Ҳар боре, ки тавассути телевизионҳои маҳаллӣ гузоришҳо аз дафтари матбуоти Шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд намоиш дода мешаванд, табъам хира мегардад ва ростӣ, чандин бор мехостам андешаҳои худро оид ба мазмун ва муҳтавои ин гузоришҳо рӯи саҳифа орам. Вале ба хотири ҳурмати чанде аз рафиқон ва дӯстонам, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ иҷрои вазифа менамоянд, худдорӣ намуда, бисёр андеша мекардам.

Гузоришҳо хеле якрангу рӯякӣ, такрорӣ ва дилхарош ҳастанд. Хусусан гузоришҳое, ки дар бораи вазъи садаманокӣ, ташкили вохӯриҳо дар байни ронандагон дар истгоҳҳои нақлиётии “Автовокзал”-и куҳна ё “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд ва ё дар мактабҳои таҳсилоти олии вилоят, дар бораи ронандагони сархуш ё беҳуҷҷати ронандагӣ омода мешаванд. Агар тамошобини нуктасанҷ эътибор диҳад, ҳамаи гузоришҳо бо ибораҳои обшустаи дилбазани “новобаста аз чораҳои андешидашуда аз тарафи кормандони масъули БДА…”, “новобаста аз гузаронидани суҳбату вохӯриҳо…”, “ҳарчанд оид ба вазъи ташвишовари садаманокӣ…”, “новобаста аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон…”, “ҳарчанд қонунгузор ҷавобгариро барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр намудааст…” оғоз мешаванд ва гуфторҳои баъдӣ такрори гуфторҳои гузоришҳои пешина ҳастанд. Аз ҷониби муаллифи гузоришҳо танҳо ному насаби ронанда, таърих ва моҳу рӯз ва муҳтавои садаманокӣ аз ахбори шабонарӯзӣ оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо иваз карда мешаванду халос. Чунин услубу гуфтор ва ё таҳия намудани гузоришҳо аз касбияти пасти муаллиф ва ба таври пурра бохабар набудани ӯ аз журналистикаи муосир ва ба сабку услубҳои он шаҳодат медиҳад. Чунин қолабӣ омодасозии гузоришҳо ибораи русии “ради галочки для руководства”-ро ба хотир меорад. Ҳол он ки, журналисти касбӣ бояд ҳамеша дар такопӯ ва ҷустуҷуи маъниҳои тозаву нав бошаду пайваста кӯшиш ба харҷ диҳад, то ҳар як навиштаи ӯ таъсирбахшу писанди мардум гардад.

Ба андешаи ман, вақте мутахассиси соҳаи БДА гузориш омода менамояд, гузориш бояд кӯтоҳ, фаҳмо ва бо ишора ба банду бобҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба тамошобин ва ё шунаванда нишонрас бошад ва ҳар як фарди ҷомеаро ба риояи талаботҳои он дар роҳ ҳидоят намояд. Агар кас журналисти касбӣ набошад, бояд бештар омӯзаду шабҳои дароз машқи қалам кунад, чунки суханро ба сухане зам кардан машаққати зиёдеро талаб мекунад. Касбияти худро баланд бардорад, чун касбият “ба зӯрӣ” намешавад. Аз ибораҳои дилхарошу обшуста сарфи назар кунад, ба хотири мансаб қалам ба даст нагирад, ки охир амали ӯ ибораи “нависандаи маддоҳ”-ро ба ёд меорад.

Масалан чанд гузорише, ки вақтҳои охир пешкаши тамошобинон гардид, вобаста ба фасли зимистон буд. Аммо дар онҳо навору тасвирҳо аз фасли баҳор ҷой дода шуда буданд, ки аз касбияти пасти гузоришгар дарак медиҳад. Ё ин ки, гузориши вохӯрӣ дар гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Сухан аз мавзӯи дигар мераваду муаллифи гузориш тасвирҳоро аз макотиби шаҳри Хуҷанд истифода менамояд (санаҳои 3-4-уми феврали соли 2020 тариқи телевизионҳои маҳаллии “СМ-1”, “Азия”, “Танин” ва “7 Ситора” намоиш дода шуданд). Оё ин аз рӯи этикаи касбии журналистӣ аст? Оё ин таҳқир ва расидан ба иззати нафси дигарон нест?

Боз такрор мекунам, ки агар шахс журналисти касбӣ набошад, беҳуда дар матбуот суханпардозӣ накунад, ки оқибати кор на танҳо ба зиёни ӯст, балки обрӯву нуфузи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғдро дар байни ҷомеа хеле коста мегардонад.

Ёдгори СУҒДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь