Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Суғд ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидааст. Дар 9 моҳи соли равон дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин гардад.

 Таърихи ноҳия

Ноҳияи Ҷаббор Расулов (собиқ Пролетар) 21-уми январи соли 1935 таъсис ёфтааст. Маркази ноҳия шаҳраки Меҳробод мебошад. Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва аз тарафи ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Масоҳаташ 328,5 километри мураббаъ буда, 13,2 фоизи ҳудуди вилояти Суғдро ташкил медиҳад. Аҳолиаш 125 000 нафар (соли 2015) аст. Дар ноҳия тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо ва намояндагони дигар миллатҳо истиқомат мекунанд.

Ҳудуди ноҳия аз тарафи Ғарб ба водии Фарғона ва аз тарафи шимол ба қаторкуҳҳои Туркистон шомил аст. Релефи тарафи шимолии он ҳамвориро дар бар гирифта, аз сатҳи баҳр дар баландии 300-400 метр ҷойгир аст. Тарафи ҷанубиаш аз сатҳи баҳр дар баландии 1200 метр ҷойгир буда, аз талу теппаҳо ва заминҳои ҳамвори кишт иборат аст.

Ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитаменро аз ҳам дарёи Исфана, ки аз қаторкуҳҳои Туркистон оғоз ёфта, то ба обанбори Фарҳод омада мерасад, ҷудо менамояд.

То инқилоби октябр ноҳия яке аз уездҳои Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Дар асарҳои таърихӣ номи ноҳия аз моҳи ноябри соли 1917 ҳамчун стансияи Драгомирово қайд гардидааст. Ҳангоми ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати Русияи подшоҳӣ, дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аввалин корхонаҳои саноатӣ пайдо шуданд ва дар иқтисодиёт муносибатҳои капиталистӣ инкишоф ёфтанд. Соли 1875 дар деҳаи Деҳмой корхонаҳои винобарорӣ ва заводи шиша ба кор даромада, иқтидори он дар охири асри XIX ба 80 ҳазор адад шиша дар як сол расид. Дар деҳаи Хитойреза дар ҳамон давра осиёб сохта шуд. Дар деҳаи Ғӯлакандоз дар соли 1872-ум 19 адад нуқтаҳои савдо амал мекарданд ва чунин нуқтаҳои савдо дар аввали асри XX дар деҳаҳои Гулхона ва Янгиҳаёт низ амал мекарданд.

Яке аз иншооти қадимии таърихию фарҳангии ноҳия қалъаи Хитойреза буда, осори таърихи асри XVIII мебошад ва айни ҳол дар ҳудуди ҳозираи деҳаи Ӯзбекқишлоқ ҷойгир аст. Заминҳои кишоварзӣ дар он давра бо истифода аз оби рӯди Исфанасой ва дарёчаи Хоҷа Боқирғон, тавассути Ҷӯйборҳои Дашт, Олтиетим, Ӯрта ва Чолтош обёрӣ мешуданд.

Намунаи дигари осори таърихии ноҳия, ки айни ҳол вуҷуд дорад, манораи обии дар соли 1898 дар стансияи Драгомирово сохташуда мебошад. Аз 21-уми январи соли 1935 ноҳия номи Пролетарро гирифт ва аз соли 1994 бо номи ноҳияи Ҷаббор Расулов номгузорӣ гардид.

Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 23-юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд. Зимни ташриф бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони наву замонавии муҷаҳҳази «Файзбахш» барои 200 нафар тарбиятгирандагон, иншооти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 24 метр, корхонаи ресандагии «Органик Ян» бо 200 ҷойи кори нави доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, дар ин сана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар тӯйхонаи «Диёр» бо 100 нафар ятимони кулл мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои Президенти кишвар тақдим карда шуд.

Гуфтан бамаврид аст, ки Президенти кишвар қариб ҳамасола аз ноҳия дидан менамоянд, ки дар натиҷаи ин ташрифҳо ва қадами мубораки Пешвои муаззами миллат рушду нумуи тамоми хоҷагии халқи ноҳия бамаротиб меафзояд.

Буҷети ноҳия

Дар 6 моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,3 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ин давра нақша 38 млн 338,2 ҳазор сомонӣ буда, дар асл 39 млн 607,6 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 1 млн 269,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба маблағи 7 млн 128,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 7 млн 378,9 ҳазор сомонӣ буда, 103,5 фоизро ташкил менамояд.

Иҷроиши буҷаи маҳаллии ноҳия дар ин давра ба 25 млн 925,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 101,5 фоизро ташкил намуда, нисбат ба нақша 378,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,9 фоиз иҷро гардидааст. Нақша дар ин давра ба маблағи 30 млн 531,8 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, 30 млн 419,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сектори мақомоти идоракунӣ 99,0 %, маориф 100,0 %, тандурустӣ 100,0 %, муассисаи хоҷагии коммуналӣ 98,0 %, фарҳанг 99,0 % ва хоҷагии деҳот 100,0 % маблағгузорӣ карда шудаанд.

 Фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ

Дар ноҳия шумораи соҳибкорони хурду миёна 5068 нафар буда, аз ин шумора 456 нафар соҳибкорон дар асоси шаҳодатнома ва 2006 нафар дар асоси патент ва 2096 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мебаранд.

Барои зиёд гардонидани иқтидори иқтисодии ноҳия ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Дар ин давра аз тарафи лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар деҳот Бонки умумиҷаҳонӣ сохтмони 2 адад бинои нави маркази саломатии деҳоти “Гулхона” ва “Хитой”-ро ба маблағи 200 ҳазор доллари ИМА ба нақша гирифтааст, ки дар давоми сол ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар нуҳ моҳи аввали соли 2019 дар ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо дар ноҳия 20,9 млн доллари ИМА аз худ карда шудааст, аз он ҷумла Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” – 1,65 млн доллари ИМА, Лоиҳаи “Мубориза бар зидди бемориҳои сил” – 9,2 млн доллари ИМА, Лоиҳаи “Тиҷораткунии соҳаи кишоварзӣ” – 1,16 млн доллари ИМА, Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” – 8,63 млн доллари ИМА, Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал” – 259,8 ҳазор доллари ИМА, Лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ – 10,3 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Соҳаи саноат ва энергетика

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 87 млн 714,5 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки нисбати нимсолаи аввали соли 2018-ум 18 млн 930,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 127,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи аввали соли 2019 комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар миқёси ноҳия 79 млн 93,0 ҳазор кВт/соат қувваи барқро ба истифода додааст. Аз тарафи аҳолӣ дар ин давра 30 млн 75 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истифода бурда шуда, маблағи ҳисобшуда 5 млн 825,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки пардохти он ба 5 млн 940,9 ҳазор сомонӣ баробар буда, 102,0 фоизро дар бар мегирад.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Дар қаламрави ноҳия ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 179 млн 861,8 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз ё ин ки 16 млн 658,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия ҳамагӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 13754 га замини корам мавҷуд буда, аз он 11584 га заминҳои обӣ ва 2170 га заминҳои корами лалмӣ мебошад, ки дар ҳамаи заминҳо барои ҳосили соли 2019 киштукор гузаронида шудааст.

Дар ноҳия ҳамагӣ кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ ба майдони 7482,4 га ва ба майдони 1763 га кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки кишти зироатҳои такрорӣ ва тирамоҳӣ барои соли 2020 идома дорад.

Тибқи маълумотҳо ба майдони 656,4 га картошка, 7654,8 га ғалладонагиҳо, 5796,8 га зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 5702 га пахта, 1315,6 га сабзавот, 61,5 га полезиҳо, 2426,4 га зироатҳои хӯроки чорво ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.

Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия: ғалладонагиҳо 9509,5 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,9 фоиз, картошка 1629,6 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2 тонна зиёд, сабзӣ 66 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,3 фоиз, карам 376,7 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,5 фоиз, помидор 874 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 фоиз, бодиринг 1101,5 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 129,2 фоиз, полезиҳо 367 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,1 фоиз, меваҷот 445,1 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,9 фоиз, хӯроки чорво 3184 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,7 фоизро ташкил медиҳад.

То санаи 1-уми июли соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори моли калон 45295 сар, моли майда 63959 сар, асп 516 сар, паранда 290676 сарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116529 сар зиёд мебошад. Наслгирӣ аз моли калон 6056 сар ва аз моли майда 20065 сарро ташкил менамояд.

Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 1746,9 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,6 фоиз, шир 14240,7 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,0 фоиз ва тухм 22 млн 622,0 ҳазор дона, пилла 33,1 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,2 фоиз, асал 14 тонна истеҳсол карда шудааст.

Соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Фаъолияти сохтмончиён 9 моҳи соли 2019 асосан ба таъмири иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маишӣ равона гардидааст, ки дар ин давра ба кор андохтани фондҳои асосӣ ба маблағи 6 млн 492,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,5 фоизро дар бар мегирад. Корҳои бинокорӣ ва васлкунӣ ба маблағи 15 млн 170,8 ҳазор сомонӣ, 2,7 маротиба зиёд расонида шудааст.

Корҳои пудратӣ дар ин давра ба маблағи 1 млн 303,1 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нуҳмоҳаи аввали соли 2019 дар ноҳия корҳо нисбат ба ободонии маҳал бо авҷ идома дорад. Дар ин давра партовгоҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо, ҷӯйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 9337 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст.

Илова бар ҳамаи ин, дар ноҳия мувофиқи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳробод Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия тибқи қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз санаи 28-уми июни соли 2019, №526 ба масоҳати 0,30 га бо баландии 26,5 метр бунёд шуд. Сохтмон аз тарафи ҶДММ “Нурафзо-Б” бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 1 млн сомонӣ иҷро гардид.

Сохтмони кӯдакистони хусусӣ барои 200 нафар кӯдак аз 2-ошёна иборат буда, дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод тибқи қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз санаи 24-уми январи соли 2019, №60 ба масоҳати умумии 0,25 га сохта шудааст. Сохтмон аз тарафи ҶДММ «Корхонаи сохтмони ноҳияи Ҷаббор Расулов» бо маблағгузории соҳибкори инфиродӣ Бӯтаева Отиной ба маблағи 1 млн 300 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Фабрикаи ресандагии ҶДММ “Органик ян” дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз тибқи қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аз санаи 2-юми апрели соли 2019, №261 ба масоҳати 2,27 га ҷудо гардидааст. Сохтмон аз тарафи ҶДММ “Куркат” бо маблағгузории 35 млн сомонӣ аз тарафи сармоягузори хориҷӣ (Меҳмед Доған) ва 35 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶДММ “25-солагии Истиқлолият”, соҳибкор Ахмедов Даврон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

 Соҳаи нақлиёт

Дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 252,4 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум буда, аз он 32,8 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 6,2 км ҷумҳуриявӣ ва 213,4 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад.

Дар ноҳия дар соли 2019-ум таъмири роҳҳо 88,2 км ба нақша гирифта шуда, аз он ҷумла таъмири асосии нақша 17 км, иҷроиш 4 км ё ин, ки 23,5 фоиз, таъмири ҷории нақша 27,1 км, иҷроиш 15,7 км ё ин ки 57,9 фоиз ва шағалпӯш намудан 44,1 км, иҷроиш 29,4 км ё ин ки 66,6 фоиз буда, барои иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 млн 548,5 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёт 112,3 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 2 млн 230,9 ҳазор сомонӣ, аз соҳибкорон 3 млн 774,3 ҳазор сомонӣ ва аз аҳолӣ 1 млн 431,0 ҳазор сомонӣ маблағ истифода гардидааст.

Шуғли пурмаҳсул

Дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 2617 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 1238 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 531 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шудаанд.

Инчунин, дар ин давра 7 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ташкил карда шуда, дар натиҷа 51 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ҷалб карда шуда, 88 нафар шаҳрвандони бекор бо кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Шумораи кормандон дар давраи ҳисоботӣ 23719 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 510 нафар зиёд ё 102,1 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки музди миёнаи меҳнат дар ин давра 891,19 сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84,35 сомонӣ зиёд мебошад.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 574 нафар шаҳрвандонро ба нафақа баровардааст. Аз он ҷумла, 398 нафар бо синну сол, 34 нафар маъюбон, 15 нафар бесаробонӣ, 127 нафар тариқи нафақаи иҷтимоӣ. Ҳоло дар қайди Раёсат 12380 нафар нафақагирон мавҷуд мебошанд, ки талаботи нафақаи онҳо 3 млн 593,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ё ин ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафақахӯр дар як моҳ 290,2 сомонӣ рост меояд.

Соҳаи маориф

Дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 3703 нафар кӯдак фаъолият менамоянд. 42 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей, 1 гимназия, 40 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 27177 хонанда мавҷуд аст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 25 толорҳои варзишӣ амал мекунанд.

Натиҷаи олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ нишон дод, ки сатҳи донишомӯзии хонандагони ноҳия сол аз сол боло меравад. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 3 нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, 19 нафар барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳхат гирифтаанд.

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Хизматрасонии бистарикунонии ноҳия ҳамагӣ 475 кат буда, аз ин ба беморхонаи марказӣ 310 кат, беморхонаи минтақавии Ғӯлакандоз 115 кат, беморхонаи минтақавии Ӯзбекқишлоқ 30 кат ва беморхонаи минтақавии ба номи Т. Додобоеви деҳаи Заркор 20 кат рост меояд.

Инчунин, дар ноҳия 1 адад маркази саломатии ноҳия, 13 адад марказҳои саломатии деҳот, 18 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 4 адад марказҳои махсусгардонидашуда ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 198 нафар табибон, аз он бо маълумоти олӣ 71 нафар, кормандони миёнаи тиб 742 нафар фаъолият менамоянд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 аз буҷаи ноҳия барои соҳаи тандурустии ноҳия 5 млн 570,0 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Соҳаи фарҳанг

Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 42 адад муассисаҳои фарҳангӣ амал менамоянд. Аз он 22 китобхона бо фонди умумии 127762 нусха маҳсулоти чопӣ, 1 қасри фарҳанг, 7 хонаи фарҳангии деҳот, 7 клубҳои деҳот, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, 1 гуруҳи рақсӣ, 1 ансамбли шашмақомхонон ва 1 осорхона фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи фарҳангчиёни ноҳия 182 адад барномаҳои консертӣ пешниҳоди сокинони ноҳия гардонида шудааст.

Таъмири боғи фарҳангию фароғатии ноҳия дар соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

 Таъмини устувори экологӣ

Баҳри пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда «Нақшаи чорабиниҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2019» таҳия гардидааст.

Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Бо ҳайати комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маҷлиси машваратӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои хавфнок, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва аксияи тозагии соҳил ташкил ва гузаронида шудааст. Дар чорабини мазкур 2844 нафар шаҳрвандон ва ҳашарчиён иштирок намуда, 14,5 км ҷӯйбор, 4,4 км соҳили каналҳо, 3,8 км соҳили заҳбуру заҳкашҳо, 6,4 км соҳили селроҳаҳо тоза карда шудааст. Дар натиҷа зиёда аз 254 метр мукааб партовҳо бароварда шудааст.

Инчунин, дар сойҳои селгузари Исфанасой ва Томчисой бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 8 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шудааст.

Дар ноҳия 5 адад корхонаҳои коммуналӣ фаъолият менамоянд, ки дар як рӯз зиёда аз 35 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ бароварда мешавад.

Дар мавсими ниҳолшинонии соли 2019 аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо зиёда аз 9337 бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст, ки аз он 5430 бех навниҳолони нави арча, 3883 бех санавбар ва 24 бех кипарис мебошад.

Соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 46200 нафар мебошанд.

Дар ноҳия 4 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 20 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия ҳастанд.

Дар ҳудуди ноҳия 65 иншооти варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 37 майдончаи варзишӣ, 24 толори варзишӣ фаъолият доранд.

Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 108 медали тилло, 125 медали нуқра ва 190 медали биринҷӣ гардидаанд.

Дар соли равон дар ноҳия 1 адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Соҳаи сайёҳӣ

Ноҳияи Ҷаббор Расулов асосан дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Дар фаслҳои баҳору тобистон сокинон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф барои сайри лола меоянд ва дар ноҳия баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин, истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолият», ки дорои 5,8 га масоҳат мебошад, дар ҷойи хушманзара воқеъ аст ва барои истироҳаткунандагон омода буда, дорои 8 биноҳои дуошёнаи тариқи аврупоӣ сохта шудаанд, ҳамеша омодааанд, ки барои сайёҳон хизмат намоянд. Дар ноҳия 1 адад меҳмонхона бо номи «Салимбек» фаъолият менамояд, ки дар шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст.

Дар ноҳия 3 адад мавзеъҳои сайёҳӣ мавҷуд буда, аз он ҷумла «Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон ба номи 20-солагии Истиқлолият» дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, қалъаи «Хитойреза» дар ҷамоати деҳоти Сомониён ва қасри фарҳанги «Гулистон» дар шаҳраки Меҳробод ҷойгир мебошанд.

Дар ноҳия 2 адад истироҳатгоҳ – осоишгоҳ мавҷуд буда, аз он ҷумла «Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон ба номи 20-солагии Истиқлолият» ва ҶДММ «Гипократ» ва 2 адад осорхона, хона-осорхонаи Бобохон Ҳамдамов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз мавҷуд аст.

Дар ноҳия як адад ширкати сайёҳӣ – ҶДММ «Роҳи сафед» фаъолият намуда, 22 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 3 адад банкоматҳо барои хизмати бонкӣ, 1 адад гестҳаус (меҳмонхона) дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, 2 адад мағозаҳои армуғонҳо дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва 3 адад зиёратгоҳҳо, инчунин 1 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳраки Меҳробод фаъолият менамояд.

Инчунин, дар ноҳия 1 адад ҶДММ бозори Ашроф, тарабхонаҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ барои қабул дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон омода мебошанд.

 Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Ҷаббор Расулов бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 75 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода, “таъриху давлату давлатдории миллати тоҷик, ки яке аз куҳантарин миллатҳои сайёра мебошад, беш аз 5-ҳазорсоларо дар бар гирад ҳам, вале тӯли ин таърихи дурудароз барои ин миллат хизмати Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро касе накардааст. Маҳз Пешвои муаззам буданд, ки тамоми институтҳои давлатдориро аз сифр бунёд намуда, то охирин гурезагони иҷбориро ба Ватан оварданд ва ваҳдати саросарӣ, бунёди даҳҳо нақбу ҳазорон километр роҳҳои байналмилалӣ, бунёди НБО-и “Роғун, бунёди калонтарин корхонаҳои саноативу ҳазорон-ҳазор га боғоту токзорҳо, инчунин сохтмони ҳазорон муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустиву фарҳанг – ин аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат мебошад”.

 

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь