Моҳи майи соли равон 111-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ-асосгузори мусиқии муосири тоҷик ҷашн гирифта шуд. Дар ин бобат бо ташаббуси Мунира Шаҳидӣ-доктори илмҳои филология, духтари устод, Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи Шаҳидӣ, Бунёди байналмиллалии Шаҳидӣ гузаронидани чандин чорабиниҳои фарҳангиро гузаронидааст.
3 апрели соли ҷорӣ аввалин иқдом дар ин ҷода ба вуқуъ пайваст-консерти камеравӣ аз асарҳои оҳангсози машҳур ва дигар оҳангсозони тоҷик баргузор гардид. Консерт дар Осорхонаи маданияти мусиқӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо иштироки сарояндагони шинохта ва мусиқачиёни ҷавон-ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ барпо гардид. Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, намояндагони сафоратхонаҳо, меҳмонон аз аҳли адаб, рӯзноманигорон, хонаводаи Зиёдулло Шаҳидӣ ширкат варзиданд.
Соли 2013 созмони ЮНЕСКО карор карда буд, ки тайи ду сол 2013-14 садсолагии зодрӯзи оҳангсози тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шавад. Устод нахустин ва ягона чеҳраи аҳли мусиқии Осиё Марказӣ мебошад, ки чунин як арҷгузориро аз ҷониби ин созмони муътабари ҷаҳонӣ мушарраф гаштанд.
Дар соли 2014 дар чаҳорчубаи татбиқи ин барнома чорабиниҳои давлатӣ бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. Аз ҷумла, операи Зиёдулло Шаҳидӣ «Комде ва Мадан» дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ барқарор карда шуд, силсилаи консертҳо аз асарҳои оҳангсоз ва бо иштироки хунармандони шинохтаи кишвар аз саҳна театри мазкур ва муассисаҳои дигари мусиқии ҷумҳурӣ ба аҳли ҷомеа пешкаш гардид. Яке аз беҳтарини онҳо консерте гашт, ки фарзанди устод Толиб Шаҳидӣ, ки худ низ кайҳост аз мақоми чеҳраи калидии дар фарҳанги мусиқии ҷуҳурӣ ва кулли Осиёи Марказӣ бархурдор мебошад, омода сохту аз саҳнаи театри опера ва балети пойтахт ба қадрдонону шефтагони мусиқии асил тақдим намуд.
Берун аз Тоҷикистон низ як силсила чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронда шудаанд. Аз ҷумла дар Толори Кардиган (Cardigan Holl)-и Лондон пораҳо аз операи «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ, дар Маскав дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И. Чайковский зери унвони «Суннати мақоми тоҷик» консерти Ансамбли Академияи мақоми Тоҷикистон таҳти рохбарии ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ва квартети саксофонии «Квазар» аз Канада бахшида ба садсолагии Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин, китобҳои илмӣ, албом иборат аз ду CD дастраси мардум гардонида шуд.
Зиёдулло Шаҳидӣ дар раванди шаклгириву мукаммалёбии фарҳанги мусиқии қарни бистуми Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ, ҳиссагузор аст. Аз дидгоҳи инҷониб, муҳтавои ин равандро гузариш аз фарҳанги мусиқии суннатии классикии паҳнои густурдаи тамаддуние, ки дар атрофи марказҳои бузурги бостонии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама Бухорову Самарқанд, ташаккул ёфта буд, ба фарҳанги мусиқии навини дар асоси баҳамоварии (синтези) фарҳанги мусиқии классикии суннатии монодикӣ (яковоза) ва фарҳанги мусиқии полифонии (бисёровозаи) аз берун ба минтақа воридшаванда, ташкил мекард.
Шаклгирии фарҳанги нави мусиқӣ дар Осиёи Марказӣ самараи фаъолияти эҷодии ҷамъе аз ҳамзамонони Зиёдулло Шаҳидӣ буд. Вале шояд маҳз дар эҷодиёти эшон гузариш аз фарҳанги мусиқии суннатии классикӣ ба фарҳанги нави мусиқии полифонии ҳамқадами замона дар шакли пурратару мукамалтар анҷомида буд. Зиёда аз он, равост ки давру нақши Зиёдулло Шаҳидиро дар падидору мукаммалёбии мусиқии навин, бино ба фаррохиву умқи фаъолияти эҷодӣ ва гаронии арзиши дастовардҳои устод дар ин ҷода, калидӣ донист. Аз он лиҳоз, ки дар эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ, дар қиёс бо эҷодиёти ҳамзамонони шаҳирашон, масалан, Мухтор Ашрафӣ ва ё Мутал Бурҳонов, таносуби унсурҳои таркибии раванди мазкур – донистани мусиқии суннатии классикии Шашамақом, пурраггии ба ҳам овардани фарҳанги мусиқии суннатӣ ва фарҳанги воридшаванда, фаровонӣ, танаввуъ ва арзиши мероси эҷодӣ, дар ҳамаи марҳалаҳои гузариш аз фарҳанги пешин ба фарханги навин мутавозинтар мебошад.
Ташаккулу рушди шахсияту фаъолияти эҷодии Зиёдулло Шаҳидӣ, тавре ба назар мерасад, умдатан чаҳор марҳалаи асосиро фаро мегирад. Нахустини ин марҳалаҳоро равост ба тарзи мукаммал азбар кардани фарҳанги мусиқии суннатии классикӣ донист. Азбаски оҳангсози оянда зодаи Самарқанд буда, овони кудакӣ, наврасӣ ва оғози ҷавониро дар ҳамин шаҳр гузарондаанд, азбар намудани фарҳанги мусиқии суннатӣ барояшон маънои азхуд кардани мусиқии классикии «Шашмақом»-ро дошт. Дар ҳар се қисми узвии он – оҳангҳо, шеърҳои ҳамроҳ бо онҳо сурудашаванда, умдатан ашъори классикони порсигӯ, ва созҳое, ки дар ин асно истифода бурда мешуданд. Ба иттифоқи орои ҳамагон, ҳоло дар остонаи аз Самарқанд ба Душанбе омадан, ки дар соли 1932 сурат гирифт, Зиёдулло Шаҳидии дар ин ҷода аз ҳамсолони хеш ба маротиб муваффақтар ва сарфи назар аз хеле ҷавон буданашон, дар байни аҳл мусиқии шаҳри хеш соҳиби обрӯву эхтироми зиёд гашта буданд.
Дар марҳалаи пасон фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ, ки оғози он ба кӯч бастан аз Самарқанд ба пойтахти Тоҷикистон рост омад, пахлуҳои навро касб кард. Фаъолияти консертии эшон дар ҳайати дастаҳои гуногуни созҳои миллӣ, ки ҳоло дар Самарқанду Тошканд сар шуда буд, бо нишоти бештар идома меёфт. Ҳамзамон Зиёдулло Шаҳидӣ ба тадриҷ ба такмили оҳангҳои маълуму маъруфи классикӣ ва ё мардумӣ, барои иҷро намудан аз ҷониби дастаҳои созӣ, ки бештари онҳоро худашон таъсис медоданд, пардохтанд.
Иқдоми баъдӣ дар ин ҷода кӯшишҳои нахустини эшон буданд барои эҷод кардани оҳангхои худ барои дастаҳои сознавозон ва таълифи сурудҳо. Шояд аз боби тасодуф набошад, ки оғози кӯшишу талошҳои аввалин дар ин росто, амалан дар як вақт бо пардохтан ба баровардани саводи нави мусиқӣ рост омад. Зиёдулло Шаҳидӣ бо истифода аз имконоте, ки эъзом шудани устодони мусиқа аз Русия ба Тоҷикистон онҳоро муҳайё сохт, ба азбаркунии ҳам низоми нави адвор ва ҳам созҳои мусиқии ғайрисуннатӣ, аз қабили скрипка, фортепиано ва дигар созҳо, чиддан камар бастанд.
Солхои сиюм барои Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамчунини равост, ки солҳои собит намудани худ дар байни аҳли мусиқӣ, ҳамчун роҳбари тавонои дастаҳои гуногуни мусиқӣ ва омӯзгори моҳири зеридастони хеш, амалан онҳое, ки нахустин иҷрокунандагони оҳангҳои такмилдода ва пораҳое мусиқии офаридашудаашон буданд, донист.
Кӯшишу меҳнатҳои пайваста бенатиҷа намонданд. Зиёдулло Шаҳидӣ комилан омода шуданд барои нишоти пурсамара дар чанд самт: эҷод намудани асарҳои мусиқии дорои вижагиҳои баланди бадеӣ бо такя, ҳам ба фарҳанги мусиқии классикии суннатӣ ва ҳам ба фарҳанги мусиқии аврупоӣ, ба тарзи боз ҳам амиқтар омӯхтани мусиқии ҷаҳонӣ ва роҳу усули таълифи асарҳои мураккаби полифонӣ, сарварӣ намудани коллективҳои калони ҳунарӣ, фаъолияти чамъиятӣ. Барои нишоте, ки муҳтавои асосии марҳалаи саввуми фаъолияти эҷодиву чамъиятии эшонро ташкил мекарду фосилаи замониро такрибан аз оғози солҳои чиҳилуми қарни гузашта то ба итмом расондани давраи дуввуми таҳсил дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П.И.Чайковский дар соли 1957 фаро мегирифт.
Маҳз дар марҳалаи мазкури фаъолияти хеш Зиёдулло Шаҳидӣ мақоми намоёнтарин оҳансоз ва мусиқасолори ҷумҳуриро касб мекунад. Дар мартабаи аввал, ба шарофати эҷод кардани сурудҳои сершуморе, ки аз лаҳзаҳои авввалини садо доданашон роҳ ба дили мардум ёфта, номи офаридгорашонро шаҳир сохтанд.
Соли 1940 Зиёдуло Шаҳидӣ роҳбари бадеии Ансамбли тарона ва рақси Филармонияи тоҷик таъин шуданд. Ҳамзамон яке аз муасисони Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ гаштанд. Соли 1950 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин мешаванд. Баъд аз хатми консерваторияи Маскав (1952-1957) дубора сарварии ин муассисаи муҳими мусиқии фарҳангиро бар ӯҳда мегиранд. Соли 1949 ва 1957 роҳбари бадеии қисмати мусиқии Даҳаҳои фарҳангу санъати Тоҷикистон дар Маскав таъйин мегарданд.
Фаъолияти эҷодии серҷониба ва дастовардҳои эҷодии Зиёдулло Шаҳидӣ дар марҳалаи саввуми фаъолияти эҷодияшон борҳо аз ҷониби ҳукумат баланд қадрдонӣ шуда буданд. Соли 1945 унвони ифтихории ба таъбири ҳамон замон-Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва соли 1949 ордени Нишони Фахриро шарафёб шуданд. Соли 1947 депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз ноҳияи Комсомолобод ва соли 1956 раиси Иттиходи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб мегарданд.
Бо ин ҳама, як нуқта ногуфта низ намонад. Маҳз дар марҳалаи мазкур, аз охирҳои солҳои шастум ва баъдан мавқеъгирии доираҳои расмӣ ва гузашта аз он бузургоне, ки аз аз мақоми расмии пешвоёни фарҳангу адаби миллӣ бархӯрдор буданд, нисбат ба эшон, агар мулоимтар карда гӯем, батадриҷ сард шудан гирифт ва билохира, ин сардӣ, байни онҳову мусиқасолори ҷумҳуриву минтақа садду деворе гашт. Аз ин ҳам ногувортар – баъзе аз онҳое, ки пештар худро шогирди устод мегуфтанд, баъд аз расидан ба мансабҳои баланди расмӣ, барои худ суханҳои аз қабили: «Акнун мо шуморо устоду муаллим намегӯем. Мо шуморо Зиёдулло Муқаддасович мегӯем» мубоҳ донистанд. Чунин муносибати ҳам сарварони онвақтаи ҷумҳурӣ, ҳам пешвоёни расмии аҳли назм, ки хеле аз шеърҳояшон маҳз ба шарофати оҳангҳои эҷодкардаи бастакор дар байни мардум шӯҳрат пайдо карданд, ва ҳам онҳое, ки худро шогирд мегуфтанду рафтори хориҷ аз одоби суннатӣ нисбат ба устоду муаллимашон барои худ раво донистанд, мусиқикори ҳассосро хеле ранҷудахотир гардонд.
Суоле худро матраҳ месозад – кадомин омилҳо муваффақияту пешравиҳои эҷодӣ ва мақоми хосу фариди Зиёдулло Шаҳидӣро дар фарҳанги Тоҷикистону Осиёи Миёна боис шуданд? Қабл аз ҳама, бояд аз муҳити инқилобӣ, ки зодгоҳи Зиёдулло Шаҳидӣ- шаҳри Самарқанд ва тамоми Осиёи Марказиро пас аз пирузии шӯроҳо ҳукмфармо гашт, ёдовар шуд. Аз он лихоз, ки маҳз ҳамин муҳит, на танхо ташаккули шахсияти инсонӣ ва эҷодии Зиёдулло Шаҳидиро таъсиргузор шуд, балки худи мусиқор шудани эшонро имконпазир гардонд. Пасон, аз истеъдоди бузурги худодод, меҳри ба мусиқа ва тавҷҷуҳу рағбати кавии мавсуф барои фаъолона ворид шудан ба олами савту садо ва лаҳну оҳанг, чун бидуни онҳо, ба табиати ҳол, эҷодкор шудан амрест маҳол. Ҳамчунин равост хусусиятҳои дигари фитрии эшон, аз қабили иродаву субот барои пеш рафтан дар самти интихобшуда ва расидан ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта, таваҷҷуҳи пайваста ба азбар кардани донишу малакаҳои тозаву бештар ва расидан ба уфуқхои нав, эхсоси замона ва талаботи он, мехнатдӯстиву товони тоб овардан ба машаққатхои касбу хунар, озодихоҳӣ ва истиклоли эҷодӣ, товони шикастани ҳама гуна қолабхое, ки пешравиро дар роҳи баргузида монеа мешуданд, боварии комил ба нерӯи хеш, ёдовар шуд.
Ҳамаи омилҳои зикршуда дар робитаву таъсиррасонии ҳамдигарии ҷадали (диалектикӣ) қарор дошта, дар маҷмуъ падид омадани Зиёдулло Шаҳидиро ҳамчун мусиқор ва то ба бастакори шаҳиру фарид рушд ёфтанашонро боис шуданд. Лизо, усулан, нашояд онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кард.
Бо ин ҳама, ба яқини инҷониб, хатои чандон зиёд намешавад, агар омилҳои муҳит ва навҷуиҳову навовариҳои мабни ба асоси матини суннатгароӣ илова бар ба шикастани қолабҳо, агар инро мантиқи зиндагиву раванди эҷодкорӣ тақозо кунад, албатта боз ҳам дар робитаи ҷадали бо ҳам, дорои таъсири бунёди ба масири инсонӣ ва эҷодии Зиёдулло Шаҳидӣ дониста шаванд.
Рашид Ғани Абдулло номзади илмҳои филологӣ
Саида Рустамова, мусиқишинос