Ҷӯрабек, Шумо, ки зодаи аҳли заҳматкаш ҳастеду офаридаҳои худро аз ганҷинаи эҷодиёти халқамон гулчин намуда, такмил додаед, дар муддати кӯтоҳ ба сафи ходимони барҷастаи фарҳанги миллиамон ворид гардидед. Саҳми гаронбаҳои Шуморо дар инкишофи маданиятамон, бунёди маънавии халқамон, тарбияи завқи баланди зебоипарастии ҷавонон махсус қайд карданиам. Ба истеъдоди нотакрори сарояндагӣ ва маҳорати оҳангсозии ба худатон хос, Шумо барномаҳои руҳпарвару дилошуб офаридед. Солҳои зиёд аст, ки суруду оҳангҳои Шумо дар водиҳои Ҳисору Вахш, Хатлон, Фарғонаву Рашт ва дар Зарафшону Бадахшон танинандозанд.

Маҳорати баланди эҷодиатон, ки бо сифатҳои наҷиби инсонӣ-ҷӯяндагӣ, меҳнатдӯстӣ, инсонпарастӣ, дӯстиву рафоқат, хулқу одоби ҳамида пайваста гаштаанд, бароятон дар бурун аз ҷумҳурӣ ҳам фазои васее кушоданд.

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артисти халқии РСС Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, барандаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Комсомоли ленинии РСС Тоҷикистон, Камоли  Хуҷандӣ, сарояндаи баном, бастакори пуровоза, роҳбари бадеии ансамбли «Нури Хуҷанд» Устод Ҷӯрабек Муродов 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куҳруд, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод (Суғд), дар хонаводаи деҳқон ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоию миёнаро дар зодгоҳ фаро гирифта, солҳои 1958-1962-донишҷӯи Институти омӯзгории ба номи С.М. Киров, шаҳри Хуҷанд (Ленинободи собиқ), 1962-1963 ба сифати ассисенти кафедраи педагогика ва методикаи донишкадаи мазкур хидмат намудааст.

Дилбастагӣ ба шеъру мусиқӣ самти фаъолияти минбаъдии устод Ҷӯрабекро дигаргуна намуда, барои парвариши завқу салиқаи мусиқиаш назди мутрибону донандагону иҷрогарони мероси шеърию мусиқии мардумию устодона дарси маҳорат андӯхт (Наимҷон Азимов) ва бо ҳидояти устодонаш барои санҷиши маҳорати иҷроияш дар озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти мусиқии солҳои 1958-59, 1960 (Сталинобод),1961, 1962,1963 (Душанбе) ширкат намуда ва барандаи ин озмунҳои истеъдодҳои ҷавони иҷроии ҷумҳуриявӣ шуд. Маҳорат, овози мусиқивори ӯро ҳайати бонуфузи ин озмунҳо (махсусан соли 1963 таҳти сарварии устоди санъат Ғаффор Валаматзода,1916-1993) пазируфта, барои такмилу рангомезии фаъолияти дастаҳои эҷодию иҷроии ҷумҳурӣ ӯро соли 1963- ба сифати солист-сарояндаи муассисаи давлатии эҷодию консертии ордени Байрақи Сурхи меҳнатдори Филармонияи давлатии Тоҷикистон даъват намуданд. Фаъолияти пурбори минбаъдии эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек дар ин боргоҳи ҳунар то соли 1991 ба сифати солист, роҳбари дастаи мусиқӣ (Зарафшон), котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии Филармония (зиёда аз 18 сол) ҷараён гирифтааст.

Фаъолияти ҳунарӣ, ҷамъиятии устод Ҷӯрабек басе рангин ҷараён гирифта, ӯ чун аъзои фаъолу босуботи ҳизби коммунист (аз соли 1967), аъзои комиссияи тафтишотии КМ ПК Тоҷикистон (аз соли 1981), вакили анҷуманҳои XV11-XV111 ВЛКСМ (1975-1978), иштирокдори фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён (Масков, 1985), депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-1995), раиси комиссияи робитаи хориҷӣ ва фарҳангии Маҷлиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990-1991), раиси Фонди сулҳи Тоҷикистон (1982-1992), муовини фонди сулҳи СССР (1982-1992), муовини ҷамъиятии мусиқии СССР (1986-1990), раиси ҷамъияти мусиқии Тоҷикистон (1987-1992), роҳбари бадеии ансамбли «Нури Хуҷанд» (аз 1991 то имрӯз) ва ғайра рангину пурборанд.

Устод Ҷӯрабек барои хидмати пурбор, шоистамандии маҳорати эҷодию иҷроӣ, тарғиби осори шеърию мусиқӣ, мероси пурғановати дар масири таърих рӯи саҳна овардаи тоҷикон, таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангӣ, нигаҳдошти арзишҳои дӯстии мардумони СССР, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, мамолики Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ба унвонҳои фахрии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1967), Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1972 ), Артисти халқии СССР(1979), Лауреати комсомолии ленинии Тоҷикистон (1975), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёту санъат ба номи Рӯдакӣ (1987), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», ифтихорномаю Грамотаҳои  фахрии Президиуми Совети  Олии РСС  Тоҷикистон, РСС Ӯзбекистон, РСС Қирғизистон, нишонҳои тиллоии  Ассосиатсияи консертии Мин он (Ҷопон,1987), Ассосиатсияи Туркистон (Амрико,1987), ордени «Нишони фахрӣ» (СССР, 1980), ордени «Дӯстӣ» (Тоҷикистон,1994), барандаи ҷоизаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (1995), ҷоизаи «Интеллект нации» (дар ҳамоиши «Пешсафони садаи ХХ1» (2009), воридият ба «Кӣ кист дар ҷаҳони имрӯз»,«Золотой фонд энциклопедия музыки», ба китоби «Музыка мира» (2009), нишони ҷашнии«20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва  ғайра мушаррафу комёб шудааст.

Хидмати босуботи устод Ҷӯрабек дар пойбарҷо доштани мерос, ифодаҳои таъсиргузори иҷроии мусиқӣ, рангомезии такяҳои пурнафосату муассирият хоси шеъру мусиқӣ ва шоистаиҷроии он дар тӯли фаъолияти ҳунариаш дар фазои васеи мусиқии иттиҳоди бузурги шӯравӣ, мамолики Осиёи Марказӣ ва бурун аз он заҳмати зиёд ба харҷ дода ва бо сабки ба худ хоси мусиқивори иҷроӣ манзури дӯстдорони ҳунарҳои зебо намудааст. Рангомезии шеъру мусиқии тоҷик ба таъбири устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) “чунон шӯрангез, чунон таъсиромез, чунон шавқовар ва чунон рӯҳпарвар аст, ки шунавандагонро ба ҷӯшу хурӯш меоварад ва ба онҳо шавқу ҳавас мебахшад”, ин махсусиёти савтию тараннумиҷроӣ дар марҳалаи нави таърихӣ дар сабки иҷроии устод Ҷӯрабек тавони хоси нави иҷроии бадеию эстетикӣ касб намуданд.

Устод Ҷӯрабек дар тӯли фаъолияташ бо навҷӯию навҳунарии иҷроӣ, баҳрабардории эҷодкорона аз мероси мусиқии тоҷик, мардумони Шарқу мамолики Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ ва бо диди баланди иҷроию  мусиқивор манзури дӯстдорони шеъру мусиқӣ намудан кори ҳунарии пурбори эҷодию иҷроӣ ба харҷ додааст. Дигар аз самти фаъолияти рангину пурмуҳтавои эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек ин ширкату ҳунарнамоӣ дар ҷашнвораҳои адабию ҳунарӣ, даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон (1968), Литва (1970), Русия (Москва, 1975), Қирғизистон (1976), симпозиуму ҷашнвораҳои байналмилалии мусиқии ба ифтихори 1400- солагии асосгузори системи мусиқии классикии тоҷику форс Борбад (Душанбе, 1990), (Самарқанд 1975,1978, 1983, 2017), Исфара (2003), Душанбе (2006) ва амсоли ин аст.

Дигар аз ибтикороти пурбори ҳунарии устод Ҷӯрабек дар ин марҳалаи таърихии мусиқии тоҷик ва хосатан робитаи ҳасанаи эҷодию иҷроияш ба  санъати иҷроии ӯзбек мебошад.

Устод Ҷӯрабек сиратан инсону ҳунарманди босафо, гуманист, садоқатманд ба ғояҳои арзишманду инсонманди мероси фарҳангист. Аз ин рӯ, дар барномаҳои ҳунарии устод Ҷӯрабек ба меросу эҷодиёти шеърию мусиқии мардумони иттиҳоди бузурги шӯравӣ, Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ҷойгоҳи хос доранд. Аз ҷумла, сурудҳои русии «Калинка», туркмании «Элпесе», қирғизии «Тумарим», озарии «Галбим сенда дер», армании «Мехак», гурҷии «Сулико», силсилаи сурудҳои халқию классикии ӯзбекӣ, сурудҳои эронию ҳиндӣ, афғонӣ, арабию японӣ ва ғайра дар иҷрои ӯ  бо шеваи хоси иҷроиию нишотбахши ҷӯрабекона рӯи саҳна омада ва манзури дӯстдорони мусиқӣ шудаанд. Аз ин хотир, барномаи сафарҳои ҳунариаш дар мамолики Шарқу Ғарб, Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланди ҳунарӣ пазиро шуданд ва доранд мешаванд.

Зимни ин саҳми устод Ҷӯрабек чун ҳунарманди соҳибсабк, гуманист дар  таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии тоҷику ӯзбек, мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна, Наздик, кишварҳои Аврупо низ муассиру барозанда буда, дар ин самт фаъолияти пурбори ӯро маъмурият, ҳокимияти шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Нурато, Исроил, Амрико ва ғайра ба нишони эҳтирому сипос ба хидматаш унвони «шаҳрванди ифтихорӣ» қадру арҷгузорӣ намудаанд.

Чунончи хотирнишон шуд, фаъолият, маҳорати баланду таъсиргузор, рангомезу гуногунмавзӯи эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек на фақат дар дохили кишвар, инчунин дар ҷараёни сафарҳои мутассилу муназзами ҳунариаш ба мамолики Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупою Амрико, аз ҷумла Афғонистон (1966, 1979,1982), Канада (1967), Булғория (1968), Белгия (1969), Эрон (1972), Малта (1973), Кипр (1973), Миср (1973), Лубнон (1973), Покистон (1976), Ироқ (1977), Сурия (1977), Япония (1982, 1987), Таиланд (1986), Австрия (1990), Исроил (1993, 1995, 1997, 1998, 2001, 2010, 2013), Арабистон (1987), Америка (1989, 1991, 1993, 1995, 1997, 2001, 2010, 2013), Арабистон (1987), Чин (2010) ба шаҳру навоҳии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон,Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Украина, Белорус, Молдова ҷумҳуриҳои Назди Балтика, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра пазирою эъзоз шудаанд.

Чунонки академик Акбар Турсон ҷойгоҳи боризи устод Ҷӯрабекро дар таърихи тамаддуни садаи ХХ ва оғози садаи ХХ1 воқеъбинона натиҷагирӣ намуда: “Дар арзу тӯли даҳсолаҳост, ки ҳамнаслу ҳамсилки ман Ҷӯрабек Муродов дар мадди назар ва таваҷҷуҳи мардумони ҳунарпарвару қадрдон дар соҳати дарунмарзию берунмарзӣ қарор доранд ва яқин медорам, ки дар оянда низ дар чунин мақому мартабайи баланди маданию иҷтимойӣ хоҳанд монд! Дар радифи хидматҳои шоистае, ки устоди мумтоз Ҷӯрабеки Мурод дар тараққӣ ва такмили санъати тоҷик кардаанд ва минбаъд аз тариқи ҳамкории эҷодӣ бо ворису шогирдонашон хоҳанд кард, бахусус дутояш лоиқи қадру баҳойи сазовор аст. Аввал  ин ки Ҷӯрабек Муродов ба ҷиҳати ҳақиқатан мардумӣ будани рагу решайи ҳунари олиашон суруду таронайи асили тоҷикиро, ки дар шароити хоси иҷтимоию фарҳангии охирҳойи солҳойи панҷоҳум ва аввалҳои солҳойи шастӯми садайи гузашта қариб ба фаромӯшии таърихӣ рӯ оварда буд, дубора зинда карданд. Дар таърифам муболиғае нест…”.

Дар нукоти фарҳангшинохтии илмии академик Акбар Турсон баробари дигар паҳлӯҳои хоси эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек ишора аз масъулияти фарҳангдорӣ, нигаҳдошту густариши анъана ва меросбарӣ дар эҷоду иҷрои мусиқӣ собит шуда, аз ҷумла масоили  анъана ва меросбарӣ дар эҷоду иҷрои мусиқӣ аз дирӯз то имрӯз, аз мавзӯоти усулан таърихию назарии мусиқӣ маҳсуб шуда, дар масири таърих доир ба  махсусиёти хоси анъана, меросбарии эҷодию иҷроӣ дар эҷодиёти шеърию мусиқии тоҷик нукоти рангин ба қалам омадааст.

Меросбарии эҷодӣ дар фаъолияти эҷодӣ-ҳунарии устод Ҷӯрабек, хосатан дар аз нав рӯи саҳна овардани таснифоти мусиқии мардумию устодона ҷойгоҳу шеваи хосаи иҷроӣ касб кардаанд ва кори боризонаи ҳунарию дар ин самт рӯи саҳна овардаашон мусиқивору пазиранда, моли бадеии боҳунаронаанд. Ҳар иҷрои мусиқивори устоди мусиқӣ хосатан дар бозхонии нави эҷодиҷроии таснифоти нобиға, классики бузурги мусиқии тоҷику ӯзбек Ҳоҷӣ Абдулазиз (1850-1936) «Бозургонӣ», «Дӯстхудоӣ», ”Гулъузорам”, ”Ушшоқи ҳофиз” (бо матни ҳамсони тоҷикӣ, иҷрои мусиқивору ифодаҳои иҷроӣ-овозӣ ва тозаиҷроии «Баёти панҷ» (бо ғазали Рӯдакӣ), «Савти Муноҷот» (ғазали Ҳофиз), “Гиря” (ғазали Ҷомӣ) ва амсоли ин аз корҳои рангину барозандаи ӯ буда ва  саршор аз ифодаҳои басо мусиқивору гӯшнавоз таҳияю тавонҳои мусиқӣ иҷро шудаанд, дар санъати иҷроӣ устодони меросбару эҷодкор ин сабки иҷроиро “мавзунхонӣ”, “молоҳунарӣ”, “шоистаиҷроӣ” гуфтаанд. Риояву падидоварии ин махсусиёти шеъру мусиқӣ дар танзиму коркарду иҷрои борҳунарии устод Ҷӯрабек вақту салиқаи хубу муваффақиҷроӣ ба харҷ додааст. Ӯ то ба ҷое ба умқи суннати меросбарии боҳунарона ва бо ифодаҳои нави таъкиду талқини мусиқивори иҷроӣ рӯи саҳна овардани мероси мумтози мусиқӣ кори ҳунарии пазиранда, шуниданию монданӣ намудаанд.

Бо таъбири донандагону меросбарони эҷодкор корҳои ҳунарии устод Ҷӯрабек дар иҷрои осори баргузидаи мусиқии мардумию устодона боҳунаронаанд. Санъат, сабки эҷодию иҷроии устод Ҷӯрабек намунаи пазирандаю боҳунаронаи санъати иҷроии имрӯзист.

Суннат, меросбарӣ ва навкорӣ дар санъати мусиқӣ- иҷроӣ, аз пояҳои асосии касбияти ин санъати шариф, анвои дигари ҳунарҳои бадеист. Анъана ва меросбарӣ дар мусиқӣ, махсусан эҷод ва иҷрои боҳунаронаи он ин натоиҷи тозакоркардҳои арзишҳои мондагори ҳунарӣ, бадеӣ аз устод ба шогирд, аз як давра ба давраи дигари таърихӣ идомаю густаришёфта мебошанд.

Бидуни муҳобот шахсияти эҷодӣ, борҳунари иҷроии устод Ҷӯрабек дар тамаддуни мамолики Осиёи Марказӣ ва бурун аз он саршор аз арзишҳои волои иҷроию зебоишиносии шоистаэҷодию волоҳунарист.

Устод Ҷӯрабек як симои ҳунарӣ, эҷодкору сарояндаи борҳунар ва меросбару мавзунҳунар ва баландовоза дар санъати иҷроист ва созу овозаш ҳамрадиф бо суннатҳои пуртобу чашмбин, иҷроии тозаталқинии эҷодиёти бадеии дирӯзу имрӯз дар санъати мусиқии мардумию касбист. Санъати иҷроии устод Ҷӯрабек аз ду сарчашмаи адабию мусиқӣ баҳравар буда, яке бардошти эҷодкорона аз шеъри класскикию муосир, мероси фарҳанги мардумӣ, дигаре такя ва баҳраварии эҷодкорона аз эҷодиёти мусиқии классикию мардумии тоҷик, тозакорию резакориҳои эҷодию иҷроии ҳунарии аз имтиҳоноти таърих гузашта аст. Гуногунрангию рангомезии эҷод ва иҷрои ҳунарии Устод Ҷӯрабек ва пазириши санъати овозхонии ӯро метавон дар интихоби дурусти шеър ва оҳанг, ҳамсонию пайванди ногусастании шеър бо мусиқӣ натиҷагирӣ намуд. Барои интихоби матну равонии оҳанг, рангомезии мусиқивияти овозу иҷро, омӯзиши зиёд ва шунидани сабку равияҳои пазируфтаи овозхонии устодони ҳавзаҳои ҳунарии марказшаҳрҳо, ифодаҳои нафису таъсиргузори мусиқии мардумӣ ва бо завқу салиқаи эҷодкоронаи иҷроӣ баҳрабардорӣ намудан аст.

Сабку кори эҷодии хубу шеъри маънипазири олишон ва коркарди он ба савтҳои нашидбори мусиқӣ ҳамсонӣ дошта, ба ҳолу ҳавои нафиси эҷодию иҷроии худи сароянда ва ба фазои васеи шунавандагони маънипазир пешкашшуда, иртибот дорад. Устод Ҷӯрабек аз сароғози кори эҷодию иҷроияш эҳтирому масъулияти меросбарӣ ва боҳунарона, рӯи саҳнаоварии таснифоти устодони мусиқӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Домулло Ҳалим (1878- 1940, Содирхон (1847-1931), Мулло Тӯйчӣ (1868-1943) ва дигарон кӯшиши зиёди омӯзишию иҷроии наву фазояндаю молоҳунарӣ ба харҷ додааст.

Устод Ҷӯрабек дар самти бозхонии эҷодӣ ва эҳёи оҳангҳои ҳамешашуниду мондагори мусиқӣ, сабк, мактаби хоси онҳо кори ҳунарии хеш пазируфта ва рӯи онҳо кори эҷодии мутассилу муназзам намуда, сабки оҳангсозии нухбагони созу овози марказшаҳрҳои фарҳангиро бо тозакориҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯю такмил, тозаиҷроӣ менамояд. Ин гаравишҳои эҷодию иҷроииборвари ҳунарӣ, рӯ овардан ба шеваҳои иҷроии устодона хоси кори ҳунарии ҳар ҳунарманди хушзеҳн аст, ки ба сурати ҳирфаӣ рӯи як шохаи ҳунар фаъолият кунаду мутамарказ шавад ва ба натоиҷи муассири эҷодию иҷроӣ комёб шавад. Устод Ҷӯрабек ин тозакориҳои иҷроии ҳунариро ба танҳоӣ анҷом надода ва ҳамеша дар иртиботу машварати эҷодӣ бо донандагони шеъру мусиқӣ ҳамкорӣ намуда ва дорад менамояд.

Санъати иҷроии устод Ҷӯрабек ҳамсону пайванд ба таркиб, перояҳои тазйинии иҷроию овозӣ сунъӣ нестанд ва корҳои ҳунариашон табиӣ ва пазирандаю шуниданианд. Ӯ дар ҷараёни иҷрои таснифоти мардумию устодона аз паи ифодаҳои маснӯи маъмулӣ (қолабсароӣ, шаклгароӣ) нарафта бештар, кори ҳунариашон истифода аз такяҳои нашидахонии овозӣ корбурди ҳунаришуда мебошанд. Ба такя ва тавонҳои мусиқивори ин сабки ҳунарии иҷроӣ дар санъати мусиқии устодонаи садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ дар мисоли фаъолияти пурбору намунасохти мусиқии пешоҳангони номӣ чун Ҳоҷӣ Абдулазиз дар кори ҳунари иҷроии ин устод Ҷӯрабек таркибу перояҳои маснӯӣ, шаклсароии иҷроӣ ҷой надоранд. Асарҳои иҷрошудаю манзургардида саршор аз ифодаҳои тараннумии муассиру рангомези ҳамнаво бо зарбу авзони шеърию мусиқӣ ҳамсонанд. Мусиқивияти ин таркибу ифодаҳои иҷроии ҳамшед бо шеъри зарбии мо (кори боҳунаронаи иҷроии устод Ҷӯрабек бо истифода аз ашъори Рӯдакию Мавлоно, Ҷомӣ ва дигарон намунаи хуби шоистаиҷроии шеър аст) дар санъати иҷроии кунуниамон кам андар кам  ба назар расидаааст. Корбурди боҳунаронаи ин ифодаҳои хоси тараннумии овозӣ (махмалинхонӣ) хоси фарҳанги устодонаи иҷроист ва риояти ин аносири молоиҷроӣ дар санъати эҷодию иҷрои мусиқӣ руҳияю тавони хоси мусиқӣ, зебоишиносӣ эҷод менамояд. Баҳраварии эҷодию  муваффақҳунарию шоистаиҷроии устод Ҷӯрабек аз ин перояҳои тараннумии иҷроӣ тақлидӣ, шаклхонӣ набуда, балки бо таҳрирҳои таъсирпазирии талқини иҷроӣ рӯи саҳнаи иҷрои мусиқӣ омадаанд.

Устод Ҷӯрабек чун ходими масъулманди ҷамъиятӣ – раиси Ҷамъияти мусиқии Тоҷикистон(1987-1992) , муовини раиси ҷамъияти мусиқии СССР (1987-1992),  раиси Фонди сулҳи Тоҷикистон(1989-1992), муовини раиси фонди сулҳи СССР (1989-1992) салиқаи баланди ҷамъиятии хешро дар ташкилу таҳияи барномаҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои шӯравӣ бурун аз он  ширкату ҳунарнамоӣ намудан, инчунин ба сифати роҳбари ташкилотҳои ҷамъиятӣ корҳои ҷолиберо анҷом додааст. Ӯ ба сифати раиси Ҷамъияти мусиқии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раиси Ҷамъияти мусиқии СССР, Артисти халқии СССР Архипова И.К. (1925-2010), раиси Ҷамъияти мусиқии Молдавия, Артисти халқии СССР Биешу М.Л. (1935-2012) ва ҷамъиятҳои мусиқии ҷумҳуриҳои Белоруссия, Украина, Озарбойҷон, Грузия, Арманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон дар баргузории рӯзҳои фарҳанг, ҷашну фестивалҳои мусиқӣ, таҷлили санаҳои муҳими мусиқӣ, аз ҷумла таҷлили 1400- умин солрӯзи асосгузори системи мусиқии классикии тоҷику форс Борбад (590- 628), баргузории Симпозиуму фестивали байналмилалии мусиқӣ (Душанбе, 23-29 апрели 1990) таҳияи барномаҳои фарҳангии ин ҷашнвораи сатҳан баланди байналмилалӣ саҳми хоса гузоштааст.

Дар ташакулу пешрафт, чун чеҳраи баноми ҳунарӣ рӯи саҳна омадани устод Ҷӯрабек раҳнамоию дастгирии бевоситаи ходимони барҷастаи давлатию фарҳангӣ Ҷаббор Расулов (1913-1982 ), Раҳмон Набиев (1938-1992) ), Устод Мирзо Турсунзода (1911-1977), Муҳаммад Осимӣ (1920-1996), Меҳрубон Назаров (1922-1993) , Ғаффор Валаматзода (1916-1993) ва дигарон муассир аст. Ӯ ба нишони сипосу иродати хоса Ҷаббор Расулов ва устод Мирзо Турсунзодаро падари маънавии хеш пазируфта ва ҳамеша бар равонашон дуруд мефиристад. Зимни ин, аз таваҷҷуҳу қадрдонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нисбати аҳли санъат сипосгузор аст.

Устод Ҷӯрабек дар тӯли фаъолияти эҷодию иҷроияш бо ширкат дар рӯзҳои фарҳангӣ, даҳаҳои адабиёту санъат, маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ бо арбобону ходимони намоёни давлатии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ҳиндустон Индира Ганди (1917-1984), Шароф Рашидов (1917-1983), Динмуҳаммад Қунаев (1912-1993 ), Муҳаммадназар Ғафуров (1922-1999), Турдакун Усубалиев (1919-2015), Ҳайдар Алиев (1923-2003), Иноъомҷон Усмонхоҷаев (1930-2017 ), Рафиқ Нишонов,Ислом Каримов (1938-2016), Шавкат Мирзиёев, Илҳом Алиев, роҳбарони давлатии Куба Фидел Кастро (1926-2016), Сурия- Ҳофиз Асад (1930-2000), Ироқ- Саддом Ҳусайн (1937-2006), Эрон- Муҳаммад Хотамӣ, Маҳмуди Аҳмадинажот, Франсия-Франсуа Миттеран (1916-1996 ), Жак Ширак (1932-2019) ва дигарон шинос шудааст.

Сафарҳои ҳунарии устод Ҷӯрабек ба кишварҳои Шарқи Миёнаю Наздик, Аврупо шиносоии наздик бо устодони санъат, мероси мусиқии  мардумони мамолики дигар баҳраандӯзии эҷодкорона аз он, диди нави  мусиқипазирӣ, эҷодиро фароҳам овард, барномаҳои ҳунариашро рангин намуданд. Аз ҷумла, ширкат дар ҷашнвораҳои мусиқӣ, сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои хориҷӣ, шиносоӣ бо устодони машҳури мусиқии Ғарбу Шарқ Хулио Иглесиас (тав.1943), Раҷ Капур (1924-1988 ), устод Муҳаммадризо Шаҷариён (1940-2020), Саттор, Анди, Аҳмад Зоҳир (1946-1979) ва дигарон аз саҳифаҳои рангини робитаҳои эҷодиаш дар ин самт мебошанд.

Зимни ин, дар ташаккулу пешрафт, маҳорат, рангомезии мавзӯии эҷодиёти иҷроии устод Ҷӯрабек саҳми адибону шоирони баноми тоҷик Сотим Улуғзода (1911-1997 ), Ҷалол Икромӣ (1909-1993 ), Фазлиддин Муҳаммадиев (1928-1986 ) робита дошт ва бо шоирон Лоиқ Шералӣ (1941-2000), Қутбӣ Киром (1932-1995), Гулрухсор, Бозор Собир, Фарзона, Ҳадиса, суханварони ӯзбек Эркин Воҳидов (1936-2016 ), Абдулло Орипов (1941-2016), Нормурод Нарзуллоев (1934-2006),Ӯлмас Ҷамол (1934-2017), Ҷонибек Қувноқ (1940-1990) ва дигарон ҳамкорӣ ва ба ашъорашон таронаҳои рангин сохта, ин таснифот дар фазои мусиқии тоҷику ӯзбек  пазирандагии хоса касб намудаанд.

Дар тӯли фаъолияти эҷодию иҷроияш устод Ҷӯрабек Муродов бо сарояндагон, Артисони халқии  Ӯзбекистон Комилҷон Отаниёзов (1917-1975), Таваккал Қодиров (1926-2017), Берта Давидова (1922-2007), Фахриддин Умаров (1924-2007), Олмахон Ҳаитова (1940-2014), Камолиддин Раҳимов (1943-2015  ), Ботир Зокиров (1936-1985 ), Отаҷон Худойшукуров (1944-1994), Артистони халқии СССР Мукаррама Турғунбоева (1913-1978), Ҳалима Носирова (1913-2003 ),Саодат Қобилова (1925-2007), Галия Измаилова (1923-2010) ва дигарон дар барномаҳои фарҳангӣ ширкату ҳунарнамоӣ кардааст.

Имрӯз робитаи ҳасанаи эҷодию иҷроиро устод Ҷӯрабек бо сарояндагони баноми Ӯзбекистон Шералӣ  Ҷӯраев, Бобомурод Ҳамдамов, Матлуба Додобоева, Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Ғуломҷон Ёқубов, Хайрулло Лутфуллоев,Озодбек Назарбеков ва дигарон басо рангину муназзам буда ва дар ҷараён аст.

Аз оғози фаъолият иртиботу ҳамкории устод Ҷӯрабек ба муассисаҳои ҳунарӣ, намояндагони намоёни мусиқии Русия (театри мусиқӣ, дастаҳои мусиқии эстрадӣ, оҳангсозон,театр ва ғ.), аз ҷумла бо симоҳои барҷастаи мусиқӣ Иосиф Кобзон, Александра Пахмутова, Николай Добронравов, Никита Михалков, Лев Лещенко, Александр Серов, Владимир Винокур, Георгий Миладзе, Николай Басков, Филип Киркоров, Алла Пугачева, Александр Дробыш,Генадий Хазанов, Стас Михайлов, Андрей Макаревич ва дигарон муназзам ҷараён гирифтааст.

Дар маҷмӯ метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки устод Ҷӯрабек дар марҳалаи на чандон тӯлонии эҷоду иҷроии борҳунаронааш шоҳиди таҳаввулоти муассири сиёсию фарҳангӣ,иштирокдори бисёр ҷашнвораҳои бузурги ҳунарии иттиҳоди бузурги Шӯравӣ, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва бурун аз он буда, бо чашму дили некбинона, ҳунармандонасароӣ ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги миллӣ корномаи мондании эҷодию иҷроӣ намуда ва доранд менамоянд. Хидмати садоқатмандонаю беминат ба манфиати фарҳанги миллат, ҷомеаи худию бурун аз он намудаи устод Ҷӯрабек дар радифи чеҳраҳои баному пуровозаи Шарқу Ғарб, ба  симои пуровоза, эҷодкори созанда, гуманист чира шуда ва аз ин рӯ, суруду овоз, ҳунарашон пирнашаванда ва монданист.

Аскаралӣ Раҷабов,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь