Бисту дуюмин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Ду даҳсола дар масири зиндагии мардуми мо як давраи муайяни таърихист, ки халқи тоҷик дар ин муддат имтиҳони сангинро паси сар кард. Дастоварду комёбии халқи тоҷик он аст, ки тавонист сулҳу ваҳдатро ҳифз намояд ва муҳимтар аз ҳама, онро барои даҳсолаҳо устувор созад.

Барҳам задани кинаву нифоқ, хусумату парокандагӣ, ки ҳамчун як ҷузъи буҳрони сиёсиву маънавӣ дар муддати солиёни тӯлонӣ дар ҷомеаи мо реша давонида буд, кори осон набуд. Табиист, ки раванди сулҳсозӣ худрӯ набуду нест ва сарсупурдагиҳову талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи мо аз вартаи ҳалокату фоҷиа раҳо ёфт.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамватанони мо қурбон гардиданд. Сарзаминамон ба харобазор табдил ёфт. Аммо мо тавонистем дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таънро аз худ дур намоем ва собит намудем, ки ҳеҷ як ҳадафи ғаразмандонаи таҳмилӣ дар кишвари мо амалӣ нахоҳад гашт. Пешвои муаззами миллатамон дар арсаи байналхалқӣ тавонист роҳи ҳалли мусолиҳатомези дохилиро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Ин таҷриба ва дастовард барои дигарон намуна ва барои миллати тоҷик роҳнамо гардид. Ҳамин аст, ки ба таъбири Пешвои миллатамон, «ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад».

Ваҳдату сулҳи мо дар тӯли ҳазорсолаҳо назир нахоҳад дошт. Таърих гувоҳ аст, ки ҳуҷуми ғосибон, истилои аҷнабиён ва ҷаҳолати баъзе сулолаҳои алоҳида борҳо пайкари миллати моро захмину пора гардонидаанд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум давоми он ҳама ҷудоиандозиву парокандасозиҳо буд, ки хушбахтона, ҳасудон ба мақсади худ нарасиданд. Сипари боэътимоди ваҳдат ин бор моро наҷот бахшид ва ҳастии миллати моро устувор намуд. Низоми зиндагӣ таъмин гардид. Иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвари мо бомарому ҳадафнок пеш меравад. Дар фазои ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон чун марказу манзили суботу намуна ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд муаррифӣ гардид. Сулҳу дӯстиву ваҳдат ба ғояву идеяи қавие таблид ёфт, ки ҳамчун меҳвари бузург халқро дар атрофи худ муттаҳид намуд. Ҳамчун як ҷузъи муҳташаму таркибии андешаи миллӣ ваҳдати миллии мо тақвият меёбад. Дар саҳифаҳои васоити ахбори омма, китобу асарҳо, саҳнаҳои театру кино ва умуман ҳама минбарҳо васфи сулҳу ваҳдати миллии мо ҷараён дорад. Ин мавзуъ ҳеҷ гоҳ фарсудаву куҳнаву такрор нахоҳад буд ва бигзор афзудани шумори ин вассофиҳо барои таҳкими сулҳу ваҳдат боз ҳам суръат дошта бошанд. Ваҳдату сулҳу дӯстӣ бояд мавзӯи ҳамешагии ҳар як фарди қаламкашу эҷодкору соҳибандеша гардад.

Бидуни шубҳа, ваҳдати сартосарӣ ва ягонагии миллат нерӯву иқтидори нуфузи миллат мебошад, ки инро имрӯз мо ҳаммиллатон шоҳидему дигарон иқроранд. Ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву рафоқат, хандаву табассуми ҳар хурду бузурги кишвар ва умуман сулҳ дастовардест, ки барои як миллат аз ин волотар неъмате нест. Дуруст аст, ки ҳанӯз мушкилот дар ҳаёти мо вуҷуд дорад. Мо бояд ба ҳамаи ин ба дидаи қиёс нигарем, ки гузаштаи начандон дури мо аз кадом саҳифаҳо иборат буд. Он нуқта низ сарфи назар нест, ки дар ҷомеа фикрҳо гуногунанд ва инро як ҷанбаи сохти демократӣ медонем. Ҳар яки мо имрӯз дар ҷомеа озод мебошем ва ҳар яки мо бо афкори мухталифи худ дар пайи ҳадафе ҳастем. Аммо чӣ хуб аст, вақте ҳама фикрҳо дар як ҷараёни бузург қарор мегиранд, ки он ягонагиву иттиҳод аст. Танҳо дар ҳамин сурат метавон ҷомеаи солиму устуворро бунёд кард. Дар ин самт мо ҳама шохаҳои як дарахтем. Шохаи шикаста ё заифи як ниҳол ҳеҷ гоҳ устуворӣ ё иқтидори он нест, балки харобиву нестии ноаёнест. Мо бояд аз решаву пайкари ягонаи он дарахт фаромӯш насозем.

Солҳои навадуми асри гузашта халқи тоҷик ба фоҷиаи бузург мувоҷеҳ гардид. Хуни миллат рехт ва фанои мулк моро таҳдид мекард. Аммо ақли солим ғалаба кард ва хуни рехта нангу ор шуд, ки ваҳдати пойдор реша давонад. Хун, оташ, марг, ҷанг. Ин чанд калима манфуртарин садову оҳанг доранд. Ҳар як фард бояд андеша намояд, ки аз шунидану хондану навиштану ба забон овардани ин калимот дар вуҷуди мо чӣ сардие эҳсос мешавад. Амонӣ, оромӣ, сулҳ, ваҳдат. Чӣ гуворову дилнишин аст ва чӣ оҳанги уммедворкунанда доранд ин калимот. Бо шунидани онҳо эҳсосу дилгармии мо нисбати зиндагӣ бедор мешавад. Ин таззод қонунияти зиндагист, ки яке ҷаҳолату разолат асту дигаре муҳаббату саодату хушбахтӣ. Аз ин рӯ, дӯстона зери парчами ваҳдат дар сангари ҳифзи сулҳ истодан, ин таъмини муҳаббату саодат ободиву гулгулшукуфӣ ва умед ба ояндаи нек мебошад.

Фалсафаи маълуму возеҳи таҷрибаи таърих боз ҳам он аст, ки аз ваҳдат кишварҳои кучак ба давлати бузург табдил меёбанд ва абарқудратҳои тавоно аз ихтилофу ҷудоиандозиҳо пароканда мегарданд. Аз ягонагӣ пораҳо бузург мешаванду аз нифоқу ихтилоф бузургҳо пора. Гап сари бузургиву ҳудуду сарвату боигарӣ нест. Ин ҳама сарватҳо назди ваҳдату дӯстиву бародарӣ ҳеҷ арзише надоранд, агар дар ҷомеа парокандагӣ ҳукмрон бошад. Ба ин ваҷҳ, барои ҳар як миллат ва умуман инсоният волотарин гавҳару ганҷ сулҳу оромиву дӯстиву бародарист. Бунёди мусбату комили ҷаҳон ҳамин аст. Ҳамзамон иттифоқу дӯстии мо нерӯи мост, ки касе онро нест карда наметавонад. Ҳикмати бузургони мост, ки иттифоқи мурчагон ба шери жаён ғолиб омадааст. Иттиҳоду эҳсоси муҳаббат ба ватан, диёр ва миллат – ин бақои миллат аст. Дили бидуни муҳаббат фоҷиаи хомӯшест, ки сабаби фано мешавад. Пешвои миллат имрӯз аз дӯстиву муҳаббати ҳамватанон ҳарф мезананду таъкид менамоянд. Дар ин замина ягонагии ҳадаф аст, ки имрӯз амалҳои созанда дар партави он сурат мегиранд. Дӯстонаву якҷоя амал кардани мо миллати тоҷикро зина ба зина нерӯманд менамояд.

Ташхиси мантиқи ваҳдату сулҳ чандон печида нест. Муаммову моҷаро аз нифоқу ҷудоиҳо ба амал меоянд, ки мусибати бузурги як миллат аст. Дар доираи иттиҳоду ваҳдату ягонагӣ бошад, бузургтарин муаммо низ кучак аст ва онро мақсаду афкори ягона барҳам мезанад. Қонунияти дигар он аст, ки дар як оила ҳама як хел андеша надоранд. Аммо хушбахт он оилаест, ки ҳама бо фикрҳои гуногун мақсади меҳварӣ доранд. Яъне  гуногунфикриҳо дар ҷараёну партави мақсади ягона сурат мегиранд.

Ваҳдат ҳамсони нури хуршед аст, ки ба ҳама чиз – куҳ, санг, хок ва умуман ҳама мавҷуди рӯи замин баробар нур мепошад. Ваҳдати имрӯзаи мо низ тамоми миллатро ҷамъ овардааст. Дар асоси ин ваҳдат феълан бунёдкориву созандагӣ дар кишварамон суръат дорад.

Ваҳдату дӯстӣ низ мактаб дорад ва онро бо фаросат аз одитарин ҷузъиёти зиндагӣ метавон омӯхт. Чунончи, асали ширину гуворову лазиз меҳнати танҳо як замбӯр нест. Ваҳдати онҳо, сарҷамъии онҳо, садоқати онҳо, бонизому ҳалолу покиза зистани онҳо дар меҳвари роҳнамоии як нафар ин маҳсулро ба вуҷуд овардааст. Маҳсули онҳо арзиш пайдо кардааст. Ваҳдатро аз фалсафаи об низ метавон омӯхт. Ҳикмати об як намунаи ваҳдат аст ва агар сад пора ҳам гардад, боз бо ҳам ошност. Об аз қатра иқтидор пайдо кардааст. Ҷамъи қатраҳои об дарёро ба вуҷуд меорад, ки дар роҳи худ ҳамагуна монеаро барҳам мезанад. Қатраҳову дарёҳо баҳру уқёнусҳоро ба вуҷуд меоранд, ки солору орому гоҳо хурушон қудрати нопайдоеро дар худ нигоҳ медоранд. Ваҳдатро аз панҷаи даст метавон омӯхт. Мушт ин иттиҳоди панҷ ангушт аст. Агар ҷамъ намебуданд, натанҳо иқтидор намедоштанд, балки нолозим мегаштанд. Ба саҳифаҳои таърих менигарем: танҳо сулҳу сафои халқу миллатҳо гуворову хотирмону сазовори таҳсин аст. Ба ҷангҳову парокандагиҳо ва хиёнатҳо ҳамеша бо чашми нафрат менигарем. Мо як сарзамин дорему миллионҳо нафарем. Ин якпорчагӣ доиман як будани моро тақозо мекунад. Сарзамини кишвар танҳо дар ягонагии ин миллионҳо нафар устувору мондагору яктост. Баръакси онро бояд ҳатто тасаввур накард.

Дӯстиву ваҳдат бахши аъзами бахту саодати мост. Боварӣ, таҳаммул дар муқобили ҳамдигар ва меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ пойдевори ваҳдати миллии мост. Ҳар як фард бояд ин андешаро дар олами афкори хеш ташхис карда тавонад. Муаммои зишту дуруштест, вақте дар ҷои дӯстиву муҳаббату ягонагӣ холигаҳ пайдо мешавад. Савол ин аст, ки ҷои онро чӣ пур хоҳад сохт?  Холиқи ягона низ инсонро бо муҳаббат офаридааст ва дар муносибати бандагонаш доимо муҳаббатро мепазирад. Ҳифзи дӯстиву ваҳдат – ин барҳам задани кинаву адовату бадгумонӣ дар байни фарзандони як миллат аст. Ҳастии одамон баҳри он аст, ки дасти ҳамдигар гиранд, ҳамрози якдигар ва дар мусибату шодӣ дар паҳлуи ҳам бошанд. Дар ҳақиқат агар чунин набошад, пас ин зиндагӣ чӣ маъное дорад?

Боз ҳам шукронаи он бояд кард, ки феълан дар кишвари мо сулҳу ваҳдату оромӣ салтанат дорад. Ва ҳадафмандона имрӯзу оянда низ ин неъматро ҳифз бояд кард. Раванди ҷаҳонишавӣ, авзои рӯйдодҳои ҷаҳони мураккаби имрӯза, доман паҳн кардани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм, экстремизм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ моро огаҳ месозад, ки боз ҳам хушёру иттифоқ бошем. Ҳамаи ин таҳдидҳо монанд ба ҳамон вирусҳое мебошанд, ки ҳамеша ба ҷисми бемору нотавон таъсир мекунанду онро заифу маҳв месозанд. Мо бояд ҷомеаи солиму тавонои хешро бунёд созему ҳифз намоем ва ба наслҳои ояндаи ин миллат кишвари ободу пуриқтидор мерос гузорем.

 

М. С. ИМОМЗОДА,

ректори ДМТ, академик

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь