Аслан миллати мо бояд 90- солагии ин шоири бузургро дар сатҳи ООН, СНГ, ШОС ва Осиё мегузаронд. Чун Мӯъмин Қаноат бузургтарин шоири ҷаҳонии мо ва саромади достони эпикӣ-психологӣ дар адабиёти ҷаҳонист ва ин созмонҳо бе ягон гап ин коррро анҷом медоданд!
Ҳамчунин, устод Мӯъмин Қаноат ягона шоири тоҷикистонист, ки намоишномаи “Сурӯши Сталинград” дар асоси достони ӯ шуруъ аз моҳи майи соли 2018 то имрӯз дар даҳҳо шаҳрҳои хурду бузургу машҳури Руссия ба намоиш гузошта шудаву мардуми оддию академику зиёии рус аз таъсири суханҳои устод Қаноат ашк рехтаанд. Номи устодро дар саҳна чун “Шоири машҳури СССР”, “Шоири маъурфтарин тоҷик» ва ғайраҳо ба забон оварданд ва дар ин замони то андозае беқадрии тоҷик дар хориҷи кишвар ин номи бузург Мӯъмин Қаноат обрӯи давлату миллат низ гаштааст. Пас аз вафот низ номи ин шоири сатҳи ҷаҳонӣ дар хизмати Тоҷикистони азиз қарор дорад!
Афсус, зиёиёни миллатро ин кори хайр ба гӯшаи хаёлашон наомаду коршиноси хуби масоили сиёсӣ ва фарҳангии касбӣ низ маълум мешавад надоштаем. Агар устод Қаноат аз Тошкент мешуд итминони комил дорам, ки ҳоло ҳайкали бузурги эшон бо сатрҳои достонҳои ҷангияш дар Маскаву собиқ Ленинграду Волгоград қомат афрохта буданд.
Мутаассифона, мо то ҳанӯз аз дастовардҳои фарзандони фарзонаи худ барои обрӯи ватани азизи худ истифода карда наметавонем, дар ҳолате, ки дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонону наврасони Русия омӯзгорону кашишҳои рус дар мактабу дар калисоҳои православӣ аз асарҳои ватандӯстонаи устод Қаноат (хосатан достони «Сурӯши Сталинград») пайваста истифода мебаранд.
Тарбияи ватандӯстӣ хосатан дар замони ҷаҳонишавӣ ва тазодҳои зиёде чун терроризм ва ифротгароӣ барои миллатҳо нақши мондагореро ба ҷой мегузорад ва бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар ин хусус тариқи Паёми хеш аз санаи 23.12.соли 2022 ба МО ҶТ гуфта гузаштанд ва санаи 24.12.соли 2022 бо фармони худ ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро, ки фикр мекунам, яке аз қонунҳои муҳимтарини солҳои охир аст, имзо гузоштанд ва дар ин асос барои дӯстдории ватани азиз бояд пайваста кӯшишу рағбат зоҳир намоем, то миллату ватани моро дар хориҷа низ ҳама вақт дӯст доранду арҷ гузоранд.
Варқаи Зайниддин