Дар доираи як сафар хабарнигори МТЖТ ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент, ки аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзӣ ва сайёҳии мамлакат ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Инак, гузориши ӯ аз дастовардҳои ин шаҳри диловезу замини зархез ва дорои инфрасохторҳои саноатии рушдкунанда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукӯҳ аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ манзури қазовати хонандагони ҳафтанома мегардад.

 Талош барои зиндагии шоиста

Холиқзода Абдухолиқ Санавбар – раиси шаҳри Панҷакент

Тавре дар ҷараёни сӯҳбат раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми январи соли 2021) бармеояд, равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

– Яке аз самтҳои барномавии рушди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент, пеш аз ҳама равона намудани таваҷӯҳҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти аввалиндарҷа ва хизматрасонии босифати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” мушаххас тарҳрезӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ, таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳия мебошад. Барномаи мазкур марҳила ба марҳила амалӣ гардида истодааст. Ба ин барнома лоиҳаҳои афзалиятнок ворид карда шудааст. Айни замон тибқи барномаи мазкур дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳо назаррас мебошанд,- бо итминон изҳор дошт раиси шаҳри Панҷакент.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Зимнан, Абдухолиқ Холиқзода дар такя ба афзалиятҳои амалишавии ин барнома зикр намуд, ки дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 30-юми декабри соли 2020, №48 тасдиқ гардидааст, 118 лоиҳаҳои афзалиятнок ба маблағи 1 миллиарду 866 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 23 лоиҳа бо маблағи 1 миллиарду 710 миллион сомонӣ дар бахши иқтисодӣ, 63 лоиҳа бо маблағи 85 миллиону 230 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 25 лоиҳа бо маблағи 51 миллиону 130 ҳазор сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 7 лоиҳа ба маблағи 20 миллиону 115 ҳазор сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулодда ва 2 лоиҳа бо маблағи 3,3 миллион сомонӣ ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.

Барномаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ, мутахассисони Вазорати  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мутахассисону коршиносони маҳаллӣ дар асоси таҳлили вазъи қонунии шаҳру деҳоти Панҷакент ва соҳаҳои афзалиятноки рушди шаҳр ва он мушкилоте, ки дар натиҷаи омӯзиш ва муайянкунӣ ба даст омада, ҳамоҳанг бо санадҳои стратегӣ аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошанд, таҳия шудааст. Айни ҳол лоиҳаи барнома ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таҳлили ҳамаҷониба ва тасдиқ ирсол гардидааст.

Дахлу харҷи буҷет

Раиси шаҳри Панҷакент дар идомаи суҳбат афзуд, ки бо мақсади бартараф намудани омилҳои беруна ба иқтисодиёт ва нигоҳ доштани сатҳи мутавозуни буҷет дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи мақсадноки захираҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба хароҷоти ғайримақсаднок ва дуюмдараҷа дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нақшаи қисми даромаду хароҷоти буҷетҳои давлатию маҳаллӣ бознигарӣ ва ба он тағйирот ворид карда шудааст.

Дар 3 моҳи соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 121 миллиону 216 ҳазор сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша ҳамагӣ 93,4 фоиз таъмин карда шуд, ба буҷет 113 миллиону 226 ҳазору 393 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 7 миллиону 989 хазору 607 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии шаҳр 43 миллиону 88 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 40 миллиону 90 ҳазору 374 сомонӣ ворид гардидааст, ки нақша 94,9 % ё ин ки 2 миллиону 178 ҳазору 626 сомонӣ кам аст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 41  миллиону 491 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва иҷрои он ба маблағи 41 миллиону 303 ҳазор сомонӣ таъмин карда шудааст, ки баробари 99,5 фоизи нақша мебошад.

Дар баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф  24 миллиону 901 ҳазор сомонӣ, тандурустӣ 12 миллиону 46 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 249 ҳазору 572 сомонӣ, фарҳанги оммавӣ 866 ҳазору 124 сомонӣ сомонӣ ва дар маҷмӯъ 41 миллиону 303 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардида, 99,5 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии шаҳрро ташкил медиҳад.

Фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ

Тавре А. Холиқзода зикр намуд, таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Чуноне аз факту рақамҳои муқоисавии оморӣ бармеояд, дар шаҳри Панҷакент шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1.01.2021 аз аввали бақайдгирӣ 9069 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 654 адад ё 107,8 фоиз зиёд шудааст. Баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар 3 моҳи соли 2021 ба иқтисодиёти шаҳр 29,9 млн сомонӣ сармояи хориҷӣ ва 7,3 млн сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст, ки баробари 96 фоиз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Рушди саноат

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шудааст. Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, дар 3 моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 145 миллиону 836 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ (60 миллиону 648 ҳазор сомонӣ) суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 95 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин замина, агар истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ, аз қабили қуму шағал ба маблағи 24,6 ҳазор сомонӣ расонида шуда бошад, пас маҳсулоти ширӣ – 325,2 ҳазор сомонӣ  ё 144 фоиз (дар соли 2020-ум 225,4 ҳазор сомонӣ), истеҳсоли коняк ва вино ба маблағи 186,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, тайи 3 моҳи соли 2021-ум 2 адад корхонаи хурди саноатӣ бо 8 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ба гуфтаи раиси шаҳри Панҷакент, дар доираи иҷрои яке аз ҳадафҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия мунтазам корбарӣ карда шуда, маданияти истифодаи сарфакоронаи энергияи барқӣ пайваста тарғибу ташвиқ карда мешавад. Ин аст, ки дар 3 моҳи соли 2021 дар шаҳр 133 миллиону 942 ҳазор кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 39 ҳазору 117 сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 43 ҳазору 882 сомонӣ таъмин гардидааст, ки 112,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 8 миллиону 208 ҳазор сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 8 миллиону 498 ҳазор сомонӣ 104 фоиз таъмин гардидааст.

Амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент маҳсуб ёфта, нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 163 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (дар соли 2019-ум 1 миллиарду 160 миллиону 452 ҳазор сомонӣ) расонидааст, ки баробари 100,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бошад, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 1 миллиарду 28 миллиону 803 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Барои ҳосили соли 2020 дар масоҳати 28152 гектар кишт гузаронида шуда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардидааст. Аз майдони умумии кишт 19347 гектар ё 68,7 фоиз ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 8805 гектар ё 31,3 фоиз ба аҳолӣ рост меояд.

Майдони кишти зироатҳои ғаллагию лӯбиёгӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳру деҳоти Панҷакент нисбат ба соли қаблӣ 920 гектар зиёд шуда, ҳамагӣ дар майдони 9741 гектар ғалладонагиҳо (ба ғайр аз ҷуворимакка барои дон) кошта шудааст.

Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳру деҳоти Панҷакент дар масоҳати 2742 гектар гузаронида шуда, нисбат ба соли гузашта 616 гектар ё 29,1 фоиз зиёд карда шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагӣ ҳамагӣ 40,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 8,0 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мутаносибан 3,3 ва 8,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2020 маҷмӯан 88,6 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла, 23,5 ҳазор тонна пиёз, 86,2 ҳазор тонна картошка, 2,2 ҳазор тонна полезӣ, 2,7 ҳазор тонна мевагӣ ва 0,9 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуда, суръати афзоиши истеҳсоли сабзавот 14,5 фоиз, аз ҷумла, пиёз 31,6 фоиз, полезӣ 6,2 фоиз таъмин гардидааст.

Дар соҳаи чорводорӣ бошад, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2020-ум 2,7 ҳазор тонна гӯшт, 17,4 ҳазор тонна шир, 2824 ҳазор дона тухм, 0.44 ҳазор тонна асал, 71,3 тонна пашм ва 1,9 тонна пилла истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 гӯшт 10 тонна, 6,0 тонна шир, 0,9 тонна асал, 0,1 тонна пашм афзуда, истеҳсоли пилла 21,9 тонна коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент бо маҳсулоти аввалиндараҷа бобати муайян намудани талаботи аҳолии шаҳру деҳот таҳлилҳо гузаронида шуда, баҳри таъмини захираҳои маводи ғизоии стратегӣ, аз қабили орду равған, шакар, картошка, сабзавот ва меваҷот силсилаи тадбирҳо андешида шудаанд.

Ҳамзамон, дар миқёси шаҳру деҳоти Панҷакент 6 адад сардхона бо ғунҷоиши аз 60 то 900 тонна фаъолият дошта, дорои иқтидори умумии 2130 тонна мебошанд, ки баҳри таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза ва меваҷот дар мавсими тирамоҳу зимистон роҳандозӣ шуда истодааст. Айни ҳол, мавсими захираи маҳсулот оғоз гардида, 858 тонна маҳсулот, аз ҷумла 115 тонна себ, 43 тонна ангур, 110 тонна картошка ва 360 тонна пиёз, 50 тонна хурмо ва 180 тонна сабзӣ захира карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои муосир корбарӣ карда шуда, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр 39 адад гармхонаҳои доимӣ бо масоҳати 10550 метри мураббаъ мавҷуд мебошад, ки нисбати соли гузашта 450 метри мураббаъ зиёд аст ва дар онҳо помидор, бодиринг, кабудиҳои ҳархела, лимӯ ва навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Мувофиқи дурнамо дар майдони 93 гектар барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна, аз ҷумла 65 гектар боғ ва 28 гектар токзор гузаронида шудааст. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва доир бунёд гардида, асосан тавассути қатрагӣ обёрӣ мешаванд. Майдони боғҳои маҳсулоти содиротӣ, аз қабили зардолу, себ, шафтолу, гелос, хурмо ва сиёҳолу сол аз сол афзуда, имконияти содироти меваҳои тару тоза ва хушкмева тадриҷан зиёд карда мешавад.

Дар соҳаи чорвопарварӣ ҷиҳати афзун намудани саршумори чорво, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, дар заминаи имтёзҳои иловагии ба соҳаи парандапарварӣ додашуда, корҳои муайян ба сомон расонида шуда, афзоиши нишондиҳандаҳои соҳа ба таври назаррас таъмин гардидааст.

Зимнан, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр саршумори чорвои калони шохдор 81278 сар ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, модагов 44896 сар, гӯсфанду буз 19452 сар, паранда 78330 сар ва асп 909 сарро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан чорвои калони шохдор 181 сар, гӯсфанду буз 714 сар зиёд гашта, саршумори паранда 4998 сар кам шудааст.

Дар самти таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ бошад, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2020 истеҳсоли моҳӣ ба 36 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 0,2 тонна зиёд аст.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукӯҳ

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёд ва таҷдиди 405 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида буд. Бо назардошти талаботи аҳолӣ ва ибтикори соҳибкорон ба нақшаи мазкур 106 иншооти дорои таъйиноти гуногун зам гардид. Аз ин дар соли 2018-ум 82, дар соли 2019-ум 173, дар соли 2020-ум 126 ва дар соли 2021 бошад, 7 иншоот ба истифода дода шудааст, ки дар маҷмӯъ 388 ададро ташкил медиҳад. Вобаста ба мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ба маблағи 197 113 000 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расида, ҳамзамон 1490 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.

Аз ҷумла, то имрӯз дар шаҳру деҳоти Панҷакент 2 муассисаи томактабӣ, 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 китобхона, 2 қасри фарҳанг, 1 беморхона, 25 бунгоҳи тиббӣ ва хонаи саломатӣ, 1 таваллудхона, 6 дорухона, 18 сартарошхона, 10 ҳаммом, 16 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 34 корхонаи саноатӣ, 6 меҳмонхона барои қабули сайёҳон, 12 маркази хизматрасонӣ, 8 маркази савдо, 5 толори кошонаи ҳусн ва 214 иншооти таъиноташон гуногун бунёд гардида, ҳамзамон, зиёда аз 10 км роҳ таъмиру навсозӣ, 6 пул бунёд ёфта, инчунин, беш аз аз 4 км хати барқ ва зиёда аз 70 км хатти оби нӯшокӣ кашида, мавриди истифодаи умум қарор гирифтааст.

Бешак, ин ҳама созандагиву бунёдкориҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани шароити зист ва баланд гардидани сатҳу сифати некӯаҳволии мардуми шаҳр мусоидат менамояд.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгӯй гардонидани мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” дар соли ҷорӣ сохтмони Осорхонаи замонавии таърихию кишваршиносӣ ва хонаи бостоншиносон ба таври замонавӣ бунёд карда шуд. Инчунин сохтмони 6 дӯкони ҳунармандӣ барои фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар мавзеи шаҳраки Саразм ва дарвозаи мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм бунёд гардида, дар айвонҳои ин дӯконҳо нақшу нигор бо услуби қадимаи чӯбкорӣ ороиш дода шудааст. Дар дохили мамнӯъгоҳ 5 адад хонаҳои қадима бунёд гардиданд ва дар саҳни майдони хонаҳои мазкур ҳавзи калон сохта шуда, дар атрофи он дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шуданд.

Дар баробари ин, бунёд ва азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шуда, аз рӯи нақшаҳои алоҳида фаъолият дар ин самт оғоз гардидааст. Инчунин, бо ташаббуси шаҳрдорӣ ва мусоидати соҳибкорону саховатмандон сохтмон ва таъмиру тармими манзилҳои истиқоматии шахсони яккаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоат ба нақша гирифта шудааст ва марҳила ба марҳила дар ин самт корҳои сохтмонӣ анҷом меёбанд.

Вусъати шуғли пурмаҳсул

Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста буда, даромади пулии аҳолӣ ва музди меҳнат бозгӯйи сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ба шумор меравад. Музди миёнаи маош дар 3 моҳи соли 2021 мувофиқи шаҳри Панҷакент 1568,49 сомониро ташкил медиҳад, ки бешак омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар шаҳру деҳот ва рушди босуръати соҳаи саноат мебошад.

Дар баробари ин, дар ин давра бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта 6 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст. Тавассути ин ярмаркаҳо 34 нафар корҷӯ ва шаҳрвандони бекор ба корҳои доимӣ таъмин гашта, 128 нафар касбомӯзон ва 23 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шудаанд.

Гар дасти фитодае бигирӣ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дастгирии табақаҳои камбизоат ва маъюбону ятимон мебошад. Дар шаҳр 1 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебарад, ки бошандагони он феълан 74 нафар мебошанд. Ҳамчунин, то имрӯз 7485 оила ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудаанд. Кумакпулии унвони иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат сари вақт пардохт карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди маъюбон айни ҳол 4848 нафар, аз ҷумла кӯдакони маъюби то синни 18-сола 881 нафар мебошанд. Шумораи нафақагирон бошад, 25645 нафар ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи нафақа 306 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ дар хонаи пиронсолон пайваста дастархони идона ороста, тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим мегарданд. Инчунин оилаҳои камбизоат, беморони барҷомонда, кӯдакони маъюбу ятим аёдат карда шуда, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ меёбанд.

Фарҳанг – ҳастии миллат

Дар замони муосир таблиғи арзишҳои миллию фарҳангӣ, бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди ватандӯст маҳсуб меёбад. Дар шаҳри Панҷакент 30 китобхона, 4 клуб, 1 МД Кохи эҷодӣ – фарҳангии ба номи устод Лоиқ Шералӣ, 1 осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 3 ансамбл, 1 радио ва 2 телевизиони маҳаллӣ фаъолият доранд. Инчунин, дар шаҳру деҳот 556 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз онҳо 1 адад дорои аҳамияти умумибашарӣ, 8 адад дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 547 адад дорои аҳамияти маҳаллӣ мебошанд. Ин ёдгориҳо муаррификунандаи фарҳанги оламшумули миллати тоҷик арзёбӣ гардида, баҳри ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Ҷиҳати ҳифз ва барқароркунии ёдгориҳои таърихӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва соҳибкорон корбарӣ ба роҳ монда, давоми солҳои охир якчанд ёдгориҳои таърихӣ таъмир ва барқарор шудаанд.

Рушди сайёҳӣ

Шаҳри бостонии Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, шаҳри Саразм, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Рӯдакӣ ва манзараҳои нотакрори табиӣ, аз қабили кӯҳҳои Фон, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии Кӯли Калон, Ҳафткӯл ва дигар хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ ҳамчун маркази фарҳангии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор гирифтааст.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Ин имтиёзҳо имконият доданд, ки шумораи ширкатҳои сайёҳӣ зиёд шуда, таҷдиди инфрасохтори соҳа тадриҷан роҳандозӣ гардад.

Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки шаҳр вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди сайёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кӯл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғ, наботот, ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.

Ин аст, ки дар шаҳри Панҷакент 23 ширкати сайёҳӣ, 1 ташкилоти ҷамъиятии шӯрои Зарафшон оид ба туризм, 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 10 меҳмонхонаи замонавӣ бо 386 кат ва 22 хонаи меҳмонқабулкунӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 160 ҷой фаъолият мекунанд, ки ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин аст.

Дар ин росто, феълан барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пойгоҳҳои кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» бо ғунҷоиши 155 ҷой ва «Марғузор» бо ғунҷоиши 40 ҷой бо шароитҳои лозима ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, толор ва хаймаҳои мавсимӣ барои гузаронидани семинар-конфронсҳо хизмат расонида истодаанд.

Ҳамзамон, бинобар сабаби ба саёҳати кӯҳӣ таваҷҷӯҳи бештар доштани сайёҳони хориҷӣ дар хатсайрҳои «Ҳафткӯл» ва «Кӯли калон» пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ташкил карда шудааст ва айни замон бунёди нуқтаҳои нави пазироии сайёҳон дар дигар хатсайрҳои сайёҳӣ низ идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи фаъолияти кории бахши рушди сайёҳӣ, ки дар соли 2020 тасдиқ гардида буд, ба пуррагӣ иҷро гардида, соли равон ин ҳадаф низ идома дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, №80 “Дар бораи “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар заминаи санадҳои қабулшуда рушди инфрасохтори соҳа тавсеа ёфта, намудҳои нави хизматрасонӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори насли наврас аз табиати биҳиштосо ва таърихи пурғановати кишвар саёҳати хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз панҷ ҳазор нафар ҷавонону наврасони шаҳр аз ин сафарҳо ғизои маънавӣ бардоштаанд. Дар муассисаи таълимии шаҳр – Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо ихтисоси соҳаи менеҷменти сайёҳӣ кадрҳои соҳаи сайёҳӣ омода карда шуда истодаанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии экологӣ, фарҳангӣ, таърихӣ-этнографӣ, экскурсионӣ, мусоидат барои гирифтани раводид, шиносномаи хориҷӣ ва дарстрас намудани чиптаҳои ҳавопаймои хизмат марасонанд. Баҳри рушди сайёҳии воридотӣ низ ширкатҳои сайёҳӣ барои ташвиқу тарғиб, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ташкил намудани хатсайрҳои наву ҷолиби диққат фаъолияти худро равона менамоянд.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоотӣ соҳа, сомонаи сайёҳии ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент ва ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ фаъол буда, дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст. Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, хатсайрҳои нави сайёҳӣ, бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардидааст. Инчунин, маҷаллаи роҳнамои Панҷакент “Panjakent city” дар таҳрири нав нашр шуд.

Ҳамзамон барои таҳлили пурраи кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тарҷумонҳо, роҳбаладон ва ронандаҳое, ки бо ширкатҳо ҳамкорӣ доранд, пурра таҳлил гардида, рӯйхати умумии он бо нишон додани суроға, ҷои кори доимӣ, донандаи забон, тамғаи нақлиёти хизматӣ муайян карда шудааст, ки айни замон 31 нафар тарҷумонҳо ва 38 нафар ронандагон дар ширкатҳо тариқи шартнома кор ва фаъолият менамоянд.

Баҳри муаррифии имкониятҳои бештари сайёҳӣ харитаи сайёҳии шаҳри Панҷакент таҳия гардида, мавриди омодашавӣ қарор дорад. Ҳамзамон барои ташаккул ва рушд додани инфрасохтори сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, табобатию солимгардонӣ, шикор, кӯҳнавардӣ ва пойгоҳҳои сайёҳӣ бахши рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои Зарафшон оид ба туризм корбарӣ намуда, ҷиҳати рушди соҳа ва ҳамзамон таҳлил ва омода намудани хатсайрҳои нав нақшаи муштарак омода намуда истодааст.

Айни ҳол мушкилоти соҳа – ин таъмирталаб будани роҳҳои мавзеъҳои сайёҳӣ ва дар сатҳи кофӣ қарор надоштани инфраструктура ва хизматрасонӣ мебошад, ки ҷиҳати рафъи ин камбудӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ва идораи роҳ обод намудани роҳҳои мавзеъҳои сайёҳӣ ва гузаронидани семинар – омӯзишҳо байни кормандони ташкилотҳои хизматрасон кӯшишу талошҳои босамар ба харҷ дода шуда истодаанд.

Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлол

Абдухолиқ Холиқзода бо зикри нишондиҳандаҳо аз дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент ҳамчунин бо итминон иброз дошт, ки “имрӯз дар ҷомеа фазои созгори маънавӣ ҳукмфармост, мардуми шукргузори шаҳри Панҷакент бо қатъияти том сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро пуштибонӣ намуда, ба бунёдкориву созандагӣ машғул мебошанд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки нисбат ба ҳама зуҳуроту падидаҳои номатлуб муҳити оштинопазир фароҳам гардад ва дар ин замина ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ афзалияти бештар зоҳир гардад. Зеро маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент марҳила ба марҳила афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар шаҳри Панҷакент густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид”.

– Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо мақсади татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин ҳидоятҳое, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дода шуданд, тадбирҳои зарурӣ андешида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғонҳои меҳнатӣ ва натиҷаҳои назаррас таҷлил менамояд,- афзуд ӯ.

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь