Дастовардҳои дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бадастомадаро, аҳли заҳмати ноҳия аз таваҷҷуҳи хос ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо талоши ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ баҳри татбиқи ташаббусҳои наҷибу арзанда ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми босазои худро гузоранд.
Соли 2021 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 54 млн 371 ҳазору 600 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 55 млн 900 ҳазору 465 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 103% нақша мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 36 млн 419 ҳазору 429 сомонӣ баробар ба 100% нақша, вилоятӣ 5 млн 400 ҳазор сомонӣ баробар ба 100% нақша ва аз ҳисоби даромадҳои буҷети маҳаллӣ 12 млн 741 ҳазору 800 сомонӣ баробар ба 114% нақша маблағ ворид гардид. Давоми соли 2021 иҷрои нақшаи андоз (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 111,4% фоиз таъмин гардида, ба буҷет 15 млн 556 ҳазору 531 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 1 млн 589 ҳазору 113 сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши пардохтҳои иҷтимоии буҷетӣ дар ин давра 9 млн 169 ҳазору 578 сомонӣ ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 млн 815 ҳазору 251 сомониро ташкил дод. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2021 ба маблағи 54 миллиону 763 ҳазору 817 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 55 миллиону 587 ҳазору 112 сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад..
Дар ноҳия Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, 124 лоиҳаро ба маблағи умумии 361 млн 774 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Айни ҳол ин барнома дар ҳаҷми 11,3 фоиз иҷро гардида, аз 124 лоиҳаи пешбинишуда 14 лоиҳа ба итмом расонида шуд. Соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ноҳия 866,22 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 56,62 сомонӣ зиёд мебошад.
– Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 300 млн 614 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 млн сомонӣ ё ин ки 4,1% зиёд мебошад. Дар ин давра дар ноҳия дар майдони 13262 га кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки нисбати соли гузашта 339 га зиёд аст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 29882 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 16320 ҳазор сар модагов, 77502 сар моли майда, 44588 сар парранда, 2845 сар асп ва 3571 оилаи занбӯри асал парвариш мешавад.
Давоми соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия 71 млн 837 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2020 ба маблағи 50,7 миллион сомонӣ ё ин ки 340% зиёд мебошад. Соли 2021 дар ноҳия суръати рушди соҳаи саноат 240% ташкил дод. Дар умум корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 58 миллиону 475 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ба 81,4 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшуда баробар мебошад. – мегӯяд, Гулзода Зафар, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Айни ҳол дар ноҳия 11 ҳазору 162 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2021, дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ,1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ,1 кӯдакистон ва зермарказ аз қабили марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ ва маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият менамояд. Дар даври ҳисоботӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, ба гирифтани 8 медали тилло, 9 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ даст ёфта, 12 нафари онҳо дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои мазкур ширкат варзиданд, 1 медали тилло, 5 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ оварданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 баробар зиёд аст.
Самти соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷӯҳи хоса қарор дошта, дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи рақамӣ, 1 беморхонаи бемориҳои сил, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 17 маркази саломатии деҳотӣ, 17 бунгоҳи тиббӣ, ва 8 муассисаҳои дигари тандурустӣ бо фарогирии 59 нафар табибони маълумоти олидор ва 508 нафар маълумоти миёнаи соҳавӣ дошта дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд. Дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 маркази саломатии деҳотӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ идома дошта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи сохтмони маҷмуии «Модару кӯдак» барои 50 кати хоб иборат аз ду ошёна омода карда шудааст. Дар ноҳия 34872 нафар гурӯҳи мақсаднок барои фарогирӣ ба ваксинатсиякунонӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки то ин муддат 25103 нафар иммунизатсия карда шудааст, ки 72,1% гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 21021 нафар ба вояи дуюм фаро гирифта шуданд, ки ба 60,3% нақша баробар аст.
Айни замон дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз қабили 1 қасри фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 клуби деҳот, 1 гурӯҳи хизматӣ, 1 боғи фарҳангӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 китобхонаи марказӣ ва 17 филиали китобхонаҳо фаъолият менамоянд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон дар ноҳия сохтмони бинои нави Маркази ҷавонон ва майдони варзишӣ барои 6 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Танҳо дар зарфи 30 сол аз тарафи варзишгарони ноҳия ба хазинаи варзишии ноҳия 268 медал дохил гардид, ки 11 тои он аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 74 майдончаи варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 5 толори варзишӣ ва 3 иншооти махсуси варзишӣ 1 муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ» фаъолият мекунанд. Дар соли 2021 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ аз рӯи намудҳои гӯштини миллӣ, варзиши сабук иштирок варзида соҳиби 22 медали тилло, 20 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд.
Гулзода иброз медорад, ки дар ноҳия 7 ширкати нави сайёҳии шикорӣ фаъолият дошта, дар ин давра, мавзеъҳои сайёҳии ноҳияро 5 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 нафар меҳмони хориҷӣ дидан намуда, аз инфрасохтори хизматрасонии онҳо истифода бурданд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 7 меҳмонхона барои қабули сайёҳон омода буда, сохтмони 2 меҳмонхона идома дорад. Имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият намуда, дар таҳкими раванди рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия саҳмгузоранд. Аз шумораи 27524 нафар занону духтарони ноҳия 43 нафарашонро занони роҳбар ташкил медиҳанд, ки аз ин 9 нафарашон хизматчии давлатӣ мебошанд. Дар самти тиҷорат шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз 476 нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо 84 нафар донишҷӯдухтарони ноҳия тибқи квотаи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат таҳсил намуда истодаанд.
Дар соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 948 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардид, ки нисбат ба соли гузашта миқдори тӯйи домодию арӯсӣ 121 адад зиёд мебошад. Дар ноҳия маҷмӯан 66 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 3 масҷиди ҷомеъ ва 62 масҷиди панҷвақта мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда фаъолият менамоянд. Бо ин мақсад давоми соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ба соҳаи маориф 399600 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 120500 сомонӣ баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда маблағ ҷудо карда шуд. Бо мақсади таъмини ҳаракати мунтазами нақлиётҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба миқдори 1147 м3 қуму намак баробар ба 100 фоизи нақша ва 2400 литр сӯзишвории дизелӣ баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда захира карда шудааст.
Бо мақсади таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмону азнавсозии 191 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Дар ҳамин замина 420 ҷойи кори доимӣ ва 100 ҷойи кории мавсимӣ ташкил шудааст.
Билоли Шамс