(Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Мо ба нерӯи созандаи фарзандони содиқи Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста бо ин нерӯ такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Абдуқодир Ҷабборов – ходими шинохтаи ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 2 августи соли 1954 дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст. Соли 1989 сардори Раёсати корҳои Вазорати тандурустии кишвар таъин шуд. Солҳои 1993 – 1994, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон давраи эҳёи давлатдории навин ва барқарорсозии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад, Абдуқодир Ҷабборов вазифаи пурмасъулият – муовини сардори Раёсати корҳои Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Солҳои 1994-1999 дар вазифаи директори Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурд. Соли 1999 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вайро роҳбари «Меҳмонхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Москва» таъин мекунанд ва дар ин вазифа то соли 2003 пурсамар фаъолият менамояд. Соли 2002 Ҳукумати шаҳри Москва Абдуқодир Ҷабборовро барои саҳми арзишманд дар рушди муносибатҳои ҳамгироӣ бо ордени “Станислави муқаддас” – и Федератсияи Русия қадрдонӣ намуд.
«Аълочии тандурустии ИҶШС» (1987), «Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон» (2002), узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистон буда, ба даҳҳо ифтихорномаву ҷоизаҳо мушарраф гардидааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2002) ва узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (1998) мебошад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Оинаи мусаффо» (Душанбе, 1998), «Бигзор, сарв қомат афрозад» (Душанбе, 1999), «Боғи дилкушо», (Душанбе, 1999), «Равзаи саодат» (Хуҷанд, 2013), «Дарёи хайр» (Хуҷанд, 2017) ва даҳҳо мақолаҳои илмию публитсистӣ мебошад.
Абдуқодир Ҷабборов: Бунёдкориву созандагӣ рисолат аст!
Абдуқодир инсонест, ки ҳастии ӯ ба тақдиру сарнавишти кишвар сахт пайванд аст ва дар тӯли умри хеш барои ободии гӯшаву канори Ватани азизамон заҳматҳои фаровоне кашидааст. Созандагиву ободкориро рисолати инсонии хеш мепиндорад. Ин фарди кордону созанда ва ободкору соҳибзавқ, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ Ҷабборов Абдуқодир Ҷабборович мебошад, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ӯро ҳамчун инсони ватандӯст, ободкор ва соҳибкори муваффақ мешиносанд.
Падараш Ҳоҷиев Абдуҷаббор як нафар деҳқони хокпоше буд, ки тамоми умрашро бо меҳнати шабонарӯзӣ дар замин сипарӣ кардааст. Ин марди ҷонфидои халқу миллат ва ватан ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ иродаву матонати хешро дар майдони набард нишон дод. Аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуҷаббори ҷавон худро дар майдони ҳарбу зарб андохт ва дар ҳимояти Ватан бар муқобили фашистони хунхор ҷангид. Бешубҳа, сифатҳои ватандӯстиву меҳнатпарварӣ, нотарсиву далерӣ дар сиришти Абдуқодир Ҷабборов мерос аз падари шуҷои ӯст.
Боиси сарфарозии ин авлод аст, ки 11 нафар фарзандони Ҳоҷиев Абдуҷаббор дорои сифатҳои неки падари хеш ҳастанд ва дар ҷодаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакати азизамон босамар хидмат менамоянд. Модари Абдуқодир Ҷабборов, Қаҳрамонмодар-Қосимова Биорифа, ки ҳастии хешро дар тарбияи ҷигарбандонаш бахшида буд, солҳои тӯлонӣ дар комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст. Ин ду инсони шариф бо меҳнату заҳмати тӯлонӣ ва нони ҳалол фарзандонро ба камол расониданд ва Абдуқодир Ҷабборов ҳам маҳз дар ҳамин муҳити кору заҳмат, меҳнатдӯстиву инсонпарварӣ, одамгариву некроӣ тарбия ёфт.
Наврасии мавсуф чун ҳамаи бачагони даврони шӯравӣ бо таҳсил дар мактаб ва меҳнат дар саҳро сипарӣ мешавад. Таи даҳ соли таҳсилаш дар мактаби миёнаи рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров туфайли раҳнамоии падар ва модар, ғайрату кӯшиш ва кунҷкобии бачагонааш аз хонандагони беҳтарини дабистон маҳсуб меёфт. Имрӯз ӯ бо муҳаббат аз даврони мактабхониаш ёд мекунад, аз таҳсил, шӯхиву бозӣ ва ҳаёти наврасиву ҷавониаш бо завқ нақл месозад, аз устодонаш ёд мекунад ва аз хидматҳои онҳо дар рушду такомули фардии худ сипосгузорӣ менамояд. Ӯ медонад, ки маҳз ҳамин мактаб, муҳити созгори он, заҳматҳои устодон ӯро сухандон, кордон ва соҳиби илму дониш намудааст. Ба қавли шоир:
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Абдуқодир Ҷабборов дар дили худ духтур шуданро орзу мекард ва пайваста дар ин самт адабиёти зарурӣ дарёб менамуд ва донишҳои даркориро аз худ мекард. Баъди хатми мактаб тақдир ӯро ба шаҳри Душанбе овард ва соли 1971 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино месупорад. Соли 1975 бошад, таҳсили худро дар Донишкадаи тиббии Харков, факултаи санитарӣ – гигиенӣ идома медиҳад ва соҳиби ихтисоси духтур – гигиенист мегардад. Фаъолияти меҳнатии худро маҳз дар шаҳри Харков оғоз менамояд ва аввалин таҷрибаи корӣ ва зиндагиро дар муҳити афроди донишманд меандӯзад.
Аз соли 1978 Абдуқодир Ҷабборов ба Ватани азизаш бармегардад ва бо хоҳиши сардухтури Стансияи санитарӣ-эпидемиологии ҷумҳурӣ Бандишо Шоисматуллоев ба ҳайси муовини сардухтури ин коргоҳ фаъолияти меҳнатиашро идома медиҳад. Давоми бештар аз 10 сол вай дар вазифаи мазкур кор карда, дар ин ҷода Бандишо Шоисматуллоевро устоди раҳнамо ва ғамхори хеш медонад. Ӯ мегӯяд, ки кордониву инсонгарии ин шахс барояш дарси ибрат буд ва давоми фаъолияти худ ҳамчун муовини сардухтури Маркази санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҳам дар коршиносӣ ва ҳам дар инсоншиносӣ аз вай малака бардорад. Бале, Ҷабборов Абдуқодир инсонест, ки ҳаргиз некиро фаромӯш намекунад ва ба муҳаббату некии инсонҳо арҷ мегузорад.
Аз соли 1982 то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Абдуқодир Ҷабборов аъзои ҷамъияти дӯстии халқҳо бо мамлакатҳои хориҷа маҳсуб меёфт. Ҳамчун аъзои ин ҷамъият ба ҳайси намоянда ба якчанд мамлакатҳои дунё, аз ҷумла Чехия, Венгрия, Тунис, Австрия, Марокко, Малта, Арабистони Саудӣ, Болгария, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Шветсария, Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кардааст. Дар ин сафарҳо ҳар ҷо аз Тоҷикистони офтобрӯя, мардуми меҳмоннавози он, таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, табиати нотакрораш нақлҳо мекард, дӯстонашро аз кишварҳои хориҷа ба диёраш даъват менамуд.
Аслан Абдуқодир Ҷабборов дониш андӯхтанро асоси зиндагии хеш шуморидааст. Ӯ имони комил дорад, ки маҳз аз рӯи илму дониш амал кардан инсонро ба ҳадафҳои олии инсонӣ мерасонад. Чуноне шоир мегӯяд:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ин буд, ки соли 1986 мавсуф дар баробари дар истеҳсолот меҳнат намудан ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил гардида, онро соли 1992 хатм менамояд ва соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос мегардад. Ин ихтисос дар пешрафти фаъолияти кориаш кӯмаки зиёде расонид. Соли 1989 Абдуқодир Ҷабборов бо даъвати вазири тандурустии Тоҷикистон Пӯлодова Гулнора Комиловна ба вазорат ба кор омад.
Дониш, таҷриба истеъдоди фитриаш ба ӯ имкон дод, ки дар ҷомеа баробари мақому манзалати шоиста пайдо кардан барои мардум хидмати арзанда кунад. Махсусан, дар солҳои аввали Истиқлоли давлатии кишвари азизамон фаъолияти ӯ дар Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини Роҳбари дастгоҳи Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтаст, ки ҷоизи зикр мебошад. Фаъолияти густурда, дониши баланд, меҳнатдӯстӣ ва завқи хосаи зебоипарастӣ доштани ӯро ба назар гирифта, соли 1994 ба вазифаи директори генералии комплекси меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд, ки дар ин вазифа то соли 1999 ифои вазифа намуд. Дар бораи фаъолияташ дар ин макон Абдуқодир Ҷабборов хотира ва ёддоштҳои нек дорад, ки онҳо дар китобҳои «Боғи дилкушо», «Оинаи мусаффо», «Равзаи саодат», «Сад счастья» ва «Дарёи хайр» инъикос шудаанд. Дар ин китобҳо дар бораи кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсиятҳои маъруфи сиёсиву давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, адибону олимони номвар, меҳмонон-афроди намоёни мамлакатҳои ҷаҳон, вазъи сиёсиву иҷтимоии он давр, бунёдкориву ободкориҳо маълумот дода шудааст.
Инсони кордону меҳнатдӯст ҳамеша ба иҷрои корҳои бузург ва мондагоре даст мезанад, ки на ҳар кас онро метавонад, ба анҷом расонад. Маҳз, натиҷаи хуби фаъолият ва сифати кор ба инсон обрӯву эътибор медиҳад ва эътимоди инсонҳоро афзун менамояд. Маҳз, ба хотири иродаву ҷасорат ва кордониаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 супориш доданд, ки бо мақсади ҳар чи тезтар таъмиру тармим намудани меҳмонхонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав Ҷабборов Абдуқодир ба вазифаи директор таъин карда шавад. Солҳои тӯлонӣ ин меҳмонхона бинобар набудани маблағ дар ҳолати бад қарор дошт. Ин иншоот ҳарчанд ба Тоҷикистон тааллуқ дошт, аммо аз ҷониби гурӯҳҳои авбошони маҳаллӣ ғасб гашта буд. Аммо роҳбари нав ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, қотеъона амал намуда, бо кӯмаки Ҳукумати Федерасияи Россия, бахусус шаҳрдори Москва тавонист, ки ин меҳмонхонаро обод намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон баргардонад.
Баъди ба итмомрасии корҳо дар меҳмонхона комиссияи дуҷониба аз ҷониби Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ташкил карда шуда, барои ба истифодабарии ин бино иҷозат доданд.
Ҷоизи зикр аст, ки ҷустуҷӯи ӯ дар роҳи илм дар Маскав ҳам идома ёфт. Соли 2001 Академияи фанҳои дақиқи Россия дар асоси низомномаи Академия Абдуқодир Ҷабборовро аъзо-корреспонденти Академия интихоб намуд ва ҳамчунин, соли 2002 вай рисолаи номзадии худро ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.
Ин давраи фаъолияти Абдуқодир Ҷабборов дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав як саҳифаи рӯшан ва нотакрори зиндагиаш маҳсуб мешавад. Зеро кореро, ки ӯ ба анҷом расонид, агар аз як ҷониб обрӯву нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун миллати ободкор ва созанда муаррифӣ карда бошад, аз ҷониби дигар дар мустаҳкамшавии дӯстии халқҳои тоҷику рус таъсири бузурге гузошт. Гузашта аз ин, меҳмонхонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба хонаи тоҷикон табдил ёфта буд, ки ҳамеша дараш барои мусофирон боз буд.
Зиндагӣ ва фаъолияти Абдуқодир Ҷабборов аз соли 2003 дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов)-и вилояти Суғд идома ёфт. Ҳамон сол Абдуқодир Ҷабборов ба сохтмони меҳмонхонаи «Сино» дар зодгоҳи худ – Ҷамоати деҳоти Ёва оғоз намуд ва онро анҷом бахшид.
Боиси зикр аст, ки ҳанӯз соли 1998 Абдуқодир Ҷабборов дар шаҳри Бӯстон сохтмони як меҳмонхонаи азимро ба роҳ монд, ки имрӯз аз беҳтарин меҳмонсаро дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бунёди он низ таърихи худро дорад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заводу фабрикаҳо бо сабабҳои объективию субъективӣ аз кор бозмонда, аксари иншоот дар ҳолати бад қарор доштанд. Аз ҷумла, заводи нон низ аз ин ҳодисот барканор намонда буд. Абдуқодир Ҷабборов тасмим гирифт, ки дар ҳамин мавзеъ як меҳмонхонаи хубу замонавӣ бунёд мекунад.
Соли 2001 корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, комплекси меҳмонаи «Сино» дар шаҳри Бӯстон ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, барои сӣ нафар шаҳрвандон ҷои корӣ ташкил гардид.
Соли 2004 дар шаҳри Душанбе низ меҳмонхонаи «Сино» – ро бунёд намуд.
Ӯ дар баробари кор ҳамчун як нафар адиб эҷод менамояд. Дар тӯли фаъолияташ ҳамнишинӣ бо устодони илму адаб дар ниҳоди ӯ муҳаббати навиштан ва эҷодро бедор кард. Навиштани мақола, хотираҳо барои ӯ хушоянд аст ва забони нигоришаш низ соддаву равон ва дилнишин мебошад.
Заҳматҳои фаровони Абдуқодир Ҷабборов бо ордену медалҳо, ифтихорномаву сипосномаҳои зиёд қадршиносӣ гардидааст. Аз ҷумла, ӯ «Аълочии тандурустии ИҶШС», «Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон», узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистон буда, ба даҳҳо ифтихорномаву ҷоизаҳо мушарраф гардидааст. Узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Алҳол муассиси «Маҷмааи меҳмонхонаҳои Абдуқодир Ҷабборзода» дар шаҳрҳои Бӯстон, Душанбе, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва «Осоишгоҳи Абдуқодир Ҷабборзода дар шаҳри Гулистон» мебошад, ки дар ин муассисаҳо беш аз 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин мебошанд.
Бо ташаббуси мавсуф як қисмати роҳҳои шаҳри Гулистон, Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҷмӯъ 8 киллометр мумфарш, оромгоҳи «Сангинҳоҷӣ» -и ҷамоати мазкур обод ва беш аз 35 ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ дар солҳои охир аз кӯмаки ин шахси саховатпеша бархурдор гаштаанд.
Оре, кору пайкор ва зиндагиномаи одамони бузург, созандаву ободкор ақлҳоро равшан ва муҳаббати дунёро бароямон зиёда мекунад.
Саидумрон САИДОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Мухтори АБДУЛЛО,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
БАҲР АСТ ҚАЛБИ Ӯ
Куҷо мардест к-ӯ чун Абдуқодир Абдуҷаббор аст,
Ба мисли ӯст кам марде, агарчӣ мард бисёр аст.
Сифоти паҳлавонмардӣ, кам андар қуввати бозуст,
Ки асои мардиву мардонагӣ дар шафқати ёр аст.
Ба қаъри чашми зебояш ту гӯӣ чашмаи меҳр аст,
Ба лабҳояш сухан чун найшакар ё ин ки гуфтор аст.
Агар баҳр аст қалби ӯ, ҳама лабрези гавҳарҳост,
Агар кон аст қалби ӯ, пур аз ёқути шаҳвор аст.
Сухан ширину сурат дилбару сират чӣ дилҷӯтар,
Ҳамоҳангӣ чунин дар сурату сират на бисёр аст.
Ҳама лофи ҷавонмардӣ зананду ӯст лабхомӯш,
Ки гуфтор аз ҷавонмардӣ варо на ҳарфи бозор аст.
Аз инаш ҳар куҷо мардеву оини ҷавонмардист,
Ба ҷону дил варо дар ҳалқаи ёрон талабгор аст.
Чу хатми ин сухан боист ин ҳарфам ба лаб омад,
Нигаҳдорандаи ҳарду ҷаҳон ӯро нигаҳдор аст.
Аскар Ҳаким,
Шоири халқии Тоҷикистон
Дармонбахши ҳазору як дардам ман
(Рубоиёт)
Ман нома ба номи Абдуқодир дорам,
Оҳанги каломи Абдуқодир дорам.
Дар ҷамъияти имрӯз парешониҳост,
Ман назму низоми Абдуқодир дорам.
Як сарв шинондаму дуояш кардам,
Покизатарин кор барояш кардам.
Сарсабз бимонад ба дусад соли дигар,
Хушнуд аз онам, ки атояш кардам.
Ҷаббор падар, Орифа ин модари ман,
Онҳо дили ман сохта, пою сари ман.
Аз ҳар ду нишон аст ҳамин пайкари ман,
То зинда манам, зинда ду тан аз бари ман.
Файзу баракат зи лутф овардам ман,
Некӣ кардам, ба амри дил кардам ман.
Хурсанд манам, ҳамеша хурсанд манам,
Дармонбахши ҳазору як дардам ман.
Чандест, ки ман аз Галамайдон нагузаштам,
Аз боғи ҷавонии гулафшон нагузаштам.
Имрӯз диламро накунам гӯш, гуноҳ аст,
Дарде бикашам, ҷониби дармон нагузаштам.
Пайвандгари ду давр будам, ҳастам,
Ман кӯҳнаву нав ба ҳамдигар пайвастам.
Осон набувад ба ҳар кӣ, осон ба ман аст,
Бар пиру ҷавони деҳа ман дил бастам.
То домани худ зи дарду ғам афшондам,
Дар роҳи худо дил шудаму дил мондам.
Аз баҳри худо нақши дигар ман накашам,
Ин дарс ба мактаби муҳаббат хондам.
Нурмуҳаммад Ниёзӣ,
Шоири халқии Тоҷикистон