Шинохт ва таҷассуми муҳит ва вазъи иҷтимоии ҷомеа аз вазифаҳои муҳимтарини адабиёту фарҳанг буда, шоирон ва нависандагон тавассути омӯзиш ва таҳқиқи ин масъала нуқсу норасоиҳои замони худро баён намуда, дар ислоҳ ва дигаргунсозии он иқдом менамоянд. Мутафаккирони асримиёнагии форс-тоҷик Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Рушд, Абурайҳони Берунӣ, Абулбаракоти Баӯдодӣ, Насириддини Тӯсӣ ба омӯзиш ва пажӯҳиши масоили иҷтимоии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Дар ин радиф Ибни Сино, ки дар шинохти шеър аз назари мантиқиён мубоҳисаи зиёде ба анҷом додааст ва аз ҷумла дар осори ба илми шеър бахшидаи худ ба иҷтимоъ ҳамчун аз масоили асосии шинохти ҷомеа назари махсус доштааст: “…шеърро гоҳ барои тааҷҷуби танҳо месароянд ва гоҳе барои ғаразҳои иҷтимоӣ мегӯянд, чунонки ашъори юнониён ҳамин тавр будааст. Ғаразҳои иҷтимоӣ яке аз ҷинсҳои сегона хоҳанд буд, яъне умури сиёсӣ  ё мушовириёт (муҳокимаҳои сиёсӣ) ва қазоӣ  ё мушоҷириёт (мунозираҳо) ва ситоишҳову накӯишҳо ё мунофириёт”.

Чунин вазъи ногувор ва зиндагии беарзишро мо дар охири солҳои 90-и қарни ХХ дар эҷодиёти устод Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулрухсор, Гулназар, Низом Қосим, Фарзона ва дигарон ба мушоҳида мекунем, ки онҳо аз беқадрии сухан ва зиндагии сахту беарзиш ба шиква меоянд ва аз замину осмон муттакое меҷӯянд.

Адабиёти тоҷик баъд аз солҳои  60-90-и қарни ХХ аз чанголи сиёсати сталинӣ раҳо шуда, дар бедории ҷомеа худшиносии мардум саҳмгузорӣ намуд. Ин давраро мунаққид Юсуф Акбаров чунин баҳо додааст: “Қутбӣ Киром замоне ба арсаи адабиёт омад, ки бозори кӯнафурӯшон касод шуда, рӯзгори назми беруҳу равнақу умумӣ, манзум кардани барномаю даъватҳои сиёсии ҳизбу давлат, мафҳумгӯӣ, ба қолаб рехтани андешаҳои муҷарраду мутлақ, шиорзании маҳз ба поён расида, вуқӯъгӯию мушаххаснависӣ, эҳсоси гарму нарм, андешаҳои бикру хаёлангез, ба рагҳои хушкидаи шеър ҷорӣ кардани хуни гарми рӯзгор фаро расида буд”. Даврони шӯравӣ баъд аз анҷумаи ХХ ҳизби ҳукмрон барои адибон имконият фароҳам овард, ки вазъи зиндагии мардумро озодона тасвир кунанд ва барои бедор кардани ҳофизаи таърихии мардум қадами ҷиддӣ ва устувор гузоранд. Қутбӣ Киром аз ин зиндагии мусоид ва вазъи муносиб шукрона мекунад ва онро дар байти зер истиқбол менамояд:

Ҳар қадар ин роҳ душвор асту сахт, эй дӯстон,

Меравам акнун ба ин раҳ, то маро бошад ҳаёт.

Вале ҷанги шаҳрвандӣ бар пояи ин боварӣ ва рӯзгори мусоиди адибон  зарба зада, бар шикасти насле, ки устод Турсунзода онҳоро ба майдони сухан раҳнамоӣ мекард, овард. Дар ин замони шикасту беқадрии арзишҳои ахлоқиву инсонӣ аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир, Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Аскар Ҳаким байте ё шеъре бидуни баёни шикасту ноумедиҳо пайдо карда намешавад. Ин насл солҳои 60-ум ба адабиёт бо шууру валвалаи худшиносию худсозӣ ворид шуда, солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандӣ бо паёмадҳои нангини худ ба сари онҳо об рехт.

Охирин маҷмуаи шеърҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Қутбӣ Киром бо унвонии “Ёр меояд”  (2002)  ва “Аз гулу хоки шуълаи оташ” (2008) аз чоп баромад.

Тадриҷан ноадолатиҳои замон шоирро аз бовариҳои доимии ӯро ба сӯи шакку шубҳа ва тардиду ноумедиҳо мебарад, ки ин раванд ба марҳилаи дилмондагии шоир замина мегузорад. Шояд касе устод Қутбӣ Киромро дида бошад, медонад, ки ӯ инсоне буд якрӯ ва кушодасухан ва ҳаргиз норозигиашро нисбат ба касе пинҳон надошт ва ғайбату туҳмати касонро қабул надошт. Дар байни ҳамкору ҳамсабақон ва ҳамқаламон шоир бо ин хислатҳои мардонагиаш соҳибэҳтиром буд. Хосатан, шоир ба гурӯҳҳои хушомадгӯю манфиатхоҳ ҳаргиз муросо надошт, зеро ин қабилро шоир поймолкунандаи шарафи инсонӣ медонист:

Шумо абрешими сарди мулоим дар кафи айём,

Замона аз шумо пироҳане ҳаргиз намедӯзад.

Шуморо чун савори “Волга” бинам ғарқ андар худ,

Дилам бар ҳоли он бечора зан чун лахча месӯзад.

Дар ин давра он нишоту бовариро дар шеъри шоир камтар эҳсос мешавад ва дар сатрҳои шеъри ӯ мо шоиреро мебинем, ки боварии худро ба атрофу акноф барканда ба ҷустуҷӯи арзишҳои ахлоқиву инсонӣ меафтад, зеро бунёди ҷомеаро дар ин арзишҳо мебинад.

Қутбӣ Киром мавзӯи шеъри худро аз рӯзгори ҳаррӯзаи мардум ҷустуҷӯ мекунад ва дар натиҷаи муносибат бо ҳамзамонон аз ҳар ҳодисаи зиндагӣ рамуз мегирад, ба андеша меравад, ки чаро қадри арзишҳои ахлоқиву инсонӣ ин қадар ночиз аст. Гузори шоири дардошно ба “Дар Дӯкони “Ҳазор майда-чӯйда” меафтад ва дар ин дӯкон, ки рамзи рӯзгори мост, шоир волотарин арзиши инсонӣ “муҳаббат”-ро меҷӯяд:

-Муҳаббат ҳам дар ин ҷо ҳаст?

-Ҳаст!

-Намебинам.

-Ана, андар рафи эзори мардона.

-Чаро?!

-Чаро? Эзор ноёбасту раф холӣ,

Муҳаббатро намегирад касе бар моҳу бар соле!

Шоир аз беқадрии арзишҳои ахлоқиву инсонӣ дилшикаста мегардад ва ночор аз пайи ҷустуҷӯи “амвол”-и дигари рӯзгор мешавад ва шигифтзадаву ҳайрон гиребон медараду аз паёмади нохушеро дар рӯзгори мо эҳсос мекунад:

-Хиёнат ҳам дар ин ҷо ҳаст?

-Ҳаст!

-Намебинам.

-Ана, андар рӯ ба рӯтон,

Чун чароғи давра овезон,

Харидораш фаровон асту

Нархаш ҳам бувад арзон,

Килогӣ баркашам, ё донагӣ?

-Қурбон!

Аз ин миқдор 24 шеъри ин маҷмӯа дар байни солҳои 1990-94 навишта шудаанд, ки ҳамагӣ аз шикасту нобасомониҳое, ки ба сари мардуми тоҷик омада буд, бозгӯӣ мекунанд.  Аз мутолиаи ин бахши шеърҳо маълум мегардад, ки шоирро ин низои сартосарии тоҷикон ба кӯи ноумедию яъс гирифтор кардааст.  Зеро ҳама орзую умеде, ки шоир тӯли солҳои пешин дар шеъри худ ва ҳамқаламонаш медид, акнун ҳама барбод рафта буд.  Дӯстони азизаш Одина Ҳошим, Ашӯр Сафар  ва шогирди сухангӯяш Махсум Олимӣ  қурбонии ин ҷанги наҳсовар  шуда буд.  Шоир аз  замонае, ки ҳама арзишҳоро қурбон кардааст, ба фарёд меорад ва ба худ рӯ меорад:

Вақти бозорӣ туро бемуттако кард,

Нархи бозорӣ туро дасти асо кард.

Аз сухан ту сарвати  Қорун кушодӣ,

Сарвати беинтиҳоятро замона бебақо кард.

То намонад деги ҳастият ба ҷӯш,

Рав матоъ арзон хару арзон фурӯш.

Ниҳоят, марҳилаи сеюми худшиканӣ зиндагии шоири дардошнои мо бо бераҳмиҳои фоҷеабораш дармеояд ва аз рӯҳияи ӯ дарк хоҳед кард, ки ӯро ин вазъи гаронбор ба коми беарзишӣ, берангӣ, худкӯшию бо ноумедии сард мекашад. Ҷанг бо паёмадҳои нангину даҳшатбори худ дили ҳамаро хун карда буд. Рӯзгори ҳамагон дар тарсу ларз буд ва бар болои ҳама  ин нобасомониҳо, ки ҳар хонадони тоҷикро фаро гирифта буд, марги дӯстону пайвандон шоирро хеле дилшикаставу маҳзун карда буд. Одинаи Ҳошим ҳофиз ва хунёгари бузурги миллат дардҳои дармоннопазири мардумро таҳаммул карда натавониста, ба синаи хок манзил гузинид ва дили ҳаводоронаш, хосатан дили ҳассоси шоирро садпора карда буд:

Бе ту ман азми сафар дорам, ба Урметан, аҷаб,

Ҷойи шодӣ ашки сӯзон, бори ҳиҷрон мебарам.

Баҳри ёронам наво аз пардаи ҷон мебарам,

Ин чӣ бедодист, даро як лаҳза маъно шуд дигар…

Чашми гардун сер набвад, сер бо ин куштанат,

Мавҷи сайқал интизорӣ дорад аз оинаат.

Офтобу моҳи анҷуми ту, эй гардун, вале

Оламорое намеёбанд чун Одинаат!

Ҷанги бародаркӯш ҳар рӯзу шабон аз наҳсу залилии хеш “мужда”  медод. Беҳтарин дӯстони шоир ғами миллатро таҳаммул накарда, аз назарҳо ниҳон манзили хокро ихтиёр карданд. Шоир вуҷуди худро дар ин дунёи дун ғунҷонда натавониста, руҳан худро шикаставу Ватанро майдони ҳарбу зарби душманоно миллат мебинад. Хабари марги шогирди умедбахшу ҳунарсандаш Махсум Олимӣ шоирро дар зери ин чархи гардон ноумеду шикастарӯҳ месозад:

Зи ҳушёрон димоғам тира шуд, Эй дод, эй Махсум

Биё мастона шин, мастона рав, мастона ово кун.

Навиде чанд гӯй аз худ, суруде чанд гӯй аз ишқ,

Дили садпораамро бо дами як ҷуръа эҳё кун.

Ҳадиси марги ту пурсӯзу талху нобаҳангом аст,

На кӯҳ онро бубардорад, на дарёву на инсоне.

Шоир аз марги Махсум Олимӣ сахт андӯҳгин аст ва худро танҳову бекас мебинад ва бо ҳасрат аз ин рӯзгори маргзо ба нолиш меояд:

Зи шаб то рӯз чун дар кӯра месӯзам, вале дасте

Намекӯбад дари кошонаамро дар дили шабҳо.

Намегӯяд касе:- Устод, он майҳои Боқӣ-ку,

Намепурсад касе чунам мани танҳову ин табҳо.

“Дар кӯра месӯзам”

Ин қабил шеърҳо, ки ифодагари вазъи сиёсиву иҷтимоъии он рӯзи на он қадар дур мебошанд, дар ашъори шоир хеле зиёд буда, дар солҳои мудҳиши нобасомониҳо эҷод шуда, дар ҳар як ҳарфи он дарду ҳиҷрони шоир ва ҳазорҳо шаҳидони ин ҷанги бемақсад эҳсос мешавад. Шоири маҳбуби мо тавонистааст, ҳам дар ҳолате, ки илҳом бар ӯ даст додааст, масоили иҷтимоии замонашро бо маҳорати баланди эҷодӣ таъсиргузор тасвир намояд. Аммо инъикоси вазъи вазнину сангини рӯзгори мардум шоирро имкон надодааст ки ба тасвиргароию суханбозиҳои маҳз даст занад. Дар ин ҳолатҳо худи мавзӯъ ҳамин гуна шеърро тақозо менамояд. Дар маҷмӯаи шеърҳо “Ёр меояд”(2002) ва “Аз гулу хокумшуълаи оташ” (2008) метавон бозёфтҳои зиёди шоиронаи устод Қутбӣ Киромро пайдо намуд, ки гувоҳи маҳорати баланди эҷодии ӯ мебошад:

Бар моро, бар, ба баҳр ҳамраҳ кун,

Соф гардам чу дар чаман қатра.

Арал аз дастҷангии чанде,

Зор гашта ба ҳамчу ман қатра

Шоир дар шеъри «Ту мапиндор» бо тасвири вазъи мардуми парешони рӯи замин аламу дарди беинтиҳои инсониятро хеле таъсирбахш баён кардан мехоҳад:

Он қадар ҷабр кашидаст башар,

Он қадар заҳр чашидаст башар.

Бори ӯро накашад чархи барин,

Заҳри ӯро набарад зарфи замин.

Зиндагии Одинаи Ҳошим дӯст ва бародари ҳамдардаш, ки он солҳо дар кунҷи фаромӯшӣ ва узлат афтода буд, барои шоир мояи ифтихор ва ибрат мебошад, зеро ин хунёгари беназир умре ба мардум суруди хушу дилнишин сароид, то хонае обод ва хотире шод гардад. Вале замонаи носоз ин созандаи беҳамторо намешиносад ва касе дар суроғи рӯзгори ӯ нест:

Як нуқтаи накӯ агар бошад ба мағзи санг,

То қаъри санг рафтаю иршод мекунам.

Як ҳамватан напурсадам,  ки ман куҷо шудам.

Сайди рамида хотири сайёд мекунам.

Табъам, ки ҷуръакаш бувад аз ҷоми офтоб,

Бо Қутбие нишаставу дил шод мекунам.

Ҷанбаи ҳунарии шеъри Қутбӣ Киром паҳлуи муҳими эҷодиёти ӯ буда, аз ҷониби муҳаққиқон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҳошим, Худоӣ Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода мавриди пажӯҳиш ва омӯзиш қарор гирифтааст. Ҷои тазаккур аст, ки мавзӯъи иҷтимоӣ бештар шоирро баёни мушкилоти иқтимоии замон роҳнамоӣ карда, ҳамзамон ба офаридани тасвирҳои шоирона ва ё ба қавли донишманди эрони Абдулалии Дастғайб «манзараофарӣ ё саҳнаофарӣ» низ имкон додааст.

Як нигаҳ бинмуда мастам  сохту ақламро рабуд,

Ӯ магар аз соғари чашмаш   шароб овардааст.

Вале маҷмӯъаи шеърҳои «Дафтари Пориж», «Фалғар», «Ҳаё”, “Вопасин сухани Туғрал», «Бӯи нон», «Шеъри аввалин», «Пабло Неруда» ва ғайра маҳз маҳсули дарду ормонҳои шоиранд. Ситоишу накӯҳишҳои шоир нисбати шахсиятҳои маъруф шояд оҳанги замони худи шоирро ифода созанд ҳам, вале ин шеърҳо ҳаргиз ҷанбаи тарбиявиашонро гум карда наметавонанд.

Шоир дар шеъри «Сафедор», зиндагии ба сар кардаи худро бо оҳанги пандомез хеле ҷолиб ба қалам медиҳад:

Бояд иқрор шуд, ки нангу номус ва рӯҳияи шикастанопазири миллати тоҷик пурра дар «ман»-и шоир маҳлул гаштаву барои ифодаи матлаби ӯ хеле шинам омадааст. Ҳамаи ботамкинию сабурӣ, вале дар назди душман боғуруру сар нафаровардани миллати тоҷикро мо дар симои шоир ва кору рӯзгори ӯ ҳар замон бармало мушоҳида мекунем. Ва ин аст, қаҳрамони шоир бо пайкараи захмин, вале бо сари баланду рӯҳияи қавӣ садо баланд карда, мегӯянд:

Дар рӯи ман ғубори раҳ кам нест, бингаред,

Аз рӯи абру аз таги дарё гузаштаам.

Умре пиёда рафтаам дар водиии хаёл,

Аз сангпули асрҳо танҳо гузаштаам.

Бар нокасони зиндагӣ гардан надодаам,

Аз зери теғ бо сари боло гузаштаам.

Гоҳе дар оби дидаҳо ман ғарқ гаштаам,

Гоҳе зи тангроҳаи дилҳо гузаштаам.

Чун доштам зи домани дилдори назми хеш.

Аз баҳри хешу аз сари дунё гузаштаам.

Устод Қутбӣ  шоире буд, ки агар заррае ба дилаш таъсир кунад, оташ мегирифт, шеър мегуфт. Агар лаҳзае ба дилаш панҷа мезад, ба шӯру шавқ меомад ва ин лаҳзаро хеле зебо, дилрабо ба риштаи назм мекашид. Шеър барои шоир дард буда, исён буда, овои дили зебопарасту саропо эҳсосот буда. Ӯро гоҳо дар шеърҳояш танҳою зор меёбам, ки чун Қайс рӯ ба кӯҳу биёбон зада, аз ишқ меноладу месӯзад. Шоир имрӯз бо шеърҳои сарааш дар осмони софи ҳаводоронаш сайри маънӣ мекунад ва гӯё медонад, ки овози шеъри мардумпарвараш ба ояндаҳои дур пару бол мекушояд ва моро ҳидоят месозад, ки:

Рафтаҳоро ба некӣ ёд кунед,

Мондаҳоро ба тахт бардоред.

Модаронро нишонда бар сарҳо,

Сайр бар олами ситора баред.

Ҳама ҷо хонаи муҳаббати мост,

Одамонро аз ин ишора баред!

Нурмуҳаммад ОДИНАЕВ,

номзади илмҳои филология

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь