Агар дар Тоҷикистон силсилаи китобҳои “Ҳаёти одамони наҷиб” (“Жизнь замечательных людей”) ба нашр мерасид, китоби ҳаёту рӯзгори арбоби намоёни фарҳангу ҳунар, филмбардори маъруф устод Заур Дахте бидуни шак беҳтарин ва хонданитарин китобе аз ин силсила мебуд.

Аз сарнавишт шукргузорам, ки бо ин марди наҷибу инсони шариф беш аз чиҳил сол аст, ки риштаи дӯстию ошноӣ бастаем. Дарвоқеъ, рафоқату шиносоӣ бо Заур-ака неъмат аст, саодат аст, шодӣ аст, сурур аст ва кайфияти қалбу руҳ аст, зеро сиришти ӯ саропо меҳру шафқат аст, яъне ӯ як муҷассамаи ишқ аст ва ин байтҳо гӯё барои чунин инсонҳо суруда шуда:

Эй, ки мепурсӣ, нишони ишқ чист?

Ишқ чизе ҷуз зуҳури меҳр нест.

Ишқ, яъне мушкиле осон кунӣ,

Дарди як дармондае дармон кунӣ…

 Аз хонандаи азиз хоҳишмандам ин навиштаҳои маро қофияпардозиву суханбозӣ мапиндорад. Барои исботи гуфтаҳоям ҳамин далел кофист, ки тамоми аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик Заур-акаро мешиносанд, ӯро дӯст медоранд ва барояш эҳтиром қоиланд. Албатта, муҷиби ин ҳама ихлосу эҳтиром фазилатҳои накӯи инсонии худи Заур Рустамович мебошад.

Дар мавриди фаъолияти эҷодӣ, истеъдоду ҳунар, касбияти баланду маҳорати филмбардорӣ ва осори ӯ ҳама медонанду борҳо навиштаанд ва гуфтаанд.

Дар иҷрои вазифаю рисолати хеш кам касоне ҳастанд, ки мисли Заур-ака масъулиятшиносу фидоии кори худ бошанд. Ӯ бо садоқату сарсупурдагӣ барои фарҳанги тоҷик, барои рушди синамои миллии мо хидмати бузургу пурарзише кардааст, ки барои наслҳои имрӯзу фардо беҳтарин намунаи ибрат мебошад.

Ҷасорату навҷӯиҳои Заур-ака ҳангоми таҳияи мустанади “Маҳалли зиндагиаш, осмон” (“Прописан в небо”) дар бораи варзишгари машҳури тоҷик Юрий Баранов, ки дар паридан бо чатр ё парашют дар ҷаҳон назир надошт, чун қиссаи ҷолиби шуҷоату нотарсии ӯ вирди забонҳо гардида буд.

Агар ба феҳристи осори Заур Дахте чашмандози мухтасаре бикунем, дармеёбем, ки ӯ чӣ андоза ба Тоҷикистон ва ба мардуми ин кишвар дилбастагиву муҳаббат дорад. Ӯ бо тамоми ҳастияш ошиқи Тоҷикистон, ошиқи табиати ин сарзамини биҳиштосо, ошиқи фарҳангу тамаддуни бостонии диёри мо, ошиқи халқи заҳматқарину меҳмоннавози тоҷик мебошад ва ҳама муҳаббату эҳтироми самимии худро ба ин Ватану миллати куҳанбунёди он тавассути филмҳои офаридааш бо нигоҳи шоиронаву ошиқона чун фарзанди содиқу сарсупурдаи ин диёр рӯи пардаи синамо овардааст.

Мустанадҳои дар солҳои мухталиф офаридаи ӯ ба мисли: “Ҳама чиз барои шумо”, “Ҳамзамонони мо”, “Санъати Тоҷикистон”, “Бозтоб”, “Имрӯз ва ҳар рӯз”, “Ҷашнвораи кинои тоҷик”, “Ҳамнафаси бод”, “Бузургдошти Сино”, “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Мирзо Турсунзода”, “Боқии мо”, “София Тӯйбоева”, “Ҳофизи Шерозӣ”, “Маликаи мо”, “Норак бидуни ҳамоса”, “Қадам ба манзили худ”, “Накӯкорӣ”, “Сарчашмаҳо”, “Хушбахтии ҳаёти шахсӣ”, “Қатрае аз баҳр”, “Ҳамнафаси бод”, “Устод”, “Чӣ ҳол доред?”, “Ҳамдиёрон”, “Таърихи хотира”, “Заминларза”, “Иқдом ба рӯзи хушбахтӣ”, “Дасти рости устои бузург”, “Ба хотири кӯдакӣ” ва ғайраҳо бо номҳои зебову шоиронаи худ фарогири мавзӯъҳо ва ҷанбаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва рӯзгори одамони наҷиби он мебошанд. Дар филмҳои “Малика”, “Ҳофизи Шерозӣ”, “Пайванди осмон” ва “Мусоҳиба” на танҳо ҳунари хоси филмбардорӣ, балки ҳамзамон ҳунару завқи баланди коргардонии ӯ низ бармалост.

Заур-ака ба сифати филмбардори таҳиягар дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи синамои тоҷик як зумра филмҳои пурарзиши бадеӣ, ба мисли “Вохӯрӣ дар назди масчиди кӯҳна”, “Роҳҳо тафовут доранд”, “Чор нафар аз Чорсанг”, “Дуруд, одами нек”, “Паланг дархост мешавад”, “Шераки ҷасур”, “Буд набуд дар синфи як”, “Одам пӯст иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб”-ро басо ҳирфаӣ ва бо масъулияти баланди эҷодӣ сабт кардааст.

Хуб ба ёд дорем. Солҳои шӯравӣ дар толорҳои синамо қабл аз оғози намоиши филмҳои бадеӣ маҷаллаҳои кӯтоҳи синамоӣ (киножурналҳо) нишон дода мешуданд, ки дар ин шумор силсилаи маҷаллаҳои мазҳакавии синамоии “Тоҷикфилм” бо унвони “Фитил” басо мароқангезу нишонрас буданд. Дар ҳар як шумораи навбатии “Фитил” бо ҳаҷви тунду ҳадафрас камбудиву норасоиҳои ҷомеа, корхонаву идораҳо, ашхоси масъулу мансабдор, масоили доғи рӯз зери тозиёнаи танқид гирифта мешуданд ва дар асари он ҳатман гунаҳкорону зарароварони хоҷагии халқ ба ҷазои аъмолашон мерасиданд. Дар ин амри шоиста хидмати Заур-ака ҳамчун филмбардору коргардон ва тасвиргари сужаҳои аҷоиби киномаҷаллаи “Фитил” (“Тори оташ”) баҳри ислоҳи норасоиву ноҷуриҳои ҷомеа басо бузург буд.

Дар таҳияву мураттаб кардани силсилаи филмҳои ҳуҷҷатии “Тоҷикистони шуравӣ” саҳми Заур Дахте хеле назаррас арзёбӣ мешуд.

Бино ба таҳлилҳо ва гуфтаи синамошиносон ва мутахассисони соҳа Заур Дахте ҳангоми филмбардорӣ ҳеҷ гоҳ аз услубу шеваи осону муқаррарӣ кор намегирифт. Ӯ бо роҳи ҷустуҷӯву навовариҳо барои боло бурдани арзишҳои ҳунариву бадеии филм кадр (саҳна)-ҳои мушкилу печидаеро хеле моҳирона рӯи навор овардааст, ки муҳтавову сужаи асари синамоиро хеле ҷаззобу шавқангез кардаанд.

Хидматҳои шоёну пурарзиши ӯ бо унвони Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон ва бисёр ҷоизаву мукофотҳои ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди шуравӣ қадрдонӣ шудааст. Вале Заур-ака беҳтарин унвону ҷоизаро барои худ дар меҳру ихлоси халқи тоҷик, муҳаббату самимияти мардуми Тоҷикистон дарёфтааст. Албатта мусаллам аст, ки сазовор гаштан ба эҳтирому обрӯ дар ҷомеа аз худи шахс, аз хислату рафтор ва феълу атвори худи ӯ вобаста аст.

Заур Дахте баъди фориғ шудан аз парваришгоҳ (Хонаи кӯдакон)-и байналмилалии бачагонаи шаҳри Ивановои Русия (аз соли 1959) тақдиру сарнавишти худро комилан ба Тоҷикистон, ба синамою фарҳанги тоҷик пайваст…

Дар масири ошноиву дӯстие, ки бо Заур-ака доштам, тақдир маро дар раванди таҳияи филми “Пайроҳаи қисмат” (Камоли Хуҷандӣ) қариб  панҷ моҳ дар шаҳрҳои Хуҷанду Исфара, Конибодому Қайроқум ва Истаравшан бо ин инсони шариф қарину ҳамнишину ҳамсуҳбат гардонид. Ин панҷ моҳ дар саҳифаҳои рӯзгори ман рангинтарин, ҷолибтарин, пурифтихору пурҳикматтарин сафаҳоте буданд, ки бешак обу рангу ҷилои он аз баракати ҳузури устод Заур Дахте, коргардони бузурги синамои тоҷик Тоҳир Собиров, муҳаққиқи синамо ва адиби маъруфи тоҷик Ҷамшед Раҳматов ва гурӯҳи ҳунарпешагони шинохтаи театру синамои тоҷик, Амон Қодиров, Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова, Нурулло Абдуллоев, Асалбек Назриев, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Даврон Алиматов, Фирӯз Умаров ва дигарон ҳосил гардида буд.

Аз он, ки филми “Пайроҳаи қисмат” дар нимароҳ  нотамом монд, чандон афсӯс намехӯрам, вале басо ифтихормандам, ки дар тӯли ин моҳҳо ҳамнишину ҳамсуҳбати Заур Дахте барин марди асилу инсони комил будам.

Заур-ака воқеъан ҳам як пайкараи накӯиву хайрхоҳӣ, меҳру шафқат, ҷавонмардиву футувват ва одаму одамият аст. Дар дили бузурги ӯ кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷой надорад. Қалбу сиришти ӯ моломоли ишқу муҳаббат, зебоиву ҳунар, дӯстиву рафоқат ва хубиву хушиҳост.

Дар муддати буду бошамон дар Суғдзамини бостонӣ дар баҳору тобистони соли 1997 Заур-акаро бештару наздиктар шинохтам. Қиссаҳои ӯ аз сарнавишти пурпечутобаш, аз рӯзгори тифливу наврасиҳояш, ки то соли 1951 дар Эрон гузаштааст, зикри хайри падари бузургвораш, корномаву диловариҳо, хираду ҳикмати рӯзгор ва дурандешиҳои қиблагоҳаш, зиндагии пурмоҷарои онҳо баъди фирор аз Эрон дар қаламрави Русия, ёди пайвандону наздиконашон дар кӯҳистони Доғистон ва манзилу ватани ҳамешагӣ пайдо карданашон дар Тоҷикистон басо ҷолибу шавқангез ва ибратбахшу муассир мебошад.

Маҳз ҳамин гардишҳои тақдир, саргузашти талху ширин, нобасомониҳову душвориҳои зиндагӣ ва амвоҷу маҷрои пурхурӯши дарёи сарнавишт Заур-акаро обу тоби мардонагӣ, дарёдиливу руҳбаландӣ, қавииродагиву пуртоқатӣ, шарафмандиву сарбаландӣ, ғуруру ифтихори баланди инсонӣ, ҳамзамон раҳмдиливу шафқат, меҳру эҳтиром ба арзишҳои волои  башарӣ ато кардааст.

Насаби Дахте гирифтани хонадони эшон аз дурандешиву эҳтиёткориҳои падараш ба хотири аз таҳдиду таъқибҳои даврони сталинӣ эмин монданашон будааст…

Имрӯз Заур-ака яке аз хушбахттарин афроди ҷомеъаи мост. Дар радифи ҳаёти эҷодияш рӯзгори шахсиву хонаводагиаш низ улгу ва беҳтарин намунаи покизагиву шарофат ва бахту саодат мебошад. Зиндагии ашрофонаи онҳо бо ҳамсараш Валия-бону таҷассуми ишқи бузург ва садоқати бепоён аст. Меваҳои дарахти ҳамешасабзи муҳаббати ин ҷуфти зебову нексиришт Наримон, Фарангис, Наргис ва набераҳои дӯстрӯву ширинашон арзандаи аслу ному насаби хешанд…

Маҳз ҳамин муҳити солиму пурмеҳр ва фарҳангии хонавода боис гардида, ки Заур-ака дар синни мубораки 85 хеле барнову нерӯманд ба назар мерасиданд.

Яке аз сабабгорони бо Заур-ака қарину ошно гаштани ман шодравон Мустафо Давлатов (собиқ директори фабрикаи “Ширин”) буд. Тамоми маҳфилу маросими шодии хонадони Давлатовҳоро Заур-ака бо сабку услуби хоси худ, бо тасвиру ороишоти дилписанду зебо рӯи навор меовард.

Ҳамин гуна хидмати бародаронаро Заур-ака нисбат ба хонадони мо, рӯи навор овардани хурсандиҳои хонаводагии мо низ ба ҷо овардааст. Ман низ ифтихормандам, ки қариб дар ҳама арӯсиҳои фарзандони Заур-ака ровию сухангӯ будам ва мушоҳида кардам, ки ҳамаи пайвандону наздикони Заур-ака, хешовандони доғистониаш ва дӯстони Тоҷикистониаш сифатҳои асилзодагиву ашрофзодагиро доранд…

Тавре, ки дар боло ишора кардам, панҷ моҳи наворбардории филми нотамоми Тоҳир Собиров “Пайроҳаи қисмат” (аз рӯи романи Аъзам Сидқӣ) моро бо Заур-ака боз ҳам қаринтару ошнотар сохт… Сифатҳои волои инсониву эҷодии Заур Дахтеро дар мусофирати тӯлонӣ беҳтару бештар барои худ кашф кардам. Мо дар тӯли панҷ моҳ бо ҳам дар як ҳуҷра зиндагӣ мекардем. Лаззати суҳбату ҳамнишинӣ бо Заур-ака лаззати қаҳваҳои бо усули хос тайёр мекардааш, ҳеҷ аз ёдам намеравад…

Дар Исфараю Конибодом Қайроқуму Истаравшан ва Хуҷанди бостонӣ дӯстони деринааш, ки аксаран шахсиятҳои маъруф ва ходимони давлативу ҷамъиятӣ буданд, ба суроғаш меомаданду аз дидораш чӣ қадар шоду мамнун мегаштанд!

Воқеан ҳамон тавре, ки Саъдӣ мефармояд:

Ёро, биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст…

Заур-ака на танҳо бо одамон, балки бо ҷонваракон, бо паррандагону чорпоён, сагу гурба ва товусҳои осоишгоҳи Зумрад бо лутфу меҳрубонӣ муносибат мекард, бо онҳо суҳбат мекарду мехост аз ҳолашон воқиф бошад. (Дар хонааш як саги азимҷуссае бо номи Док дошт, ки мисли худаш инсондӯст буду дар ҳавои навозиши фортепианно суруд ҳам мехонд).

Ҳангоми филмбардории лаҳзаҳои филми “Пайроҳаи қисмат” мушоҳида мекардам, ки Заур-ака чӣ андоза эҷодкорона ва бо дарки масъулияти баланд фаъолият мекард. Дар бисёр мавридҳо ба коргардон идея ва пешниҳодҳои басо муҳими эҷодӣ манзур менамуд. Устодон Тоҳир Собиров ва Заур Дахте бо ним нигоҳ якдигарро мефаҳмиданду бо радду бадал кардани андешаву диди эҷодӣ кадр (саҳна)-ро мукаммал ба тасвир медароваранд.

Ростӣ, ман аз оғоз бо назардошти филмномаи суст то ҳадде ба муваффақ шудани филм ноумед шуда будам, вале ҷаҳду ҷадал ва амалҳои эҷодкоронаи Заур-ака ба ман эътимоду боварӣ мебахшиданд. Аммо афсӯс, ки идомаи филм қурбонии зуҳуроти номатлубе мисли бухлу кина ва парешониву маҳалгароӣ гардид…

Заур-ака бо дурбини аккосии худ лаҳзаҳо, хотираҳо, чеҳраҳо, зебоиҳо ва табиати биҳиштосои Тоҷикистонро тавассути тасвирҳои ошиқонаву шоирона абадӣ месозад. Дар бисёр намоишгоҳҳои байналмилалӣ ӯ Тоҷикистонро, мардуми тоҷикро бо ҳама зебоиву хубиҳояшон муаррифӣ кардааст…

Дар ҳоли хастагиву ноумедиҳо, ранҷу заҳмат ва нобасомониҳои рӯзгор ба ҷаҳон, ба муҳити атроф бо чашми Заур-ака бояд нигоҳ кард. Диду нигоҳи Заур Дахте фазилатҳои накӯи инсоние монанди покиву сафо, нуру зиё, ишқу муҳаббат, шафқату меҳрубонӣ, накӯиву хайрхоҳӣ, инсондӯстиву рафоқат, ҷавонмардиву одамгарӣ, хоксориву футувват ва ҳимматбаландиву саховат мебошад.

Ортиқ ҚОДИР,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 (Аз китоби “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик”, Душанбе,

 “ЭР-граф”, 2023.-264 саҳ.

Мураттиб ва муҳаррир Суҳроби Зиё)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь