Сабк аз печидатарин ва мураккабтарин масоили адабиётшиносӣ (ва анвои дигари санъату ҳунар) буда, аз аҳди қадим то имрӯз даҳҳо таърифу меъёрҳо барои шинохти он рӯйи кор омадааст. Бо вуҷуди он ки ин масъала аз самтҳои меҳварии таҳқиқоти устод Абдунабӣ Сатторзода нест, дар чанд мақолаи эшон диду назари хоси муаллиф ба мушоҳида меояд. Зимнан, бояд гуфт, ки устод ҳамеша ва дар ҳалли  ҳамаи матолиб ба умқ ва паҳно менигаранд ва бо фикри тезрасу назари борикбин дар  дарёфти ҷавҳару асл саъй мекунанд. Бинобар ин, ҳам дар таҳқиқи масъалаҳои назарияи адабиёт, ҳам омӯзиши илми бадеъ, ҳам дар нақди адабӣ, ҳам дар коркарди консепсияи таърихи адабиётнигорӣ ва таълифи китоби дарсии «Таърихи адабиёт» ва ҳам дар шинохти вежагиҳои  ҳунарии суханварони пешин ва имрӯз ба таълифоти устод эътимод бештар аст.

Баъзан сару садоҳое баланд мешаванд, ки олими ростин бояд ба таҳқиқи  як масъала ва як марҳалаи адабиёт машғул бошад. Профессор Абдунабӣ  Сатторзода намунаи барҷастаи инкори ин фикру назар ҳастанд, зеро вежагиҳои ҳунарии шоирон аз Рӯдакӣ то Лоиқ ва пеш аз Рӯдакиву баъди Лоиқ ҳам аз назари эшон дур намондаанд ва дар канори таърихи адабиёт, ҳамроҳ бо назарияву нақди адабӣ дар маърази таваҷҷуҳи ин донишманд қарор гирифтаанд.

Дар мақолаҳои «Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки  адабӣ дар шеър», «Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор», «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ», «Шеъри лоиқвор» ва тамоми осори дигаре, ки ба шинохти поэтика ва ҳунари нигорандагии суханварон марбут ҳастанд, ба масъалаҳои сабкшиносӣ руҷӯъ шудааст.

Мақолаи «Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър» шояд яке аз хурдтарин (аз назари ҳаҷм) мақолаҳои А. Сатторзода бошад. Аммо бо тамоми мухтасарбаёнӣ дар он мушкилоти асосии ин шохаи адабиётшиносӣ ба миён кашида шудааст. Ин ҷо сухан аз интиқоди  назарияи маъмул оид ба мавҷудияти се сабк: сабки хуросонӣ ё туркистонӣ, сабки ироқӣ ва сабки ҳиндӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ  меравад. Ҷонибдорони ин назария Муҳаммадтақии Баҳор ва Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб ва пайравони онҳо тамоми шеъри форсии тоҷикиро аз  оғоз то охири садаи Х1Х ба яке аз ин  сабкҳо марбут донистаанд. Аммо чунин тақсимбандӣ аз назари профессор А. Сатторзода хилофи мантиқ менамояд. Ба андешаи муаллиф, нақси умдаи ин назария «дар он аст, ки умумӣ ва муҷаррад аст» (15, с.68). Ӯ бо фикри муаллифи «Фарҳанги Муъин» оид ба он ки «тақсими сабки шеъри форсӣ ба сувари фавқ ҷанбаи илмӣ надорад» комилан ҳамназар аст, зеро «сабки шеъри форсии тоҷикӣ дар ин назария асосан аз нигоҳи луғавӣ («мухтассоти забонӣ») ва шаклӣ (санъатҳои бадеъӣ, арӯз ва қофия) баррасӣ мешавад, на аз нигоҳи  адабӣ (ҳунарӣ)» (15, с. 68). Барои раҳо шудан аз ин қолаб ҷустуҷӯ ва хулосаҳои донишмандони эронӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ дар «Сувари хаёл дар шеъри  форсӣ» (Кадканӣ) ва Сируси Шамисо дар «Сабкшиносии шеър» муҳим арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, муаллиф пешниҳоди Сируси Шамисоро дар бораи «сабки ҳадди восит» ва ё «байнобайн», ки бояд дар миёни сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ ҷой дошта бошанд, қобили дастгирӣ меҳисобад (15, с.69).

Дарвоқеъ, яке аз муҳимтарин масъалаҳои сабкшиносӣ табақабандии он буд, ки дар асоси назми форсӣ падид омада буд. Тақсимбандии суннатии сегонаи шеъри форсӣ: сабки хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ ҳар кадом хусусиятҳои мутафарриқи худро дошт ва давраи муайянеро фаро мегирифт. Дар баъзе таснифот сабки «бозгашт» илова шудааст, ки онро «ҷараёни адабӣ» номидан шояд саҳеҳтар бошад (9, с.4-6).

Ташаккул ва таҳаввули сабкҳо ба замон, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, ба пешрафти иҷтимоӣ ва пешрафти мафкураи ҷамъият вобаста аст. Ба тақозои ҳол табодули сабкҳо ба амал меояд. Чунончи, сабки хуросонӣ дар қисмати хуросонӣ – дар қисмати шарқии Эрон – Хуросон ба миён омада, аз охири асри IX то охири асри XI идома ёфтааст. Сабки ироқӣ аз охири асри Х то аввали асри XII дар қисми ғарбии Эрон арзи вуҷуд кардааст. Сабки ҳиндӣ, ки аввалин нишонаҳои онро муҳаққиқон дар эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ дидаанд, дар охири асри XVI дар Ҳиндустон ташаккул ёфта, сипас дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони Ғарбӣ густариш ёфтааст. Ҷараёни адабии «бозгашт», ки дар Исфаҳон ба вуҷуд омад, аз ду давра иборат буд. Давраи аввал аз асри XIII то ибтидои асри XIX, давраи дуюм аз ибтидои асри XIX то аҳди Машрутияи Эрон. Давраҳои мазкур ҳар кадом бо хусусиятҳои худ аз ҳамдигар тафовут доштанд. Чунончи, сабки ҳиндӣ дорои вежагиҳои зерин буд: таъқид ва печидагӣ; мазмунсозӣ, борикандешӣ, хаёлпардозӣ; эъҷоз ва ихтисор; касрати ташбеҳот ва истиороту киноёти маҷозӣ; ғаробат дар ташбеҳот ва истиорот; борик бурдани вожа ва истилоҳоти омиёнаву алфози бозорӣ; касрати тамсил ва ирсол-ул-масал; лафзтарошӣ ва таркибсозии хос; иҳом; илҳомгирӣ аз таҷрибаи рӯзмарра, ашхос ва ашёи муҳит; баёни даъво ва тавзеҳоти ғарибу шоирона; баёни навъе дарду шӯри ғариб дар ғазал;  воқеагӯӣ; шахсиятбахшӣ (19, с. 11-30).

Ин тақсимбандии маъмул ҷонибдорон ва мухолифоне пайдо кард. Аз ҷумла, нақси онро низ донишмандони зиёде пай бурдаанд. Чунончи, дар бораи ақидаҳои Забеҳуллоҳи Сафо роҷеъ ба ин масъала муҳаққиқи эронӣ Муҳаммади Мухторӣ чунин изҳори назар кардааст:

«Гуфтанист, ки дар пажӯҳишҳои д-р Сафо дар «Таърихи адабиёт» аз роҳи таҷрибаи амалӣ ва бархӯрди муқоисавӣ бо осори гуногун, саранҷом нақс ва норасоии сабкшиносии маъмул, бавижа дар ваҷҳи табақабандии суннатӣ ва маъҳуди он бармало мешавад. Ин таҳқиқот аз лиҳози чирагии таҷрибаи амалӣ ва назарияпардозиҳои интизоӣ ва қарордодҳои озмуннашуда ва кулливу суннатӣ қобили эътиност. Ва ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки ҳамин таҷрибаи амалӣ саранҷом дар бахши панҷуми «Таърихи адабиёт»-и Сафо бар назаргоҳҳои пешинаи худи ӯ низ дар ҳамин китоб, ки ба ҳар ҳол зери нуфузи сабкшиносии давраӣ ва қарордодӣ маъмул будааст, чира мешавад. Ва назари интиқодии қотеъ ҳамроҳ бо табақабандиҳои кӯчактар, аммо гӯётаре дар бораи сабкҳои маъмули шеър фароҳам меоварад ва тақсимбандии сегонаи шеъри форсӣ – хуросонӣ (туркистонӣ), ироқӣ, ҳиндӣ (исфаҳонӣ)-ро бо қотеият рад мекунад. Ва онро бисёр шитобзада, куллӣ, хеле мубҳам ва ҳатто коҳилманишона меномад» (10, с. 220).

Зимнан, барои он ки сабк дуруст шинохта шавад, таърифи он бояд саҳеҳ бошад. Бинобар ин, таърифе, ки дар мақолаи А. Сатторзода оварда шудааст, ба фикри мо, тамоми ҷанбаҳои сабкро фаро гирифтааст: «Сабк (тарз, шева, равиш) танҳо аз вижагии истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеъӣ, вазн, қофияву радиф иборат нест, тавре ки бисёриҳо гумон доранд, балки ҳамзамон вобастагӣ ба тарзи биниш ва диди зебоишинохтӣ дорад)» (15, с. 69). Ба ҳамин далел агар тарзи истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеъӣ, вазн, қофияву радиф, тарзи биниш ва диди зебоишинохтӣ тағйир ёбанд, сабк низ тағйир меёбад.

Ин нуктаҳои муҳим, ки дар мақолаи А. Сатторзода арз шудаанд, воқеан ҳам дар шинохти масоили сабк заруранд, зеро маҳз сохтори сабк, тасниф ва табақабандии он барои дарки дурусти он мусоидат менамоянд.

Масъалаи сохтору таснифи сабк аз даврони қадим мавриди таваҷҷуҳ будааст. Қудамо сабкро ба оливу паст, шарқиву ғарбӣ, ренессансу барокко ва ғайра ҷудо карда буданд, ки ин таснифот баъдҳо таҳаввул ёфт ва имрӯз бо назардошти хусусиятҳои мухталиф адабиётшиносон рӯ ба таснифи ҳамаҷонибаи сабк овардаанд ва ин ковишҳо ҳанӯз анҷом напазируфтааст.

Мусаллам аст, ки ағлаби адабиётшиносони ҷаҳон сабкро чун як падидаи серпаҳлу ва гуногунҷабҳа шинохтаанд. Чунончи, дар «Луғати санъат»-и олмонӣ сабки шахсӣ, маҳаллӣ, миллӣ, гуруҳӣ, замонӣ зикр шудааст. Дар луғати адабиётшиносии чехҳо сохтори сабкро аз қабатҳои зерин иборат донистаанд: сабки асари мушаххас, сабки як идда осори умумии як адиб, сабки фардӣ, сабки ҷараёни адабӣ, гуруҳ, мактаб, ҷамъият, насл, аср, давр. Ба ғайр аз ин, сабкҳои ноҳиявӣ, қабилавӣ, миллӣ, вилоятӣ; ҳамчунин сабки ягон хели санъат, ҷинс ва навъи он: сабки ҳаҷвӣ ва ғ. низ номбар шудаанд.

Чунонки мебинем, ин ҷо тасниф аз рӯи се хусусияти сабк сурат гирифтааст: 1. Мансубият ба замон ва ҷараёнҳои адабии он. 2. Мансубияти хешии ҷуғрофӣ. 3. Мансубият ба ягон навъи санъат, ҷинс ва навъ.

Дар «Назарияи адабиёт»-и олимони амрикоӣ Рене Веллек ва Остин Воррен таснифи сабк аз рӯи чаҳор хусусияти он нишон дода шудааст:

  1. Аз рӯи робитаи мутақобилаи калима ва ифодаи он: мафҳумӣ ва эҳсосӣ, бевосита ва тасвирӣ (ё тавсифӣ), муболиғаомез ё баръакс хурднамо, саҳеҳ ё хира, ором ва пурэҳсос, паст ва олӣ, сода ва маснӯъ.
  2. Аз рӯи муносибати байни калимот (таносуби сухан): пуршиддат ва ором, нафис ва оҳангдор, равон ва дурушт, беранг ва пуробуранг.
  3. Аз рӯи муносибати байни калимот ва кулли низоми забон: шифоҳӣ ва хаттӣ, бешахс ва мушаххас.
  4. Аз рӯи муносибати байни калима ва муаллиф: айнӣ ва зеҳнӣ (17, с. 115).

Адабиётшиноси варзидаи рус Ю. Борев вуҷуд доштани нӯҳ қабати сабкро таъкид карда, давраи ташаккули ҳар кадомро вобаста ба ҷараёни диалектикии торафт мураккабшавандаи сохтори асар ва торафт изофа шудани қабатҳои сабкӣ дар он, зиёд гаштани тафриқа ва дар баробари он умумият дар миёни осори санъат ба риштаи таҳқиқи илмӣ кашидааст.

Ба фикри ӯ, нӯҳ қабати сабкӣ дар ҷараёни ташаккул ба чунин низом мураттаб шудааст:

  1. Сабки ноҳиявӣ (умумияти миёни осори як ноҳия, масалан, ҳинду аврупоӣ).
  2. Сабки миллӣ (аз рӯи умумияти сабки миллӣ осори русӣ, немисӣ, фаронсавӣ аз ҳам фарқ мекунанд).
  3. Сабки миллии даврӣ (сабки миллии ягон халқ дар давраи муайяни инкишофи таърихӣ ва адабию бадеӣ. Чунончи, сабки классисизми фаронсавӣ ё бароккои итолиёвӣ).
  4. Сабки ҷараён, мактаб, равия – умумияти дохилии ҳамаи ҷараёнҳои дорои рақобати байни ҳам – масалан, фарқи осори реалистӣ аз осори романтикӣ ва классисистӣ.
  5. Сабки фардӣ, ки намоёнгари тарзи тафаккури бадеии адиб аст. Давраи ташаккули он ба давраи таърихии ташаккули шахсияти инсон мувофиқ аст.
  6. Сабки давраи эҷодии санъаткор – шахсият, тарзи тафаккур ва арзишҳои бадеӣ дар давоми зиндагии эҷодкор метавонад ба куллӣ иваз ёбад, ҳарчанд ки дар ҳама сурат умумияти сабки фардии адиб маҳфуз мемонад. Масалан, давраи «гулобӣ» ё «нилгун»-и Пикассо.
  7. Сабки асар – тафриқаи сабкӣ миёни осори мухталифи як эҷодкор.
  8. Сабки ягон қисмати асар – ба ҳам омадани воҳидҳои сабкан мухталиф дар дохили як асар.
  9. Сабки давр, ки тамоми сабкҳои мухталифи як давраро муттаҳид мекунад ва нақши худро дар ҳамаи қабатҳои фавқуззикри сабк мегузорад (3).

Бо масъалаи таснифи сабк дар осори адабпажӯҳони дигар Маҳмуди  Футӯҳӣ, Маҳмуди Ибодиён, Аҳмад Хотамӣ, Сируси Шамисо ва дигарон низ метавон шинос шуд (18; 6; 19; 20; 21). Ҳамин тариқ, руҷӯи шитобзада ба масъалаи таснифи сабк ба бардоште мерасонад, ки ҳар пажӯҳишгар бо назардошти бархе аз хасоиси сабк ба таснифи он даст мезанад ва ягон тадқиқоти мукаммале то ҳол рӯи коғаз наомадааст.

Дар адабиётшиносии қадими форсу тоҷик низ ин масъала аз мадди назар дур набудааст. Дар ин бора рисолаи пурарзиши Худоӣ Шарипов «Масъалаҳои назарияи наср дар ёдгориҳои форсу тоҷики давраи классикӣ» (23)  маълумоти муфассал медиҳад. Масоили поэтика, ки сабк низ дар шумули он аст, қаблан дар рисолаҳое оид ба назм мавриди баррасӣ гаштааст, ки аз он ҷумла «ал -Муъҷам фӣ маъойири ашъор ил-Аҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Дақоиқ-уш-шеър»-и Тоҷ ал-Ҳаловӣ, «Ҳақоиқ-ул-ҳадоиқ» ва «Анис-ул-ушшоқ»-и Шарафуддини Ромӣ, «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ ил-ашъор»-и Кошифӣ ва ғайраро метавон номбар кард. Аз байни асарҳое, ки ба поэтикаи наср бахшида шудаанд, муаллиф мақом ва ҷойгоҳи «Расоил-ул-эъҷоз»-и Амир Хусрави Деҳлавиро алоҳида таъкид карда, арзиши таълифоти Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ ва Муҳаммади Омулиро низ муайян мекунад.

Ба андешаи Х. Шарипов, бори нахуст масъалаи сабк дар насри форсу тоҷик дар пешгуфтори маҷмӯи мактубҳо (тарассул)-и Баҳоваддини Бағдодӣ «ат-Тавассул ила-т-тарассул» ба доираи баҳси илмӣ кашида шуда буд. Ӯ бар он назар аст, ки эҷоди калом ду паҳлу дорад, ки вобаста ба он каломро ба ду навъ ҷудо мекунанд: маснӯъ (аз рӯи санъат ва маҳорати адабӣ) ва матбӯъ (аз лиҳози табъи адиб, ҳолати рӯҳии ӯ). Зимни чунин таснифи сабк тамоюлҳои мухталифи сабкӣ ташаккул ёфтанд ва нависандагон вобаста ба табъу завқ ва ҳунари суханварии худ яке аз он майлонҳоро пазируфта буданд. Баҳоваддини Бағдодӣ ба хулосае меояд, ки тафовути сабкӣ на танҳо ба табиати адиб, дараҷаи дониш ва шавқу завқи ӯ, балки ба мансубияти ӯ ба ягон табақаи ҷамъиятӣ вобаста аст. Масъалаи мазкур, яъне мансубияти иҷтимоии нависанда дертар дар асри XIV дар «Расоил-ул-эъҷоз»-и Хусрави Деҳлавӣ мавриди баррасии илмӣ гашт, ки нӯҳ навъи сабкро баршумурда ҳар кадомро муфассал шарҳ медиҳад:

  1. Сулуки машоих; 2. Сабки уламои муҳаққиқ; 3. Тариқаи мутарассилон; 4. Тариқаи ҳукамо; 5. Тариқаи мутазаккирон; 6. Тариқаи мударрисон; 7. Тариқаи авом; 8. Тариқаи асҳоби амал ва шуғл; 9. Тариқаи асҳоби музоҳик (23).

Чунонки мебинем, муҳимтарин тафовути сабкро нигоранда вобаста ба касбу кор ва мавқеи ҷамъиятии одамон муайян намудааст. Маълум  мешавад, ки дар адабиётшиносии гузаштаи форсу тоҷик масоили сабк дар қатори мабоҳиси муҳим қарор гирифта буд ва ихтилофи назарҳо аз ҳамон давра то ба имрӯз идома дорад.

Солҳои охир муҳаққиқони эронӣ ҳини баррасии масъалаи сабки шоирон забон ва сабкро дар пайвастагӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, чанд матлаби меҳвариро марбут ба сабк мешуморанд. Чунончи, устоди донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ Муҳаммад Ғуломризоӣ дар асари худ «Тарзи  Унсурӣ (вежагиҳои забонӣ ва сабкии ашъори Унсурӣ)» фаслеро ба «Вежигаҳои забонӣ» ихтисос дода, дар фаслҳои дигар қолабҳои шеърӣ, мусиқии шеър, бадеъи маънавӣ, равишҳои мазмунсозӣ, шахсият  ва эътиқодотро баррасӣ менамояд (4, с. 5). Мантиқан чунин хулоса мешавад, ки ин фаслҳо дар маҷмӯъ унсурҳои сабкро ташкил медиҳанд.

Муҳаққиқи дигар Муҳаммадризо Наҷҷориён дар мақолаи «Таҳлили сабкшиносии рубоиёти Маҳастии Ганҷавӣ» рубоиёти шоираро дар панҷ  сатҳ: сатҳи забонӣ, лафзӣ, наҳвӣ, адабӣ ва фикрӣ ба доираи таҳқиқ мекашад (11, с. 241-270). Агар  се  бахши аввали мақола матолиби забонро фаро гиранд, дар ду бахши охир қолабҳо, бадеъи маънавӣ, баён, андешаву афкор баррасӣ шудаанд.

Назари профессор А. Сатторзода аз ин нуқтаи назарҳо комилан мутафовит аст. Эшон дар баррасии сабки шеъри форсии тоҷикӣ ба инобат гирифтани тасвирҳои шоирона ва маъниофаринии шоирони  форсигӯйро пешниҳод менамояд. Тибқи ин пешниҳод муаллиф се усули зеринро дар шеъри форсии тоҷикӣ мушоҳида кардааст:

  1. Асли офариниши шеъри рӯдакивор, ки дар он ҳама чиз: муҳтаво, забон, луғат, баён, востаҳои тасвир ва зарбу оҳанг дар баробари сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон будан, ҳамзамон тоза, бикр, нотакрор ва баланд мебошад. Ба ин навъи шеър А. Сатторзода ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва аз шоирони муосири тоҷик ашъори Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Фарзона, дар Эрон Нодири Нодирпур ва Фурӯғи Фаррухзод, дар Афғонистон Восифи Бохтарӣ мувофиқ медонанд. Албатта, устод ин номҳоро танҳо намуна овардаанд, вагарна ашъори Саъдиву Камоли Хуҷандиву Ҷомӣ ва даҳҳо нафар аз шоирони мутақаддиму муосир дар ин радифанд.
  2. Асле, ки бар дурӯғ, хаёлбофӣ, суханбозӣ ва каломи маснуъ дар шеър муқаррар аст. Масалан, осори Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ.
  3. Асле, ки бар «назокату диққати маънӣ», «маъниофаринӣ» ва «нуктапардозӣ», бар рамзу тамсил, тасвирҳои рамзӣ ва мураккаб қарор гирифтааст. Масалан, шеъри Бедил, Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Толиби Омулӣ, Шавкати Бухороӣ, Носиралии Сарҳиндӣ ва дигарон.

Дар таркибҳои «шеъри рӯдакивор», «ғазали ҳофизвор», «шеъри лоиқвор», «шеъри нимоюшичвор» ва мисли инҳо пасванди «вор» маънии «тарз»-ро дорад ва тарз ҳамин сабк аст. Вобаста ба ин, устод дар мақолаи «Рӯдакӣ ва шеъри рӯдакивор» се хусусияти барҷастаи шеъри рӯдакиворро муайян кардааст. Ин вежагиҳо дар заминаи унсурҳои  асосии шеър: муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк, воситаҳои тасвир ба мушоҳида омадаанд ва дар шеъри Рӯдакӣ ва пайравони ӯ се хусусият доранд:

  1. Сода, муқаррарӣ, рӯзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон.
  2. Тозаву тар, нав, бикр, обнахӯрдаву обнарасида.
  3. Олӣ, дар ҳадди камолу ҷамол ва таносуби комили лафзу маънӣ.

Дар  мақолаи «Тарзи сухани Хоҷу» ва зарурати баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсӣ» профессор А. Сатторзода унсурҳоеро, ки дар  сабки Хоҷу ва Ҳофиз муштараканд, чунин муайян кардааст: корбурди  алфози поку беғаш, истеҳком дар забон ва баён, воситаву васила, асбобу  афзор ва саноеи бадеии ҳамгун, тарзи маъниофаринӣ, тасвиргарӣ, имажсозӣ, интихоби мавзӯю мазмун ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо (14, с. 43). Муаллиф комилан дуруст ишора ба он нукта дорад, ки маъмулан адабиётшиносон ба саволи «нависанда чӣ мегӯяд?» посух меҷӯянд, ҳол он ки саволи «чӣ тавр сухан мегӯяд?» хеле муҳимтар аст. Зарур аст, ки «адабиётро ба сифати адабиёт, яъне яке аз шохаҳои мустақили ҳунарҳои  зебо, ки ҷавҳари онро тасвир ва тасвиргарӣ, сувари хаёл ташкил медиҳад, баррасӣ бинамоем» (14, с. 38).

Дар мақолаи «Шеъри лоиқвор» низ муаллиф зери мафҳуми «вор» нишонаҳоеро меҷӯяд, ки шеъри Лоиқро аз шеъри шоирони дигар мумтоз гардонидаанд. Ин нишонаҳо кадоманд? Муаллиф нуҳ хусусияти фарқкунандаи шеъри Лоиқро чунин муайян мекунад: ба таври зотӣ, сириштӣ ва саршор ҷо доштани тасвир ва маънию мазмунҳои шоирона; қолабҳои шеърии муносиб; забони сара ва зебо; баёни шево; бозгардони шеъри кунунии тоҷикӣ ба асолати азалиаш; шӯру шавқи беандоза; ҷасорати адабии фавқулода; баёни тафаккури миллӣ, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ; вусъати андеша, назари шашҷиҳата ва бардоштҳои куллӣ.

Чунонки мебинем, зери мафҳуми «шеъри лоиқвор» устод А. Сатторзода чандин омилу унсурро дар назар доранд, ки дар маҷмӯъ иборат аз ҳунар, мазмун, шакл, забон, баён, ҷасорат, тафаккур, андеша мебошад. Ин ҳама намоёнгари сабки Лоиқ аст. Пас, сабк ҷамъи ин аносир аст вобаста ба дарку баёни инфиродӣ.

Аз ин гуфтор ба хулосае мерасем, ки аз давраҳои қадим то имрӯз масъалаҳои сабк, табиати он, сохтор ва табақабандии он ҳамеша дар мадди назар будааст. Дуруст аст, ки муҳаққиқон таснифоти худро зимни хусусиятҳои мухталифи сабк таълиф кардаанд. Аммо ҳар пажӯҳиши тоза, бо вуҷуди номукаммал буданаш, гоме ба пеш будааст.

Дар ин радиф андешаҳои устод А. Сатторзода перомуни масъалаҳои сабк қобили таваҷҷуҳ ва ҷонибдорӣ буда, аз огоҳии амиқ ва мушоҳидаву натиҷагириҳои мудаллали эшон дарак медиҳанд. Назари интиқодии устод ба табақабандии маъмулӣ аз нотамом ва нокомил будани таснифоти мавҷуда шаҳодат дода, баррасии сабки шеъри Рӯдакӣ, Хоҷуву Ҳофиз ва Лоиқ аз ҷониби ин донишманд намунаи ҷолиби таҳқиқи амалии сабки шеъри форсии тоҷикӣ мебошад.

Пайнавишт:

  1. Баҳор, Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносии забон ва шеъри форсӣ.- Теҳрон, 1377. – 420 с.
  2. Баҳор, Муҳаммадтақӣ. Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ. – Теҳрон: Интишороти Заввор, 1381.Дар се ҷилд.
  3. Борев Ю. Эстетика. – М., 1988. – 496 с.
  4. Ғуломризоӣ, Муҳаммад. Тарзи Унсурӣ (вежагиҳои забонӣ ва сабкии ашъори Унсурӣ)// Номаи фарҳангистон. Замимаи шумораи 24. – Теҳрон, 1385.- 83 с.
  5. Кадканӣ, Муҳаммадризо Шафеъӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. – Теҳрон: Интишороти Огоҳ, 1370.- 732 с.
  6. Ибодиён М. Даромаде бар сабкшиносӣ дар адабиёт. -Теҳрон: Овои нур, 1372.- 146 с.
  7. Маҳҷуб, Муҳаммадҷаъфар. Сабки хуросонӣ дар шеъри форсӣ. Теҳрон: Интишороти Фирдавсӣ, 1336.- 738 с.
  8. Мирзоюнус М. Сабкшиносии насри муосир. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018. – 420 с.
  9. Муллаахмедов М. Литературное направление «бозгашт» в Иране конца ХУ111 – первой половины Х1Х в. – Автореф. дис. Канд. филол. наук. – Душанбе, 1993. -62 с.
  10. Мухторӣ, М. Муқаддимае бар равишшиносии сабк// Килк, 1369, шумораи 8. -С. 87-99.
  11. Наҷҷориён, Муҳаммадризо. Таҳлили сабкшиносии рубоиёти Маҳастии Ганҷавӣ// Ду фаслномаи улуми адабӣ, соли 6, шумораи 9, 1395. С. 241-268.
  12. Османов М.-Н. Стиль персидской поэзии. – М: Главная редакция восточной литературы, 1974. – 267 с.
  13. Сатторзода А. Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ. -Душанбе: Адиб, 2001.- 144 с.
  14. Сатторзода А. Куҳна ва нав (дар шеър, нақд ва забон).-Душанбе: Адиб, 2004. – 254 с.
  15. Сатторзода А. Аз Рӯдакӣ то Лоиқ. – Душанбе: Адиб, 2013. – 176 с.
  16. Сатторов А. Нуқтаи пайванд. -Душанбе: Ирфон, 1982. – 240с.
  17. Уэллек Р., Уоррен О. Теория литературы. – М., 1978.-326 с.
  18. Футӯҳӣ, Маҳмуд. Сабкшиносӣ. Назарияҳо, рӯйкардҳо ва равияҳо.- Теҳрон: Интишороти Сухан, 1390.-498 с.
  19. Хотамӣ, Аҳмад. Пажӯҳише дар сабки ҳиндӣ ва давраи бозгашти адабӣ. – Теҳрон, 1371. С. 11-30.
  20. Шамисо, Сирус. Куллиёти сабкшиносӣ. – Теҳрон: Интишороти Фирдавсӣ, 1378. -330 с.
  21. Шарипов Х. Услуб ва камолоти сухан.- Душанбе: Ирфон, 1985.- 190 с.
  22. Шарипов Х. Теоретические вопросы прозы в таджикско-персидских памятниках классического периода. Дисс. Докт.филол. наук.- Душанбе, 1987. – 60 с.

Матлубаи Мирзоюнус,

доктори илми филология, профессори ДДХ

ба номи академик Б. Ғафуров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь