бахшида ба рӯзи забони давлатӣ
Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа ва ба истилоҳ ошкорбаёнии «горбачёвӣ» дар субъектҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ созмон додаву фаъол гардиданд. Сиёсати ошкорбаёнӣ имконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шӯравӣ оид ба масъалаи баробарҳуқуқии миллатҳои ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима шаванд.
Дар Тоҷикистон низ масъалаи асосӣ ва то андозае бедории миллатро ба вуҷуд оваранда, муайян намудани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа гардид. Бояд гуфт, ки дар давоми солҳои зиёде масъалаи мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа ягон маротиба дар сатҳи роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор нагирифта буд. Чунин беназмиву беэътиноӣ нисбати забони аслии ҷумҳурӣ фикр мекунам, ки аслан аз ҳамон пленуми таърихии санаи 12-уми апрели соли 1961 ва аз вазифаҳо барканор шудани роҳбарияти олии ҷумҳурӣ бо гуноҳҳои набуда ва баъдан «сиёсати ковали» -и солҳои 60-уми асри пор (Ковал мунши дуюми КМ ПК ҶШС Тоҷикистон ва ҳамтоёни баъдинааш) манша мегирад. Бояд гуфт, ки ба ин муншиёни ба истилоҳ дуюми ҷумҳурӣ (фиристодагони Кремл) ашхоси то андозае манқурт ва дур аз фаҳмиши фарҳангу забони модарӣ ва бахусус муншиёни соҳаи идеологӣ дасту остин барзада ёрӣ мерасониданд!
Ин қабил ашхоси мансабдори давр, сиёсати русикунонии ҷомеаи ҷумҳуриро бевосита, бо нишондоди роҳбарияти онвақтаи шӯравию болшевикӣ амалӣ мегардониданд. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида, вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии он дар ҷомеаи тоҷикон коста мегардид. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кӯчагиву оила ба назар мерасид. Бояд гуфт, ки бо ибораи зиёиёни тоҷик то замони бозсозии горбачёвӣ доираи нуфузу корбасти забони тоҷикӣ ба кӯҳу дараҳои танги Тоҷикистони азиз танг карда бурда шуда буд, ҳатто гуфтугузорҳо ёд дорам оиди хавфи аз байн рафтани ин забон низ дар байни мардуми тоҷик ба миён меомад.
Аниқан ёд дорам, ки маротибаи аввалин ба таври нимпинҳонӣ масъалаи аҳволи афсурдаи забони тоҷикӣ ҳанӯз моҳи майи соли 1987 бо иштироки президенти онвақтаи Академияи фанҳои кишвар, устод Муҳаммад Осимӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Шодравон тағои бузугворам, ховаршиноси маъруфи миллат Амрияздон Алимардонов иштирокчии ин ҷалласаи ба ном пинҳонии Академияи фанҳои кишвар ҳамон вақт ба мо дар ин хусус гуфта буд. Он вақт, соли 1987 дар ин ҷалласаи ба ном махфӣ як масъала будааст. Чӣ бояд кард, ки забони тоҷикиро аз маҳвшавии бесобиқаю то рафт ба доманаи ғорҳои танги кӯҳистон, танг карда бурданаш наҷот бахшем. Мана бубинед бародарон то чи андоза забони тоҷикӣ осебпазир гашта буд он замон!
Ана ҳамин муаммои ҷамоеаи онвақта боиси эҳё гардидани ҳисси миллии халқи тоҷик гардид. Дар ҳамон давраҳои баъдина ёд дорам дар тамоми гӯшаву канори ватанамон мардум дар маҷлисҳо, ба воситаи матбуот, оинаи нилгун ва радио, дар кӯчаю паскӯчаҳо, қади роҳ андешаҳои худро оид ба мақоми забони тоҷикӣ ба таври озод баён менамуданд. Гарчанде баъзеҳо талаб мекарданд, ки дар баробари забони тоҷикӣ ба забони русӣ ҳам мақоми давлатӣ дода шавад. Дар ин байн кам набуданд ба ном «зиёиёни тоҷикӣ», ки худро ба истиллоҳ аз «ошёни баланди тарбиятдидаи фарҳанги дворянҳои франсавии Русияи подшоҳӣ, ки бо забони русӣ сухан карданро ҷоиз намешумориданд ва онро забони мардуми бенаво ва мужикҳои рус медонистанд» айнан монанд мешумориданд ва забони русӣ барои онҳо чунин мавқеъи забони франсавиро барои дворянҳои асрҳои ХVIII ибтидои асри ХХ-и рус дошт ва зидди забони давлатӣ қарор гирифтани забони модариямон низ буданд, вале хушбахтона аксарият ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, пешниҳод мекарданд, ки дар ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Зери чунин фишори оммавӣ роҳбарияти коммунистии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур шуд, ки оид ба ин масъала чораҳо андешад.
Ҳамин тавр 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ (форсӣ) дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни мазкур яъне 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот даровард ва рӯзи 5-уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.2009 с. №699) эълон шуд.
150 миллион нафар
Боиси ифтихор аст, ки тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақиқӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҳилоливу Бедил, Зебунисо, Муҳаммад Иқболу Лоҳутӣ ва дигарон бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси сарбаландии мо меросбарон мебошанд.
Беҳуда намегӯянд, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Имрӯзҳо бо забони тоҷикии форсӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳои дуру наздик сокинанд.
Бо забони мо, забони аҳли биҳишт (ҳадиси пайғамбари ислом «Забони аҳли биҳишт форсист») имрӯз дар доираи ҷаҳонӣ, дар кишварҳои зиёди олам арҷ гузошта мешавад ва он яке аз забонҳои кории СММ низ арзёбӣ мегардад. Хурсандиовар он аст, ки аз ҷумла дар кишвари Русия аҳли зиё ва мардуми он ба забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Мавлои Балх, Синою Хаёму Саъдию Ҳофизи бузург арҷи зиёд мегузоранд ва донистани забони форсӣ (тоҷикӣ) дар ин кишвар ба як ифтихорот дар доираи аҳли зиё табдил ёфта истодааст!
Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатии кишвар, арҷи зиёде гузошта барои пешравию рушди ин забони машҳури олам, забоне, ки дар як давраи тӯлонии таърихи нақши забони имрӯзаи англисиро мебозид, аҳамияти хосае медиҳад. Натиҷа чунин сиёсат ҳаст, ки имрӯз бо гузашти солҳо баъди пошхӯрии империяи шӯравӣ, забони ноби тоҷикӣ боз ба тахти баланду ба он сазовори худ баргашт ва то андозаи назаррас рушду инкишоф ёфт.
Дар талоши аз худ кунӣ
Вазъи имрӯзаи эҷоднамудаи ҳамсоягони гирду пеш, ки тариқи садҳо сомонаҳо ҷор зада оиди то инқилоби Бухоро надоштани хат аз тарафи тоҷикон ва таҳсил намудани тоҷикон дар мадрасаҳои Бухоро, Самарқанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна бо забони байналмилалии Осиёи Миёна, яъне забони форсӣ чун дигар миллатҳои минтақа (расо18 сол муқаддам дар нашрияи шоири шинохтаи тоҷик Хайрандеш бо номи «Бомдод» алорағми ашхосе, ки бо ҳар баҳона истилоҳи форсиро аз забони мо дур мекарданд мақолае бо номи «Магар порсӣ гуфтан гуноҳ аст?!» чоп намуда, гуфта будам, ки порсиситезӣ кори хуб нест ва он аниқан аз доираҳои муайяни пантуркистони дохилӣ ва берунӣ манша гирифта, мақсад дур намудани тоҷик аз истилоҳи форсӣ ва баъдан моли худ эълон намудани шоҳкориҳои дар Осиёи Миёна тӯли 1000 соли охир бо ин забон офаридаи тоҷик хоҳад буд на чизи дигар) ҳаст на чизи дигар.
Аз ин рӯ дар пешорӯи ин ҷанги идеологӣ, ки мақсад азони худ намудани тамадуни 1000 соли охири бо забони форсии Осиёи Миёна эҷоднамудаи мардуми тоҷиктабори минтақа аст, душманону бадхоҳони миллати мо ҳатто ба олимоне чун Имом Абу Ҳанифаи Куфӣ, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ал-Форобӣ, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Низомӣ, Мавлои Рум, Зардушт ва нахусткитоби мардуми порситабор «Авасто», қаҳрамонони миллии мо Томирис, Спитамен, Маҳмуди Торобӣ, Паҳлавон Маҳмуд ва дигарон даст зада, аз камҷуръатии аҳли зиёи кишвар хело шерак шуда, нашармида ҳатто забони суғдиву бохтариву хоразмии моро азони худ кардан мехоҳанд. Кор то он дараҷа расидааст, ки ҳатто дар сабадчаи бо дастхатҳои суғдӣ аз тарафи чӯпон Ҷӯраалӣ расо 91 сол пеш дар водии Зарафшон ёфташуда, нишонаҳои ҳамоҳангии хати суғдиро бо туркию аз онҳо будани ин хату ин забонро ба “исбот” расониданӣ мешаванд. Аз ин рӯ бояд чораҳои зудамал андешид.
Пешниҳод
Пеш аз ҳама истилоҳи “форсӣ”, ки дар қонуни соли 1989 оварда шуда буд ва ин амалкард дарҳақиқат дуруст низ буд, бояд аз нав барқарор карда шавад. Сиёсати ҷаҳонишавӣ ва афвсонасозиву аз худ халқи қадима сохтани ҳамсоягони гирду пеш, руҷӯи пантуркизм ва тариқи расонаҳои ҷаҳонӣ моли худ эълом кардани нухбагони тоҷик ва фарҳанги иронии минтақаи Осиёи Миёна зиёда аз 30 сол боз давом дорад ва мо вазифадорем, ки истилоҳи барои ҳар як тоҷик муқаддасӣ «форсӣ»-ро чун гавҳараки чашм азиз дорем, ҳифз намоем ва онро корбаст намоем. Дар ин ҷанги иттилоотӣ роҳи дигаре аслан имрӯз вуҷуд надорад.
Забони мо беҳтарин ганҷинаи миллати мост ва мо бояд ин забони биҳиштиро пос нигоҳ дорем ва онро дӯст дорему шево ва зебо бо он сухан кунем.
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ,
Варқаи ЗАЙНИДДИН, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон