Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Вализода Икромиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар се моҳи аввали соли 2022 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 ҷамъовари андозҳои давлатӣ 25 млн. 231 ҳаз. 699 сомонӣ ташкил дода, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Чӣ тавре, ки ба мо маълумот дода шуд, хароҷоти  буҷетӣ 96% иҷро гардидааст.

Ҳамзамон, маблағҳои мақсаднок ҷудо гардида аз ҷониби буҷетӣ ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ аз рӯи нақша 100% иҷро шудааст.

Таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ аз рӯи нақша 2836 ҳазор ҷои корӣ пешбинигардида буд ва то инҷониб 860 ҷои нави корӣ муҳайё гардид ва ин раванд ба таври густурда идома дорад.

Содироти маҳсулот дар соли 2022 бошад то инҷониб 3775 тн содир гардидааст, ки аз рӯи нақша идома дорад.

 

Корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ саноатӣ дар ноҳия:

 

Номи корхона Самти фаъолият
1 ҶДММ «Бохтар инвест Коттон» Коркарди пахта ва истеҳсоли равған
2 ҶСШК «Ф.Саидов» Коркарди пахта
3 ҶДММ «Муъмин Коттон» Коркарди пахта
4 ҶДММ «Наврӯз Коттон» Коркарди пахта
5 ҶДММ «Заргари Тоҷиддин» Коркарди пахта
6 ҶСП «Бахтиёр» Коркарди пахта
7 ҶДММ «Виён 2014» Коркарди пахта
8 ҶДММ «Баракати ҳамкорон» Коркарди пахта ва истеҳсоли равған
9 ҶДММ «Коттон Сӯҳроб» Коркарди пахта
10 ҶДММ «Шодихон» Коркарди пахта
11 ҶДММ «17 –ҳизб» Коркарди пахта
12 ҶДММ «А.Камолиддин» Коркарди пахта
13 ҶДММ «Беҳруз коттон инвест» Коркарди пахта
14 ҶДММ «Протон» Коркарди пахта
15 ҶДММ «Бегмурод М» Коркарди пахта
16 ҶДММ «Бобои Наҷмиддин» Коркарди пахта
17 ҶДММ «Сиддиқи Соддиқ» Қолини дастӣ, коркарди пахта
18 ҶДММ «Рухшона Т» Истеҳсоли равған
19 ҶДММ «Равғани Озода» Истеҳсоли равған
20 ҶДММ К.И «Ганҷ» Истеҳсоли равғани офтобпараст
21 ҶДММ «Ресандаи Хатлон» Калобаи ресмон
22 ҶДММ «Муҳиддин Алиқулов» Обҳои ташнашикан
23 ҶДММ «Беҳбудӣ» Меваи хушк
24 ҶДММ «Кутайба» Истеҳсоли консерва
25 К.И «Бобои Нурмаҳмад» Коркарди шир
26 ҶСШП «Мину фарм» Маҳсулоти нимтаёри дорӯ
27 ҶДММ «Зафар-21» Истеҳсоли мебел
28 ҶДММ «Заррина» Дӯзандагӣ
29 ҶДММ Коттон Ансор» Сангу шағал
30 ҶДММ «Ганҷи Бохтар» Сангу шағал
31 ҶСШП «Санги Вахш» Сангу шағал
32 ҶДМ «Ҳоҷи Алӣ» Сангу шағал
33 ҶДММ «Носирҷон-2016» Сангу шағал
34 ҶДММ «Сомонҷон» Сангу шағал
35 ҶДММ «Рушди иқтисодии води Вахш» Омехтаи бетон
36 ҶДММ «Файзи Истиқлол-2013 Хишти сементӣ
37 ҶДММ «Каён» Қисмҳои эҳтиётӣ барои соҳаи кишоварзӣ
38 ҶДММ «Фаррухи Орзӯ» Коркарди пахта
39 ҶДММ «Ҳайдарали Одинаев» Коркарди пахта

 

Корхонаҳо  ва коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ:

Ҳамагӣ дар соли 2022 зиву нуҳ адад;

аз он корхонаи пахта 18 адад;

корхонаи сангу шағал 7 адад;

Аз ҳисоби бахши хусусӣ дар панҷ моҳи сипаригашта ба маблағи 21 млн. 776 ҳаз. 300 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.

Ҳаҷми  умумии  истеҳсоли маҳсулотҳо  дар  ноҳия 103% иҷро гардидааст.

Дар ҳамин давраи ҳисоботӣ саноат 171,1% иҷро гардид, ки ин нишондод нисбати соли пешин бузургтар мебошад.

Барномаҳои давлатӣ

98 адад Барномаҳо ва Стратегияҳо, ки аз ин 14 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 57 адад дар соҳаи идеологӣ, 13 адад дар соҳаи иқтисод ва 14 адад дар соҳаи  сохтмон мебошад.

Рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025:

-шумораи умумии лоиҳаҳои пешбинишуда: 193;

-маблағи пешбинишуда дар доираи лоиҳа: 212 млн. 200 ҳаз. Сомонӣ;

-шумораи умумии лоиҳаҳои амалигардида: 8;

-маблағи аз худ шуда: 31 млн. 668,7 ҳазор сомонӣ;

-шумораи лоиҳаҳои дар баррасӣ буда: 16, ба маблағи15 млн. 950 ҳазор сомонӣ;

-шумораи умумии лоиҳаҳои амалинагардида: 169, ба маблағи: 164 млн. 581 ҳазору 300  сомонӣ.

Чӣ тавре, ки ба мо маълумот доданд, Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 250 адад биною иншоот ба нақша гирифта шуда, дар панҷмоҳи сипаригашта 6 адади он мавриди истифода қарор дода шуд.

Иҷтимоиёт ва маориф

Дар 30 соли Истиқлолият дар соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 110 млн. сомонӣ корҳои сохтмони иҷро гардидааст:

Барои хониши соли 2022-2023 аз тарафи шуъбаи маориф барои харидори намудани 20 ҳазору 832 ҷуфт сару либос бо ҶДММ «Дарз» шартнома баста шудааст.

Тандурустӣ

– беморхонаи марказӣ 1 адад;

– беморхонаи минтақавӣ 4  адад;

– беморхонаи рақами 2 адад;

– ҳамагӣ марказҳои саломатӣ 24 адад;

– бунгоҳи тиббӣ 46 адад;

– маркази тибби оилавӣ 1 адад;

– кормандони соҳа, ҳамагӣ 1594 нафар.

Дасти мадад

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон – 1-уми июн раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин ба хонаи кӯдакони бемор ва имконияташон маҳдуд рафта, ба онҳо ёрӣ расонд. Дар ин рӯз роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин 7 нафар кӯдаки бемор ва имконияташон маҳдудро дар хонаҳои истиқоматиашон аёдат ва ба онҳо китобҳои дарсиву бадеӣ туҳфа карданд. Раиси ноҳия ҳамаи онҳоро аз номи Роҳбари давлат ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва хушбатии доимиро таманно кард. Ӯ ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки онҳо зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳӣ доимии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, барояшон тамоми шароити хуби зиндагӣ ва табобат фароҳам оварда мешаванд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо волидони кӯдакон миннатдории самимии худро баён карданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз аввали соли ҷорӣ то ин дам ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон ва дигар қишри эҳтиёҷманди ноҳия беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида шудааст. Дар умум аз аввали соли ҷорӣ то ин дам аз ҷониби Ҳукумати ноҳия соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳ ба чунин ашхос 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд. Чунин иқдоми хайрхоҳона аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, шахсони саховатпешаву накӯкору хайрхоҳ дар ноҳия зиёд шуда, дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Ҳамзамон, дар ноҳия барои ободонӣ, рушди саноат корҳои зиёде анҷом дода истодаанд. Роҳбарияти ноҳия ба мо изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ ва супоришҳои Пешвои миллат мекӯшем баҳри пешрафту шукуфоии ноҳия ҳама гуна имкониятҳоро истифода хоҳем намуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here