Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Раҳмон Исломиддин Хайриддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар се моҳи аввали соли 2022 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Буҷет ва иҷтимоиёт

– Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети ба андозаи 103,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 45 миллиону 216,8 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша  1 миллиону 344,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 30 миллион сомониро ташкил дод, ки 79 фоиз он ба соҳаи иҷтимоӣ равона гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ин дастгирии нафақирон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ мебошад. Шумораи нафақагирон 13109 нафарро ташкил медиҳад, ки пардохти маблағи нафақа дар семоҳаи аввали соли 2022 ба 4,5 миллион сомонӣ баробар шудаст.

Музди миёнаи меҳнат ба 1826 сомонӣ баробар буда, нисбати соли 2021-ум  292 сомонӣ зиёд мебошад, – зикр кард Исломиддин Раҳмон.

 Фаъолияти бонкҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар рушди соҳибкории хурду миёна фаъолияти бонкҳо мавқеи хосаро ишғол менамояд. Айни ҳол, дар ноҳия филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  «Ориёнбонк» ва филиалҳои дигар бонку ташкилотҳои хурди қарзӣ дар ҳудуди ноҳия ба амалиётҳои бонкӣ машғуланд.

Аз ҷониби низоми бонкии ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзӣ дар се моҳи соли 2022 беш аз 36,8 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳо дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи азхудшуда 9,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми муомилоти мол дар соҳаи савдо 65,7 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин 63,5 миллион сомониашро гардиши савдои чакана ташкил медиҳад ва суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳи соли ҷорӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои хизматрасон 29,5 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин 28,5 миллион сомонӣ хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ расонида шудааст.

Кишоварзӣ – яке аз соҳаҳои асосӣ

Доир ба иқтидори мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ҳмсуҳбатамон зикр кард, ки Данғара дар вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои калонтарин маҳсуб ёфта, кишоварзӣ яке аз соҳаи асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа сол аз сол баланд гардида, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мусоидат намуда истодааст.

Шароити иқлимии минтақаи ноҳияи Дангара барои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, картошка, полизӣ, пахта, хуроки чорво, боғдорӣ ва чорводорӣ мувофиқ мебошад.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар соҳаи кишоварзӣ имконият дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 88,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 миллион сомонӣ зиёд буда, 118,4 фоизи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия дар майдони 28 ҳазору 488 гектар кишти зироатҳои кишоварзиро гузаронидаанд.

Аз майдони умумии кишти зироатҳо 19 ҳазору 554 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгӣ, 505 гектар картошка, 856 гектар сабзавот (аз он 259 гектар пиёз), 6118 гектар зироатҳои техникӣ (аз он 4850 гектар пахта, 752 га зағер, 455 гектар масъар, 50 гектар офтобпараст ва 11 га кунҷит), 500 гектар полезӣ ва 954 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад.

Чорводорӣ дар баробари дигар самтҳои кишоварзӣ, яке аз бахшҳои асосии кишоварзии ноҳия буда, вазни хоси он дар маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳия 40 фоизро ташкил менамояд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 72669 сар чорвои калони шохдор (аз он 33094 сар модагов), 427275 сар гӯсфанду буз, 202147 сар паранда, 5711 сар асп ва 3910 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 140 ҳазор сар барраю бузғола, 13 ҳазор сар гӯсола ва 1 ҳазору 730 сар тойча гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 2 миллион дона тухм, 5909 тонна шир, 7,5 тонна моҳӣ ва 3600 тонна гӯшт истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 0,1 то 33,0 фоиз зиёд мебошад.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва захира намудани маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ноҳия 7 анбор бо иқтидори 12000 тонна ва 6 сардхона бо иқтидори 3700 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бунёд карда шудааст.

Данғара – маркази бузурги саноатӣ

– Ноҳияи Данғара маркази бузурги саноатию аграрии рушдёфта барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда буда, дорои инфрасохтори муосири иқтисодию иҷтимоӣ, хизматрасонии замонавӣ, бо шароити мусоид барои рушди соҳибкорони хурду миёна, сармоягузорӣ, фарҳангию сайёҳӣ, бо муҳити тозаи экологӣ мебошад ва дар он мардуми соҳибмаърифату солим кору зиндагӣ мекунанд, – гуфт И. Раҳмон ва афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 43 корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 583 миллиону 771,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намудаанд, ки ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 миллиону 710,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо нархҳои муқоисавӣ 125 фоиз таъмин кардаанд.

Дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва амалӣ намудани иқдомҳои Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” то имрӯз бо ҷалби соҳибкорон бунёди 19 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, рангубор, дузандагӣ, истеҳсоли пояафзол, коркарди пашм, пӯст, маҳсулоти ширӣ, ҳасиб, меваю сабзавот ва макарон ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2022 ба истифодадиҳии 9 корхона пешбинӣ гардидааст ва айни ҳол 4 адади он фаъолияти истеҳсолии худро оғоз намуданд.

Дар соли ҷорӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” мавриди истифода қарор дода шуд.

Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

То имрӯз таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пайваст карда шуда, 190 дастгоҳи дӯзандагӣ барои дӯхти либос ва 1 мошини худкори буранда, 2 ҷуфт мошини тарроҳӣ, 1 дастгоҳи гулдузӣ ва 3 ҷуфт дастгоҳи дарзмолкунӣ насб гардидааст.

Дар сехи бофанда, айни замон 70 дастгоҳи калони даврашакл мавҷуд буда, асосан барои бофтани газвор, аз қабили матоъҳои яктарафа ва дутарафаи риштадор истифода карда мешаванд, ки иқтидори солонаи истеҳсолоти он зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил намуда, талаботи истеҳсолотро бо матои газвор таъмин мекунад.

Дар сехи матоъҳои кешбофӣ, 216 дастгоҳи бофандагии  матои бараш 2 метру 80 сантиметр насб гардида, асосан матоъҳои аълосифат барои либос ва рахти хоб истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи истеҳсолот ба 20 миллион метри мураббаъ баробар буда, талаботи корхонаро бо матоъҳои барои либосдузӣ ва рахти хоб нигаронидашуда қонеъ мегардонад.

Дар марҳилаи сеюми корхона коргоҳи рангубори матоъ дорои 11 дастгоҳи рангкунии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ каммасраф, 2 дастгоҳи рангубори ришта ва як дастгоҳи андозагирӣ, ду ҷуфт дастгоҳ барои андозагирӣ ва тарҳи курпа мавҷуд аст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи дузандагӣ имкон аст, ки дар як сол зиёда аз 1 миллион либосҳои гуногун истеҳсол карда шавад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст.

Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили сару либос, ришта ва матоъи кешбофӣ ба кишварҳои Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот карда мешавад.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1250 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Оянда имкон аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонда шавад.

Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” низ ба рушди ояндаи соҳаи саноати ноҳия мусоидат намуда истодааст.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 33 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 12-тои он фаъолият дошта, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи онҳо ба 8 миллиону 945,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 445,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сармоягузории субъектҳои минтақаи зикргардида то имрӯз ба 1,9 миллиард сомонӣ расидааст ва дар се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа маблағи 55,0 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” асосан маҳсулотҳои сохтмонии ҷавобгуӣ ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷумла калсит, рангҳои сохтмонӣ, эмулсия, конструксияҳои оҳанин, қубурҳои пластикӣ, хишти бинокорӣ, бандубасти равғанҳои нақлиёт ва моеъҳои зарфшӯӣ истеҳсол мешавад.

Мавқеъи ҷойгиршавии ноҳия барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мусоид аст. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани “Кӯлоб-Данғара-Бохтар-Ваҳдат-Душанбе-Москва”, Кӯлоб-Данғара-Бохтар-Узбекистон-Москва”, роҳи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидоштаи “Душанбе – Данғара – Кулоб -Дарвоз – Хоруғ – Муроғоб – Кулма – Қароқурум”, “Душанбе – Данғара – Балҷувон – Ховалинг” мегузаранд, ки ноҳияро бо дигар марказҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар ҳама фасли сол пайваст мекунад.

Дар давраи ҳисоботӣ барои нигоҳдории роҳҳои ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 143 ҳазору 420 сомонӣ, аз ҷумла нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 67120 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои соли 2021 ба маблағи 76300 сомонӣ харҷ гардидааст.

Ҳаҷми боркашонӣ ба 490 ҳазор тонна расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 25 тонна зиёд мебошад.

Ҷараёни бунёди иншоотҳои нав

Мавсуф дар идомаи суҳбат зикр кард, ки дар се моҳи соли ҷорӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ноҳия  аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 176 миллиону 439,1 ҳазор сомонӣ азхудкарда шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124 миллиону 625,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида бунёд ва таъмиру таҷдиди 170 иншооти гуногун ба пешбинӣ гардидааст, ки ҳоло дар 72 иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар 98 иншооти дигар корҳои лоиҳакашӣ идома дорад.

То имрӯз бинои нави филилали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳия, 1 адад Боғи фарҳанги фароғатӣ, маҷмааи парвариши чорвои хушзоти Коперативӣ-истеҳсолии «Раҳмонҷон», 1 адад бинои нави муассисаи таълимӣ, 1 адад майдончаи варзишии универсалӣ, 1 адад бунгоҳи тиббӣ ва  2 адад марказҳои хизматрасонӣ ба истифодадода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ масофаи 7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявидошта мумфарш карда шуда, дар бунёди он талаботҳои роҳсозӣ (аз ҷумла бунёди роҳи пиёдагард, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳ) анҷом дода шудааст.

Вазъи соҳаи маориф ва тандурустӣ

– Дар 84 муассисаҳои таълимии ноҳия 2101 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 43557 нафар хонандагон машғул мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 2041 хонанда зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия 1 муассисаи таълимии нав, барои 400 ҷои нишаст дар ду баст дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони ноҳия мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Алҳол дар ноҳия сохтмони 12 муассисаи нави таълимӣ бо маром идома дорад.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси ноҳияи Данғара дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барои ҷумҳурӣ нақши босазо мебозанд.

Донишгоҳи давлатии Данғара дар раванди рушди инноватсионии системаи таҳсилоти олии касбӣ нақши муҳим дорад. Донишгоҳ мутахассисонро аз рӯи 76 ихтисос омода менамояд. Барои таҳсил ва истироҳату фароғати донишҷӯён муассисаи наву замонавӣ бо сохтори   9 факултет ва 30 кафедра, синфхонаҳои дорои таҷҳизоту технологияҳои муосири таълимӣ, хобгоҳҳои дорои шароити мусоид, толорҳои варзишию фарҳангӣ омода карда шудаанд.

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дар шаҳру деҳоти Данғара барои расонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ 84 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад, аз ҷумла, 5 беморхона, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 27 маркази саломатии деҳот, 2 маркази махсусгардонидашуда ва 35 бунгоҳи саломатӣ, мебошад.

Дар ин давра ба ин соҳа 6,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ равона гардидааст, – гуфт номбурда.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Вобаста ба таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва маънавию маърифатӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  маҳсуб меёбад, ҳамсуҳбатамон изҳор дошт, ки дар ноҳия 1 Маҷмааи варзишӣ, як мактаби варзишӣ, 102 майдончаи варзишӣ, 29 толори варзишӣ, як майдони варзишии дорои 10 ҳазор ҷои нишаст, 2 майдони варзишии дорои 2 ҳазору 500 ҷои нишаст, 1 майдони варзишии дорои 1000 ҷои нишаст ва 10 майдони футболи хурд фаъолият мекунад.

Шумораи варзишгарони мактаби варзишӣ 682 нафаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳурияви ширкат варзида, 95 медал ба даст оварданд.

Аз ҷумла 22 медали тилло, 29 медали нуқра ва 44 медали биринҷиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 медал кам гардидааст.

– Сайёҳӣ дар рушди сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Данғара яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҷойгиршавии мавзеъҳои ҷуғрофии ёдгориҳои машҳури таърихӣ дар атрофи ноҳия метавонад дар рушди минбаъдаи ноҳияи Данғара ҳамчун як минтақаи сайёҳӣ мусоидат намоянд.

Барои рушди сайёҳӣ дар ноҳия 8 меҳмонхона, 15 тарабхона ва ошхона, 3 осорхона, 6 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, мавзеъҳои экологӣ парваришгоҳи Хуталон ва чашмаи Нуқра, мақбараҳои Мавлоно Тоҷиддини дашти Кӯлакӣ, Мавлоно Обиддин, Шаҳиди сари Қалъа ва Мавлоно Хоҷа Шақиқи Балхи мавҷуд мебошад.

Бо дарназардошти шароити кунунӣ ва талаботи сайёҳон ба инфрасохтори аввалиндараҷа, дар маркази ноҳия меҳмонхонаҳои замонавӣ бо шароитҳои зарурӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки дар оянда метавонад сайёҳони дохилию хориҷиро қабул намояд, – илова кард Исломиддин Раҳмон дар анҷоми суҳбат.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь