15-уми ноябри соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова, Ҳамидулло Машрабзода ва кормандони бонк ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Чорабинии идонаро раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ҷашнҳои муқаддас – Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шӯрои Олӣ муборакбод намуд ва қайд кард: “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар корнамоӣ ва ҷонфидоиҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар роҳи бунёд ва таҳкими низоми бонкии мамлакат низ муҳим ва сазовор арзёбӣ мешавад. Зеро, Пешвои миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми роҳбарии кишвар интихоб шуданаш бо дарки амиқи муҳимияти соҳаи мазкур ба масъалаи сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, масъалаи ба муомилот баровардани пули миллиро ба миён гузошт.

Дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 7-уми апрели соли 1995 рубли тоҷикиро чун нахустин пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ ташкил дод.

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои кишвар ва суръат бахшидан ба дигаргунсозиҳои иқтисодию бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми майи соли 1995 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ “Дар бораи аз 10-уми майи соли 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ – рубли тоҷикӣ” қарор қабул кард.

Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони мустақил соҳиби нахустин пули миллии худ гардид, ки ин дар он айём як падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор мерафт.

Гузашти айём бори дигар собит сохт, ки қарор дар бораи ташкил намудани низоми пулии мустақил иқдоми дурусту саривақтии стратегӣ буд, ки ба ташаккули истиқлоли иқтисодии мамлакат заминаи мусоид гузошт”.

– Бисту ҳашт соли сипаришуда барои низоми бонкии мамлакат ва пули миллӣ таърихи тӯлонӣ нест, вале аз нигоҳи дастовардҳои назарраси имрӯза муҳим ва саривақтӣ будани қарорҳои қабулшуда ва вазифаҳои амалигашта бори дигар аз дуруст будани сиёсати пешгирифта дарак медиҳад.

Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бинобар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт.

Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо маҷмӯи дигар чорабиниҳои иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ ва ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва барои дар соли 2000-ум ворид намудани нишонаҳои нави пули миллӣ – “сомонӣ” заминаи зарурӣ фароҳам орад.

Дар таърихи 26-уми октябри соли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – “сомонӣ”, ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, ба имзо расид ва пулҳои коғазии сомонӣ ва воҳиди хурди он – дирам ба муомилот бароварда шуданд.

Ворид гаштани нишонаҳои пули комилан миллӣ – сомонӣ, бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дигар муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла порчаи шеърӣ, ки ҳамчун пайванди азалии сиёсату иқтисод бо забону фарҳанги мо дар паси 10-сомонӣ ҷой дода шудааст, баҳри оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои мусбати ҳаёти ҷомеаи ҷумҳурӣ дар назди низоми бонкии мамлакат ва аҳли ҷомеа вазифаҳои нав гузошт ва ба сифати ислоҳоти дигари пулии мамлакат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон барои ҳамеша бо номи Пешвои миллат сабт гардид.

Ҳамчунин, бо мақсади истифода дар муомилот тангаҳои филизӣ ва ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ сикказанӣ шуданд.

Низоми бонкии мамлакат бо руҳбаландӣ аз ғамхорию дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар навбати худ кӯшиш ба харҷ дод, ки ба низоми байналмилалии бонкӣ шомил гардида, аксари навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонро дар фаъолияти худ ҷорӣ намояд ва ҳамқадами давру замон бошад.

Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки танзимгари фаъолияти бонкии мамлакат бо раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар нақши муассир дорад ва ҳамкориҳои судмандро бо созмонҳои бонуфузтарини молиявии ҷаҳон, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Корпоратсияи Молиявии Байналмилалӣ, хазинаҳои мамолики араб ва боз як зумра бонкҳои маъруфу бузурги мамлакатҳои хориҷӣ ба роҳ монда, пайваста доираи ҳамкориро бо ин ва дигар созмонҳои бонкию молиявии ҷаҳон ҳамаҷониба густариш медиҳад,- таъкид дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нурмаҳмадзода.

Дар ҷараёни чорабинӣ доктори илмҳои филология, сардори Шуъбаи тарҷумаи Бонки миллии Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов ба сухан баромада, аз ҷумла чунин гуфт: “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳи комил, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат назаррас мебошад ва хизматҳои Сарвари давлат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Сабаби ба ин рӯз рост омадани ин ҷашни фархунда дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганди садоқат ёд кард. Дар ҳамон сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд ва мо имсол 25-солагии онро пуршукуҳ таҷлил намудем, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷисми ин ниҳоди давлатӣ ҷон бахшида, мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва зарфияти ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода бурда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳад. Илова бар ин, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ҳамин тавр, дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беихтиёр симои таърихӣ ва шахсияти барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллати тоҷикон пеши назар меояд”.

Дар идомаи ҷаласа намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шӯрои бонувон ва Созмони ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуҳои “Пешвои миллат – меъмори сулҳи тоҷикон” ва “Нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон дар бунёди сиёсати пулию қарзӣ” ва “Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ”, ки барои мардуми Тоҷикистон як сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид, маърӯза карданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷамъомади тантанавиро ҷамъбаст намуда, бори дигар ҳозиринро бо Рӯзи Президент таҳният гуфт ва ба халқи шарифи Тоҷикистони азизу маҳбуб, ки зери роҳбарии Сарвари оқилу дурандеши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар талош меварзанд, барору комёбӣ ва дастовардҳои арзишмандро таманно намуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь