Заҳматҳои шабонарӯзии кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ нақшаи ба зимадоштаи худро бо сари баланд таъмин карда, барои дарёфти манбаъҳои иловагии андоз ва саривақт пардохт кардани андоз, ки он бақои давлату миллат  мебошад, миёни андозсупорандагон ва сокинон суҳбату мулоқотҳо гузаронида, ҳама он навгониҳое, ки дар соҳаи андоз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба амал омадаанд, ошно карданд. Ва барои кам кардани бақияпулиҳои андоз аз ҳама имкониятҳо истифода карданд.

 Иҷрои дастуру супоришо

Бахтиёр Шерназаров, роҳбари Нозироти андозия ноҳияи Қубодиён зимни суҳбат афзуд, ки кормандони Нозироти андози ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро оид ба баланд бардоштани самаранокии кори соҳа ба роҳбарӣ гирифта, кушиш ба харҷ доданд, ки вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро намоянд.

Номбурда илова кард, ки нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён, бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти нозиротро дар 6 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намуд…

Андоз бақои давлат аст

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мутобиқи маҳзани маълумотҳои барномаи компютерӣ дар 6 моҳи соли 2023 шумораи умумии андозсупорандагон, бо назардошти супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ, 35626 адад буда, аз инҳо шахсони ҳуқуқӣ 505-адад, соҳибкорони инфиродӣ (тиҷоратӣ) 295-адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 2772-адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 803-адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 374-адад инчунин супорандагони андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ 30877 нафаро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умуми 505-адад шахсони ҳуқуқӣ, яъне 18 адад андозсупоранда дар низоми умумии андозбандӣ, 153 андозсупоранда дар низоми содакардашудаи андозбандӣ, 116 адад корхонаҳои буҷетӣ, Кооперативҳои тиҷоратӣ 152 адад ва 66 андозсупорандаи дигар бо РСБ (рамзи сабабҳои баҳисобгирӣ) филиал ва намояндагиҳо фаъолият менамоянд.

Нақшаи андозҳо беш аз 100 дарсад таъмин шуд

Ба гуфти роҳбари Нозироти андози ноҳияи Қубодиён ҳамаи ин заҳматҳои кормандони Нозироти андози ноҳия буд, ки аз дар 6 моҳи соли 2023, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба андозаи 100,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 26 536026 сомонии дар нақша пешбинишуда, ба буҷет маблағи умумии 26 665708 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 129 682 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 6 401496 сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи 6 590009 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 188 513 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ ба андозаи 105,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 9 587700 сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағи 10 115697 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 527 997 сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияпулиҳои андоз кам карда шуд

Мусоҳиби мо зикр кард, ки бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 маблағи 4 822181 сомониро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда ба санаи 01 июли соли 2023 маблағи умумии 4 781592 сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 40589 сомонӣ кам гардидааст. Инчунин, дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, ҷиҳати кам намудани шумораи андозсупорандагони қарздор чораҳои дахлдор андешида шуда, ба ҳолати 01 июли соли 2023 теъдоди андозсупорандагони қарздор дар ҳаҷми 71 адад кам карда шуда, ба шумораи 746 адад расонида шуд.

Дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, бо мақсади пешгирии тамоюли зиёдшавӣ ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо, аз ҷониби шахсони масъули Нозироти андоз ба 701 нафар андозсупорандагони қарздор огоҳиномаҳои хаттӣ оид ба пардохти қарзи андозҳо дода шудааст, ки маблағи умумии огоҳиномаҳои додашуда, дар маҷмӯъ 1 142100 сомониро ташкил менамояд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва зери назорати доимӣ қарор додани рафти таъмини иҷроиши огоҳиномаҳо, аз ин ҳисоб дар 6 моҳи соли 2023, ба маблағи 598 201 сомонӣ қарзи андозҳо руёнида, ба буҷет ворид карда шудааст.

Пардохи саривақтии андоз омили рушди устувории иқтисолёт аст

Бахтиёр Шерназаров ҳамчунин илова кард, ки дар 6 моҳи соли 2023, бо мақсади ситонидан ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо, бо пешниҳоди Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён, 112 адад қарорҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, аз ҷумла ситонидани қарзи андозҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби бонкӣ, ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби пули нақдӣ ба маблағи умумии 1 759300 сомонӣ қабул карда шудааст.

Дар самти таъмини иҷрои қарорҳои қабулгардида доир ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо чораҳо андешида шуда, дар натиҷа иҷроиши 77 адад қарорҳо таъмин карда шуда, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби боқимонда қарорҳое, ки дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд, ба маблағи умумии 317 400 сомонӣ қарзи андозҳо рӯёнида, ба буҷет ворид карда шудааст.

Тадбиқи дуруст ва саривақтии муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими ҷорӣ намудани интизоми андоз дар байни андозсупорандагон ва ҳамчунин сарчашмаи ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва сари вақт чораҷӯӣ намудан ҷиҳати пешгирии онҳо, омили таъсирбахши таъмини интизоми андоз ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад.

Бо ҳамин мақсад, дар 6 моҳи сипаригардидаи соли 2023, аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз, нисбати 78 субъекти андозсупор протоколҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи умумии 219 921 сомонӣ ҷарима тадбиқ карда шудааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, аз маблағи умумии ҷаримаҳои тадбиқгардида, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 126 465 сомонии он рӯёнида, ба буҷет ворид карда шудааст, ки фоизи руёниши ҷаримаҳо, дар маҷмӯъ 57,5 фоизро дар бар мегирад.

 Дастуру супоришҳо дар амал тадбиқ мешаванд

Кормандони Нозироти андози ноҳияи Кубодиён аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуд буда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки таъмини пардохти андозҳои давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, иҷроиши сифатнокии тамоми намудҳои андозҳои давлатиро дар моҳи минбаъда таъмин намояд. Ҳама он дустру супоришҳои Президенти кишвар ва Кумитаи андози ҷумҳириро иҷро карда, нақшаи андози ноҳияро пурра таъмин намуда, бақиқи қарзи андозро кам намоянд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь