарорҳо масъалаи доғи рӯз аст

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  воқеан соли 2021-ум 400 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шудаанд. Ва ӯ илова кард, ки 80 дарсади онҳо вобаста ба замин, яъне ҷудо кардани замин ва вобаста кардани замин мебошанд. Раиси вилоят афзуд, ки  нисбати ин масъала мо дар маҷлиси ҷамъбастии сол, ки моҳи январ бо иштироки Сарвазири кишвар баргузор гардид, гуфта гузаштем. Қариб 40 фоизи қарорҳои бекоршуда ба раисони амалкунандаи вилоят дахл доранд,-гуфт Қурбон Ҳакимзода.

-Аз як  шаҳри Левакант 11 қарор мебошад ва дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо бошад, аз 32 то 43 адад аст. Нисбати бисёри ноҳияҳо чораҳо андешида шуд, -илова кард раиси вилоят. Ба гуфти раиси вилоят, дар ноҳияи Ёвон бештар қарорҳо бекор карда шуданд, ки аксари онҳо ҳам ба масъалаи замин ва ҳам ба масъалаи меъморӣ дахл доранд.

Супоришҳои Роҳбари давлат ба масъулони Хатлон

Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 24 феврали соли 2022, дар шаҳри Бохтар гуфт, ки соли 2021 ба 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 133 ҳолат зиёд буда, 79 фоизи онҳо вобаста ба истифодаи замин мебошанд.

-Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба хариду фурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст.

Масалан, муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон Набизода А. якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раиси Кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шахсони дигар гурӯҳи ҷиноятӣ созмон дода, 331 ҷинояти вобаста ба заминро содир намудаанд,-афзуданд роҳбари давлат.

Роҳбари давлат ҳамчунин қайд карданд, ки 25 нафар шахсони мансабдори ин ноҳия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд ва 10 миллион сомонӣ зарари расонидаи онҳо ошкор карда шудааст.

Президенти мамлакат, инчунин гуфтанд, ки соли сипаришуда аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар самти хариду фурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон 52 ҳолат, Кӯшониён 41, Кӯлоб 19, Восеъ 18, Вахш 15, Ҷайҳун 11 ва Қубодиён 8 ҷиноят рост меояд.

Агентии мазкур соли 2021-ум 64 ҷинояти аз ҷониби кормандони кумитаҳои Идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳру ноҳияҳои вилоят содир кардаро ошкор кардаст,-гуфтанд Роҳбари давлат дар баромади худ бо фаъолони вилоят.

Раисон, вақти амал аст!

Бояд гуфт, ки замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯши он ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Аз ин рӯ, масъулони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҳарчи зудтар аз пайи дастуру супоришҳои Президенти кишвар шуда, пеши роҳи хариду фурӯши заминро бигиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь