Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кории худ намудааст. Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат дар хусуси соҳаи андоз суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуданд: “Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 35 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд”.

Ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат ба рушди ҷомеа ва соҳаи андоз равона гардидааст ва ҳар фарди ҷомеа, бахусус кормандони андоз ва соҳибкорон бояд аз ин имконият ва шароити мусоид самаранок истифода намоянд.

Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андоз дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро роҳнамои кори худ қарор дода, кӯшиш намуданд, ки нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро  дар 5-моҳаи соли 2022 барзиёд иҷро намоянд.

Нақшаи 5-моҳаи соли 2022 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 123,0 % таъмин намуда, ба ҷои 131019000 сомонии ба нақша гирифташуда 161207072 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 30188072 сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта, воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 58156275 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ бошад, нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 122,6% иҷро гардида, ба ҷои 135523666  сомонии ба нақша гирифташуда ба даромади буҷет 166136101 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 30612435 сомонӣ зиёд ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта, воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 58248111 сомонӣ зиёд мебошад.

Андозҳои дар ин давра ҳисобкардашудаи шахсони ҳуқуқӣ 21963071 сомонӣ ва андозҳои пардохташуда 22615652 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба андозҳои ҳисобшуда 652581 сомонӣ зиёд пардохт карда шудааст, ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта андозҳои ҳисобшуда 4998639 сомонӣ (21963071-16964132) ва андозҳои пардохтшуда 5197148 сомонӣ (22615652–17418504) зиёд мебошад.

Андозҳои ҳисобкардашудаи соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда бошад, дар ин давра 592380 сомонӣ ва андозҳои пардохтшуда 610174  сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба андозҳои ҳисобкардашуда 17794 сомонӣ зиёд мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, андозҳои ҳисобшуда 134140 сомонӣ (592380 – 458240) ва андозҳои пардохташуда 160392 сомонӣ  (610174 -449782) зиёд мебошад.

Пардохти андоз

Қарзи андози андозсупорандагон дар назди буҷет ба 01.05.2022 сол 263025 сомониро ташкил намуда, нисбат ба 01.01.2022 сол 13760 сомонӣ кам шудааст. Аз маблағи умумии қарз 53840 сомониашро қарзи андози иҷтимоӣ ташкил менамояд.

Ҳуқуқи маъмурӣ

Дар ин давра аз тарафи кормандони нозироти андоз бо дастрасии талаботҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 77 андозсупоранда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 96286,50 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст. Аз ҷаримаҳои татбиқ гардида 79096,50 сомонӣ руёнида шудааст, ки 82,2%- ро ташкил медиҳад. Инчунин, барои нодуруст пешниҳод намудани ҳисобнома фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки боиси кам нишон додани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо гардидааст нисбати 4 андозсупоранда мутобиқ ба талаботи моддаи 606 қисмҳои 2 ва 4 ба маблағи 3270,50 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, маблағи ҷарима пурра ба буҷет пардохт карда шудааст.

Вазъи соҳибкорӣ

Ба ҳолати 01.06. 2022 шумораи соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда 1300 адад буда, аз он хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 1148 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 152 ададро ташкил медиҳанд. Аз тарафи ин андозсупорандагон ба маблағи 689108 сомонӣ андозҳо ба даромади буҷет пардохт карда шудааст, ки ба ҳар як соҳибкор бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба маблағи 106,01 сомонӣ ё ин, ки ба соҳибкорони фаъолияти савдо 585,08 сомонӣ ва ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 42,58 сомонӣ рост меояд.

Шумораи соҳибкорони дар асоси патент фаъолияткунанда ба ҳолати 01.06.2022 шашсаду ҳаштоду се адад буда, дар 5-моҳаи соли ҷорӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси аризаашон ба 46 шахси воқеӣ патент дода шуда. Дар 5-моҳаи соли ҷорӣ аз тарафи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ба маблағи 661355 сомонӣ андозҳо ба даромади буҷет пардохт карда шудааст, ки ба ҳар як соҳибкор ба маблағи 193,6 сомони (661355/683 / 5 = 193,6) сомонӣ рост меояд. Нақшаи воридоти патент, ки аз тарафи Кумитаи андоз гузошта шудааст 636000 сомонӣ буда, воридоти он 661355 сомонӣ таъмин карда шудааст, ки 103,9% нақшаро ташкил медиҳад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Дар 5-моҳи соли 2022 аз тарафи нозироти андоз бо иштироки 2315 нафар андозсупорандагон семинар-машваратҳои оиди Кодекси андоз дар таҳрири нав, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №151 аз 31.03.2022 сол ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, зиёда аз 1000 адад буклетҳои таблиғоти оиди Кодекси андоз дар таҳрири нав ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №151 аз 31.03.2022 сол ба андозсупорандагон тақсим карда шудааст.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here