Тибқи супориши МТЖТ ба шаҳри Турсунзода ташриф овардем ва бо раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ҳамсуҳбат шудем, номбурда оид ба вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмири роҳҳои нақлиётгард, варзиш ва иҷрои буҷет сухан карда, сароғоз қайд кард, ки

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2023 чораҳои зарурӣ андешида, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Ҳамзамон, оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо раиси шаҳри мазкур суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи онро барои шумо хонандагон пешкаш менамоем.

Ташрифи Пешвои миллат

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки боиси ифтихору сарбаландии мардуми меҳнатқарини шаҳри Турсунзода аст, ки 24 майи соли ҷорӣ сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, бо иштироки Сарвари давлат як қатор иншооти саноативу иҷтимоии барои хоҷгии халқ муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93, иборат аз 2 ошёна ва 5 қисм, бо фарогирии 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, Коллеҷи омӯзгории хусусии «Асосгузор» барои 400 донишҷӯ, бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, лоиҳаи банақшагирии қисмати маркази шаҳри Турсунзода ва лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» муаррифӣ гардиданд. Инчунин, дар доираи сафари корӣ якчанд иншооти дигар бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарфор Ҳоҷӣ Амон», бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо 8 синфхона барои 400 хонанда дар ду баст, 3 синфхонаи технологӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-и деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ва 8 километр роҳи мошингарди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ Пешвои миллат ҳамчунин аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии «Сомон-2016» ва «Муродҷон»-и шаҳри Турсунзода ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Зимни сӯҳбат Роҳбари давлат кишоварзону масъулини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро боз ҳам барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ба роҳ мондани содироти маҳсулот ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ, ташкилу бунёд намудани минтақаи саноатӣ (технопарк), бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии маркази шаҳр ҳидоят намуда, дар ин замина дастуру супоришҳо доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнаткаши шаҳр дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати баланд бардоштани соҳаҳои иқтисодиёт ва рушди иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Натиҷагирӣ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 1 млрд. 790,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 185 млн. сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаҳо дар маҷмӯъ 11,5 фоизро ташкил дод. Дар ин давра соҳаи саноат 7,1 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, савдо 15,1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 4,7 фоиз ва сохтмон 27,6 фоиз афзоиш ёфт.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 98,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 111,6 млн. сомонӣ ворид шуд.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба андозаи 89,4 фоиз ба маблағи 94,7 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки асосан пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет маблағгузорӣ шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар арафаи ҷашну идҳои давлатию миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ ба шахсони яккаву танҳо, маъюбони гуруҳҳои 1,2,3 ва шахсони барҷомонда ба маблағи зиёда аз 5,1 млн. сомонӣ кӯмакҳои моддии яквақтаина расонида шуданд.

Рушди саноат

Раиси шаҳр дар хусуси вазъи саноат суҳбат карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 520,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 34,7 млн. сомонӣ, ё ин ки 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар шаҳр 80 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 корхона зиёд мебошад.

Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр зиёда аз 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022, 10 намуд зиёд мебошад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 93 иншоот, тандурустӣ 32 иншоот, варзиш 30 иншоот, хизматрасонии маишӣ 4 иншоот, саноат 21 иншоот, 34 марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, таъмири асосии роҳ дар 45 мавзеъ ба дарозии 130 км, сохтмони 6 пул, кашидани хатти об дар 7 мавзеъ ва 118 иншоот дар самтҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар давоми соли 2022 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ 113 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 15 иншоот дар соҳаи маориф, 8 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 7 иншооти варзишӣ, 20 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 6 корхонаю коргоҳи саноатӣ, таъмири роҳ дар 8 мавзеъ, 6 сохтмони пул, 6 сардхона, 3 гармхона, кашидани хатти таъмини оби нӯшокӣ дар 1 мавзеъ ва 33 иншооти таъиноташ гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Кишоварзӣ

Номбурда итилоъ дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишоварзони шаҳр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 398,2 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 38,3 млн. сомонӣ ва ё 10,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз шаҳри Турсунзода маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 10601 тонна ба дигар шаҳру ноҳияҳо ва берун аз кишвар содирот шудааст.

Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва дуру дароз нигоҳдории онҳо дар шаҳр 78 сардхона бо ғунҷоиши 20312 тонна мавҷуд мебошад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бунёди боз 8 сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 3500 тонна маҳсулот идома дорад.

Дар шаҳр дар масоҳати умумии 39,83 га гармхона мавҷуд буда, дар гармхонаҳо парвариши лимӯ, гулҳои рангоранг ва сабзавоти барвақтӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо идома доранд.

Маориф ва тандурустӣ

Мавсуф дар вазъи маориф чунин изҳор дошт, дар шаҳри Турсунзода 128 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 69246 нафар хонандагон таҳсил доранд.

Хатмкунандагони соли хониши 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода 2514 нафарро ташкил дод, ки аз ин ҳисоб ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, инчунин муассисаҳои миёнаи махсус 2293 нафар (1120 нафар духтарон) ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз шумораи умумии хатмкунандагон 90,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр 13 муассисаи томактабӣ барои 1950 тарбиятгиранда фаъолият намуда истода, бунёди 11 муассиса барои 1132 кӯдак ба идома дорад ва дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ дар назди 6 муассиса 65 синфхонаи иловагӣ барои 1528 ҷойи нишаст сохта ба истифода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 217 синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи 24 мактаб барои 5290 ҷойи нишаст идома доранд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи тандурустии аҳолии шаҳр 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 1 маркази саломатии шаҳрӣ бо 28 маркази саломатии деҳавӣ ва 50 хонаи саломатӣ, инчунин 24 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ ва бистарикунонӣ ва 10 маркази махсусгардонидашудаи пешгирии бемориҳо фаъолият доранд. Барои ҳифзи саломатии аҳолӣ 2953 нафар кормандони соҳа хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар соли 2023 дар беморхонаҳои шаҳр ба 13258 нафар бемор хизмати тиббӣ расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои шаҳр 3321 кӯдак таваллуд шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 409 кӯдаки навзод зиёд мебошад.

Шумораи умумии фавт ба 539 нафар расида, нисбати ба ҳамин давраи соли 2022 – 15 нафар кам гардид.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 1 маркази саломатии деҳавӣ, 2 хонаи саломатӣ ва 1 маркази кардиологӣ ба истифода дода шуда, айни ҳол сохтмони 2 маркази саломатӣ ва таъмири мукаммали 1 маркази саломатии деҳавӣ ва дар заминаи он таъсиси як таваллудхонаи минтақавӣ идома дорад.

Ҷавонон ва варзиш

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон тазаккур дод, ки тибқи маълумоти оморӣ шумораи ҷавонони шаҳри Турсунзода 104600 (51870 нафарашонро духтарон) нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш 563 чорабиниҳои варзишию оммавӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Турсунзода 110 майдонча ва 67 толори варзишӣ мавҷуданд, ки дорои шароити хуб буда, бо лавозимоти варзишӣ таъмин мебошанд. Аз ин шумора 51 толор ва 75 майдончаи варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода амал мекунанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар деҳаҳои калону сераҳолии шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 3 майдонча ва 1 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 майдонча ва 3 толори варзишӣ идома дорад.

Инчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сохтмони маркази варзишӣ ва қасри ҷавонон дар маркази шаҳр оғоз гаштааст, ки дар доираи тадбирҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Варзишгарони шаҳр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 21 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 5 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, аз мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ бошад, 363 медал, аз ҷумла 118 медали тилло, 108 медали нуқра ва 137 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Таъмир ва таҷдиди роҳҳои нақлиётгард

Мавсуф инчунин, афзуд, ки таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта ва байнидеҳавӣ дар шаҳри Турсунзода вусъати тоза дорад. Дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ роҳҳои байнидеҳавӣ ва аҳамияти маҳаллӣ доштаи шаҳри Турсунзода беш аз 19 км асфалтпуш ва 93 км таъмири ҷорӣ гардиданд. Бар замми ин моҳи июли соли ҷорӣ, яъне моҳи ҳафтум 10 км роҳҳои байнидеҳавӣ бо ҷалби соҳибкорону дастҷамъии сокинони деҳот асфалтпуш гардиданд. Таъмири роҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум дар заминаи ба вуҷуд овардани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиëт мебошад.

Зимни иҷрои корҳо ба сифати масолеҳ аҳамияти хосса зоҳир гардида, талаботи соҳа пурра ба инобат гирифта шудааст. Роҳ асосан тавассути деҳаҳо мегузарад ва барои таъмини бехатарии сокинон аломатҳои танзимкунанда насб намуда шудаанд. Ин амали созандагӣ, яъне асфалтпӯшнамоии роҳҳои деҳот бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот анҷом дода мешавад.

Дар шаҳри Турсунзода ба таъмиру таҷдид ва навсозии роҳу пулҳо низ диққати махсус зоҳир мегардад. Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон 29 километр роҳ аз таъмири асосӣ ва 93  километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, мекӯшад баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here