Руҷӯе ба консерти онлайнии устод Ҷӯрабек Мурод, ки дар масири нави эҷод шакл гирифтааст
Зиндагиномаи Артисти Халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҷӯрабек Муродов китоби бузурге мебошад дар ҷилди махмалину зарҳалин. Ҳар як сатр аз авроқи заррини он моро ба олами рангину асолати фарҳанги миллӣ ошно сохта, шунидани овози ширину марғуладор, созу навоҳои дилхурӯш, тамошои барномаҳои муҳташами консертӣ, филмҳои бо санъати волои телевизиониву синамоӣ офаридашуда, мутолиаи хотираҳо дар сифоту ситоиши ӯ ва ниҳоят, суҳбат бо ин шахсияти фарзонаву дидани симои ҷаззобу дилкашаш, беихтиёр дар вуҷуди ҳар кас муҳаббати бепоёнро тавлид менамоянд.
Басо толорҳои консертиву варзишгоҳҳо, ки устод Ҷӯрабек Мурод маҳфилҳои ҳунари хотирмонро меорост, натавонистанд тамоми мухлисонашро гунҷонанд, басо ҳаводорони ҳунари волои ӯ бо кафкӯбиҳои беохир нахостаанд ба зудӣ аз толори консертӣ бурун оянд. Пас, шояд саҳнае, толоре зарур буд бо паҳнои замину само, то ташналобони ҳунари ӯро гунҷонанд тавонад?! Инак худи устод Ҷӯрабек Муродов калиди ин муамморо дарёфт.
22-юми октябри соли равон пахши мустақими консерти бузурги хешро тавассути шабакаи интернетӣ тариқи маҷозӣ баргузор намуд. Яъне, ӯ барои болидарӯҳии мухлисонаш замину осмонро саҳна интихоб кард. Лаҳну навои дилхурӯшу дилошӯби Ҷӯрабек Муродов дар фазои беҳудуд ва замини беканор ғулғула афканд.
Он қадар дар дилписандӣ дилписандастӣ, Ватан,
Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан…
Алъон дар саросари кишвар ва берун аз он миёни мардум сухан аз ҳамин консерти муҳташами онлайнӣ меравад. Ин рӯйдоди муҳими фарҳангиро дар манзури эҷодиёти устод Ҷӯрабек Муродов таҳаввулот арзёбӣ мекунанд.
Устод тавассути пахши мустақим армуғони созу навоҳои оламшумули худро ба ҳар хонадон, ба ҳар корхонаву муассиса, ба ҳар тоҷикистонӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ки бо шабакаи Интернети пайвастанд, тақдим намояд. Таассуроти мардумро аз ин пахши мустақим метавон авҷи баландтарини дилбастагии халқ ба устод ва меҳру муҳаббати устодро ба халқ маънидод намуд.
Дарвоқеъ, консерти онлайнӣ дар миёни мухлисони устод шӯру валвала барангехт. Суолҳое ба миён меоянд, ки консерти онлайни устод Ҷӯрабекро чанд нафар одамон тамошо кардаанд? Теъдоди онҳоро, албатта, шумурдан саҳл нест. Аммо, бемуҳобо, тамошобинон ончунон зиёду бешумор буданд, ки фазои беҳудуд ва замини беканорро фаро гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ҳама ҷо ному хизматҳо, ҳунари волои ӯ вирди забонҳост.
Хизматҳои устод Ҷӯрабек Муродов, барҳақ, таҷассумгари он нуктаҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид менамояд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад. Мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем».
Ин рисолатро устод Ҷӯрабек Мурод аз аёми Шӯравӣ, аз замоне, ки ӯро тамоми ҷаҳон мешинохт ба ҷо оварда, имрӯз ҳам ин рисолатро идома медиҳад.
Ҳамон солҳо устод Ҷӯрабек Мурод бо нерӯи овози худ аз миёни даҳҳо нафар устодони санъат дар санъати овозхонии миллӣ дигаргунии бузургр ба вуҷуд оварда буд. Вай шабеҳи кабӯтари баландпарвозе буд, ки бо ҳунари волои худ дар фазои кишварҳои ҷаҳон парафшонӣ карда, бузургдошти фарҳанги миллии тоҷиконро бо даҳҳо забонҳои дунё – арабӣ, ҳиндӣ, олмонӣ, гурҷӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, русӣ, ҳиндӣ, ҷопонӣ муаррифӣ намуд.
Мардум бо камоли эътиқоду эҳтироми самимӣ мегӯяд, ки ному хизматҳои Ҷӯрабек Муродов дар саҳифаҳои таърихи миллат бо оби зар сабт шудааст. Барҳақ, ки мо дар овози устод Ҷӯрабек Муродов овои фариштагони осмониро мешунавем, ки моро ба некӣ даъват мекунанд. Устод бо рӯҳи тоза, бо қалби пок ба майдони санъат қадам ниҳод, зеро мусиқӣ худ ибодат аст ва дар ин ҷода барои расидан ба камоли ҳунарию инсонӣ ӯ роҳи пур аз шебу фароз, рӯзгори ширину талх, созу сӯзро тай намуда, аз як деҳаи кӯчаки Тоҷикистон ба мартабаи фарзанди барӯманди миллат, ҳофизи маҳбуби халқ, шоҳсутуни саънат, устоди соҳибқирон, ифтихори тоҷикон расида, бо таҳаммулпазирию дилбастагӣ ба зиндагӣ, ба санъат, ба миллату Ватан, ба модару падар, ба фарҳанги волою ашъори оламшумули нобиғагони тоҷик хизматҳои шоиста кард. Дар баробари истеъдоди Худодод мардум ба хоксорию фурӯтанӣ, як шахси заминӣ будани устод Ҷӯрабек Муродов қоил шудааст. Ин хислати ҳамидаи инсониро ӯ аз дуои волидайни бузургвораш ба мерос гирифт.
Дилбохтагони ҳунари волои ӯ мегӯянд, ки «устод Ҷӯрабек саропо дард аст, дарди ватан, дарди миллат, дарди фарҳанг, саропо панду насиҳат аст, насиҳат ба ҳамватанон”.
Табиист, ки дард ҳамеша пешопеши панду насиҳат гом мениҳад. Дар ин дунёи фонӣ неку бад – марду номард, бавиҷдону ҳасуд, адолатхоҳу золим, ростқавлу дурӯя баробар қадам мезананд. Бахусус, вақте кас ба зинаҳои баланди шуҳрат мебарояд, бешак, бадхоҳони ӯ зиёд мешаванд ва чанголу дандон ба ин зинаҳои обрӯю нуфуз зада, мехоҳанд, онҳоро аз бех решакан созанд. Кӯрдилон ҳанӯз дар ҳамон солҳои аввали шуҳратёр шуданаш кам набуданд, ки бо туҳмати ошкоро, мактубҳои беимзо чун ақраб ба ному ҷону дилу манзалату эътибори ӯ неш мезаданд. Аммо вай позаҳре дорад аз боварию эътимод ва меҳру муҳаббати мухлисонаш, ки ӯро аз ҳама гуна бадбинию хусумат ҳифз карда, то ҳанӯз эминаш медоранд.
Мусаллам аст, ки ҳами таззодҳои зиндагиро сараввал суханварон ба риштаи назм мекашанд ва он гоҳ, ҳофизони дардошно ба оҳанг дароварда, дар суруду таронаҳо замзама менамоянд.
Ман дардро ба тоқати дармон супурдаам,
Номардро ба нафрати мардон супурдаам…
Сар то ба пой дардаму дармонда нестам,
Ман дардро ба довари даврон супурдаам…
Ё ин ки:
Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад…
Устод Ҷӯрабек Муродов дар интихоби сурудҳояш ҳамеша ба матни сара арҷ мегузорад. Ӯ аз ганҷинаи адабиёти миллӣ гавҳари маънӣ меҷӯяд, эҷодиёташро ашъори оламшумули суханварони бузурги гузаштаи тоҷик пурғановат мегардонад.
Дӯстони дардошнояш устодони санъат Зафар Нозим ва Одина Ҳошим низ чунин буданд. Ин се шоҳсутуни санъати тоҷик гуё дар назди миллат савганд ёд карда бошанд, ки интихоби фақат шеърҳои баланд мазмуну ҳикматомӯз, ватандӯстона, инсонпарварона, таъсирбахшу таконбахшро шиори касбу ҳунар ва ҳастии худ қарор дода буданд.
Решаи нахли ҳамешасабзи илҳоми устод Ҷӯрабек Муродов дар боғистони фарҳанги миллӣ аз чашмаҳои зулоли меҳри халқу диёр об мехӯрад, сурудаҳояш дуруд ба халқи диёр, ба обшорон, ба қуллаҳои осмонбӯс буда, ҳамеша шукронаи тақдир мекунад, ки дар оғӯши табиати биҳиштосои Тоҷикистони маҳбуб, дар канори мардумони одии кӯҳистон тавлид ёфтаю ба камол расидааст. «Халқи азизам!» – ин аст ибораи дӯстдоштаи ӯ, ки ҳамеша вирди забонаш будаву шиори ҳастии худ қарор дода, аз муҳаббату садоқати бепоёнаш ба Ватан шаҳодат медиҳад. Таронаҳои устод Ҷӯрабек Муродов – суруди дили модар, оҳанги дили халқ, муноҷот ба Худованд аст, ки Ӯ раҳмати хешро ба ин фарзонафарзанди миллат дареғ надоштааст.
Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,
Бо неку бади ҳеҷ касе кор надорем.
Устод Ҷӯрабек Муродов ҳар лаҳза, ҳар нафас тавофи каъбаи дилҳои мардум мекунад, вай дар таърих, дар дилу дидаи ҳамдиёрону ҳаммеҳанон ҷой гирифт. Олимақом гашт бо қудрату тавоноии бемислу монанди овозхонӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар мақоми худ собиту устувор монд ва минбаъд низ мутмаинем, чунин хоҳад монд.
Азизмурод Шарифов,
корманди Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон