“Мову Шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла, хатари нестшавии давлат ва парокандашавии миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.”

 (Эмомалӣ Раҳмон).

Пас аз заволи давлати бузурги Сомониён, ки тоҷиконро муттаҳид ва рушди илму адаб ва забони миллиро таъмин намуда буд, миллати соҳибтамаддуни мо солҳои тӯлонӣ аз шавкати давлатдории миллӣ бебаҳра монд.

Пас аз таҳаммули ҳазорон дарду ранҷи таърих билохира 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва зарур буд, ки ҳамаи мо сарҷамъонаи баҳри эъмори давлатдории миллӣ талош варзем. Мутаассифона, бо ҷурми мухталифи нофаҳмиҳои сиёсӣ, ки ба хоҷагони дохилию хориҷӣ такя мекарданд, дар ҷамъияти мо нооромиҳо сар зада, сабабгори заиф шудани пояҳои давлатдорӣ, аз фаъолият бозмондани аксар сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳатто шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. 

Таърих он ҳама даҳшату кирдорҳои ноҷавонмардона ва қатлу куштори шаҳрвандони бегуноҳро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони миллат, ки супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро мекарданд, аъмоли экстремистӣ ва терористӣ эътироф карда, маҳкум намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид хеле дурусту оқилона фармудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза  бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.”

Дар чунин даврони сарнавиштсоз, ки хатари парокандагию заволи аркони давлат моро таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки Хуршеди Истиқлолиятро аз зери абрҳои тираи ҷаҳолату маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ берун оварад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти ҷасуру донишманд Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи илоҳӣ ба миллати тоҷик зимоми давлатро ба даст гирифт. Аввалин сухане, ки ӯ гуфт ин буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” Ин ҷумла дар худ як ҷаҳон маънӣ дошт ва ба қалби миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ нури умед бахшид. Сулҳ овардан, яъне якпорчагию истиқлолият ва иттиҳоди миллиро таъмин намудан, инфрасохтори давлатиро барақарор ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқро  суръат бахшидан, дар маҷмуъ шароити беҳтари зиндагии мардумро аз нав сохтан фаҳмида мешуд. 

Таърихи 27-солаи Истиқлолияти давлатӣ исбот намуд, ки ин марди шариф тавонист, Истиқлолият ва ягонагии миллату давлатро ҳифз кунад, Ваҳдати миллиро асос гузорад, пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор кунад, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро суръат бахшад ва дар маҷмуъ барои сокинони мамлакат шароити зиндагии садҳо маротиба беҳтару хубтарро фароҳам оварад.

Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва нақбу роҳҳои пайвандгар, таъсиси корхонаҳои гуногун, сохта ба истифода додани садҳо мактабу беморхона, донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмию фарҳангӣ, симои нав касб кардани пойтахт ва ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ва аз ҳама муҳим тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи неъматҳои пурфайзи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат ба мо итминон мебахшад, ки Хуршеди Истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳост. Пас ҳамаи мо, махсусан насли даврони Истиқлолро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати бузург бирасем ва аз доштани озодию иттиҳод шукргузорӣ намоем.

Иззатуллозода Акобир Қурбон,

прокурори ноҳияи Мастчоҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь