Дар доираи як сафар хабарнигорони МТЖТ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод, ки мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо карданд. Инак, гузориши онҳо аз дастовардҳои ноҳияи Зафаробод ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ манзури хонандагони ҳафтанома мегардад.

Иҷроиши буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,7 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи семоҳаи якуми соли 2021-ум 11,5 млн сомонӣ будан, дар асл 12 млн сомонӣ ворид шудааст. Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ бошад, 9 млн 441 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 9 млн 562,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 101,3 фоизи дурнаморо ташкил намуда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 102,7 фоиз иҷро шудааст.

Бояд қайд намуд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 млн 897,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба маблағи 11 млн 226,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ба 99,7 фоиз баробар мебошад. Нақшаи семоҳа 11 млн 226,3 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 11 млн 194,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98,6 фоиз, маориф 100 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 99,8 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 98,8 фоиз, фарҳанг 100 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 98,3 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 11 адад бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 30 млн 827 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 млн 188 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи пасандозҳои аҳолӣ дар муассисаҳои бонкӣ 14 млн 899,4 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 2121,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар қайди нозироти адози ноҳия 5569 нафар соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла 265 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 5304 адад шахсони воқеӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 287 адад тибқи шаҳодатнома дар соҳаи истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ, 977 адад бо патент ва 4305 адад бо шаҳодатнома дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебаранд.

Вобаста ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, доир ба ин масъала чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2021-2025-ум 70 лоиҳаро ба маблағи 200,2 млн сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021-ум 3 лоиҳа ба маблағи 0,8 млн сомонӣ (2,2 фоиз) ба иҷро расидааст.

Саноат ва энергетика

Давоми семоҳаи якуми соли 2021 аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 44 млн 374,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 148,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсолот 116,1 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта ба 1676,8 тонна ва пунбадона ба 2159 тонна расонида шудааст. Ҳамчунин дар корхонаҳои равғанбарории ноҳия 63,5 тонна равған истеҳсол гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 151,4 тонна гӯшти паранда, 7,4 тонна қаймоқ ва 880 кг панири равғанӣ истеҳсол гардидааст.

Давоми семоҳаи якуми соли 2021 мувофиқи ноҳия ба миқдори 14 млн 282 ҳазор киловат/соат ба маблағи 3 млн 338,8 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ дода шуда, пардохти он 3 млн 85,3 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки ин ба 92,4 фоиз баробар мебошад. Бе обёрии мошинӣ ба миқдори 13 млн 49 ҳазор киловат/соат нерӯи барқ ба маблағи 3 млн 95,2 ҳазор сомонӣ дода шуда, пардохти он 3 млн 84,3 ҳазор сомонӣ ё 99,6 фоизро ташкил намудааст. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 2 млн 37,4 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дода шуда, пардохти он 2 млн 85,9 ҳазор сомонӣ ё 102,4 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 8 млн 971,9 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳама манбаъҳои сармоягузорӣ ба соҳаи сохтмон ҷалб карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 129,1 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин давра иҷроиши корҳои сохтмону васлкунӣ 4 млн 852 ҳазор сомонӣ ва ё 71,2 фоиз, иҷроиши ҳаҷми корҳои пудратӣ 921,1 ҳазор сомонӣ ё 78,4 фоиз ва ба истифода додани фондҳои асосӣ 10 млн 220,9 ҳазор сомонӣ ва ё ба 3,6 баробар зиёд мебошад. Дар ин муддат ба миқдори 8565 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки ин ба 121,8 фоиз баробар мебошад.

Нақлиёт ва алоқа

Дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 398 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, аз он 7 км роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, 34,2 км аҳамияти ҷумҳуриявидошта, 164,2 км аҳамияти маҳаллидошта, 27,4 км роҳҳои манзилию рифоҳӣ, 165,2 км роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Дар ин давра мувофиқи ноҳия корҳо, аз қабили ҳамвор кардани сатҳи роҳ 2 км, ҳамвор кардани канори роҳ 9,5 км, мустаҳкам намудани канори роҳ 1 км, шинонидани аломатҳои роҳ 16 адад, рангубор намудани элементҳои роҳ 1481 метри мураббаъ ва пошидани маводи зидди лағҷиш 112 метри мураббаъ гузаронида шуда, таъмири роҳҳои дохилӣ низ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, ашхоси саховатпеша, мардуми шаҳраку деҳот ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар ин давра ба миқдори 45,7 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 4,6 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 111,2 фоиз мебошад. Инчунин дар ин давра 77,2 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Рушди кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 ба 20 млн 101,1 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 193 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 118,9 фоизро ташкил додааст.

Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои асосӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 32956 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 20228 сар модагов, 66649 сар моли майда, 100711 сар паранда ва 181 сар асп парвариш карда шуда истодааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати соли сипаришуда саршумори моли калони шохдор 18 сар зиёд, моли майда 183 сар зиёд, паранда 38845 сар зиёд ва асп 1 сар зиёд гардидааст.

Истеҳсоли маҳсулоти чорво низ сол аз сол рушд ёфта, дар ин давра 514,7 тонна гӯшт, 2702 тонна шир ва 506,8 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Инчунин баҳри хушзот ва сермаҳсул намудани чорво чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳудуди ноҳия 1 адад фермаи парвариши моли калони шохдор ва 1 адад фермаи парвариши моли майдаи шохдор (буз) фаъолият намуда истодааст, ки фермаҳои мазкур дорои чорвои хушзот ва сермаҳсул мебошанд.

Ҷиҳати дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти тару тозаи озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ ва зиёд намудани гармхонаҳо низ чораҳои зарурӣ андешида, дар ҳудуди ноҳия ба 5 нафар соҳибкорон ба майдони 0,29 га замин ҷудо карда шудааст. Алҳол дар се адад гармхонаҳо парвариши лиму ва дар як адад гармхона кишти помидор ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳудуди ноҳия 5 нафар соҳибкорон ба парандапарварӣ машғул буда, самти фаъолияти 3 адади он ба истеҳсоли тухм ва самти фаъолияти 2 адад истеҳсоли гӯшт мебошад.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар семоҳаи якуми соли 2021-ум 415 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 135 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 229 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки 79 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 157 нафар таъмин шудаанд.

Дар ин давра 4 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 94 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 13 корхона ва 256 корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин 13 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 11 нафар бо кор таъмин шудаанд ва 15 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтаанд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ин давра аз ноҳия 499 шаҳрванд ба хориҷи кишвар сафар карда, аз ин теъдод 499 нафар (мард 417, зан 82) муҳоҷирони меҳнатиро ташкил медиҳанд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Шумораи нафақагирон дар ноҳия 5732 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 4430 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ мебошад. Нафақагирон 3815 нафар аз рӯи синну сол, 980 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 386 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, 465 нафар нафақаи пиронсолӣ, 64 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 18 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва маҳаллӣ 4 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ бошад, 1302 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 465 нафар нафақаи пиронсолӣ, 407 нафар нафақаи маъюбӣ (206 нафар маъюбони то 18-сола) ва 224 нафар нафақагирони нафақаи бесаробонмондаро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна, ба ҳар як нафақагир  (5732 нафар) дар як моҳ 293,16 сомонӣ рост меояд.

Шумораи ятимону бепарасторон 386 нафарро ташкил дода, дар ин давра аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо ба маблағи умумии 129 ҳазор сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Рушди соҳаи маориф

Дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей ва 1 гимназия мавҷуд буда, дар 25 муассисаҳои таълимии ноҳия 16213 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар назди 23 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 47 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1051 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст.

Дар ноҳия 6 кӯдакистон фаъолият дорад, ки дар онҳо 39 гуруҳ бо фарогирии 930 нафар кӯдакон, ки 24,3 фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Теъдоди омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1050 нафар буда, аз ин 833 нафар маълумоти олӣ, 22 нафар маълумоти олии нопурра ва 195 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгори фаъолият доранд.

Дар ноҳия 2 адад литсейҳои касбӣ-техникӣ, 1 адад коллеҷи политехникӣ ва 1 коллеҷи омӯзгорӣ фаъолият дошта, соли хониши 2020-2021 аз рӯи ихтисосҳои тракторчӣ, машинист, истеҳсолоти кишоварзӣ бо иловаи ронандаи дараҷаи С, системаи компютеркунонӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер, челонгар бо таъмири муҳаррики автомобилӣ, барқчӣ, дӯзанда ва омӯзгорӣ идома дошта, барои пешрафти ноҳия саҳми арзанда доранд.

Соҳаи тандурустӣ

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказии ноҳия, 2 адад беморхонаи минтақавии деҳотӣ, 1 адад маркази руҳшиносӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 8 марказҳои саломатии деҳотӣ, 10 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, 6 марказҳои алоҳидаи соҳавӣ, аз ҷумла маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, маркази солимӣ-репродуктивӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза бар зиддии бемориҳои ВНМО, шуъбаи безараргардонӣ, 2 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва 6 адад марказҳои хусусии табобатӣ фаъолият бурда, дар онҳо 74 нафар табибон ва 371 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

Айни ҳол бо дастгирии соҳибкорон шуъбаҳои қабулгоҳ, эҳё, ҷарроҳӣ, урология, амрози занона, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносӣ, беморхонаи минтақавии шаҳраки Меҳнатобод ва истгоҳи автомашинаҳо, даромадгоҳи беморхона, роҳрав, утоқи ренгенӣ таъмир гардида, дар шуъбаи сироятӣ таъмир идома дорад. Инчунин ба соҳаи тандурустӣ таҷҳизот, аз қабили телевизор, кати хоб, қолин ва дигар лавозимот дастрас карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар ин давра вазъи эпидемиологии ноҳия нисбати бемориҳои сироятӣ муътадил буда, бемориҳои сироятии шадиди рӯдаю меъда 4 адад, зардпарвин 11 адад, ҳодисаҳои газидани ҳайвонот 26 адад, сил 8 адад, ҳомилони зарпарвини “В” 3 адад ва ҳомилони зарпарвини “С” 1 адад ба қайд гирифта шуда, бемориҳои исҳоли шадиди хунин, бемориҳои хавфноки карантинӣ, аз қабили сӯхтанӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 26 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 3 муассисаҳои клубӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагонаи ноҳиявӣ, 12 китобхона-филиалҳо, 1 мактаби мусиқии бачагона, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, инчунин 1 осорхонаи таърихӣ ва 2 ансамбл ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар ин давра 140 адад чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ бо фарогирии 28787 нафар одамони касбу кори гуногун баргузор карда шудааст, ки аз он 42 адад чорабинӣ бо фарогирии 2607 нафар кӯдакону наврасон мебошад.

Шумораи махзани китобҳо 104685 ададро ташкил намуда, гардиши он ба 0,31 баробар мебошад. Инчунин дар ин давра 54 адабиёти нав дохил карда шудааст.

Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар ин давра 1130 адад аризаю шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардида, 1058 адад дар муҳлатҳои аз тарафи қонун муқарраркардашуда баррасӣ гардида, 72 адад муроҷиатҳое, ки муҳлати баррасиашон мавҷуд мебошад, таҳти баррасӣ қарор доранд.

Аз рӯи моҳияту муҳтаво аризаю шикоятҳо ба масъалаҳои зерин марбутанд: оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 398 адад, таъмин гардидан бо сертификат 128 адад, оид ба сохтмон 93 адад, ташкили хоҷагии деҳқонӣ 205 адад, ташкили хоҷагии ёрирасон 2 адад, сафари ҳаҷ 3 адад, расонидани кумаки моддӣ ва молиявӣ 73 адад, қабули иншоот 83 адад ва дигар масъалаҳо 537 адад.

Аз муроҷиатҳои воридгардида 6 адад рад карда шуда, 210 адад қонеъ шуда, 838 адад фаҳмонда дода шуда, 4 адад аз рӯи тобеият ирсол шуда, 72 адад таҳти баррасӣ қарор доранд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018 таҳти №АП-1059, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри раиси ноҳияи Зафаробод аз 18-уми июни соли 2018 таҳти №23 ба тасвиб расидааст.

Доир ба сазовор ва дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 410 банд ба маблағи 104 миллиону 135 ҳазор сомонӣ ва бо таъсиси 1022 ҷойи корӣ тасдиқ карда шудааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ, “бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бомаром давом доранд. Дар солҳои 2018, 2019, 2020 ва то 20-уми майи соли 2021 аз 410 банди нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида 383 банди он ба маблағи 82 миллиону 732 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 856 ҷойи корӣ иҷро гардид, ки 93,4 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро дар бар мегирад. Ба санаи 20-уми майи соли 2021 аз 90 банди нақша-чорабинҳои дар соли 2021 ба нақша гирифташуда 63 банд ба маблағи 13 млн 56 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 177 ҷойи корӣ иҷро гардида, корҳо дар ин самт идома доранд”.

– Мардуми шарифи ноҳияи Зафаробод бо шукргузорӣ аз даврони озодӣ ва сулҳу ваҳдати комил, таҳти ливои Пешвои муаззами миллат барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил намудани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан меҳнат карда истодаанд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь