Ҷашни Садаро эронитаборон бо роҳҳои гуногун истиқбол мегиранд. Нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай (шаби 21-ум ба 22-уми моҳи декабр) ё худ, пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон), чун рамзи гузаштани сардиҳои Зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор ва таваллуди дубораи Хуршед ё Меҳр медонанд.

Чаро Хуршед ё Меҳр дубора тавлид мешавад?

Ориёиҳо онро бо асотири маънавӣ мепайванданд. Яъне ду моҳи Зимистонро ориёиён, хеле душвор арзёбӣ карда, замоне медонанд, ки Аҳриман фаъол шуда, нисбати онҳо зиштиҳо зиёд содир менамояд. Маҳз дар ҳамин фосила Меҳр барои набард бо Аҳриман дубора ба дунё меояд. Ва ба далели он, ки оташ (зуҳури гармӣ, рӯшноӣ ва зиндагӣ) маҳз дар ҳамин рӯзи Сада ва василаи муҳимме барои мубориза бо Аҳриман аст, кашф шудаст. Аз ҳамин сабаб гиромидошти ин ҷашн муҳим дониста мешавад. Сада- моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи омадани Наврӯзро мерасонд. Дар яке аз барелйефҳои Тахти Ҷамшед рамзи набарди баҳорро бо зимистон чунин тасвир кардаанд:

Дар шаби 10-уми баҳман дар майдони шаҳр ё деҳа оташи бузурге бо номи «Оташи ҷашни Сада» бо чил шохаи дарахти навдашуда, ки рамзи чил рӯзи “оташи бузург” аст, афрӯхта мешавад.

Мардум, махсусан кишоварзон дар ин айём аз рӯи анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану рӯду обанборҳо, кишт кардани замин ва пошидани хокистару пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.

Дар ин радиф ҷашнҳои суннатӣ ба монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада мардумро ба покиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, порсоӣ, фарҳангдӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват намуда, нурро дар муқобили зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар, инсон дар муқобили ҳирсу ҷӯши нафсонии хеш метавонист ғалаба кунад, бо баракати ин ҷашнҳои поки суннатӣ.

Ривоятҳое, ки таҷлили Садаро сад рӯзи зимистон ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз маънидод мекунанд, ҳама офаридаҳои тозатаранд ва дар матнҳои кӯҳна дида намешаванд.

Дар Кирмон то ба ҳол одат аст, ки кишоварзон хокистари оташи суннатиро ба рӯи киштзорҳо мепошанд, зеро ба эътиқоди онҳо хокистари оташ заминро садсолаҳо баракат медиҳад.

Дар гузаштаи начандон дур ин маросим дар болои бомҳо низ гузаронида мешуд. Масалан, дар Озарбойҷон рӯзи Сада то ҳанӯз дар оташкадаҳову бомҳо оташ меафрӯзанд.

Ин ҷашн ёддошт аз аҳамияти нур, оташ ва энергия аст. Чунон ки аз китобҳо ва асноди таърихӣ бармеояд, ҷашни Сада (мисли Наврӯз ва Меҳргон) ҷанбаи мазҳабӣ надорад ва тамоми қиссаҳои марбут ба он ғайридинӣ буда, ҷашни қадимӣ ва мардумии на танҳо ориёиҳо ё эрониён, балки меросест, ки ба бисёре аз кишварҳои ғайриэронӣ тааллуқ дорад. Миёни кулли мардум, аз мусалмонон шурӯъ карда, то насрониён, яҳудиён ва ғайра маъмул аст. Алъон дар Русия оини оташпарастӣ дар ҷашни «Маслинитса», ки дар Зимистон доир мешавад, мушоҳида шудааст.

Дар ойини Сада шарбату нӯшокиҳои зиёд, шириниву меваҷот ороста шуда, дар ғуруби офтоб болои буттаҳо ва ё ҳезуми ҷамъовадашуда оташ афрӯхта, гирди он давр зада, суруди хосса месароянд. Сипас паридан аз болои оташ анъана шудааст. Мардум, хусусан ҷавонон, мекӯшанд аз болои гулханҳо ҷаҳида, ифлосӣ ё гуноҳҳо хешро покиза мекунанд. Ин суннат то ҳанӯз дар байни мардуми Тоҷикистон расм аст.

Тоҷикистон нахустин кишварест, ки расман ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро таҷлил мекунад. Президенти кишвар бо баргузории ҳамасолаи ҷашни Сада, ки чанд соле пеш бо ташаббуси он кас дубора барқарор шуд, ба мардум паём мефиристад, бо эҳёи ин маросими аҷдодӣ, барои зинда нигоҳ доштани шаъну шарафи он таманно менамояд, мардумро ба ҳамдастӣ дар эмин доштани обу замин ва рӯзгори пурбаракат даъват менамояд.

Тирамоҳи соли 2017 дар пайи ислоҳи Қонун дар бораи ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, 30 январ рӯзи таҷлили Сада ва 15 октябрро рӯзи ҷашни Меҳргон эълон карда шуд. Ҳукумати Тоҷикистон саъй дорад, ки ин ду ҷашнро ба ЮНЕСКО барои сабти ном ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ пешниҳод кунад. Дар тирамоҳи соли 2017 Меҳргон бори аввал дар Тоҷикистон расман ва бошукӯҳ таҷлил шуд.

Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди аввал гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада, Меҳргон, ки дар давраи ислом, замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон) ҳукми фаромӯшӣ пайдо пайдо карда буд.

Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд, ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзӣ ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Аз он сабаб, ки ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл, тавре ки таъкид кардем, моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд. Дигар ин, ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш бо ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагии худ, бо фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.

Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шаванд. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.

Новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда даствовардҳои илмӣ зиёд аст, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора дар марҳилаи нави таърих таҳқиқ нашуда, нигоҳи тоза мехоҳад, то ин ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ намоем.

Тоҷикистони азиз кӯшиши сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрриро дорад ва ба ҳамин хусусияташ майлу ниёзи чунин ҷашнҳоро дар шакли нави замонавӣ мекунад.

Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар як аз ин ҷашнвораҳо дар худ рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин ҷашнҳо бо марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатии мавсимӣ вобаста мебошад. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар онро доранд, ки, масалан, Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд омодагӣ гирифт ба соли нави меҳнатӣ. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ин ки ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон – ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ аст. Дар ҳар ин мавсим инсон нисбат ба обу замин ва оташу ҳаво – унсурҳои калидӣ эҳтиром мегузорад. Эҳтиром гузоштан ба ин унсурҳои абадзинда, ки дар асл фазои доимии ҳаётсози инсонӣ мебошанд, бояд оқилона ва илмӣ, бо назардошти дубора барқашавии онҳо сурат гирад. Набояд насли имрӯза фақат дар бораи таъминоту кайфияти лаҳзаинаи хеш чора ҷӯяд. Ҳамеша дар мағзи мо андешаи фардо, андешаи «ба насли оянда чӣ мерос мегузорем» бояд бошад.

Мутаассифона, мо алъон баракси ҳамин тамоюлро дар ҷаҳон мушоҳида карда истодаем. Боиси таассуф аст, ки дар ин кори зишт кишварҳои мутараққӣ бо технология пешқадамашон «ибрат» нишон дода истодаанд.

Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегона мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин муносибат ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.

Тибқи мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд соли охир нисбати ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон доштем, ҷашнгириҳо дар ду навъ зуҳур намуданд. Дар музофот бештар дар шакли карнавал ё ба истилоҳи ниёкон «корвони шодӣ», дар пойтахт ё ҳар он ҷое, ки ҷашнгирии умумиҷумҳуриявӣ баргузор мегашт, дар шакли маъракаи театришуда барпо мешуд.

Тафовути «корвони шод» ва театришуда дар чӣ зоҳир мегардад? Шакли карнавалнамо – шакли бештар архаикиро мемонад, ба суннатҳои ҷашнгирии анъанавии авлодони гузашта шабоҳат дорад. Карнавал гуфта, базмеро гӯянд, ки бештар дар майдонҳо доир мегардад ва дар он ҳар фард ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогари кудом нақше. Ҳар нафари иштирокчии карнавал пеши худ ташаббусе ё имконияте дорад, ки дар баробари тамошои (дидани) ҳунари дигарон, худ низ имкон дорад, ки аз ҳунари табиатан дар худ дошта ва ё авлодан мерос гирифтаашро дар майдон ба намоиш гузорад. Ҳамин хусусияти равонии карнавалро муҳаққиқи барҷастаи рус М. Бахтин таҳқиқу баррасӣ кардааст. Такрор мекунам: дар карнавал ҳар нафар ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогар. Ин хусусияти ҷавҳарии ҷашнгирии карнавалӣ мебошад.

Маъракаҳои театришудаи расмӣ, ки ҳоли ҳозир аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ғолибан таблиғу тарғиб мегардад, чунин имкони­яти фаъол ва ташаббусгар шудани тамошобинро надоранд. Тамошо­бини чунин маъракаҳо, ки одатан дар майдонҳои варзишӣ доир мегар­данд, бештар дар курсиҳо нишаста, бинандагӣ мекунад, на зиёд аз ин. Маъ­ракаҳои ҷашнии театришуда худ сенария ё намоишномаи хосро до­ранд ва ҳамчун номераҳои консертӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин маъра­каҳо бештар ашхоси маъруф, ҳунармандони касбӣ баромад мекунанд.

Маъракаҳои мардумии каранавалӣ («корвони шодӣ») метавонанд дар давоми чанд шабонарӯз идома ёбанд. Маъракаи театришуда одатан дар як қисми рӯз таҳия ва баррасӣ мегардад.

Аммо ҳар ду намуди ҷашн – яъне намуди карнавалӣ ва театришуда фарҳанги шукӯҳу шодӣ ва ханда, фарҳанги базмороиро доро мебошанд. Бахусус, ҳамин сифати шукӯҳу шодӣ ва хосатан ҳазлу шӯхиҳои илҳомбахш ва боназокат дар шакли карнавал бештар мушоҳида мешавад. Новобаста аз он, ки чӣ ид аст (Сада ё кадом ҷашни дигар), намоишҳои карнавалӣ аз анвои ҳунарҳое мураттаб мегарданд, ки дар он ҳазлу зарофат ва танз бартарият доранд. Масалан, ҳатто чунин як маъракаи варзишӣ, ба мисли гӯштин, аз рақобати мӯйсафедони шӯх оғоз мегардад.

Умуман, комилии фарҳанги инсон ва фарҳанги мардум дар ғунҷоиши серпаҳлуи он аст. Бахусус инсону миллатро аз рӯи ширингӯӣ, латофат, ҳисси нақд гуфтану худро нақд кардан эҳтирому иззат мекунанд. Мардуми тоҷик дар гузашта Афандиву Мушфиқӣ, шаклҳои аския ва ҳозирҷавобӣ ва боз чандин шаклу намудҳои санъати шӯхиву хандаро дошт. Устод Боқӣ Раҳимзодаро, ки ҳарчанд дар самти шеъри лирикиву пурмазмуни мутантан мумтоз буд, мардум бештар барои зарофатгӯияш дӯст медошт.

Ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад.

Воқеан, устод Низом Нурҷонов низ дар таҳқиқҳои хеш маҳз ҳамин тамоили ҳазлу шӯх ва танзии ҷашнҳои мардумии моро тасвир карда буд. Дар чунин маъракаҳо бештар ба истилоҳ масхарабозон, аскиягӯён, лапар­сароён, раққосони ҷуфти зану мард, ки дар шаклу мазмуни ҳазлу киноя баррасӣ мешаванд, тақлидгарон, ки ин ё он ҳайвонотро ҳам бо овоз ва ё бо рафтор ё дар шакли ниқобу шакли зоҳирӣ тақлид мекарданд, дида мешавад.

Дар маъракаҳои ҷашнии расмии театришуда ҳамин тамоил дида намешавад. Номераҳо дар чунин маъракаҳо бештар пафоси тантанавӣ ва сиёсиро касб мекунанд. Албатта, ин тарзи ҷашнгирӣ боиси дастгирист. Аммо чун мунаққид ҳастам, наметавонам аз сатҳу таҳияи режиссёрии ҷашнҳои театришудаи расмӣ эрод нагирам. Ин фикри шахсии ман аст. Хонандаи азиз метавонад бо ман розӣ набошад. Эродам ин аст, ки базмҳои театришудаи солҳои охир якнавохт ба чашм мерасанд, ҳамасола аз якдигар тафовуте надоранд. Моро ба ҳайси эксперт дар ҷаласаҳои тадорукии чунин ҷашнҳо даъват мекунанд, аз мо маслиҳат мепурсанд, аммо дар маҷмӯъ, боз ҳамон кореро мекунанд, ки ранги порсоларо дошт. Дар ин намоишҳо нишонае аз пешниҳодҳои мо дида намешуд.

Ба назарам барои ғанӣ ва рангоранг шудани маъракаҳои расмии театришуда хуб мебуд агар аз таҷрибаи маъракаҳои «корвони шодӣ» истифода мешуд, бахусус аз фарҳанги сурур, фарҳанги ханда, шӯхиву танз. Мо бояд ба шаклан ва мазмунан комил гардондани ҷашнҳоямон таваҷҷуҳи хоса дошта бошем. Чаро ки чун яке аз барандагони ин ҷашнвораҳои муҳим ҳастему ба умумибашарӣ шудани онҳо пеши худ ташаббус гирифтаем, бояд ба ҷаҳониён зебоиву шукӯҳ ва ҳусни инсондӯстиву рангорангӣ ёфтани чунин маъракаҳо саҳм гирем.

Чун мо дубора ҷашни Сада ва Меҳргонро дар радифи Наврӯзи хуҷастапай баъди фосилаи дарози таърихӣ эҳё карда истодаем, месазад, ки базмороии ин ҷашнҳоро ҳусни ҳам карнавалӣ бидиҳем ва ҳам театришудаи мутантан.

Дар ин раванд дар баробари истифодаи ҳунарҳои анъанавӣ лозим аст, ки хусусияти вижагии ҳар ҷашн ба назар гирифта шавад. Манзурам ин аст, ки масалан, ҷашни Сада дар худ рамзу аъмоли хосе дорад, ки дар раванди ҷашнгирии он мебояд таъкид шавад. Гуфтем, ки яке аз рамзҳои асосии Сада оташ аст. Мардум дар рафти ин ҷашн гулхан мегиронанд, аз болои он меҷаҳанд, то ин ки покиза шаванд. Дар паҳлуи ин тибқи суннати тоҷикони Бадахшони куҳӣ, ки то ҳанӯз Садаро ҷашн мегиранд, ҳашар эълон мешавад. Зимнан, дар рафти ҷашни Сада ҷӯйборҳо ва системаҳои обёрӣ ва ҳам дастгоҳу асбобҳои ҷамъиятиву шахсии коркарди замин таъмир карда мешаванд, чорвои ҷуфт ва амсоли ин ҳама омода карда мешаванд ба фарорасии Наврӯз, ба маъракаи коркарди замин, ба маъракаи кишту кор. Меҳргон низ вижагиҳои худро дорад. Ҳамин вижагиҳо дар маросими ҷашнҳо мавқеъ ва моқоми асосии худро бояд дошта бошанд.

Ва ниҳоят таъкид мекунам, ки мо аз рӯҳи модерн бахшидан ба мазму­ну мундариҷаи ин ҷашнҳо набояд худдорӣ намоем. Фақат ва танҳо моли қавмӣ муаррифӣ кардан ва ҳам дар шакли падархудоӣ нигоҳ доштани шаклу мундариҷаи онҳо бақо надорад. Мо бояд ин ҷашнҳоро аз рӯҳия асотирӣ озод кунем. Барои ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои номбурда онҳоро аз дидгоҳи фарҳанг ва арзишҳои имрӯза ва оянда бояд боздид кард. Албатта, боздиде, ки дар худ мазмун ва тамсили миллии он ҷой дошта бошад. Ҳамин синтези анъанавӣ ва навоварии эҷодкорона фарҳанги ҷашнҳоро ҳусни бақо мебахшад. Вагарна, мо ба рушди ин базмҳоямон зомин мешавем. Онҳоро ба моли музей табдил медиҳем.

Чӣ ҳикмат аст, ки мо ба эҳёи ҷашнвораҳои кӯҳан саҳм мегирем?

Онҳо тақвимианд, дар онҳо эҳтиром гузоштан ба унсурҳои оташу ҳавою замин нуҳуфта.

Онҳо фарҳанги кишоварзро тарғиб менамоянд. Аҷдодону худи мо бештар аз зоти кишоварзем ва бароямон табиату замин аз шеваи муқаддасот аст.

Ҷашнҳои зикршуда аз хурофот ё дину идеология пайвастагӣ надоранд.

Онҳо ба ҳувияту худшиносии миллӣ саҳм мегузоранд.

Ва ҳам ҳидояти баҳамоӣ бо аҳли башарро доранд.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

Авесто.

Матнҳои Сосонӣ.

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ

Разӣ Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва Меҳргон: Теҳрон, 1383.

Ва ҳам дар навиштани матни мазкур маводҳои тоҷикистониву эронӣ ва хориҷӣ истифода шуд.

Саъдулло РАҲИМОВ,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь