Сатҳи зиндагӣ беҳ мегардад!

Тавре Пешвои муаззами миллат зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент иброз доштанд, Панҷакент дар баробари ин ки яке аз мавзеъҳои бостонии кишварамон мебошад, бо имкониятҳои бузурги истеҳсолии худ яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас дорад. Табиат, иқлим, захираҳои фаровони об ва замини ҳосилхез, яъне имкониятҳои зиёди шаҳри Панҷакент барои рушди бахшҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле мусоид мебошанд.

Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр сол ба сол беҳтар гардида, дар аксари соҳаҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Ин аст, ки танҳо тайи рӯзҳои 13 – 14 апрели соли равон дар шаҳри Панҷакент беш аз 20 иншооти хурду бузург, аз қабили бинои “Сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент”, Муҷассамаи “Рамзи китоб” дар хиёбони устод Рӯдакӣ, бинои маъмурии Шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои  муташаккили ВКД ҶТ дар водии Зарафшон, МТМУ №49 деҳаи Падруди ҷамоати деҳоти Шинг, Хоҷагии ниҳолпарварии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент… бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд, ки ба мушоҳидаи сокинон ва пирони рӯзгор иқдоми бесобиқаву беназир ба шумор меравад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар ҳудуди Панҷакент 328 кони сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла захираҳои зиёди металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои ороишӣ кашф гардидаанд, ки барои рушди мамлакат ва шаҳр аҳаммияти калони иқтисодӣ доранд. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани истихроҷу коркарди захираву имкониятҳои зикршуда тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.

Зимнан, тайи замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Панҷакент беш аз 80 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шудаанд, ки барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади мардум саҳми калон гузошта истодаанд.

Дар ин росто дар шаҳри Панҷакент баҳри истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар баробари ба ҳусни шаҳр афзудани зебоӣ, инчунин сатҳу сифати зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 118 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 860 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 8 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои тақвияти таҳсилот, обтаъминкунӣ, тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ, беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида истодааст.

Зимни сафарашон ба ин шаҳри бостонӣ Пешвои миллат бо ифтихор иброз доштанд, ки Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимӣ буда, дар таърихи кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи баланд дорад. Бо назардошти ҳамин мавқеъ Сарвари давлат зарур шумурданд, ки ба истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои мавҷудаи шаҳр, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ба муаррифии шоистаи сарзамин эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Қадами мубораки Пешвои миллат

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хосса пешвоз гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент якчанд иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо  ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз бахшиданд:

Ба истифода додани хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивӣ

Сароғоз Пешвои миллат дар мавзеи дашти Қозии деҳоти Ёрӣ хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар ба истифода супоридаанд. Ин хати оби полезӣ бо ташаббуси Сарвари давлат бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 200 гектар замини санглоху бекорхобида аз масофаи 1 ҳазору 280 метр кашида шудааст.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида, ба бунёди боғи интенсивии чормағз оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки ниҳоли дарахтони мевадиҳанда аз Ҷумҳуриҳои Туркия ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Боғи интенсивии чормағз дар 14 гектар мутобиқ ба талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил карда шуда, ба ақидаи мутахассисон, ҳосилнокии ин навъи боғҳо 8-10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Ба ҳамин тартиб, дар як гектар 286 бех ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 60 то 80 сентнер ҳосил рӯёнда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо боғпарварону хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро барои бунёд ва нигоҳубини дурусти боғу токзори нав ва истифодаи босамари замин ҳидоят карданд. Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ниҳолҳои дарахтони зардолу, олуи сиёҳ, себ ва токи ангури кишмиши сиёҳ ва тоифӣ, ки навъҳои маҳаллӣ мебошанд, шинонда шудаанд.

Бо бунёди боғҳои нав дар мавзеи мазкур зиёда аз 500 ҷои нави корӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳар саҳмдор 0,25 гектар замин рост меояд. Иттилоъ дода шуд, ки барои бо оби полезӣ таъмин намудани мавзеи дашти Қозӣ пойгоҳи нави обкашӣ бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар шаҳри Панҷакент изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани боғҳои дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот, хушкмеваҳо, моҳӣ, асал ва маҳсулоти нонӣ муаррифӣ карда шуд, ки бозгӯи самараи меҳнати бобарору садоқатмандонаи аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент мебошанд.

Ифтитоҳи фермаи чорвопарварӣ

Дар идомаи сафар Пешвои миллат дар ҳамин мавзеъ фермаи чорвопарвариро мавриди истифода қарор доданд.

Фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Масрур Савриев бунёд карда шуда, дар он 100 сар чорво парвариш меёбад, ки барои истеҳсоли гӯшт пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси фермаи мазкур 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки пас аз парвариши 3-6-моҳа аллакай чорво барои забҳ омода шуда, гӯшти хушсифат истеҳсол мешавад ва барои таъмини фаровонии ин навъи маҳсулот бо нархи нисбатан арзон дар бозорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Иқтидори истеҳсолии фермаи чорвопарварӣ дар як сол то 60 тонна гӯшти хушсифат мебошад.

Қобили таъкид аст, ки дар фермаи мазкур чорвои калони зоти “сиёҳало”, ки аз Федератсияи Русия ворид гардидааст, нигоҳубин карда мешавад. Ин зоти чорво барои истеҳсоли гӯшт мувофиқ буда, тибқи баҳогузории мутахассисон, давоми шаш моҳи парвариш аз 350 то 400 килограмм вазн мегирад. Дар баробари нигоҳубини чорвои зоти “сиёҳало” дар ин ферма инчунин парвариши зотҳои маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ чорвопарварон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди бахши чорвопарварӣ изҳори сипос карда, иброз доштанд, ки минбаъд низ талош менамоянд, дар афзоиши саршумори чорво ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти аълосифат саҳм гузоранд.

Бо мақсади сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳудуди иншоот корҳои ободонӣ анҷом ёфта, ба масофаи 400 метр роҳ то фермаи чорвопарварӣ мумфарш карда шудааст.

Бинои таваллудхона барои 80 кат

Бинои таваллудхона дар маркази шаҳр барои 80 кат пешбинӣ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Иншооти нави тандурустӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо сифати баланд сохта шудааст.

Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои шароиту имконияти нави хизматрасонӣ ба модару кӯдак мебошад. Мувофиқи лоиҳа, бинои таваллудхонаи шаҳрӣ аз 6 шуъба иборат буда, табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба занон ва тифлони навзод хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ба истифода додани бинои замонавии таваллудхонаи шаҳрӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак беҳтар гардида, барои 120 нафар корманди соҳа, аз ҷумла 37 нафар табиб, 57 нафар корманди миёнаи тиб ва 27 нафар корманди хурди тиб ҷойи кори нав ташкил шуд.

Дар маҷмӯъ, дар таваллудхона барои муоина ва табобати саривақтии модару кӯдак зиёда аз 40 дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ мавҷуд аст, ки акнун дар чунин шароит табибон занон ва кӯдаконро ба табобат фаро мегиранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити арзандаи ташхису табобат ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки дар таваллудхона муҳайё шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ба истифода додани бинои нави таваллудхонаи шаҳриро дастгирии давлат баҳри ҳифзи солимии миллат, бахусус модарону кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, табибонро ба хизмати софдилона ва баланди тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон дар ҳудуди шаҳри Панҷакент 13 шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаҳои минтақавии деҳот мавҷуд аст, ки дар онҳо ба сокинон хизмати сифатноки тиббӣ расонда мешавад.

«Панҷакент плаза» интизори меҳмонон

Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст. Баъди ба истифода додани меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори домӣ таъмин шуданд.

Мувофиқи лоиҳа, бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурии рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандарти хизматрасонии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.Дар меҳмонхонаи навбунёд дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат расонда мешавад. Ин омил ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри қадимии Панҷакент, махсусан Саразми бостонӣ, ки таърихи 5500 – сола дорад, мусоидат хоҳад кард.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон хӯрокҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегарданд. Ҷиҳати буду бош ва истироҳати меҳмонон ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра мавҷуданд, ки ин аз бартарияти меҳмонхона ба шумор меравад.

Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент-плаза” бе шакк ба симои шаҳри Панҷакент зебоӣ зам кардааст.

Муассисаи томактабии «Маърифатпарвар»

Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст. Кӯдакистон аз 3 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ 400 нафар наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бино аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва толор барои варзиш иборат мебошад. Бо дарназардошти шароити мусоиди таълим дар маҷмуъ 13 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Бунёди кӯдакистон барои амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – фарогирии бештар ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.

Дар Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Таълим дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити мусоиди фароҳамгардида, ки ба стандартҳои байналмилалии таълим мутобиқ мебошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагӣ

Ҳамчунин, зимни ин сафари бобарор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент Маркази табобати дандон, коргоҳи истеҳсоли мебел ва дӯзандагиро ифтитоҳ карданд.

Маркази табобати дандон дар бинои 6 – ошёна ҷойгир буда, дорои таҷҳизоти замонавӣ барои ташхису табобат мебошад. Дар ин ҷо мутахассисони касбӣ дар як вақт барои гузаронидани ҷарроҳии ҷоғу рӯй, барқароркунӣ, гузоштани дандонҳои сунъӣ ва дигар табобати вобаста ба дандон омодаи хизматанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони фароҳамшуда, кормандони марказро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо вазифадор карданд.

Марказ аз ҳуҷраҳои табобатӣ, ортодантия, ортопедия, ҳуҷраи кӯдакона, ҷарроҳӣ, навбатдории шабонарӯзӣ, безараргардонӣ ва дигар ҳуҷраҳо иборат мебошад.

Дар таҳхонаи иншоот бошад, коргоҳи дӯзандагӣ ташкил карда шудааст. 10 дастгоҳ барои фаъолияти кормандон ворид карда шуда, бонувон баъди омӯзиши бахши дӯзандагӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ин ҷо ҳамарӯза дӯхти либосҳои занонаю мардона ва ҷиҳози хона ба анҷом расонида мешавад.

Коргоҳи мебелбарории “Рахш” дар доираи амалишавии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Иншоот бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дар он таҷҳизоти муосир насб гардидааст. Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраи корӣ ва нуқтаи фурӯш иборат мебошад. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар иншоот нигаронида шудааст.

Маркази табобати дандон, коргоҳи дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкор Исфандиёр Шарифов бунёд карда шудааст ва дар ин ҷо дар маҷмуъ 50 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Парчамат бодо парафшон, кишварам!

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани майдони Парчами давлатӣ Суруди миллӣ мутантан садо дод ва Парчами давлатӣ барафрохта шуд.

Майдони Парчами давлатӣ дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд гардида, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 55 метрро ташкил дода, дарозии матои он 14 ва паҳноиаш 7 метр мебошад.

Дар атрофи ин рамзи давлатӣ майдони васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон дар ин ҷо монитори калонҳаҷм барои намоиши наворҳои таблиғотӣ гузошта шудааст.

Дар майдони назди Парчами давлатӣ 5 фаввора ва 2 суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шуда, 140 сутунчароғи равшанидиҳанда ва 40 нишасткурсӣ насб гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Масоҳати 7 ҳазору 500 метри мураббаъ дар ин ҷо сабзкорӣ ва 8 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзи давлатӣ дар маркази шаҳри Панҷакент маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад.

Дувоздаҳ ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз ва зиёда аз 20 ҳазор бех гулҳои рангоранги мавсимию доимӣ аз ҷумлаи ороишоти дигари майдони Парчами давлатӣ мебошад.

Дар баробари бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ҳамчунин намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр навсозӣ гардид.

Пешвои миллат ба кори анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати минбаъд саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят намуданд.

Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт

Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарош Мансур Ҳоҷибоев бо санъати баланд омода гардидааст.

Баландии муҷассама бо дарназардошти таҳкурсӣ 12 метрро дар бар гирифта, бо сангҳои хорои ватанӣ оро ёфтааст. Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

Бо шинонидани гулу дарахтони ороишиву сояафкан ва майсазор намудани атрофи муҷассама, ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хоса зам гардид.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва паймонкори он ҶДММ “СУ-3” – и шаҳри Панҷакент мебошад.

Бо қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Панҷакент барои сайругашти сокинон ва меҳмонон боз як мавзеи дилфиреб фароҳам шуд.

Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ

Баландии нишон 23 ва қутраш 2,5 метрро ташкил дода, таҳкурсии он бо санги хорои ватанӣ оро ёфтааст. Зинапоя ва майдони назди нишони давлатӣ чароғон мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони ин муқаддасоти давлатӣ моҳи июни соли 2021 бо маблағгузории Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҶДММ “СУ-3” оғоз гардида буд. Баъди ифтитоҳи Нишони давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ дар зери он гулчанбар гузоштанд.

Дар атрофи нишон аз тарафи сохтмончиён роҳравҳои тахту ҳамвор сохта шуда, дар ҳудуди боғ чароғҳои рангаи равшанидиҳанда, ниҳолҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст, ки диқатҷалбкунанда мебошад.

МТМУ №47 ташнагони донишро ба оғӯш мегирад

Бинои нави 3-ошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен” бо маблағгузории МИМҲД шаҳри Панҷакент ва ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бино дорои ҳуҷраҳои корӣ, хонаи омӯзгорон, 17 синфхонаи муосиру муҷаҳҳаз, ҳамчунин китобхона, ошхона, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 230 нафар мебошад. Муассиса бо компютер, тахтаҳои электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад. Ба ғайр аз ин, дар муассиса биноҳои ёрирасон, ба монанди буғхона, анбор ва хонаи посбон сохта шудааст.

Дар МТМУ №47 барои татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ тамоми шароит фароҳам мебошад.

Бинои кӯҳнаи ин муассисаи таълимӣ соли 1966 барои 250 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда буд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави муассисаи таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, илмҳои замони муосирро омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва дар оянда чун шахси соҳибмаърифат ба Ватану давлат хизмат намоянд. Ҳамчунин Сарвари давлат омӯзгоронро ба таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

Марҳабо, ба Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло»

Маркази савдо ва хизматрасонии «Убайдулло» аз 9 ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он манзилҳои як, ду ва сеҳуҷрагӣ ҷойгир шудаанд. Қабати якуми иншоот коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либоси мактабӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Асадулло Муродиллоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Дар маҷмӯъ, бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло” дар шаҳри Панҷакент беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошад, 60 чевари маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Модарону хоҳарони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз таъсис ёфтани коргоҳи дӯзандагӣ бо шароити хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли сару либоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, он имкон дорад, ки миқдори муайяни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакентро бо сару либоси мактабӣ таъмин намояд. Ҳамчунин коргоҳ барои мардону занон ва кӯдакон либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазиранд.

Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»

Дар иншооти нави варзишии “Қасри паҳлавонони суғдӣ”, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо тарҳи зебову замонавӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷой кори доимӣ шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.

Барои истифодаи варзишгарон дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои корӣ, хонаи шустушӯ ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудаанд. Ҳадаф аз бунёди иншооти мазкур фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллатро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

Тантанаҳои Наврӯзӣ бо ширкати Пешвои миллат

Шомгоҳони рӯзи 14 апрел пас аз ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Панҷакент  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостониро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин ҷашни хусравонӣ андешаронӣ карда, ба мардуми ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон – созандагию ободонӣ миннатдорӣ карданд.

Дар баробари  ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сокинони шаҳри Панҷакент, бахусус соҳибкорони ватандӯстро дар рушду пешрафти шаҳр ва истиқболи сазовори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ шоистаи таҳсин номиданд.

Қобили тазаккур аст, ки сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент ба истиқболи ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 447 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода супоридаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси шаҳри бостонии Панҷакент бо заҳмати созанда ва иқдомоти бунёдкорона диёри худро дар ояндаи наздик ба яке аз гӯшаҳои ободу пешрафтаи кишвар ва макони зебои сайру саёҳат табдил медиҳанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҳунари вилояти Суғд барномаи бошукуҳи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин карда шуд, ки тараннумгари сулҳу ваҳдати пойдор, истиқлоли давлатӣ ва таърихи бойи тоҷикон буд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь