Дар замони муосир нерӯи асосии энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ ташкил медиҳанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ 5190 МВТ аст.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ 527 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Бо иқтидори энергетикаи барқи обӣ Тоҷикистон ҷойи 8-умро дар ҷаҳон пас аз Чин, ИМА, Россия, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада ишғол менамояд. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар иборат аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори 4,4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ, садҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор 6%-и захираҳо мавриди истифода мебошанд. Иқтидори системаи энергетика 5190 МВТ-ро ташкил медиҳад. Дар замони муосир захираи энергетикаи барқии обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушд дошта, он 317 млрд кВТ соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо айни замон истифода мешавад. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгиранд. Аз ҷумла, ҳиссаи энергияи барқи обӣ 93,3%-и тамоми иқтидори муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 МГВТ, яъне танҳо 6,1%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби истгоҳҳои барқии обӣ мебошад, 16,5 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки беш аз 98%-и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО, аз ҷумла 97%-и он аз нерӯгоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд. Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 15 млрд 359,1 млн кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн кВт/соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,09 млн кВт/соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 380,08 млн кВт/соат афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ нисбат ба соли 2016 ба андозаи 116,6 хазор Гакл зиёд гардида, дар соли 2017-ум 428,1 ҳазор Гаклро ташкил дод.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҳамкориву сармоягузориҳои Россия ва Эрон НБО-и “Сангтӯда-1” бо иқтидори 670 МВт ва НБО-и “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло чунин нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
- НБО-и “Норак” бо иқтидори 3000 МВТ дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Сангтӯда-1” бо иқтидори 670 МВт дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 МВт дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Сарбанд” бо иқтидори 240 МВт дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Бойғозӣ” бо иқтидори 600 МВТ дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Шаршара” бо иқтидори 29,9 МВт дар дарёи Вахш.
- НБО-и Марказӣ бо иқтидори 15,1 МВт дар дарёи Вахш.
- НБО-и “Қайроққум” бо иқтидори 126 МВт дар дарёи Сир.
- Силсилаи НБО-и Варзоб (НБО-и Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3) бо иқтидори умумии 25,7 МВт дар дарёи Варзоб.
- НБО-и Хоруғ бо иқтидори 9 МВт дар дарёи Ғунд.
Ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 МВт ва якчанд НБО-и хурд идома ёфта истодааст. Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд 614 млн кВт/соатро ташкил додааст. Сохтмони НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 МВт аз нав дар соли 2010 сар шудааст. Бо ба истифода супоридани якчанд НБО-и хурд ва махсусан НБО-и “Роғун” норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд. Лимити нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра аз байн рафта, таъмини солонаи аҳолӣ бо барқ ба роҳ монда шудааст.
Дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ фаъолгардонии агрегати аввалин ва дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шарти муҳими рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ миллати тоҷик дар ҳоли парокандашавӣ қарор дошт, ки Қаҳрамони миллат дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот дод.
Бояд қайд кард, ки дар замони рушди босуботи техникаву технологияи муосир эҳтиёҷ ба манбаъҳои нерӯи барқ меафзояд. Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» иброз доштанд, “захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, онҳо бойигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияи иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад”.
Зикр кардан бамаврид аст, ки 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барпо шуда буд. Ин рӯйдод аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки Пешвои миллат паси чамбараки эксватор нишаста, дар зарфи 1,5 соат маҷрои дарёи Вахшро тағйир доданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки бунёди Роғун ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири калон мерасонад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тағйир додани маҷрои дарёи Вахш, 29-уми октябри соли 2016 қайд намуданд, “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад”.
Мавриди зикр аст, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз корҳои азнавсозӣ дар НОБ-и “Роғун” суръатнок гардонида шуданд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи НОБ-и “Роғун” ба дастгирии бевоситаи ҷаҳони имрӯза барои гузариш ба “иқтисоди сабз”, ки ҷавҳари онро самаранок истифодабарии нерӯи барқ ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи ин чорабиниҳо ба Ҷумхурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки на танҳо мушкилоти энергетикии минтақаҳои худро ҳал намояд ва истиқлолияти энергетикӣ ба даст орад, балки масъалаи глобалии ҳифзи муҳити зист ба пуррагӣ аз бар карда шавад. Бинобар ин, дар мавриди сохтмони ин иншооти бузурги аср Ҳукумати ҷумҳурӣ аз техникаю технологияҳои муосир ба таври васеъ истифода карда, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ амал намудааст.
Бояд қайд кард, ки 27-уми августи соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” таъсис ёфт. Пас аз ба анҷом расидани марҳилаи асосноккунии техникиву иқтисодӣ тавассути эълон намудани тендери байналмилалӣ ширкатҳои бонуфузи сайёра барои иштирок дар корҳои сохтмонию васлгарии ин нерӯгоҳ даъват шуданд. Аз байни якчанд ширкатҳои байналмилалӣ дар ин тендер Ширкати “Салини Импреҷило”-и Италия, ки яке аз ширкатҳои пуртаҷриба дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст, пирӯзӣ ба даст овард ва ба сохтмони сарбанди НБО-и “Роғун” шуруъ намуд. Аз тарафи дигар, назорати раванди сохтмон ва намояндагии фармоишгар ба дӯши ширкати бонуфузи дигар – “Трактебел инҷиниринг”-и Фаронса, ки дар арсаи байналмилалӣ оид ба корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ обрӯю нуфузи беҳамто дорад, вогузор шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сохтмони ин иншоот ба сифати кор, масолеҳ ва таъмини стандартҳои байналмилалии бехатарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, таҷҳизоти муосири санҷиши сифат ва назорати корҳои сохтмон истифода шудааст. Ҳоло дар ин иншооти бузург зиёда аз 20 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор буда, беш аз 2100 адад техника ва мошину механизмҳо сафарбар карда шудаанд.
16-уми ноябри соли 2018 агрегати якум ва 9-уми сентябри соли ҷорӣ агрегати дуюми ин нерӯгоҳ ба истифода дода шуд. Нерӯгоҳи “Роғун” ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз карда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта шуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаи мазкур аҳамияти минтақавӣ дорад. Иншооти “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он воқеан метавонад барои ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши калидӣ бозад.
Ҳамзамон, сохтмони иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ ба роҳ монда шуда, дар ояндаи наздик масъалаи камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё обёрии заминҳои нави кишварҳои поёноб ҳалли худро ёбад.
Ҳамаи тадқиқоту ташхисҳо, ки аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони бонуфузи сайёра гузаронида шудаанд, дурустии фикрҳои дар боло зикргардидаро тасдиқ менамоянд. Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои гузаронидани ташхиси байналмилалии лоиҳаи мазкур муроҷиат намуд. Мутахассисону коршиносони обрӯманди сайёра тавассути машварату пажуҳишҳо ва ташкили ҷаласаҳои махсус бо кишварҳои минтақа ҷанбаҳои гуногуни лоиҳаро ҳамаҷониба омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод карданд. Хулосаи таҳлилҳои гузаронидашуда соли 2014 бо асосноккунии техникиву иқтисодӣ имконпазирии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро замина гузошт.
Дар шароити кунунии тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои харобиовари он ба муҳити зист сохтмони НОБ-и “Роғун” иқдоми фоидаовару безарари истифодаи захираҳои обу энергетикӣ ҳисобида мешавад.
Маҳз сохтмони нерӯгоҳҳои муосири барқи обӣ имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти норасоии нерӯи барқ дар минтақаҳо бартараф карда шавад, балки таъминоти об дар ҳамаи кишварҳои поёноби минтақа ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, бунёди “Роғун” умри нерӯгоҳи “Норак”-ро якчанд маротиба зиёд карда, ба рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Садҳо корхонаҳои нав бунёд ёфта, ҷойҳои кории нав пайдо мегарданд.
Бояд қайд кард, ки тариқи обанбори “Роғун” танзими янчандсолаи оби ҳавзаи дарёи Ому ба роҳ монда шуда, ба воситаи он ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Туркманистон бо миқдори зарурии об дар мавсими обёрии зироат таъмин карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифта, ҳамкориҳои судманди худро бо кишварҳои ҳамсояи худ пеша намуда буд. Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, “дар робита ба ин мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем. Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузургро мегузорад”.
Маҳз ташаббуси инсондӯстона ва ватандӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъзе аз иқтисоддонҳои хориҷиро ба тааҷҷуб овард, ки оё Тоҷикистон метавонад бо нерӯи ақлониву ҷисмонӣ ва сармояи худӣ агрегати аввали нерӯгоҳро ба кор дарорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” идома ёфта, барои ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина фароҳам меорад.
Имрӯз нерӯгоҳи “Роғун” на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки нангу номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон гардидааст.
Дар маҷмуъ, ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки имрӯз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар даврони муосир вориди марҳилаи тозаи рушди иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёту фарҳанг мегардад.
Умеда ХОЛМУРОДОВА,
омӯзгори Гимназияи иқтисодии Тоҷикистон