Сухан бузургтарин муъҷизаест, ки инсон тавассути он тамоми афкору омоли худро ба дигарон мерасонад ва дар навбати худ ба маълумоти хеш маълумотҳои нав меафзояд. Дар фазилати сухан донишмандони ҳама асру замон суханҳои арзандае гуфтаанд, аммо ёдовар шудани ҳамин нуқта дар фазилати сухан кофист, ки Худованди бузург Қуръони Каримро, ки муъҷизаи беназири ҳама асрҳост, дар либоси сухан нозил кардааст…
Яке аз суханварони ин аср – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми хешро бо суханони созанда ва руҳбаландкунанда миллати худро руҳи тоза мебахшанд.
Суханронии Пешвои миллат, ки дар сана 28.12.2024 ба тамоми мардуми Тоҷикистон пешкаш гардид, ҳар як ҷумлаи он дарбаргирандаи чандин панду андарзҳоест, ки бояд ҳар як фарди ҷомеа онро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, то тавонад дар зиндагии худ ба комёбиҳои рӯафзуне ноил гардад.
Аз ҷумла, Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки “…Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, ҷанги сард, тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ биандешем.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”.
Ин суханон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҳар чӣ ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз ҳар гуна ихтилоф дурӣ биҷӯем. Дар Қуръони Карим Худованд ихтилофи байни мусулмонони фитнаоварандаро куфр хондааст, ки мегӯяд: “Ва чи гуна аз байни шумо куфр (ихтилоф) сар мезанад, ҳол он ки оятҳои Худованд бароятон тиловат мешаванд” (“Оли Имрон”, 101).
Ин гуфтаҳо тамоми мардуми кишварамонро водор ба он менамоянд, ки дини муқаддаси Исломро аз сарчашмаҳои аслии он бишиносанд, то фирефтаи ҳар гуна суханон ва шиороте, ки намуди зоҳирии динӣ доранд, аммо дар зерашон ҳазорон хабосатҳо маҳфуз аст, дода нашаванд.
Пайғомбар (с) дар ҳадисе фармудаанд “Касе аз Шумо дар зиндагияш амният дошта бошад, тандуруст бошад, хурду хӯроки рӯзмарраашро дошта бошад, гӯё ки он шахс тамоми дунёро дорост”.
Масъалаи муҳиме, ки Пешвои миллат таъкид намуданд: “…Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад”.
Воқеан инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург фарқ мекунад. Инсони дурандеш ҳеҷгоҳ паи хислатҳо ва андешаҳои номатлуб намеравад ва аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастҳое, ки зиёну бади меоранд иштирок намекунад. Яке аз хислатҳои номатлуб имрӯз, ки ҷомеаро ноором сохтааст, ин ифротӣ ва хурофотпарастӣ мебошад.
Ифродгароиву хурофотпарасти сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеъву давлат монеаҳои ҷидди эҷод мекунад. Пас, зарур аст, ки волидон ҳама гуна рафтори фарзандонро зери назорат гиранд ва маҳз ба ҳамин роҳ метавонанд дар пешгирии хуруфотпарасти нақш гузоранд. Яке аз сабабҳои каҷравии фарзандон дар ҷомеа ин бе таваҷҷуҳии волидайн нисбати фарзанд аст. Замоне фарзанд чашм ба ҷаҳони ҳастӣ мекушояд ва оилаи худро нисбати тарбияи руҳиву равониаш бемасъалият мебинад, пас аксари вақти худро бо рафиқон ва дӯстонаш дар кӯча сипарӣ кунад. Ин ҳолат сабаб мешавад, ки бо рафиқони бад ҳамроҳӣ карда, ба ҷиноят даст мезанад.
Омили дигаре, ки дар сар задани ҷиноят аз ва каҷравии фарзанд сабаб мешавад ин талоқ аст. Албатта, баъд аз талоқ ҳолатҳои нохуши зиёд, аз қабили парокандашавии оила ва зоеъ гаштани фарзанд ба вуқӯъ меояд. Ҷойи шубҳа нест, ки чун фарзанд соҳибақл гардид аз меҳрубонии модар ё сарпарастии падар маҳрум шавад, қатъан даст ба ҷиноят зада, аз роҳи рост берун меравад. Махсусан замоне, ки ҳамсар баъд аз талоқ шавҳари навро интихоб кунад. Умуман фарзандон дар чунин ҳолат пароканда гашта, зоеъ мегарданд. Аз ин сабаб зану шавҳар барои пешгирии ин нохушиҳо бояд ҳуқуқи ҳамдигарро риоя кунанд.
Имом Шофеӣ (р) мегӯяд: “Агар нафсатро бо тоат машғул насозӣ ӯ туро бо маъсият машғул месозад”. Донишмандон мегӯянд: “Беҳтарин роҳ барои ҳифзи ҳаёти як шахс он аст, ки ту, ҳамчун мураббӣ барояш ҷадвали корие тартиб диҳӣ, ки вақти холӣ наёбад, инчунин бояд бо рафиқони фарзандаш дар иртибот бошанд ва онҳоро аз наздик шиносанд, зеро яке аз бузургтарин омили бероҳа гаштани ӯ ба ҳамроҳонаш вобаста аст. Махсусан агар ӯ соҳиби илм ва ақидаи солим набошад дар андак муддат ба рафиқонаш пайравӣ карда, табиати онҳоро мегирад.
Паёмбар (с) мегӯянд: “Ҳар шахс дар дини бародараш аст. Пас дар дӯстӣ намудан бо шахсе бояд диққат кунад”.
Дар ривояти Ибни Асокир омадааст: “Худро аз дӯсти бад дур гир! Зеро аз рӯйи ӯ туро ҳам баҳо медиҳанд”.
Шайх Саъдӣ мегӯяд:
Писари Нӯҳ, бо бадон биншаст,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби каҳф рӯзе чанд,
Пайи некон гирифту мардум шуд.
Тақрибан тамоми донишмандони соҳаи тарбия иттифоқи назар доранд, ки яке аз бузургтарин сабабҳои каҷравии фарзанд ин муомилаи сарди волидайн ва тарбиятгарон аст. Ҳатто баъзан натиҷаи он худкушӣ, ҷангу ҷидол бо волидайн ва фирор аз хона мешавад.
Паёмбар (с) дар ривояти Аҳмад ва Байҳақӣ мефармоянд: “Агар, Худованд нисбат ба аҳли хонаводае иродаи хайр намояд, нармиву меҳрубониро дар байни онҳо дохил месозад”. Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки ҳазрати Муовия (р) боре нисбат ба фарзандаш хашмгин гашт. Ба назди Аҳнаф ибни Қайс (р) нома фиристод, то ӯро дар масъалаи муомила бо фарзанд роҳнамоӣ кунад. Аҳнаф ибни Қайс (р) дар ҷавоб гуфт: “Онҳо меваи дил ва сутуни камарҳои мо ҳастанд. Мо барои фарзандон ҳукми заминро дорем, ки рӯйи мо ҳаракат мекунанд ва ҳукми осмонро дорем, ки зери сояи мо қадам мезананд. Агар аз ту чизеро талаб кунанд барояшон ҳозир гардон ва агар хашмгин шаванд онҳоро розӣ кун. Дар ин сурат ба ту меҳр мебанданд. Аммо агар бо онҳо дуруштӣ намоӣ туро меранҷонанд ва орзӯи маргатро менамоянд. Сабаби дигари барои бероҳа гаштани ҷавоно ин тамошои филмҳои ҷиноӣ ва террористӣ аст. Мавзӯъҳои асосии бештари филмҳо зӯроварӣ, ҷангу кушрор ва ҷиноят аст. Ҷойи шубҳа нест, ки агар навҷавонон мафтуни тамошои чунин филмҳо гарданд ҳатман масоили ахлоқии онҳо зери хатар қарор мегирад.
И.М.Умаров, имомхатиби масҷиди ҷомеи Мир Сайид Алии Ҳамадонии ноҳияи Сино