Тавилдара (имрӯза Сангвор) ҳамчун ноҳия дар ҳудуди Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1931 таъсис дода шуд. То соли 1955 дар ҳайати вилояти Ғарм фаъолият мекард, аммо 28-уми сентябри 1955 бо ҳамроҳ кардани ҳудудҳояш ба ноҳияҳои Калъаи Хумб ва Комсомолобод барҳам дода шуд ва то соли 1991 ҳамчун ҷамоати деҳоти Тавилдара дар ҳайати ноҳияи собиқ Комсомолобод (ҳозира Нуробод) амал мекард.

26-уми феврали соли 1991 бо Қарори шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ ноҳияи Тавилдара, бо маркази маъмуриаш дар деҳаи Тавилдара, аз сари нав таъсис дода шуд, ки яке аз 13 шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29, аз 2-юми феврали соли 2016 ва Қарори Шӯрои миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №204, аз 3-юми марти соли 2016, номи ноҳияи Тавилдара ба Сангвор табдил дода шуд.

Ноҳияи Сангвор дар канори дарёи Хингоб ҷойгир буда, яке аз 13 навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Сангвор дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ бо ноҳияи Лахш, дар шимолу ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ғарб бо ноҳияи Нуробод, дар ҷанубу ғарб бо ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар ҷануб бо ноҳияи Дарвоз ва дар шарқ бо ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳамсарҳад мебошад. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 аҳолии ноҳияи мазкур 24,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М. дар оғози суҳбат иброз дошт, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди ноҳия давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

“Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,  вакилон, фаъолон ва аҳолии ноҳия дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21-уми декабри  соли 2021  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардиданд,  мавриди татбиқ қарор дода истодаанд. Ҷиҳати иҷрои бандҳои Паём нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия гашта, бо қарори раиси ноҳия аз 31-уми январи соли 2022, таҳти №22 тасдиқ карда шуда, мунтазам дар ин самт кор бурда мешавад”,-гуфт Давлатзода.

Тибқи мушоҳидаҳо, ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Иқлим, табиат, ҳайвоноту наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффофу босафо, ки дар ноҳия мавҷуданд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ хеле мувофиқ мебошанд.

-Моро лозим меояд, ки фаъолияти соҳибкоронро оид ба ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат диҳем, зеро ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Ҳамчунин, дар доираи имконоти мавҷуда корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст. Дар байни аҳолии ноҳия мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию ободкорӣ ба сомон расонида шуда истодааст,-қайд намуд раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода М.

 Иҷрои андозҳо ва  буҷети ноҳия

Андоз бақои давлат мегӯянд. Вобаста ба ин мавсуф қайд кард, ки қисми даромади буҷети ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ба ҷои 4 миллиону 752 ҳазор сомонии пешбинишуда 6 миллиону 763 ҳазору 920 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 142 дарсади нақша баробар аст. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 918 ҳазору 565 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 5 миллиону 683 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки иҷрои он ба 8 миллиону 213 ҳазору 102 сомонӣ таъмин карда шуд.

 Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ба таъкиди Президенти мамлакат рушди ҳар як давлат ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, раиси ноҳияи Сангвор иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли 2022 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 130 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 12 адад бештар аст. Аз ҳисоби 39 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ба буҷети ноҳия 42,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки он 108 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Соҳибкорони инфиродие, ки тариқи патент фаъолият доранд 64 нафар буда, дар ин муддат 44 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карданд. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бошад, дар ин давра 7,8 ҳазор сомонӣ андози даромад аз шахсони воқеӣ, 160,5 ҳазор сомонӣ андози соддакардашуда ва 20,4 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ ба буҷет ворид гардид. Ҷамъ аз ҳама намуди андозҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пардохт гардидаанд, 188,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Маориф

Соҳаи маориф ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмин намудани пешрафти соҳаи мазкур, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, барои рушди ин соҳа аҳамияти аввалин дараҷа дода мешавад.

-Дар соли таҳсили 2022 дар ноҳияи Сангвор  59 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим, 1 интернати наздимактабӣ фаъолият менамоянд. Дар ҳама намуди муассисаҳои таълимӣ 5098 нафар хонанда, аз ҷумла 2434 нафар духтар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба таълиму тарбияи насли наврас 575 нафар омӯзгор (211 зан) машғуланд. Аз ин шумора 305 нафар (82 нафар зан) таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 59 нафар (11 нафар зан) таҳсилоти олии ғайриомузгорӣ, 47 нафар (16 нафар зан) таҳсилоти олии нопурра, 79 нафар (48 нафар зан) таҳсилоти миёнаи омӯзгорӣ, 75 нафар (46 нафар зан) таҳсилоти миёнаи махсус ва 10 нафар (8 нафар зан) таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд.

Дар 28 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннии забони русӣ ва англисӣ, математика, забону адабиёти тоҷик, физика, химия, техналогияи информатсионӣ ташкил карда шудааст. Дар назди шуъбаи маориф маркази таҳсилоти иловагӣ бо панҷ намуди маҳфил, маркази технологияи информатсионӣ ва маркази рушди истеъдодҳо фаъолият намуда истодаанд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар назди 18 муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия маркази инкишофи кӯдакон ташкил гардидааст, ки ба онҳо зиёда аз 380 нафар кӯдакон ҷалб карда шудаанд. Шароити кӯдакистони маркази ноҳия ва маркази ҷамоати деҳоти Сангвор ва Чилдара низ  хуб ба роҳмонда шуда, бо фаро гирифтани 125 нафар кӯдак фаъолият карда истодаанд. Тарбиятгирандагон бо тамоми шароитҳои зарурӣ, аз ҷумла асбобҳои хониш, бозичаҳо ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд,-гуфт раиси ноҳия.

 Тандурустӣ

Мавсуф соҳаи тандурустиро низ аз бахшҳои муҳим арзёбӣ намуда, онро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ рақам зад.

Айни замон ба аҳолии ноҳияи Сангвор 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, ҳуҷраи мубориза бар зидди бемориҳои сил, ҳуҷраи ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳуҷраи солимии репродуктивӣ ва танзими оила ва ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати тиббӣ расонида истодааст. Тибқи маълумот, қабули беморон дар шаш моҳи соли 2022 585 нафарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 31 нафар кам будааст. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳия як адад ренгени рақамӣ, як адад УЗИ-и беморхонавӣ, шаш адад оксигенератор, як адад манитори назди катӣ, як таҷҳизоти ИВЛ ва дигар таҷҳизотҳои тиббӣ дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ ба беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мошини ёрии таъҷилӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ муҷаҳҳаз дода шуд.

 Сохтмон

Давлатзода М. сохтмонро барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки ин соҳа дар бунёду барқарорсозии иншоотҳои гуногуни маишӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию истироҳатӣ мавқеи хоса дорад.

-Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2022 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, Қарори Раиси ноҳия, аз 7 июни 2022, № 223 ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 49 иншооти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Соли 2022 барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ин маблағ мувофиқи нақша барои сохтмони шуъбаи бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, азнавсозии боғи фарҳангӣ, бинои ҷамоати деҳоти Тавилдара ва сохтмони стансияи бодуҳавосанҷӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои зикргардида идома доранд.

Дар нимсолаи соли 2022 бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки раиси Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, бинои маркази савдо ва хизматрасонӣ дар деҳаи Хури ҷамоати деҳоти Вахиё ва бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сариҷангали ҷамоати деҳоти Тавилдара ифтитоҳ гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 35 адад иҷозати сохтмон, барои хонаи истиқоматӣ ва дигар сохтмонҳо дода шудааст.

 Кишоварзӣ

Дар ҳама давру замон таъмини амнияти озӯқавории кишварҳо бе пешрафти соҳаи кишоварзӣ тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор низ аз соҳаи асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунанд.

Давлатзода М. қайд кард, ки кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2021 барои ҳосили соли 2022 дар майдони 1076 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд, ки сад дар сади нақшаи кишти тирамоҳиро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи дурнамо соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 1540 га ғалладонагӣ (100%), 1136 га картошка (102%), 214 га сабзавот (100%), 4 га полезӣ (100%), 50 га зағир (100%) ва 52 га хӯроки чорво (100%) кишт гузаронида шудааст. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар шашмоҳи  соли 2022 ба 8 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 680 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 684 тонна гӯшт,  шир-1683 тонна ва 765 ҳазор дона тухм истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 39 тонна гӯшт, 112 тонна шир ва 24 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.

 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ

Дар тавозуни идораи давлатии  беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо бо дарозии 46,2 км ба аҳолӣ  хизмат мерасонанд. Дар шаш моҳаи аввали  соли 2022 идораи мазкур барои бо оби полезӣ таъмин намудани 863 га замин шартнома ба имзо расонидааст, ки он 100 дарсад нақшаро дар бар гирифта, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2021 63 га зиёд мебошад. Аз ҳисоби пешпардохти ҳақи хизмати обрасонӣ дар шаш моҳаи аввали соли 2022  20 ҳазору 690 сомонӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба соли 2021 1 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.

 Роҳсозӣ

Барои ноҳияи Сангвор роҳи мошингард воситаи асосӣ буда, тавассути он робитаи дохилӣ ва берунӣ рушд менамояд. Дар робита ба ин раиси ноҳия қайд намуд, ки дар хизматрасонии нақлиётии ноҳия нақши муҳимро роҳи аҳамияти байналмилали доштаи Нуробод-Сангвор-Дарвоз мебозад ва маҳз роҳи мазкур талаботро дар кашонидани маҳсулот байни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд.

-Муассисаи роҳсозии ноҳия 101,4 км роҳро ба уҳда дошта, барои нигоҳдории роҳҳо дар шаш моҳи соли 2022 корҳои таъмирию нигоҳдориро ба маблағи 210 ҳазору 427 сомонӣ иҷро намудааст. Дар тавозуни муассисаи роҳдории ноҳия 14 адад техникаи махсус мавҷуд буда, 10 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд. Муассисаи роҳсозии ноҳия ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои ноҳия фаъолияти доимиро ба роҳ монда, рафту омади нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ дар роҳҳо бо қадри имкон таъмин мебошад,-гуфт Давлатзода М.

 Бахши дин

Бахш дин, танзими анъана ва ҷашну маросим баҳри дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардида, теъдоди муроҷиати шаҳрвандон дар давоми шаш моҳи соли 2022 ба 88 адад баробар аст. Дар ноҳия 6 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва дар ташкилоту муассисаҳое, ки шумораи коргаронашон аз 30 нафар зиёд мебошанд, 14 комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст, ки тибқи  низомнома  амал  мекунанд. Зери назорати комиссияи доимии  танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 78 тӯйи домодию арӯсӣ гузаронида шудааст. Инчунин, 19 чорабинӣ марбут ба чилусол бе додани таъом тариқи дуову фотеҳа доир гардидааст. Дар ҳама ҷашну маъракаҳои болозикр, бо назардошти дигар хароҷотҳо, 357 ҳазору 400 сомонӣ сарф гардидааст. Аз тарафи иттиҳодияҳои динии ноҳия ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва қисми низомии дар ҳудуди ноҳиябуда ба маблағи 11 ҳазору 400 сомонӣ кӯмакҳои пулию маводҳои ғизои расонида шудааст.

 Дастгоҳи раиси ноҳия

Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби дастгоҳи раиси ноҳия бо мақсади мавриди амал қарор додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амру фармон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра чорабиниҳо ба сомон расонида шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе, дар давраи ҳисоботӣ, беш аз 82 нафар шаҳрвандон оид ба ҳалли мушкилоти рӯзгору зиндагии хеш шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки иҷрои онҳо зери назорати қатъии роҳбарияти ноҳия қарор доранд.

Дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Сангвор муҳтарам Давлатзода иброз намуд, ки Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор нақшаву барномаҳои қабулнамуда ва дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакатро дар мадди аввал гузошта, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

-Боварӣ дорем, ки сокинони ноҳияи Сангвор ба хотири ободиву созандагии Ватан, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил гардидан тамоми саъю талоши ватандӯстонаи худро сафарбар месозанд,-зикр намуд Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here