Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 2019 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми январи соли 2019, 39 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019», инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо баҳри беҳдошти рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар қаламрави шаҳри Истаравшан 10 адад ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла «Гули Сурх», «Зарҳалол», «Сабристон», «Пошкент», «Қалъачаи Калон», «Ҷавкандак», «Нофароҷ», «Чорбоғ», «Ниҷонӣ», «Қалъаи Баланд» ва 4 адад шаҳрак бо номҳои «Дилшод», «Гули Сурх», «Истаравшан» ва «Симурғ» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» амал менамоянд.

Роҳбарии шаҳри Истаравшанро шахси фарҳангиву кордон Амирхон Қурбонзода бар дӯш доранд.

 

Омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бо мақсади гиромидошти арзишҳои беҳамтои Истиқлолияти давлатӣ, сафарбаркунӣ ба иқдомҳои созандаву бунёдкорона, баҳри истиқболу сазовор ва дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар тадвири омодагиҳо ба ин ҷашни бошукуҳи миллат дар назар дошта шудааст, ки дар қаламрави шаҳри Истаравшан зиёда аз 450 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, бунёди роҳҳо, таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ, бунёди боғҳои истироҳативу фароғатӣ, гулгаштҳо ва толорҳои варзишӣ мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин давра 97 адад иншооти гуногун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

 

Иҷроиши нақшаи даромади буҷет

Дар шаҳри Истаравшан дар шаш моҳи соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 100,0 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 93 млн 252,4 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн 823,4 сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар раванди муайяннамоии мавҷудияти қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ корбарӣ намуда, дар натиҷа маълум гаштааст, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мавҷудияти қарзи музди меҳнат мавҷуд намебошад.

 

Рушди бахши хусусӣ

Имрӯз дар миқёси шаҳри Истаравшан шумораи умумии соҳибкорони хурду миёна зиёда аз 13752 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он ҷумла соҳибкорӣ инфиродӣ ва бо патент амалкунанда 12912 нафар, шахсони ҳуқуқӣ 840 нафар мебошанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурду миёна аз ҷониби ҳамаи бонкҳои фаъолиятдоштаи шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ба маблағи умумии 147 млн 816,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн 016,6 сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла, дар соҳаи тиҷорат 21 млн 908,2 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи истеъмолӣ 22 млн 070,5 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳиссаи соҳибкорон дар ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти шаҳр бошад, 20 млн 667,960 сомонӣ аст.

 

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Дар шаш моҳи соли равон мувофиқи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳри Истаравшан рафти иҷроиши лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз рӯи шаш лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст:

  1. Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон (марҳилаи 2)”.
  2. Лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”.
  3. Лоиҳаи “Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ”.
  4. Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал”.
  5. Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ.
  6. Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ.

Маблағи умумии азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии зикргардида 3,5 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Гузашта аз ин, бояд қайд намуд, ки рафти иҷроиши лоиҳаи инвеститсионӣ, аз ҷумла як лоиҳаи мукаммали инвеститсионӣ ба соҳаи коммуналии обу корез аз ҷониби Бонки тараққиёт ва рушди Аврупо ба маблағи 3 млн 699 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

 

Ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба бахши хусусӣ ва соҳибкорон барои сохтмонҳои гуногун қитъаҳои замин ҷудо ва вобаста карда шудааст. Ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти лоиҳаҳои пешниҳодгардида ва мавриди амал қарордодашуда ба рафти ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор барои фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рақобатпазир ва ба содирот нигаронида шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар раванди ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодӣ дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар натиҷа ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодӣ дар мавзеи шаҳраки «Баҳористон» дар солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

 

Рушди соҳаи саноат

Айни ҳол, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Истаравшан 50 адад корхонаҳои саноатии калону хурд фаъолият мебаранд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфта, ба ҷои 203 млн 541,8 ҳазор сомонии нақшавӣ ба маблағи 229 млн 654,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки 112,8% (26 млн 113,1 ҳазор сомонӣ зиёд)-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶСП «Оби Зулол», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Адл», «Авангард 2013», «Автошина», «Шаҳло», «Покиза 2013», «Бунёдкор Б», «Муад», «Суғд нурпласт», «Нексоз», «Пулод Комилов», «Раҳимӣ Т», «Исмоили Сомонӣ», «Нодир 2000» ва дигарон фаъолияти пурмаҳсул намуда, иҷрои нақшаро аз 122,0 фоиз то 504,7 фоиз таъмин намудаанд.

Дар шаҳр оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра дар корхонаҳои ҶДММ «Ноҳид» истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ – 114,4%, ҶДММ «Ҳадид» нақшаи истеҳсолии аломатҳои роҳ – 105,7%, истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона “Автошина” – 140,8%, ҶДММ «Авангард 2013» – 117,6 %, «Покиза 2013» – 202,7 фоиз, «Муад» – 133,4 фоиз, «Нигин 5» – 119,2 фоиз, «Рахшон» -100 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Дар ин давра дар шаҳр 2 корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ фаъолият намудаанд, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида маблағи 31,0 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар шаҳр яке аз корхонаҳои бузург – ҶСП «Оби Зулол», ки ба коркарди меваю сабзавот ва нӯшокӣ машғул мебошад, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардидааш 110 млн 171,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 млн 712,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи мазкур дар ин давра истеҳсоли обҳои нӯшокиро дар зарфҳои шишагӣ ба роҳ мондааст, ки ба маблағи 900,0 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид гардидааст.

Инчунин, дар шаҳр ҶДММ «Куруши Кабир», «Садаф 5» ва «Ҷӯраев Ш» ба истеҳсоли нӯшокиҳои обҳои ташнагишикан машғул мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ мутаносибан коргоҳҳои мазкур нақшаи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро аз 100,0 то 133,0 фоиз таъмин намуда, ба маблағи умумии 221,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

 

Ҷалби сармояи мустақим

Ташкил намудани корхонаҳои нав яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроия ба шумор рафта, дар шашмоҳаи якуми соли 2019-ум 3 адад корхонаи нави истеҳсолӣ-саноатӣ – ҶДММ «ООО Тоҷикистон» (истеҳсоли орд), ҶДММ «Сифат-2017» (истеҳсоли зарфҳои пласмасӣ), ҶДММ «Ҳаит Ваҳобов» (истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ) ва 7 адад коргоҳҳои хурди саноатӣ дар маҷмуъ бо 77 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шуруъ намудаанд.

Дар шаҳр корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ноҳид» ба истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ машғул мебошад. Асосан маҳсулоти коргоҳ ба содирот нигаронида шуда, бо давлатҳои Русия ва Белорусия шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ ба 590,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 74,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Яке аз роҳҳои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ махсусан барои занону духтарон ва ҳалли масъалаҳои воридотивазкунанда – ин дӯхтани либос ва махсусан либоси ягонаи мактабӣ мебошад. Бо ин мақсад то ҳамин рӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 30 адад сехҳои дӯзандагӣ фаъолият бурда истодаанд ва то ин муддат 19,075 дона либос дӯхта шудааст.

 

Корхонаҳои дастии атласу адрас ва қолинбофӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои дастии атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва сехҳои дӯхти либосҳои мактабӣ ва таъсиси он аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ дар марказҳои таълимии дастии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ба ҳаҷми 1309 метр матоъ истеҳсол гардидааст.

 

Соҳаи кишоварзӣ

Иқлими шаҳри Истаравшан барои парвариши сабзавот ва картошка хеле мусоид мебошад. Давоми шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 114 млн 529 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 55 млн 152 ҳазор сомонӣ маҳсулоти зироаткорӣ, 59 млн 376,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол кардаанд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 млн 054 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нақшаи иҷроиш 117,5 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Истаравшан заминҳои бекорхобида мавҷуд набуда, дар натиҷаи корбарӣ 281 га заминҳои холимонда соли 2019 ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд.

Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ тайи 4 соли охир аз 5 то 15 гектар кишти пахтаро гузаронида, чигити тухмии онро аз ноҳияҳои пахтакор харидорӣ менамоянд. Ҳосилнокии пахта ҳамасола тамоюли зиёдшавӣ дорад.

 

Фаъолияти гармхонаҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар ҳамбастагӣ бо сохтори кишоварзӣ ҷиҳати тадриҷан зиёд намудани теъдоди гармхонаҳо якҷоя бо соҳибкорону сармоягузорон корбарӣ намуда, як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Дар соли 2019 ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорон барои сохтмони гармхона қитъаи замин ҷудо шуда, ҳоло сохтмони он оғоз гардида истодааст.

Дар шаҳр 16 адад гармхонаҳо фаъолият доранд. Бояд қайд кард, ки соли 2019 дар гармхонаҳои мавҷуда барои таъмин намудани аҳолии шаҳру деҳот кишти помидор, бодиринг гузаронида шудааст. Масоҳати умумии гармхонаҳои фаъолиятдошта 1,67 га буда, барои зиёд намудани масоҳати кишти помидору бодиринг корбарӣ идома дорад.

Дар Истаравшан 2 адад сардхона мавҷуд мебошад, ки дар натиҷаи корбарӣ соли 2019 боз як адад сохта ба истифода дода шудааст. Айни ҳол 3 адад сардхонаҳо фаъолият дошта, боз сохтмони як адад сардхонаи замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Пошкент ба нақша гирифта шудааст.

 

Бунёди боғу токзор

Иқлими Истаравшан ба парваришу истеҳсоли ангуру, бахусус навъҳои техникиву истеъмолии ангур ва меваҷот хеле мувофиқ буда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати васеъ намудани майдони боғу токзорҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият намуда, дар шашмоҳаи аввали соли 2019-ум 34,6 га боғ ва 19,1 га токзорҳои нав бунёд кардаанд, ки нисбат ба нақша 239%-ро ташкил медиҳад. Майдонҳои боғу токзори мазкур асосан дар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ бунёд карда шудаанд.

Инчунин, маврид ба зикр аст, ки соли ҷорӣ 41,5 га майдони боғу ток аз нав барқарор карда шудаанд, ки он нисбати нақша 101,2 дарсадро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ 0,50 га дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

 

Нақшаи генералии шаҳри Истаравшан

Нақшаи генералии шаҳри Истаравшан соли 2012 аз тарафи ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2013 таҳти №200 тасдиқ карда шудааст. Мутобиқи нақшаи генералӣ танҳо ҳудуди марказии шаҳр бо нақшаи муфассали тарҳрезӣ таъмин буда, оид ба таъмин намудани ҳудудҳои боқимонда, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳот фаъолият ҷараён дорад.

Ҳамчунин, дар амалӣ гардонидани нақшаи мазкур тибқи қарори раиси шаҳр дар маркази шаҳр оғози марҳилаи дуюми кӯчонидан ва аз байн бурдани 2 адад хонаҳои истиқоматии камошёнаи муҳлати истифодабариашон ба охир расида ва ба ҷойи онҳо сохтмони 3 адад бинои истиқоматии бисёрошёна, бинои истиқоматии 7-ошёна бо маркази фароғатӣ-тиҷоратӣ дар ҷамоати деҳоти «Зарҳалол», бинои истиқоматии иборат аз 7 ошёна бо нуқтаи хизматрасонӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» иборат аз 16 ошёна бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон, бинои истиқоматии бисёрошёна бо маркази савдо дар хиёбони “Исмоили Сомонӣ” аз тарафи соҳибкорон оғоз шудааст. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бисёрошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, азнавсозии “Гулбоғи адибони Истаравшан” дар маркази шаҳр, сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Дустӣ оғоз гардидааст.

 

Соҳаи маориф

Бо маблағгузории МИҲД-и вилояти Суғд моҳи майи соли ҷорӣ сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимии №37 ва №46, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, оғоз гардидааст. Ҳамчунин, моҳи майи соли ҷорӣ бо маблағгузории Фонди Саудии Рушд сохтмони бинои таълимии иловагӣ дар назди МТМУ №15 оғоз гардидааст.

Ҳоло бо дастгирии соҳибкорон, сокинон ва кумитаи падарону модарони муассисаҳои таълимӣ сохтмони 44 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 9 муассисаи таълимӣ – МТМУ №19-8, МТМУ №23-2 (деҳоти дурдаст), МТМУ №28-2, МТМУ №35-8 (деҳоти дурдаст), МТМУ №40-2, МТМУ №47-10 (деҳоти дурдаст), МТМУ №51-6, МТМУ №62-2, гимназияи №3-4, сохтмони 6 толори варзишӣ – МТМУ №8, 22, 27 (деҳоти дурдаст), 30, 56, литсейи №1 идома дорад. Моҳи январ 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №46 ба истифода дода шудааст.

 

Соҳаи тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳру деҳоти Истаравшан тавассути 1 беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаи ноҳиявӣ, 4 маркази махсусгардонидашуда, диспансерҳо, маркази стоматологӣ, маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, маркази ВНМО, МНДСЭ, 18 маркази саломатӣ, 29 бунгоҳи тиббӣ, маркази солимии репродуктивӣ, беморхонаи бемориҳои сироятӣ ва 33 муассисаи тиббии хусусӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар шаҳр маркази ёрии иҷтимоии ба номи И. Худойназаров фаъолият менамояд, ки хизматрасонӣ ба 380 нафар шахсони яккаву танҳоро ба роҳ мондааст. Дар марказ истироҳати рӯзонаи 30 нафар ашхоси яккаву танҳои камбизоат ва таълими 10 нафар кӯдакони маъюб дар шуъбаи тавонбахшӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба роҳ монда шудааст.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2019 ба 3989 оила ва шаҳрвандони камбизоат 1 млн 575,0 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ пардохт карда шудааст.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2019 дар шаҳр шумораи нафақахӯрон 22124 нафар ба қайд гирифта шуда, аз он гирандагони нафақаи меҳнатӣ 16352 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 265 нафар зиёд гардидааст.

Инчунин, ба маблағи 42638 сомонӣ ба эҳтиёҷмандон аз фонди захиравии раиси шаҳр маблағ ҷудо гардидааст.

 

Соҳаи фарҳанг

Айни замон, мувофиқи ҳисоботи оморӣ, дар шаҳру деҳоти Истаравшан 21 муассисаи клубӣ, аз онҳо 4 хонаи фарҳанги шаҳрӣ, 5 хонаи фарҳанги деҳот, 11 клуб, 1 клуби сайёр, 2 осорхона: 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии дорои 4714 адад нигораҳо, 1 осорхонаи доираи адабии дорои 2000 китобҳои нодир, 28 китобхонаи оммавӣ бо фонди 157532 адад махзани китобӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи марказии шаҳрӣ, 1 китобхонаи бачагона ва 26 китобхона – филиалҳо, мактаби санъат, театри халқӣ, ансамблҳои «Шашмақоми Истаравшан», «Файзи Истаравшан» хизмати маданӣ мерасонанд.

Бо дастгирии ҷамоати деҳоти Гули Сурх барои китобхона – филиали №8-и деҳаи Маҳаллаи Ясӣ ва бо ташаббуси шахси саховатпеша дар деҳаи Боғи Калон барои китобхона – филиали №9 сохтмони бинои нав оғоз гардидааст.

Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Истаравшан барои солҳои 2016-2020» сохтмони қасри фарҳанг барои 1000 ҷои нишаст ва мактаби санъати бачагона барои 300 хонанда ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.

 

Соҳаи сайёҳӣ

Гуфтан бамаврид аст, ки ба шарофати иқлими мусоиди Истаравшан барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳо хеле зиёд аст. Тибқи маълумотҳои таърихшиносон, дар шаҳр зиёда аз 150 ёдгориҳои таърихӣ – фарҳангӣ боқӣ мондаанд.

Дар шаҳри Истаравшан 2 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Тоҷикистон Тревел”, ҶДММ “Киропол” ва як адад филиали Ширкати сайёҳии “Тоҷикавиатур” асосан ба хизматрасонӣ ба сайёҳони воридотӣ ва содиротӣ машғул мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2019 тибқи маълумоти пешакии оморӣ 14539 нафар сайёҳон аз шаҳри Истаравшан дидан намуда, аз он 1027 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Айни замон дар шаҳри Истаравшан махсусан намудҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, этнографӣ, табобатӣ, истироҳатӣ ва санаторию курортӣ рушд намуда истодааст, ки баъзеи сайёҳон асосан аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебаранд. Зеро мавзеъҳои зебоманзару нотакрори осоишгоҳҳои “Ӯротеппа”, “Авитсена”, “Авис-сити”, “Ҳавотоғ” ва истироҳатгоҳи “Роҳат” дар мавзеъҳои хушманзара ҷойгир буда, бо табиати нотакрори худ диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудаанд ва имрӯз тамоми шароитҳои замонавиро барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷӣ доро мебошанд.

 

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар шаҳри Истаравшан шумораи умумии ҷавонон 90100 нафар буда, аз ин 45050 нафар писарон ва 44181 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин 27410 нафар ҷавонони аз синни 14 то 23-сола ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2200 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ҳамзамон, ҷавонони бешуғл дар шаҳри Истаравшан 99 нафар буда, ҷавонони ниёзманд ва маъюбу бепарастор 2042 нафар мебошанд.

Аз ҷиҳати захираҳои кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон дар шаҳри Истаравшан 30 нафар ҷавонон дар вазифаҳои хизмати давлатӣ ва аз ин 20 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2019 дар шаҳр 1 толори варзишӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал ва соҳибкорон ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 3 мактабҳои варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 2 мактаби варзишӣ ва 1 мактаби варзишии дар тобеияти Иттифоқи касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” фаъолият мебаранд.

Дар шаҳри Истаравшан 280 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 3 варзишгоҳ, 213 майдончаи варзишӣ, 52 толорҳои варзишӣ, 5 ҳавзҳои шиноварӣ ва 2 маҷмааҳо, 5 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили фитнес фаъолият менамоянд.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати шаҳри Истаравшан бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри бостонии Истаравшан дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 450 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд шаҳри бостонии Истаравшанро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь