Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлолии тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст. Ин ҳуҷҷати раҳнамои миллати бостонии тоҷик аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ба Сарқонуни Тоҷикистон бо тақозои айём, шароити тозаи таърихӣ ва корбасти меъёрҳои нави ҳуқуқи байналмилалӣ (мансуб ба ҳимояи шараф ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон) дар солҳои минбаъда (солҳои 1999 ва 2003) аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйирот ворид карда шуд. 22-юми майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. Ҳамин тавр, Конститутсияи комили тоҷикон ба аҳли ҷомеа, қабл аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сулҳу ваҳдатро кафолат дод ва ҳимоятгари нерӯманди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он гардид.

Конститутсия аз лиҳози ҳуқуқӣ соҳибихтиёрии халқи тоҷикро ба расмият даровард. Мақсади ниҳоии давлати соҳибихтиёр ҳуқуқбунёдӣ ва демократия мебошад, ки танҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсия ва қонунҳои бо он муқарраркардашуда бояд амал намояд. Дар асоси тағйиротҳо нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони думаҷлисаи доимоамалкунанда таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани мустақилияти мақомоти судӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳайси арзиши олӣ ба Конститутсия ворид гардиданд.

Қобили қайд аст, ки дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Сарвари давлату миллат басо зиёд аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия таъкид дошта, ки «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад».

Муқаддимаи Конститутсия бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» оғоз меёбад. Мувофиқи он халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Ин матлаб дар моддаи 6-и Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ҳамчун «баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ» эътироф шудааст.

Дар давоми солҳои амали Конститутсия дар мамлакат бештар аз 1000 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳия ва қабул шуданд. Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, вичдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятҳои иқтисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти кишвар ҳадафи олии худ эълом дошта буданд, бо заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат ва пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан пойдор гардид. Қонуни асосии мамлакат, ки манбаи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, бояд бечунучаро волоият дошта бошад ва ин волоият риоя, таъмин ва ҳифз карданро тақозо дорад. Аз ин рӯ, мо – ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадорем Қонуни асосии мамлакатро, ки шиносномаи давлату миллат аст, эҳтиром намоем.

Осудагии замона аз қонун аст,

Иқболи накӯ ҳамешагӣ афзун аст,

Эй дӯст, биё, меҳру муҳаббат варзем,

Сарсабзии мо зи юмни Сарқонун аст.

С. А. ТАИБОВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино,

М. МУҲИДДИНОВА,

шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи А. Сино

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь