Нақши ҳар инсон дар ҷомеа ва эътибори ӯ дар байни мардум ба андозаи кор ва  амали некаш баҳогузорӣ карда мешавад. Ташаккули маънавии инсон ва камолоти ахлоқии ӯ низ то расидан ба ҳадди шахсияти комил аз дунёи ботинӣ, ният ва ҳадафи ҳаётиаш вобаста аст. Дар ин раванд таъсири муҳити оила, шеваи тарбияи волидайн ва омӯхтаҳои худи шахс аз лаҳзаи шинохти худ то даргоҳи мактабу донишгоҳ ва баъдтар дар тӯли зиндагии мустақилона ва таҷрибаи корӣ нақши ҳалкунанда доранд. 

Ҳамин маъниро Амирқул Насимович Азимов барои худ масири зиндагӣ интихоб карда, тарҳи рӯзгори оилавӣ ва корномаи хидматиашро дар ин асос поягузорӣ намудааст. Аз ин ҷост, ки  ҳамагон ӯро ҳамчун инсони бомаърифат, ҳуқуқшинос, муфаттиши варзида, ходими намоёни давлатӣ ва шахсияти бошараф мешиносанд.

Азимов кори худро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура ӯ малакаи ибтидоии фаъолиятро дар соҳаи тафтишот, кушодани гиреҳи ҷиноятҳоро ба хубӣ аз бар карда буд. Вақте  бевосита ҳамчун муфаттиш ба кор оғоз намуд, бо қатъияти том ва  нияти пуразм кӯшиш менамуд, то аз муфаттишони варзида асрору нозукиҳои ин пешаи мушкил ва масъулиятталабро фаро гирад. 

Ӯ дар таҳқиқу тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим ҷузъитарин омилу шароитро ба назар гирифта, дилхоҳ масъаларо соатҳои дароз дар мизони ақл бармекашид ва хулосаи холисона мебаровард. 

Иштирок ва саҳмгузорӣ дар тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими дорои хусусиятҳои ҳархела, ки дар шароитҳои хос таҳти омилҳои муайян аз ҷониби ашхоси вобаста ба гурӯҳҳои ҷиноятпешаи табақаҳои гуногуни ҷомеа содир шуда буданд, бо гузашти замон шахсияти Амирқул Азимовро комилтар, доираи мафкура, шинохти инсонии ӯро бовусъат ва диду назарашро амиқу мӯшикофтар намуд. Дар он солҳои ҳукуматдории шӯравӣ, дар мақомоти прокуратура  ӯ ҳамчун мутахассиси миллие ба камол расид, ки аз ҳар нигоҳ дар мавқеи касбии худ муносибу арзанда ва ифтихорофарин буд. 

Чеҳраи воқеии ҳар як инсон аз диди ҳамкорону дӯстони ӯ  ба таври равшан ҳувайдо мегардад. Собиқ вазири амнияти ҷумҳурӣ  генерал – лейтенанти мустаъфӣ Саиданвар Камолов манзалати инсонӣ ва тавонмандиҳои касбии Амирқул Азимовро чунин ба қалам додааст:

 – Таҳқиқу тафтиши парвандаи марбут ба ҳаводиси баҳманмоҳи соли 1990  даричаи одамият ва касбияти волои ин инсони саропо тамкину заковатро ба рӯям боз намуд. Он замон дар вазифаи сардори шӯъбаи тафтишотии мақомоти бехатарии давлатии ҷумҳурӣ ифои вазифа доштам, Амирқул Насимович мақомоти прокуратураро намояндагӣ мекард. Чун парвандаи воқеаҳои баҳманмоҳ оғоз  шуд, барои таҳқиқи мунсифонаи он муфаттишони чандин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ кор мекардем. Ҳамкории наздик чеҳраи воқеии инсонро рӯнамо мекунад. Ҳангоми таҳқиқи парвандаи баҳманмоҳ барои ман ҳамчун шахсе, ки нисфи зиёди умрамро дар мақомоти бехатарӣ сипарӣ мекардам, ҳар амалу рафтори Амирқул Насимович як саҳфаи тоза, панди зиндагӣ ва сабақи омӯзанда буд. Ҳар қадар дар доираи як ҳайат корҳои тафтишотиро пеш мебурдем, ҳамон андоза ба фазилати фарқкунанда, ғановати афкору  умқи назар ва зеҳни пурмаънии ӯ боварӣ ҳосил менамудам.

Ба ҳамагон маълум, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон минтақаи имрӯзаи Рашт макони аз ҳама ноамнтарин ва маркази асосии даргириҳои мусаллаҳона ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, Сарвари давлат роҳбарии комиссияи ҳукуматии ба эътидол овардани авзоъ дар минтақаи мазкурро ба ӯҳдаи Амирқул Азимов вогузор карданд.  

Воқеан,  роҳбари дурандеши Тоҷикистон дар интихоби Амирқул Насимович ҳамчун сарвари ин комиссия хато накарда буданд. Зеро  Азимов  шуҷоати бемисл нишон дода, ҷони худро дар хатар монда, чанд маротиба барои музокирот, озод намудани асирон ва гаравгонҳо, инчунин муътадил намудани вазъият ба навоҳии минтақаи Рашт баҳри таъмини амнияту ҳаёти осоиштаи мардуми ин гӯшаи Тоҷикистон саҳми намоён ва таърихӣ гузошт. 

Генерал – майори мустаъфӣ Худойқул Ҳамроқулов, ки дар гузашта раиси кумитаи гумрук ва муовини вазири амният буд, аз матонату фидокории Амирқул Азимов дар лаҳзаҳои барои давлати ҷавони мо фоиҷиабор мегӯяд, ки « соли 1996  ҳамроҳ бо Амирқул Азимов  ва ҷонишини вақти вазири корҳои дохилӣ С.Лоиқов ба мавзеи «Дупула», воқеъ дар сарҳадоти ноҳияҳои имрӯзаи Нуробод ва Рашт, тавассути чархбол сафар намудем. Хати дифоии байни қувваҳои ҳукуматӣ ва мухолифин он вақт аз ҳамин мавзеъ  мегузашт. Мақсади сафар ба он ҷо додани  дастур ба  қувваҳои ҳукуматӣ ва нагузоштани ҳаракати яроқбадастони мухолифин ба самти шаҳри Душанбе буд. Чархболи мо дар вақти бозгашт ба сӯи Душанбе бо сабаби оташкушоӣ аз замин қариб буд, ки ба садама дучор гардад. Аммо танҳо бо талаби қотеъона ва хунсардонаи А. Азимов сарнишин бе нишастан ба замин бо як маҳорати хоса чархболро ба фурудгоҳи пойтахт расонид».

Ҷойи дигар Худойқул Ҳамроқулов он рӯзҳои вазнинро ба хотир оварда, навишта буд, ки  «солҳои 1997 – 1999  ба ҳайси муовини вазири амният ҳамчун масъули  мақомоти бехатарии навоҳии водии Рашт ифои вазифа менамудам ва ба хотири таҳкими сулҳу амният ва ёрӣ ба ҳайати шахсии шӯъбаҳои мақомоти амнияти гурӯҳи ноҳияҳои водии мазкур ба он ҷо сафарҳои хидматӣ доштам. Бори аввал таҳти  роҳбарии котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов, ҳамроҳ бо  ҷонишини вақти вазири корҳои дохилии кишвар Д.Булбулшоев, инчунин роҳбари Нерӯҳои сулҳхоҳи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) сафари хидматии мо сурат гирифт. Мақсад аз сафар озод намудани зиёда аз 800 нафар асирон аз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз дасти  мухолифин буд. Дар давраи аввали музокирот 120  нафар аз асирони номбурда озод ва ба  шаҳри Душанбе баргардонида  шуданд. Ҳангоми бозгашт дар наздикии деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод қувваҳои сиёҳкор хостанд мо ва асирони озодшударо тавассути минагузории пули мошингузар тарконанд. Аммо бо ахбороти саривақт ба дастовардаи мақомоти дахлдор ин амали душманона пешгирӣ карда шуд ва мо ҳама солим мондем. Дар маҷмуъ, бо мақсади ба эътидол овардани вазъ ва озод намудани тамоми асирон якчанд маротиба бо сарварии Амирқул Азимов ба гурӯҳи навоҳии Рашт сафар доштем. 

Дар урфият мегӯянд, ки одамро дар сафар мешиносанд. Ин гуфта воқеият дорад. Дар ин сафарҳо ба минтақаи он вақт ноамну хатарноки ҷумҳурӣ ба матонат, диловарӣ, ҷасорат ва соҳиби қобилияти баланди ҳалли низоъ ва пешбурди мусолиҳа  будани  Амирқул Азимов эътимоди калон пайдо намудам.  Дар ҳолатҳои зикршуда ва мавридҳои дигар низ Амирқул Азимов бо такя ба фазилатҳои баланди инсонӣ, адолатхоҳона ва ҳақиқатҷӯёнаи хеш саломатӣ, қадр ва амнияти одамонро дар мадди аввал мегузошт».

Нақши  Амирқул Азимов  инчунин дар  ҳалли қазияи  пурсарусадои ба хоки Тоҷикистон ворид шудани Ҳоҷиев Ҷумъабой (машҳур бо лақаби Ҷумъаи Намангонӣ),  силоҳбадастони ӯ ва гурезагон аз давлати ҳамсоя (зиёда аз 2000 нафар), инчунин бо роҳи сулҳомез аз ҳудуди кишварамон берун намудани онҳо, аз асораташон озод кардани шаҳрвандони ҷопонӣ ва як генерали қирғиз басо бузург буда, ҷойи таъкиди хос ва қадрдонии арзанда мебошад. Ин амалиёти ҳаётан барои Тоҷикистон муҳим таҳлил, вақт ва навишти алоҳидаро тақозо мекунад. 

Теъдоди  дӯстони Амирқул Азимов бешуморанд. Яке аз онҳо генерал – майор Аҳтамшоҳ Саидшарипов, ки дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти амнияти ҷумҳурӣ кор карда истодааст, дар бораи Амирқул Азимов чунин мегӯяд, ки «ин марди соҳибирода дар миёни дигар ҷонфидокорони Ватан аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар устувории ҳукумати қонунӣ, мустаҳкам намудани шохаҳои сохти давлатдории навташкилшуда, махсусан солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он гузошт. Амирқул Насимович дар лаҳзаҳои басо ҳассос, мушкилу вазнини тақдирсози миллати тоҷик, ки кишвар дар оташи алангаи душманону бадхоҳон қарор гирифта буд, вазифаҳои муҳими сатҳи давлатиро дар партави амру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона иҷро мекард. Ӯ тамоми малакаю маҳорати касбӣ, хислатҳои шахсии худро ба мақсади дар сатҳи баланд иҷро кардани вазифаҳои гузошташудаи роҳбари давлат истифода мебурд, то дар иҷроиши онҳо ба натиҷаҳои дилхоҳ расад».

Амирқул Азимов ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳояш дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои махсусан муҳими Прокуратураи ҷумҳурӣ, яке аз роҳбарони Фронти халқӣ, муовини Вазири корҳои дохилӣ, Прокурори  генералӣ,  Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ва раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба истифодаи таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбии тӯли солҳо ҳосилкардааш такя намуда, содиқона ва  фидокорона, бо ростқавливу поквиҷдонӣ барои ободии Ватан ва саодати ҳамватанон хидмати сазовор анҷом  додааст.

Фаъолияти хидматии Амирқул Азимов дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳои  байналхалқии Тоҷикистон бо кишварҳои дӯст ва созмонҳои шарик дар самти густариши робитаҳои амниятӣ, мудофиавӣ ва  парлумонӣ  низ назаррас буда, яке аз шохаҳои муҳими кору амали вазифавии ӯро ташкил медод. 

Заҳмату саҳмгузориҳои бо дасту дили пок анҷомдодаи Амирқул Азимов бо ифтихорномаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, ду орден ва зиёда аз даҳ нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф» – и Федератсияи Русия, ва ду ифтихорномаи фахрии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ қадршиносӣ карда шудаанд. 

Ҳоло дар остонаи 70 – солагии Амирқул  Азимов зикр кардан аз рӯи адолат аст, ки ӯ яке шахсиятҳои калидӣ дар роҳи барқарор намудани низоми ҳокимияти конститутсионӣ ба шумор рафта, ба нафъи осоиши мардум ва ҳифзи дороиҳои миллӣ танҳо бо роҳи пешгирии низоъ ва даргириҳои давомдор саҳм гузошта, ба пояи ақлу хирад салоҳи кор ҷуста, ҳамсафу ҳамқадами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсони худогоҳ ва  обрӯманду  соҳибмактаб  мебошад. 

 

Эркин  Муҳиддинов,

собиқадори  мақомоти  амният,

генерал – майори  мустаъфӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь