Иҷрои буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3941,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 179,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар 11 моҳи соли 2022 ба буҷети маҳаллии вилоят 2327,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёд иҷрошавӣ 73,8 миллион сомониро ташкил дод, ки баробари 103,3 фоизи нақша мебошад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2295,95 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2293,1 миллион сомонӣ таъмин карда шуд.

Дар 11 моҳи соли 2022 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 838,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 859,6 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 102,6 фоизи нақша мебошад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 11 моҳи соли 2022 ба 13879,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3716,0 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 103,1 ва 110,8 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ба 2840,7 миллион доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 140,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 1892,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 409,7 миллион доллар ё 27,6 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 948,0 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 408,9 миллион доллар ё 1,8 баробар зиёд мебошад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 83428 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 696082 тонна семент ба маблағи 21,6 миллион доллари ИМА содирот шудааст.

Содироти нахи пахта нисбати ҳамин давраи соли пешин 1031 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ 29643 тонна нахи пахта ба фурӯш бароварда шуда бошад ҳам, аз ҳисоби болоравии нархи бозори ҷаҳонӣ маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада 10,9 миллион доллар афзуда, 73,3 миллион долларро ташкил намудааст.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 20,57 миллион доллари ИМА 1330 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,4 миллион доллари ИМА ва 248 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 1,77 миллион доллар 536 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 36,7 миллион доллари ИМА 128193 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 13,5 миллион доллар зиёд аст. Ҳиссаи хушкмева ва пиёз дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ мутаносибан 38,1 ва 48,6 фоизро дарбар гирифта, дар ин давра 48800 тонна хушкмева ба маблағи 24,64 миллион доллар ва 62249 тонна пиёз ба маблағи 6,3 миллион доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 1,9 миллион доллари ИМА афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 10813 тоннаро ба маблағи 10,56 миллион доллар ташкил намудааст.

Воридоти гӯшти паранда дар заминаи тавсеа ёфтани иқтидорҳои дохилӣ тадриҷан коҳиш ёфта, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 587 тонна гӯшти паранда ба маблағи 1,75 миллион доллар ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1385 тонна кам аст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 54289 тонна, чӯбу тахта 18888 метри мукааб, таҷҳизоти саноатӣ ба маблағи 23 миллион доллар ба ҳисоб гирифта шуда, дар 11 моҳи соли 2022, дар маҷмӯъ, 230049 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 192,6 миллион доллар, 318298 метри мукааб чӯбу тахта ба маблағи 67,7 миллион доллар ва ба маблағи 108 миллион доллар таҷҳизоти саноатӣ ба қаламрави гумрукии вилоят ворид карда шудааст. Воридоти гази моеъ 26072 тонна коҳиш ёфта, ҳамагӣ воридоти 306896 тонна гази моеъ ба маблағи 151,4 миллион доллар ба қайд гирифта шудааст.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 11 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 14481,2 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 10669,6 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 3811,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,6 фоиз, 116 ва 117,3 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2022 дар масоҳати 279768,0 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.

Масоҳати кишти полезиҳо 3960,0 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати кишти зироати асосӣ, яъне пахта дар майдони 57159,0 гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2021 ба масоҳати 7481,0 гектар зиёд мебошад.

Дар соли 2022 кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 30100 гектар, аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ҷамоавию деҳқонӣ масоҳати 19362 гектар пешбинӣ шудааст, ки аз масоҳати кишти такрории соли 2021-ум 2500 гектар ё 10 фоиз зиёд аст. Тибқи ҳисоботи кишти такрорӣ, ки санаи 1-уми сентябр ҷамъбаст мегардад, дар соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар масоҳати 23385 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки баробари 120,8 фоизи дурнамо мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 389080,7 тонна, аз ҷумла, гандум 173477,6 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2021 мутаносибан 69401,1 ва 37263,1 тонна зиёд мебошад.

Дар соли 2022 тибқи дурнамо бунёди 230 гектар боғу токзор пешбинӣ гардида, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 880,5 гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки нисбат ба дурнамо 3,8 баробар зиёд мебошад. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.

Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 570 гектар назардошт шуда, амалан дар масоҳати 943,4 гектар боғу токзор барқарор карда шуд, ки 165,5 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби буҷети вилоят дар соли 2022 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 5497 гектар замин 5094,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ бо сарфи 4662,7 ҳазор сомонӣ, ҳолати мелиоративии 5497 гектар замин беҳтар карда шуд, ки 100 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад.

Саноат ва энергетика

Ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 11 моҳи соли 2022 ба миқдори 4505,1 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 118,9 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 42192,5 тонна нону маҳсулоти нонӣ ва ба миқдори 4719,9 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 105 ва 113,5 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 10,1 миллион декалитр ва консерваҳо ба 30,1 миллион қуттии шартӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 132,2 ва 100,9 фоизро ташкил намудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ, аз қабили қубурҳои металлӣ ба андозаи 9504,9 тонна бо суръати афзоиши 133,9 фоиз, бетони сохтмонӣ 36,7 ҳазор метри мукааб ё 121,5 фоиз, зарфҳои шишагин ба ҳисоби 0,5 литр 13470,9 ҳазор дона ё 118,2 фоиз, қубурҳои асбестӣ 19,7 ҳазор метр ё 129,8 фоиз, тахтаҳои асбестӣ (шифер) 13237,5 ҳазор тахтаи шартӣ ё 40,6 баробар, профилҳои плас-тикӣ 2242,9 тонна ё 150,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 58,6 миллион дона ё 128,7 фоиз, полиэтилен (плёнка) 5,1 тонна, ватин 20261,7 метри мураббаъ, қолаби зарфи пластикӣ 109 миллион дона ё 173 фоиз, мех 1211,0 тонна ё 194 фоиз ва бозичаҳои кӯдакона 2013,1 ҳазор дона бо суръати афзоиши 138 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 848 корхона, аз ҷумла, 789 корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсолот ва 59 корхона дар самти хизматрасонӣ ба қайди расмӣ гирифта шуда, аз ин шумора 733 корхона ё 86,4 фоиз фаъолият намуд. Намуди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаю коргоҳҳои саноатии вилоят ба 248 номгӯй расонида шуд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 700 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо зиёда аз 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ, давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 16 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 323 ҷойи нави корӣ, 3 корхонаю коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар вилояти Суғд 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла, ҶДММ “Ангубин” (ҶСП «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Органик Ян» ва ҶСП «Сомон гурӯҳ» бо иқтидори солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошанд.

Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2022 дар вилоят 4196,7 миллион кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 1109,0 миллион сомонӣ истифода шуда, пардохти маблағи он 1024,5 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки 92,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 349,8 миллион сомонӣ барқ истифода шуда, пардохт 341,8 миллион сомонӣ ё 97,7 фоиз таъмин гардидааст.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 809,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1540,8 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 120,3 ва 122,2 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1836,3 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 126 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 484,2 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 79,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 3084 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 100 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 120 кат дар беморхона ва барои 60 қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли мех ва мехҳои печони ҶДММ “Нуртез” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ “Ганҷофар” бо 30 ҷойи корӣ, хатти дуюми истеҳсоли коғаз дар ҶДММ “Дурахшон Бӯстон” бо 20 ҷойи корӣ, дар минтақаи саноатии шаҳр, бинои маъмурии филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, коргоҳи дӯзандагӣ бо 60 ҷойи корӣ, дар заминаи КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон, корхонаи истеҳсоли зарфҳои полиэтилении ҶДММ “Тоҷир пласт” бо 25 ҷойи корӣ, корхонаи мебелбарории соҳибкор Абдурозиқ Қаҳҳоров “Ситораи Суғд” бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли ширеши ҶДММ “Ширеши тоҷик” бо 30 ҷойи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои иҷтимоии 45-ҳуҷрагӣ бо чойхона ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бинои Маркази адлия ва Боғи фарҳангию фароғатии “Темурмалик” дар шаҳри Гулистон, бинои иловагии таваллудхонаи шаҳрии Панҷакент барои 80 кат, муҷассамаи “Рамзи китоб” бо баландии 14 метр, бинои боғчаи бачагона барои 400 нафар, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 барои 462 хонанда дар як баст, иншооти варзишии “Қасри паҳлавонон”.

Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Деваштич як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда дар заминаи ҶДММ “Хубҷамъ Инвест” бо 40 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли шишаи сохтмонии ҶДММ “Шишасохтмон” бо 40 ҷойи корӣ, сардхона бо иқтидори 1000 тонна дар МД “Боғи миллии Ваҳдат”, гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 5 гектар тибқи стандарти “Евро-6” дар ҶДММ “ММК Агро” бо 70 ҷойи корӣ, Маркази саломатии деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов бо 40 ҷойи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Қасри паҳлавонони “Суғдиён” бо 10 ҷойи корӣ, толори варзишии соҳибкори маҳаллӣ Х.Сайфиддинов бо 10 ҷойи корӣ, маркази қолинбофии соҳибкор П.Сатторқулов бо 20 ҷойи корӣ, коргоҳи коркард ва бандубасти ҳуч ва қурут дар заминаи  ҶДММ “Меваҳои ҳазорчашма” бо 10 ҷойи корӣ, маҷмааи хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии соҳибкор А.Раҳмонбердиев бо номи “Малика” бо 20 ҷойи корӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои 1240 хонанда дар ду баст ва хатти таъминоти оби нӯшокӣ барои 9000 нафар аҳолии деҳоти Ғазантарак дар ноҳияи Деваштич, бинои иловагии осоишгоҳи “Соҳил” бо 15 ҷойи корӣ, сехи дӯзандагӣ ва коргоҳи пойафзолбарории соҳибкор Ҷаннатой Абдалиева бо 35 ҷойи корӣ, бинои 3-ошёнаи Нозироти андоз дар шаҳри Гулистон, бинои 4-ошёнаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, коргоҳи коркарди санг дар заминаи ҶСП “Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ” бо 30 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ҶДММ “Азияполитекс” бо 300 ҷойи корӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, бинои нави МТМУ №28 барои 1280 хонанда дар ду баст дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмони олиқадр ифтитоҳ ёфтанд.

Маориф ва илм

Дар соли таҳсили 2022-2023 мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 278 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 205 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 44713 кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд.

Дар 11 моҳи соли 2022 дар вилоят 43 иншооти соҳаи маориф бо 12308 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 429 синфхона бо 11098 ҷойи нишаст, 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1210 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Бинои МТМУ №7 бо 420 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ашт, мактаби байналмилалии “Контакт интернешнл” бо 800 ҷойи нишаст дар шаҳри Исфара, бинои иловагии МТМУ №15 барои 840 ҷойи нишаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бинои МТМУ №65 бо 640 ҷойи нишаст, МТМА №49 бо 240 ҷойи нишаст дар шаҳри Панҷакент, бинои МТМУ №28 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи таҷлили ҷашнҳои миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр ифтитоҳ шуданд.

Шумораи омӯзгорони вилоят 37662 нафар, аз ҷумла, занон 26329 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 32183 нафар бо таҳсилоти олӣ, 1397 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 4102 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус фаъолият мебаранд. Шумораи омӯзгорони дорои маълумоти олӣ сол аз сол афзуда, дар оғози соли нави хониш ба 85,4 фоизи шумораи умумии омӯзгорон расонида шудааст.

Дар соли хониши 2022–2023 эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят 796 нафар муайян шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1138 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз ҳисоби буҷет таҳсил намудаанд, роҳхат дода шуда, 800 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҳозир шуданд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 17191 нафар хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, 275 нафар тибқи Квотаи Президентӣ, 2574 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи наздик ва 64 нафар ба муассисаҳои олии хориҷи дур дохил шуданд, ки ҳамагӣ 20104 нафарро ташкил намуда, 59,4 фоизи шумораи умумии хатмкунандагонро ташкил медиҳад.

Соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 4356 нафар омӯзгорони фанни забони давлатӣ фаъолият дошта, аз онҳо 3881 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 160 нафар бо таҳсилоти олии нопурра ва 315 нафар бо таҳсилоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба таълиму тарбия машғуланд.

Дар оғози соли таҳсили 2022-2023 дар 946 муассисаи таълимии вилоят 3145 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 2708 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият доранд.

Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ» дар шаҳри Бӯстон бо 5 ҳазор сомонӣ, Литсейи физикӣ-математикии шаҳри Хуҷанд бо 3 ҳазор сомонӣ маблағи пулии яквақта ҳавасманд карда шуданд. Ҳамзамон, 8 нафар хатмкардаи муассисаҳои таълимии вилоят аз шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки муассисаҳои таълимиро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра хатм намуданд, ҳар яке бо ҳазор сомонӣ мукофотпулии яквақта қадр карда шуданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм–фурӯғи маърифат” 73 нафар ширкат варзида, 18 нафар, аз ҷумла сазовори ҷойҳои якум 3 нафар, дуюм 6 нафар ва сеюм 9 нафар дониста шуданд. Илова бар ин, 13 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тандурустӣ

Дар вилоят 934 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла, 135 муассисаи сохтори госпиталӣ, 799 муассисаи сохтори КАТС, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонида ва 292 муассисаи ғайригоспиталии хусусӣ бо назардошти намояндагиҳо фаъолият доранд.

Ба аҳолии вилоят 5150 табиб ва 17854 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд. Аз ҷумла, 2623 нафар ё 50,5 фоизи табибон ва 6820 нафар ё 38,2 фоизи кормандони миёна дорои дараҷаи тахассусии касбӣ мебошанд. Аз ҷумла, 6 доктори илми тиб ва 74 номзади илми тиб фаъолият доранд.

Дар вилоят нишондоди таъминот бо табибон ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ ба 19 ва бо кормандони миёна ба 65,4 баробар мебошад.

Баъди хатми омӯзиши интернатура ва ординатураи клиникӣ 248 нафар табиб, аз ҷумла, 110 нафар мутахассиси ҷавон бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд.

Ҷиҳати пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони соҳаи тибби вилоят як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ якҷо бо шуъбаҳои сироятии беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо бо 1030 кат фаъолият дошта, барилова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муассисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд.

Сайёҳӣ

Ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилооти соҳа сомонаи сайёҳии вилоят www.welcomesugd.tj фаъол гардида, бо 5 забон маводи зарурӣ ҷойгир карда шуданд. Барои манзур кардан ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ харитаи сайёҳӣ, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят “Туризм и ремесло” (Северный Таджикистан) бо забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардид. Инчунин, маҷаллаи “Tajikistan`s guide” дар таҳрири нав аз чоп бароварда шуд.

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3264 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 638 адад кам аст. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳо 771 адад шифоҳӣ, 2383 адад хаттӣ, 17 адад аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 93 адад тавассути “Viber” ворид шудаанд.

Аз муроҷиатҳои воридгардида 708 адад ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замин, сертификати ҳуқуқи истифодабарӣ, баҳси замин ва ҷудокунии саҳм вобаста буда, муроҷиатҳои марбут ба гирифтани кӯмаки моддию молиявӣ 358 адад, таъмири роҳ, нақлиёт ва алоқа 73, таъмин шудан бо манзил 379, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмон 171, масъалаҳои вобаста ба манзил ва баҳси манзил 133, муаммои соҳаҳои маорифу илм 104, фарҳангу маданият 73, таъминот бо ҷойи корӣ 39, нафақа 26, сафари ҳаҷ 6, нигаҳдории тандурустӣ ва таъминот бо доруворӣ 21, иқтисод, молия ва савдою соҳибкорӣ 44, таъминот бо оби нӯшокию полезӣ 161, ҳимояи ҳуқуқ 312 ва дигар муроҷиатҳо 656 адад ба қайд гирифта шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь