Фалак ҳар дам зи қасди умр хиште меборад Бедил,
Пайи таъмири ин вайрона меъмор инчунин бояд.
Ростӣ, намехостам дар ин бора нависам, аммо ҳамин ки сухан аз ободонии як гӯшаи диёр рафт, аз шавқи дил қалам ба даст гирифтам. Дар маҷлиси ҳукумат раиси ҷавони шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар масъала гузошт, ки бояд мавзеъи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ба боғистон табдил дода шавад, ки он дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир аст. Бале, иқдоми хубест ва шоистаи дасттгирист.
Мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда дар ин мавзеъ беш аз 200 гектар боғ бунёд хоҳад шуд…
Ҳамоно дар маҷлиси мазкур пешниҳод кардем, ки дар баландие муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шавад. Одатан дар мо расм шуда, ки муҷассамаҳоро дар назди мактабҳо ва ягон идораи маъмурӣ мегузоранд. Ба андешаи мо, дар яке аз баландиҳои мавзеъи Дашти Қозӣ гузоштани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳидояти он аст, ки ба Панҷакенти бостонӣ ворид мешавем.
Дар ҷамоати Ворӯи шаҳри Панҷакент ва даромадгоҳи деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ чашмам ба лавҳае афтод, ки онҷо акси фарзандони барӯманди диёрро овехтаанд. Хуб мешуд, дар даромадгоҳи деҳаи Дашти Қозӣ акси шоирон, нависандагон, шахсони барӯманд ва хизматчиёни давлатии ҷамоати Ёрӣ гузошта шаванд. Чунин ободониҳо ва эҷодҳо ба мардум таъсири нек мерасонанд.
Агар 14 ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент ба фарзандони номоварашон арҷ гузоранд, ин шоистаи таҳсин аст. Метавон қад – қади шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ шоҳбайтҳое аз эҷоди Файзулло Ансорӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Камол Насрулло, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Махсум Олимӣ, Ато Карим ва дигаронро ҳаккокӣ кард.
Албатта, ёд гирифтан ва пайравӣ кардан ба идеологияи Шӯравӣ ягон айб надорад, охир, ҳамин Шӯравӣ боис гардид, ки устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаро ҷаҳон шинохт. Ҳоло бошад, бархе шоирони моро ҳатто аҳли оилаашон намешиносанд, чунки ҳар кӣ тавонист, хому хатала шеъргунае иншо намуду китоб чоп кард. Аммо китобе, ки ба дарди мардум хӯрад, то имрӯз кампайдост. “Китоб” – гӯён набояд ҳар гуна музахрафото ба хонанда пешниҳод кард.
Мегӯянд, дар доираи адабии Ҳирот беш аз 500 нафар шоири соҳибдевон буд, аммо имрӯз чандеро мешиносанду халос. Халқ гавҳаршинос аст, пучро аз сара ҷудо мекунад.
Бе шакк, ободонию ободкорӣ ва созандагӣ шеваи кори ҳар кас нест. Дар хотир дорам ва шоҳидам, ки солиёни охир чандин сарварони тасодуфӣ ба Литсейи касбӣ – техникии шаҳр омада рафта бошанд ҳам, ҷоеро обод накарданд. Вале сарвари Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент Ҷовид Холов ин даргоҳи таърихии илму маърифат ва маскани зиёиёни тоҷикро аз нав сохт, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ чандин гӯшаю канори ин шаҳри бостониро обод кард. Ҳалолашон бод!
Сиёсати хирадмандона ва ободкориҳои Пешвои миллатро зиёиёни бедор хуб фаҳмидаанд ва онро аз шаҳр то русто давом дода истодаанд…
Ба хотири ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз дар шаҳри бостонии Панҷакент беш аз 500 иншоот ба истифода дода шуд ва ҳанӯз ин ободониву бунёдкориҳо бо суръат давом дорад.
Дар ҳар як ҷаласаи Ҳукумат раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар мардумро ба корҳои созандагӣ, ободонӣ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат даъват мекунад.
Зодагони Панҷакенти бостонӣ низ бо илҳом аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳу пайроҳа ва боғу роғи хешро обод кардан доранд. Ин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ кӯчаҳои ба номи Лоиқ Шералӣ, Борбади шаҳр ва инчунин, деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ асфалтпӯш карда шуд. Оқибати офати табиӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Амондара ва Ёрии шаҳри Панҷакент бартараф гардид. Дару девор, хонаву дари худро обод кунед, мардум, то сайёҳону меҳмононе, ки ба Тоҷикистони азиз ташриф меоранд, донанд ва бинанд, ки мо ворисони Исмоили Сомонӣ ва пайравони Пешвои миллатем.
Холмурод Сафарзода, узви иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Борбади Марвазӣ