“Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. моддаи 2-юми боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизи мо фарҳанги бостонии миллати тоҷикро нерӯ бахшид, даричаеро ба дунёи таъриху тамаддуни бостонии миллат кунад. Дар давоми 33- соли гузашта забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо мақом ёфт, ҳамчун як воситаи иттиҳодбахш мардумро дар атрофи Президент ва Ҳукумати миллӣ ҷамъ овард.
Вақте ки аввалин бор дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ бо забони тоҷикӣ сухан гуфтанд, ҳамаи мо ашки шодӣ рехтем, аз давлати миллии худ ва Сарвари ватанпарвари он ифтихор кардем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рушди забони давлатӣ озодона амал кардани забонҳои дигари дар ҳудуди ҷумҳурӣ мавҷудбударо ҳам кафолат медиҳад. Ва ин маъно дар банди сеюми моддаи 2-юм таъкид шудааст: “ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд ҳуқуқ доранд, ки забони модариашонро озодона истифода кунанд”.
Мураттабу мавзун ва озодона рушд кардани забони тоҷикӣ пеш аз ҳама ба сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст. Он кас дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ ва конференсияҳои ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ ба бузургии забони тоҷикӣ, таърихи ибратбахш ва ганҷинаи камназири он ишорат мекунанд. Дар Паёмҳои ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодаашон низ ҳатман арзиш ва аҳамияти забони тоҷикиро ёдрас мешаванд. Бесабаб нест, ки он кас дар ду ҷилди китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” таърих ва давраҳои рушд, осори адибону шоирони классикро махсус бозгӯ кардаанд. Вобаста ба ин китоби Сарвари давлат як нуктаро мехоҳам таъкид кунам. Азбаски замони мо замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ аст, дар ҳифзи забони тоҷикӣ ҳушёру зирак будани ҳар як шаҳрванд, алалхусус зиёиён шарт аст. Агар мо худамон ғами ояндаи забони модариамонро нахӯрем, ягон каси дигар дар ин мавзӯъ андеша намекунад. Дар роҳи ҳифзи забони давлатӣ Конститутсия роҳнамо ва пуштибони мо аст. Дар омади гап ин ҷо мехоҳам як таъкиди Пешвои миллатро иқтибос биёварам: “истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад”.
Дар давоми сӣ соли фаъолияти Конститутсияи нави ҷумҳурӣ халқи мо роҳи ояндаи худро муайян кард ва имрӯз бо боварӣ ва азми ҷазм ба пеш равон аст. Дар бобати тарғиби ганҷинаи маънавии миллат гоҳо саҳлангориҳо ба назар мерасанд. Як гурӯҳи тоҷирону соҳибкорони ноогоҳ дар навиштани матни эълону рекламаҳо ғалатҳо содир мекунанд, аз калимаҳои тамоман нозарури иқтибосӣ истифода мебаранд. Имрӯз ҳам гуна имкон ва шароит мавҷуд аст, ки мо хушсавод, доно, мавқеъшинос ва ҳидоятгар бошем. Беҳтарин роҳи худогоҳӣ омӯхтани асрори сухан ва дӯст шудан бо китоб аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди фарҳанги миллӣ ва таҳком бахшидани ҳисси худшиносию ватанпарварии сокинони мамлакат озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро роҳандози кардааст. Ҷашни 30-солагии қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор мекунад, ки ҷаҳони маънавиёти худро ғанитар созем, ҳамқадами замон бошем, зеро маҳз донишу хирадпарвари метавонад моро пирӯз гардонад. Бесабаб нест, ки устод Фирдавсӣ гуфтааст:
Тавоно бувад,ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Шарифзода Асрор Нор – Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон