Эй нишон аз бустон, Кӯлоби ман,

Зеби садҳо достон, Кӯлоби ман.   

Мардуми Кӯлоб дар ҳамаи давру замон парчамбардори ватану миллати ориѐнажоди ин диѐр буданд. Лашкаркашони машҳури ин сарзамин – Катан ва Овсиѐн ба муқобили лашкари Искандари Макдунӣ аз ҳама бештар ҷангида, онро борҳо шикаст додаанд. Кӯлобиѐн сипоҳи арабро се бор шикаст дода, истиқлолияти худро нигоҳ доштаанд. Онҳо бо дастаҳои турку муғул низ беамон ҷангидаанд. Кӯлоб як порчаи замини тоҷик буда, таърихи он қисми таркибии таърихи пуршарафи миллатро ташкил медиҳад.

Кӯлоб яке аз шаҳрҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ дар сари Роҳи бузурги Абрешим мавқеи азими стратегиро молик аст. Роҳ ба сӯи Бадахшон ва Кулмаю Қароқурум маҳз аз Кӯлоб мегузарад. Шаҳр ба тавассути роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард бо калонтарин шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики ҷаҳон робитаи мунтазам дорад.

Кӯлоб шаҳри қадима дорои таърихи зиёда аз 2700 сол буда, бо қаҳрамонон, ҳунармандон, паҳлавонони номӣ ва ҷонфидоёни асили ватан ном баровардааст. Бо мурури замон дар даврони Шӯравӣ ва баъдан дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ шаҳр бо ташкил ёфтани корхонаҳои гуногуни саноатӣ куллан тағйир ёфт. Шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарин дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои ду мактаби олӣ, шаш коллеҷ, ду литсейи касбӣ-техникӣ ва 75 муассиаи таълимӣ мебошад. Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб марказҳои маъмурӣ ва намояндагии вилоятии ниҳоду сохторҳои гуногун қарор доранд ва  фаъолият мекунанд.

Ин чанд сатре буд, ки шаҳри Кӯлобро ба хонандаи азиз муаррифӣ кардем ва заҳмату талошҳои мардуми бонангу номуси шаҳрро дар сатрҳои зер пешкаш мекунем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 5 моҳи соли 2022  бобати пешбурди тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

КИШОВАРЗӢ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Мувофиқи тавозуни замин ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар марзи маъмурии шаҳр 7766 гектар замин вуҷуд дошта, аз он  6096 гектарро замини корами обӣ ва 1670 гектарро замини корами лалмӣ ташкил медиҳад. Замини мавҷуда ба 2537 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои кишоварзӣ тақсим карда шудааст. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Зарбдор 501 адад, Кӯлоб 556 адад, Зиракӣ 39 адад ва Даҳана 1441 адад хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шудаанд. Заминҳои дар боло зикршуда пурра ба кишти зироатҳо фаро гирифта шудаанд. Бахусус, ғалладонагиҳо дар майдони 2788 га, гандум 2525 га, ҷуворимаккаи донагӣ 142 га, сабзавот 943 га, полезиҳо 155 га, зироатҳои хӯроки чорво 383 га, зироатҳои техникӣ 2288 га, пахта 2230,7 га кишт карда шудаанд. Дарави ғалла дар заминҳои корами обӣ пурра ба анҷом расида, тоза кардан ва омода намудани заминҳо ба кишти такрорӣ дар ҷараён аст. То ба имрӯз аз майдони замини ғаллаи даравидашуда 6892 тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 40 сентнерӣ ба ҳар як га рост меояд. Дар ҳудуди шаҳру деҳот 1,04 га гармхонаҳои доимӣ ва 3,15 га гармхонаи мавсимӣ мавҷуд буда, асосан ба парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул мебошанд. Баҳри нигоҳдорӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ ҷиҳати нигоҳ доштани нарх дар бозор ду адад сардхона бо ғунҷоиши 550 тонна мавҷуд аст.

Тибқи нақша бояд дар майдони 3208 га, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ 802 гектар ва аҳолӣ 1406 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. То санаи 15 июни соли 2022 дар майдони 714 гектар кишти зироатҳо гузаронида шуданд, ки баробар ба 22,3 фоизи нақша мебошад.

“Тамоми кӯшиши худро баҳри он равона кардаем, ки ягон ваҷаб замин холӣ намонад ва аз ҳама заминҳо ҳосили кишти такрорӣ, хусусан ғаллалубиёгиҳо руёнида шавад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар зарфи 5 моҳа 59 млн. 105,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба давраи муқоисавии соли 2021 3 млн 442,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла, 19 млн.998,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ, 39 млн. 117,1 ҳазор тонна маҳсулоти чорводорӣ, 1 млн. 934,5 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳама нишондиҳандаҳо зиёданд.

Умуман, ба ҳолати 1 июни соли 2022 аз  майдонии умумии 7350 гектар замини банақшагирифташуда, дар 7482,1 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ба 101,8 фоизи дурнамо баробар аст. Аз ҷумла, ғалладонагиҳо дар майдони 3468,7 гектар ё ки 124,4 фоиз, шолӣ 10 гектар ё ки 2 баробар, ҷуворимакка барои дон дар майдони 142,4 га ё ин ки 129,4 фоиз, сабзавот дар майдони 943,1 га ё 105 фоиз, полезиҳо дар майдони 155,3 га ё ки 119,4 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 383,2 га ё ки 113,1 фоиз таъмин гардид.

Саршумори чорвои калони шохдор ба 28171 сар ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 сар зиёд, аз ҷумла модагов 20672 сар ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 сар зиёд, саршумори  гӯсфанду буз ба 50337 сар ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 сар,  парранда 138620 сар, ё ин ки 26226 сар ва асп ба 469 сар ё ин ки 2 сар зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулотҳои чорводорӣ, аз ҷумла гӯшт 696,3 ё ин ки 60,2 тона, шир 4982,3 ё ин ки 46,2 тонна, тухм 5107,2 ҳазор дона ё ин ки 611,5 ҳазор дона, пашм 25,5 тонна ё ин ки 0,8 тонна, пилла 1,2 тонна ё ин ки 0,2 тонна, моҳӣ 103,3 тонна ё ин ки 0,4 тонна нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли картошка ба 296,0 тонна, сабзавот 3976,0 тонна, истеҳсоли захираи хӯроки чорво 3912,4 воҳиди хӯрока, мевагиҳо ба 49,0 тонна расонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошанд”. – мегӯяд, Раиси шаҳри Кӯлоб, Бахтиёр Назарзода.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 50 млн. 309 ҳазору 38 сомонӣ таъмин гардид, ки баробари 116,1 фоизи нақша мебошад. Нақшаи моҳи май бошад 120,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 8 млн. 672 ҳазору 241 сомонӣ ба буҷет 10 млн. 448 ҳазору 343 сомонӣ ворид карда шуд. Иҷроиши сифатии нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллӣ ҳам назаррас буда, аз ҳама сарчашмаҳои даромад, пурраю барзиёд таъмин карда шудаанд. Дар панҷмоҳа ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 12 миллиону 810 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети вилояти Хатлон 6 миллиону 830 ҳазору 760 сомонӣ пешбинӣ шуда буданд, ки ба буҷети шаҳр интиқол дода шудаанд.

Иҷроиши қисми хароҷотии буҷет бошад дар ин муддат 98,4 фоизро ташкил дод. Дар моҳҳои январ – май қарздории музди меҳнат дар шаҳру деҳоти Кӯлоб умуман вуҷуд надорад. Маблағи умумии талабот ба нафақа дар 5 моҳи соли 2022 31млн.522 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақа баробар ба 319 сомонию 8 дирам буд. Бо дастгирии мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ, нафақаи 19911 нафақахӯрон дар давраи ҳисоботӣ пурра пардохт гардид ва қарздорӣ вуҷуд надорад. Дар зарфи 5 моҳ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, савдо ва ғайраҳо 900 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзи хурд ба мизоҷон 112,9 млн. сомонӣ қарз доданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 18,7 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин муддат қарзҳои додашудаи бонкӣ ба соҳаи кишоварзӣ 12,2 млн. сомонӣ, савдо 43,6 млн. сомонӣ, соҳаҳои саноат, сохтмон ва нақлиёт 54,9 млн. сомонӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 1,8 млн. сомонӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ 0,4 млн. сомонӣ рост меоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз шаҳру деҳоти Кӯлоб 5859 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Агар шумораи миёнаи рӯйхати кормандон дар зарфи моҳҳои январ – майи соли 2021 20,9 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ба 23,9 ҳазор нафар баробар аст. Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ шудааст, то ин давра 42 лоиҳа амалӣ гардида, дар 30 лоиҳа корҳо идома доранд.

САНОАТ ВА БАРҚ   

Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, соли 2022 тибқи қарори раиси шаҳр “Соли рушди саноат ва роҳҳои обод” дар шаҳр эълон гардида, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар 5 моҳи соли равон дар ин самт чораҳои дахлдор амалӣ карда шуданд. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои нав ҳар ҳафта вохӯрии раиси шаҳр бевосита дар корхонаҳои саноатӣ, инчунин дар минтақаи саноатии шаҳр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки қитъаи замин барои бунёди корхонаҳо гирифтаанд, доир шуда истодаанд. Мақсади асосии вохӯриҳо ин бартараф  намудани мушкилии мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад. Инчунин, ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ семинарҳои омӯзишӣ бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ дар филиали бонки “Саноатсодиротбонк”, ки ба соҳаи саноат қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ намудааст, доир карда шуданд. Ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ вохӯрии судманд анҷом пазируфтанд.

Дар 5 моҳи  соли 2022, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 108 миллиону 100 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 18,3 млн. сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 120,5 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли орд 107,8  фоиз, нон ва маҳсулотҳои нонӣ 101,5 фоиз, ҳасиб 106,3 фоиз, нӯшокиҳои бе спирт-144,8 фоиз, равғани растанӣ 144,7 фоиз, омехтаи қуму сангреза 24,4 баробар, хишти бинокорӣ 101,5 фоиз, ресмони пахтагин 133,3 фоиз, хишти сементӣ 103,5 фоиз ва хишти роҳрав 171,7 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид. Ҷиҳати дӯхти либосҳои мактабӣ бояд қайд намуд, ки ҶДММ “Сино 2013” бо муассисаҳои таълимӣ шартнома баста. дар 5 моҳи соли равон 4290 дона либоси мактабӣ дӯхт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд ё 130 фоизро ташкил додааст. Аз рӯи маълумотҳо, иқтидори солонаи филиали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 34 млн. ҷуфт ҷуроб буда, шумораи коргарон бояд ба 430 нафар расонида шавад.  Айни замон зиёда аз 900 нафар хоҳишмандон дар корхона рӯйхат гардида, то 01 июни  соли 2022  шумораи кормандон 88 нафарро  ташкил дода, марҳила ба марҳила бояд зиёд карда шавад. ҶДММ “Ресандаи Кӯлоб” бо ҷалби сармоягузорони хитоӣ соли 2018 ба фаъолият оғоз карда буд. Корхона дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ 260 тонна ришта истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ ва 65 тонна зиёд мебошад.

Дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошинҳо (филтрҳо)-и ҶДММ “Тоҷик Алмос” ҳамчун нахустин субъект дар масоҳати 1 гектар замин бо ҳаҷми сармояи умумии 300 ҳазор доллари ИМА, ки дар он ташкил додани 20 ҷойи нави кории доимӣ дар назар аст, ба қайд гирифта шуда, қисмати аввали корхона бояд дар моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шавад. Ҳамчунин, дар минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”  ҶДММ “Кӯлоб агросаноат” дуюмин субъект дар масоҳати 1 гектар замин ба қайд гирифта шуда, корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ, набот ва коркарди намакро ба роҳ мемонад. Айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа оғоз ёфта, бо маром идома доранд. Дар минтақаи саноатӣ бошад бунёди 7 корхонаи дигар, бахусус консерваи меваю сабзавот, афшураи меваю сабзавот, истеҳсоли гӯшти мурғ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои армуғонӣ идома доранд.

Дар 5 моҳи соли 2022 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 96,4 млн. кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 25,0 млн. сомонӣ дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 6,9 млн. кВт соат ва 1,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти технологӣ 42,1 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра  ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 17,6  млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млн. сомонӣ зиёд аст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда, ҳамагӣ 70,2 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ ба 79,6 фоиз баробар шуд. Дар ин давра барои беҳтар намудани таъмини барқ дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб, Даҳана ва Зарбдор 5 адад трансформаторҳои иловагӣ насб ва 4,1 км ноқилҳои фарсуда ва 30 пояҳои фарсудаи чӯбин ба оҳану бетонӣ иваз карда шуданд.

НАҚЛИЁТ, СОХТМОНИ РОҲҲО ВА СОХТМОН

Боркашонӣ аз ҷониби муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар зарфи 5 моҳи соли 2022 1 млн 160 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 127,7 ҳазор тонна зиёд аст. Нишондиҳандаи мусофиркашонии нақлиёти марбута ба 10 млн. 570 ҳазор нафар баробар шуд, ки ин нишондиҳанда ҳам нисбат ба давраи муқоисавии соли 2021 2 млн. 143,8 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар 5 нуқтаи хиёбону кӯчаҳои шаҳр чароғакҳои роҳнамои рақамӣ насб гардида, як таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин, сохтмони роҳи алтернативии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Чармгарон ба масофаи 850 метр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар маҳаллаи Ҷомӣ, ки солҳои тӯлонӣ роҳ надоштанд, ба масофаи 2,5 км роҳ бунёд ва сангфарш гардид. Бо тавсия ва кӯмаки роҳбари гурӯҳи кории шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Азим Иброҳим, рӯзҳои наздик аз ин миқдор 1,2 километраш мумфарш карда мешавад. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ айни замон дар хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва Чармгарони поён ба масофаи 1,2 км роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда шуданд ва ин кор идома дорад.

Дар ин давра дар соҳаи сохтмон, сармояи асосӣ ба маблағи 77,8 миллион сомонӣ, корҳои пудратӣ 34,4 миллион, корҳои сохтмону васлгарӣ 63,3 миллион ва фондҳои асосӣ 85,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 17,8 миллион сомонӣ, 4,3 миллион сомонӣ, 10,1 миллион ва 68,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 25 солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 10 иншоот ба истифода дода шуд. Ба пешвози ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад мавриди истифода қарор додани 15 иншоот ба нақша гирифта шудаанд.

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, таъмир ва азнавсозии 462 иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф 86 адад, тандурустӣ 48 адад, саноат 40 адад, варзиш 16 адад, хизматрасонӣ 44 адад, савдо 40 адад, биноҳои баландошиёна ва маъмурӣ 33 адад, нақлиёт ва коммуникатсия 106 адад, соҳилмустаҳакамкунӣ 9 адад, энергетика 1 адад, ҳунармандӣ 1 адад, кишоварзӣ 13 адад, фарҳанг 4 адад ва дигар соҳаҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар 155 иншоотҳо аллакай оғоз гардида, бомаром идома доранд.

ОБТАЪМИНКУНӢ ВА СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ

Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб”, ки аз ҷониби бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ карда мешавад, амалӣ карда шуда истодааст. Маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн евроро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҳудуди шаҳру деҳот бо ҷалби корхонаҳои ватанӣ тадқиқотҳои гидрогеологӣ гузаронида манбаҳои асосии об муайян карда шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳа ба корхонаи обтаъминкунии шаҳр аллакай 6 адад техника, 3 адад таҷҳизотҳои ёрирасон, 10250 адад обченкунакҳо ворид гардиданд.

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойҳои Теболай, Девонасой ва Шураксой, ки ҳар сол бо сабаби омадани сел ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи шаҳр ҳисороти зиёд мерасонанд, охири соли гузашта 27 млн 450 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Маблағи харҷномавии лоиҳаи соҳилмустаҳкамкуниро дар ин сойҳо КВД “Тоҷикгипроводхоз” ва КВД “ПЛИН”-и Вазорати нақлиёти ҶТ ба маблағи 62 млн 120 ҳазор сомонӣ таҳия карданд. Дар сойҳо чор пудратчӣ фаъолият карда, то имрӯз ба маблағи 25 млн 652 ҳазору 795 сомонӣ кор иҷро намудаанд.

МАОРИФ, ТАНДУРУСТӢ ВА ФАРҲАНГ

Дар 75 муассисаҳои таълимии шаҳр, ки дорои 2048 адад синфхона мебошанд, 52810 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва ба онҳо 3652 нафар омӯзгор дарс меомӯзанд. Дар давоми соли хониши 2021-2022 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби 118 ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Бахусус 10 нафар ҷойи якӯм, 28 нафар ҷойи дуюм ва 65 нафар ҷойи сеюмро шарафёб шуданд. 15 нафари дигар бошад ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли хониши гузашта зиёд аст.

Дар 5 моҳи соли 2022 ба зиёда аз 223000 аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 71 муассисаҳои тандурустӣ хизмати тиббӣ расониданд. Аз 71 адад муассисаҳои тиббӣ 15 ададаш дар ҳудуди шаҳр ва 56 адади дигар дар деҳот ҷойгир мебошанд. Шумораи умумии катҳои бистарикунонӣ ба 448 адад баробар аст. Дар ин муддат аз тарафи марказҳои саломатии шаҳру деҳот 40894 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2305 нафар зиёд мебошад. Дар муассисаҳои тиббӣ 2861 нафар кормандон, аз ҷумла 223 нафар табиби маълумоти олидор, 1170 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, 526 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 342 нафар дигар кормандон ба аҳолӣ хизмат расониданд.

50 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 24 китобхонаи оммавӣ, 20 клуб, 3 мактаби мусиқӣ, мактаби бачагонаи рассомӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 осорхонаи ҳунармандон дар хизмати мардум буданд. Тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар ҳудуди шаҳр 38 ёдгориҳои таърихӣ, 18 меҳмонхонаҳои замонавӣ, 7 мавзеъҳои сайёҳӣ, 4 осорхонаи таърихию фарҳангӣ, 3 мағоза барои фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ ва як хонаи сайёҳон мавҷуд мебошад.

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО, ҶАВОНОН, ВАРЗИШ

Дар зарфи 5 моҳ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 1059 тӯйи домодию арӯсӣ, хатнасур ва дигар ҷашну маросимҳои мардумӣ ба қайд гирифта шуданд. Маблағи умумии хароҷот 4 млн 36 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, дар ин давра 2 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, маводҳо барои чораҷӯӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол карда шудааст. Дар шаҳру деҳот 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 11 масҷидҳои ҷомеъ ва 63 масҷидҳои панҷвақта амал намуда истодаанд.

Ҷавонон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 72000 нафарро ташкил медиҳанд. Дар 5 моҳи соли 2022 бо онҳо 359 адад чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо доир карда шуд. Бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ 9 озмунҳо байнашон гузаронида шуданд. Инчунин, дар ин муддат бо ҷалби 780 нафар ҷавонон 15 мусобиқаҳои варзишии шаҳрӣ баргузор гардиданд.

Билоли Шамс, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь