Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Ҷаббор Носирзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: “Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус изҳор доштанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маорифсармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки беш аз пеш баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.

Ҷаббор Носирзода ҳамчунин, қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки соҳаи саноатро рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро гузошта бошем”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуд ва дар айни замон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав баҳри сазовор пешвозгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама ҷониба фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст”.

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ба роҳ монда, ҳар ҳафта дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ аз тарафи раиси ноҳия қабули сайёри муроҷиатҳои шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 155 нафар шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия қабул карда шуданд. Доир ба иҷрои муроҷиатҳо супоришҳои мушаххас дода, баҳри ҳалли проблемаҳо саривақт чораҷӯӣ карда шудааст.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми семоҳаи якуми соли 2022 панҷсаду нуздаҳ нафар шаҳрвандон ба тариқи хаттӣ муроҷиат намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 чорсаду ҳаждаҳ адад кам мебошад.

 Таниҷагирӣ

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки тибқи маълумоти расмии оморӣ дар ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2022 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия 86 млн 579 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 105% баробар гардидааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3 млн 969 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 132%, кишоварзӣ 104%, сармоягузорӣ 169%, гардиши савдои чакана 94% ва хизматрасонии пулакӣ 106%-ро ташкил менамояд.

Бо мақсади рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт дар ноҳия «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025» таҳия гардида, аз 190 лоиҳа иборат буда, 382 млн 250 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,4% таъмин карда шуда, ба ҷои 9 млн 705 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 9 млн 941 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 236 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2022 1 млн 228 ҳазор сомониро ташкил менамуд. Ба ҳолати 01.04.2022 бақияи қарзи андоз 1 млн 131 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ қарзи андозҳо 97 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Соҳибкорӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар самти рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ ба 2921 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 48 адад зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ 579 адад бо патент ва 355 адад бо шаҳодатнома фаъолият намуда, 1719 ададашро хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва 268 ададашро шахсони ҳуқуқӣ ташкил менамояд.

Хароҷоти буҷетӣ

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ 92,4% таъмин гардид, ки маблағи умумии он 14 млн 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нақшаи маблағҳои субвенсионӣ 6 млн 465 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 100%-ро ташкил медиҳад.

Қисми хароҷоти буҷет ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҳудуди ноҳия 14 млн 250 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Саноаткунонӣ ва рушд

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки саноатикунонии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии кишвар ба шумор рафта, дар давраи ҳисоботӣ теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 21 адад расонида шуда, асосан дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокии машруботӣ, маҳсулотҳои нафтӣ, оҳан ва маводҳои сохтмонӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар семоҳаи якуми соли 2022 корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 10 млн 914 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли муқоисавӣ 2 млн 646 ҳазор сомонӣ, ё 132% зиёд мебошад.

Аз маблағи умумӣ ҳиссаи саноати коркард 6 млн 588 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164% зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ се корхона ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар ин давра 27 ҳазор дона хишти сементӣ, 6441 метри мукааб қуму сангреза,  255 дал шароб, 775 дал арақ, 9,3 тонна маҳсулоти ширӣ, 211,8 тонна гӯшти мурғ, 236 тонна комбикорм барои паранда, 36,8 ҳазор метри тӯлонӣ сақфҳои ороишӣ, 5 тонна равғанҳои молиданӣ, 3,6 тонна сарпӯши қубур ва панҷараҳои канори роҳ истеҳсол карда шуд.

Аз барқ то роҳи нақлиёт

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 шабакаи барқи ноҳия 29 млн 9 ҳазор кВт/соат қувваи барқ қабул намуд. Қабули барқи ҳисобшуда дар ин давра ба 21,2 млн кВт/соат баробар гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2021 3,8 млн кВт/соат, 15,2% кам гаштааст. Маблағи  ҳисобишуда 5 млн 532 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз он 4 млн 690 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд.

Масоҳати роҳҳои дар тавозуни муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия қарордошта 95,25 км-ро ташкил медиҳад. Аз он роҳҳои байналмилалӣ 11,75 км, роҳҳои ҷумҳуриявӣ 13,9 км, роҳҳои маҳаллӣ 69,6 км мебошад. Дар тавозуни муассиса 33 пул ба дарозии умумии 307,5 метри тӯлонӣ, қубур ба дарозии 2356 метри тӯлонӣ ва 416 адад аломатҳои роҳ, 7 адад техникаҳои роҳсозӣ мавҷуд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмир ва барқароркунии роҳҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ 94,9 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ 34,5 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Кишоварзӣ ва чорводорӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ бо нархҳои ҷорӣ 32 млн 33 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба 103,9% баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 189 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2022 дар соҳаи растанипарварӣ ба маблағи 117,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Майдони кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар ҳосили соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1932 га-ро ташкил менамояд. Аз он дар майдони 313 га зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгӣ, 998 га зағер, 41 га маъсар, 201 га картошка, 344 га  сабзавот, 3 га сабзавоти тухмӣ, 32 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 39,2 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.

Дар се моҳи аввали соли 2022 7,4 гектар боғу токзор барқарор карда шудааст, ки аз он 1,4 гектар боғ, 6 гектар токзор мебошад.

Дар ин давра дар соҳаи чорвопарварӣ 31 млн 916 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 103,9%5 буда, 1 млн 188 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 28106 сарро ташкил менамояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 152 сар зиёд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 14 сар зиёд мебошад. Саршумори гӯсфанду буз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 50549 сарро ташкил менамояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1083 сар зиёд мебошад, саршумори мурғ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 423,3 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 53 ҳазор сар зиёд аст. Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 381,2 ҳазор сар мурғ мавҷуд аст.

Саршумори асп 514 сар, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15 сар зиёд мебошад. Занбӯри асал дар ин давра ба 3402 оила расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 оила зиёд аст. Ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов 479 киллограмро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 2 кг зиёд  аст.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 837 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 54 тонна зиёд мебошад.

Истеҳсоли шир дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 3281 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,9 тонна афзоиш ёфтааст.

Дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дарозии шабакаҳои обёришаванда 144 км, дарозии заҳбуру заҳкашҳо 44 км, дарозии селпартоҳо 50 км-ро ташкил медиҳад. Чор адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола тоза кардан ва таъмиру барқарорсозии онҳо баҳри таъмини аҳолӣ бо об зарур аст. Дар ноҳия 853 га заминҳои шартан обёришаванда вуҷуд дорад, ки аз он 407 га байнихоҷагӣ ва 446 га дар дохилӣ хоҷагиҳо бо пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳолати мелиоративии 42 га заминҳои корам беҳтар карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар ин самт 50 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра ба маблағи 84,7 ҳазор сомонӣ наҳру заҳбурҳо тоза карда шуд.

Маориф

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернат, осоишгоҳи касалиҳои сили “Қаратоғ” ва 2 литсейи хусусӣ 26411 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз ин шумора 12982 нафарашон духтарон мебошанд. Айни ҳол дар ноҳия 3 муассисаи томактабии давлатӣ бо теъдодӣ 369 нафар кӯдакон дар 12 гуруҳ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ бо теъдоди 212 нафар кӯдак дар 9 гуруҳ фаъолият менамояд.

Шумораи омӯзгорон 1601 нафар аз онҳо 1294 нафар зан мебошанд. Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар семоҳаи аввали соли 2022 ба пуррагӣ пардохт карда шудааст.

Аз 1-уми марти соли 2022 бақайдгирии довталабон ба Маркази миллии тестӣ оғоз гардида, то имрӯз ба Маркази миллии тестӣ аз 1137 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 518 нафар довталабон ҳуҷҷат супориданд, ки 45,5%-ро ташкил медиҳад. Аз қайдгузарии довталабон ба Маркази миллии тестӣ то 30.04.2022 идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Тибқи Барнома дар муассисаҳои таълимии ноҳия 22 кабинети фаннӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд, ки аз ин 17 кабинет ба фанҳои дақиқ таалуқ дорад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 673 компютер, 91 принтер, 19 видеопроектор, 4 тахтаи электронӣ мавҷуд аст.

Сохтмону барқарорсозии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Айни ҳол сохтмони 50 синфхонаҳои нави иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, сарпарастон, соҳибкорон идома дорад. Сохтмони бинои нави таълимии МТМУ №41 иборат аз 8-синфхона аз ҳисоби Сафоратхонаи Ҷопон ва Литсей барои 640 нафар хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои Фонди Саудии Рушд дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим 255 нафар хонандагон, ки 76 нафар духтарон таҳсил менамоянд.

Дар муассисаи давлатии Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи “Қаратоғ” 122 нафар ба таълиму тарбия ва табобат фаро гирифта шудаанд. Барои таълиму тарбияи онҳо 22 нафар омӯзгорону мураббиён фаъолият менамоянд.

Тандурустӣ

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ нақши муҳим дорад. Беморхонаи марказӣ аз сохтори госпиталӣ ва сохтори КАТС иборат аст. Дар Беморхонаи марказии ноҳия 46 нафар табибон, 230 нафар ҳамшираҳои шафқат ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Сохтори КАТС аз 20 маркази саломатии деҳотӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ ва 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ иборат мебошад. Дар самти фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 73 нафар табибон, аз он ҷумла 38 нафар табиби оилавӣ ва 244 нафар  кормандони миёнаи тиб, аз он ҷумла 167 нафар ҳамшираи оилавӣ фаъолият доранд. Дар семоҳаи аввали соли 2022 9-нафар табибон, 25-нафар ҳамшираҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020, №АП-1365 дар муассисаҳои тандурустии ноҳия комиссияи махсус фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо усули хона ба хона ҳамаи хоҷагии аҳолии ҳудуди ноҳия якчанд маротиба боздид карда шуда, ба онҳо оид ба роҳҳои пешгирӣ, интиқол ва сироятёбӣ аз ин беморӣ фаҳмонида шуда, буклетҳо ва огоҳномаҳо тақсим карда шуд.

Эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии короновирус аз санаи 27.07.2021 оғоз гардида, шумораи гуруҳҳои мақсадноке, ки бояд бо ваксина фаро гирифта шаванд 73510 нафарро ташкил медод.

Дар муассисаҳои зертобеи КАТС сохтмони як Маркази саломатии деҳотии дуошёна, дорои 18 ҳуҷра дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо дастгирии соҳибкори ватанӣ ба анҷом расонида, ҳамаи ҳуҷраҳо ба оби қубурӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи дурдасти Долони Ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов ва деҳаи Савдаи Ҷамоати деҳоти Боғистон бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ ду бунгоҳи тиббӣ иборат аз 3 ҳуҷрагии корӣ сохта шуда, корҳои рангуборкунии он дар арафаи анҷомёбист.

Ғамхорӣ ва таъмини ҷои кор

Дар фарҷоми суҳбат мавсуф қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати расонидани кӯмак ба ятимону бепарасторон, шахсони бемору маъюб ва оилаҳои ниёзманд сармашқи корӣ худ қарор дода, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷамъ ба маблағи 198 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 16 нафар корҷӯён соҳиби ҷои кор гардиданд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 246 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки 12 нафарашон дар корхонаю ташкилотҳо, 21 нафар тавассути қарзҳои имтиёзнок ва 213 нафар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба корҳои хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь