Ба ифтихори 65-солагии шоири тоҷик Махсум Олимӣ

 Шоиронро саодате насиб аст, ки асари каломаш баробари дилҳоро тасхир кардану таскин бахшидан номашонро дар оинахонаи муҳаббати инсоният сабт хоҳад намуд. Бисёр иттифоқ афтодааст, ки шояд исмеро ҳамеша ба забон меоварӣ танҳо ба хотири дилнишинии суханаш ва мешиносӣ, гӯё мисли он ки солҳост бо ӯ дӯстӣ варзидаӣ, вале дар асл боре ҳамсуҳбат нагардидаӣ. Каломи ҳамон дӯст аст, ки қаробате эҷод мекунаду муҳаббате меафзояд, каломе, ки аз дил бархоставу ба дилҳо нишастааст.

Ҳамин гуна, шодравон Махсум Олимӣ, шоире озодаву вораста ва ринде порсо барои мо хонандагони мактаби солҳои ҳаштодум ва аввалин донишҷӯёни замони истиқлол ошно буд. Ҳанӯз боре ҳам ӯро надида будем, ки ашъорашонро аз забони ҳунармандон шунидем ва чанде аз сурудаҳояшонро азбар медонистем. Ҳамин сурудаи машҳури саршор аз андешаву оини ҷавонмардӣ, ки он рӯзгор бо садои ҳунарманди нотакрор Хосияти Зарафшонӣ садо медод, аз замони толибилмӣ дар мактаби русто бароямон ошно буд ва муболиға ҳам нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки аксари ҳамсолони мо ин шеърро аз садои ин ҳофизаи хушадо азбар намуда буданд:

Тарси ман аз ҷому аз май нест,

Тарси ман аз нолиши най нест.

Тарси ман аз дарди бедард аст,

Тарси ман аз марди номард аст.

Тарси ман аз маргу душман нест,

Тарси ман аз сели баҳман нест.

Тарси ман аз ҷанги дунёист,

Тарси ман аз ёри ҳарҷоист.

Тарси ман аз тармаи кӯҳ нест,

Тарси ман аз дарду андӯҳ нест.

Тарси ман аз ёри ағёр аст,

Тарси ман аз ёри айёр аст.

Воқеан, ин шеър тафсиргари рӯҳияи қавӣ, афкори баландпарвоз ва диду биниши хоси Махсум Олимӣ ба зиндагонӣ буд, зеро барҳақ ӯ дар рӯзгори кӯтоҳаш ҳаргиз аз ҷому май, нолаи най, маргу душман ва сели баҳман тарс надошт, балки танҳо аз ҳамон ҷанги дунёие ҳарос дошт, ки ӯву ҳазорон нафари дигар бародарону хоҳарони тоҷикро ба коми худ кашид. Ҷанги бемаънии бародаркуш ҳазорон доғ дар синаи мардуми мо гузошт, ки яке аз он доғҳо марги мармузи худи Махсум Олимӣ аз дасти ноҷавомардон аст. Ононе, ки худи ӯ ёри ағёр унвонашон кардаасту ёри ҳарҷоӣ. Дар ифодаи дӯстони душманнамо Махсум Олимӣ парадокси зебое офаридааст, ки ба сурати «ёри ағёр» ҷилвагар аст ва вусъати ин таркиб чи миқдор ранҷу дарди маърифат аз ҳақиқати инсониро дар хеш нуҳуфта, дарки он ки чӣ миқдор инсон қодир аст, дар ин ҷаҳони омадшуд, дар ин фурсати кӯтоҳе бо номи умр ба наздиктарин нафари худ, ки ӯро ба унвони «дӯст» пазируфтааст, хиёнат бикунад ва дар як тапиш фурсат ва ё танҳо як мижа задан кохи дӯстии ба қавле безавол ё бинои муҳташами рафоқати солҳо тарҳ рехтаву таъмиру тармимкардаашро ба боди фано супорад. Ин ҳарфу паёми самимонаву соддаву равони Махсум Олимӣ, ки тарс аз «ёри ағёр» дорад ва «ёри ҳарҷоӣ» бештару фаротар аз тасаввури мо дарду андуҳи маърифати ҳамин гуна як шикаст ва дарки ҳақиқати зиндагониро дар худ ҷой додааст. Шояд ҳамин сабаб ҳам буд, ки он солҳо ин суруда аксар сари забонҳо буд, хоса аввалин солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки ҳамин гуна ёрони азиз ағёр шуданду ҳарҷоӣ, ки самарааш ҳамон фоҷеаи бемисли маъруф ба ҷанги шаҳрвандӣ. Ва сурудаи дигаре аз Махсум Олимӣ, ки азбар медонистем, ин буд:

Ташнаи оби Зарафшонам ҳанӯз,

Ошиқи моҳи Бадахшонам ҳанӯз.

Дар барору нобарорӣ раҳ ба раҳ,

Ҳамдами андӯҳу армонам ҳанӯз.

Гарчи бигзашт биступанҷ аз умри ман,

Тифли домангири гирёнам ҳанӯз.

Марди роҳи кишвари зебои ишқ,

Интизори роҳи корвонам ҳанӯз.

Ташналаб, пазмони кӯҳсори баланд,

Муддате дар Дарғу Каздонам ҳанӯз.

Ишқи аввал рафту ман бо ёди ӯ,

Дар дили дарёи ҳиҷронам ҳанӯз.

Ҳарчанд таассуф аз он дорам, ки боре дар суҳбати рӯ ба рӯ бо ин шоири шӯридадил ва марди зиндадил қарор надоштам, аммо бо ин шеърҳо ва сурудаҳое мисли ин аз айёми наврасӣ ошно будам. Воқеан, ҳар нафар хонандае, ки ба ҷаҳони шеъри Махсус Олимӣ ворид мешавад, эҳсос мекунад, ки як самимияту садоқат ва соддагии хоси каломаш мисли сеҳри мубине ӯро ба самти худ мекашонад. Танҳо руҷӯе кӯтоҳ ба ҳамин як ғазали зебои Махсум Олимӣ, ки солҳо пеш бароямон ошност ва суруди зебое ҳам гардидааст, нукотеро ошкор месозад, ки ҳамагӣ махсусиятҳои шеъри ин шоири дарёдилро бозгӯӣ мекунанд. Дар байти аввал агарчи сухан аз ҳолу ҳавои ташнаи оби Зарафшону ошиқи моҳи Бадахшон будан мекунад, ин каломи равону гӯё муқаррарии ӯ сухани оддӣ нест, балки як андешаи баланди фалсафӣ, як диди хос ба оини ватандӯстӣ, ваҳдатгароӣ низ ҳаст, зеро Зарафшону Бадахшон ду порае аз тани Тоҷикистон ҳастанд, ки шоир ошиқи моҳу ташнаи оби онҳост, яъне ошиқи тамоми зебоиҳои Тоҷикистони азизаш. Ҳамин як байти соддаву самимонаи Махсум Олимӣ ҳикмат ва фалсафаи ваҳдати миллиро барои мо тавзеҳ мекунад ва моро бо зикри номи Зарафшону Бадахшон ҳушдор медиҳад, ки ба қадри ҳар зарраи хоки поки Тоҷикистони азиз ва ҳар қатраи оби муқаддаси он бирасем ва ин Ватанро чун гавҳари чашм эҳтиёт кунем.

Ҳамин шеваи шинохт ва маърифат дар як ғазали дигари ӯ низ ҳувайдост, вақте аз саҷда бар мазори Туғрали ширинсухан дар роҳи Зосун то Зарафшон ва сарбаландии тоҷик аз сарбаландии Бадахшон сухан мекунад, ба фармудаи ӯ қадри худро тоҷики бедорбахт аз баландии Бадахшон мешиносад:

Саҷда орад бар мазори Туғрали ширинзабон,

Ҳар касе аз роҳи Зосун то Зарафшон бигзарад...

Қадри худро мешиносад тоҷики бедорбахт,

Бо баландӣ, аз баландии Бадахшон бигзарад…

Вақте дар байти дигари ғазали болоӣ аз гузашти биступанҷ соли умр сухан мекунад ва таъкид медорад, ки «тифли домангири гирёнам ҳанӯз», боз ҳам диду биниши фалсафии шоир ошкор аст. Ин ҷо ҳам агар ба зоҳир як баёне парадоксӣ ва шоирона дар гуфтори соддаву самимонаи ӯ ҳосил шудааст, вале ба мушоҳида мерасад, ки нигоҳи ин ҷавони биступанҷсола ба рӯзгор, маърифати умр дигаргуна аст.

Маҷмӯи андӯхтаву омӯхта ва сабақҳои аз рӯзгор баҳра гирифтаашонро ҳанӯз чизе намедонад ва худро дар роҳи зиндагонӣ тифли домангири гирён мешуморад. Парадокси баён ҳам дар ҳамин фалсафаи шинохти умр аз сӯи шоир нуҳуфта аст, зеро бо он ҳама камолоти ақлӣ, ки барои як ҷавони биступанҷсола иттифоқ меафтад ё афтоданаш имкон дорад, шоир худро тифле беш намешиносад, ки ҳанӯз ҷуз гиристан ва домони модар гирифтан кореро наметавонад анҷом диҳад. Ҳамин диди хоси шоирона, ки аз худ қонеъ набудани инсонро дар роҳи камолоти умр тафсир мекунад, асли фалсафаи камоли одамиро тавзеҳ медиҳад. Инсоне, ки ҳаргиз аз худ қонеъ нест, ӯ ҳамеша ба сӯи пешрафт сафар дорад ва ҳамин худкамбинии шоирон, ки сарчашма дар шинохти асолати инсон дорад ва ҷуъзе аз фалсафаи аҷзи Бедил ҳам дар ҳамин шеваи зиндагонӣ маърифат мешавад, омил ба рушду камолоти маънавии онон шудааст. Махсум Олимӣ ҳам аз табори ҳамон шоирон ва меросбари ҳамин бузургон буд, ки роҳи душвору парвозбахши худшиносиро интихоб намуд, то аз ин роҳ ба қавли худаш қуллаҳои сарбаландиро уқобона фатҳ кунад. Аз ин рӯ, ғурури ӯ на кибру такаббури дунёиву зоҳирии бебунёд, балки танҳо дар ифтихори баланди инсон будан муҷассам мегардад. Ғурураш аз он буд, ки марди роҳи кишвари зебои ишқ аст ва ҳамеша дар интизори корвон мемонад, то бираваду бираваду биравад.

Дар шеър ҳам, бо он ки ба ҷое расид ва сазовори баҳои баланди устодон гардид, аммо камоли хоксорӣ ва нигоҳи интиқодӣ ба худ, қонеъ набудан ба эҷод ҳамеша ӯро раҳнамоӣ мекард, то бештар пайи такмилу таҷдид бошад. Дар як ғазали худ ин нуктаро батакрор таъкид мекунад ва ҳамон ҳисси худро тафсир менамояд. Ҳатто рози ҷовидонагии шоиронро дар сурудани як байте ошиқона маънидод карда, худро кӯдаки раҳомӯзи домани моми шеър медонад, ки дар ин ҷода афтодаву ғалтон равона аст:

Бошему олами мо, монад ҷовидона,

Бинвиштаем гар мо, як байти ошиқона.

Мо кӯдаки роҳомӯз, домони мом дар даст,

Дар роҳи шеър афтон, нав гаштаем равона.

Бар қадри гул расидем чун булбули худогоҳ,

Гар нолае намудем, як лаҳза булбулона.

Дар идомаи ин ғазал як дидгоҳи адабии хешро изҳор мекунад, он гуна ки бо як гул баҳор намешавад, бо як шеър ҳам инсон наметавонад чун шоир муаррифӣ гардад. Ин шинохт барояш маҳсули панду ҳикматҳое ҳаст, ки аз гузаштагон ба мерос расидаанд. Рози ҷовидонагии шоир ҳам, дар гуфтани байте шоирона аст. Танҳо ҳамон шоир дар пиндори Махсум Олимӣ ҷовидонист, ки ҳамчун шоири замони хеш як шеъри шоирона гуфта бошад:

Як гул баҳор набвад, як шеър шоирӣ нест,

Неканд пандҳои бигзаштаи замона.

Чун шоири замона бошем ҷовидона,

Ар мо навишта бошем, як шеъри шоирона.

Ҷои дигар вақте аз ташнагии дидори куҳҳои сарбаланди деҳаи худ сухан мекунад, ҳамоно ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббату садоқати баландаш нисбат ба ин Ватани азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, ҷилваи равшан пайдо мекунад. Ӯ барои он ба деҳа мерафт, ки ташнаи дидори куҳҳои сарбаланди он буд, чун сарбаландиву сарафрозӣ ва ғуруру ифтихорро аз ин куҳсорон омӯхта буд. Ин матлаб ва ҳақиқати ин ғуруру фахри ватандӯстӣ дар як ғазали саршор аз ҳақиқати ин ҳолу ҳавои хоси вай муҷассам аст:

Зарфишонии Зарафшон аз ман аст,

Сарбаландии Бадахшон аз ман аст.

Дар раҳи ишқу вафою дӯстӣ,

Шодию эҳсону паймон аз ман аст.

Бо хаёли нозанинон зиндаам,

Нозанини нозанинон аз ман аст.

Ҳамчу кокулҳои ёри дилситон,

Кокулони обшорон аз ман аст.

Мепарастам кӯҳсорони баланд,

Ифтихори кӯҳсорон аз ман аст.

Шодам аз он чун насиби зиндагӣ,

Як гуле аз боғи Каздон аз ман аст.

Оини ватандӯстии Махсум Олимӣ аз муҳаббати ӯ ба деҳа, як пораи тани хоки Тоҷикистони азизи худ, рустои Каздон сарчашма мегирад. Ҳар ҷо ки рафтааст, ҳатто ба Маскав барои таҳсил ба Институти умумииттифоқии нависандагони СССР ба номи М. Горкий, ёду хотиротеро аз зодгоҳи хеш бурдаасту бо ёдаш чакомаи садоқат хондааст. Чун илҳомбахши ӯ садои оби дарёи деҳа, канори сабзу домони поки он аст. Аз ин ҷост, ки мегӯяд:

Олимӣ, илҳоми нав ёбад чу дарёи равон,

Гар саҳар аз соҳили дарёи Каздон бигзарад.

***

Ба ёди тифливу тифлам зи Маскав,

Дилам раҳ ҷониби Каздон гирифта.

Махсум Олимӣ ба Каздон мисли Расул Ғамзатов ба рустои Садасаи Доғистон, Нимо Юшиҷ ба деҳаи Юш, устод Лоиқ ба Мазори Шариф, устод Гулназар ба Дар-дар муҳаббат дорад ва албатта, ин ҳамон муҳаббатест, ки онро устод Лоиқ сароғози муҳаббат ба Ватан унвон кардаанд:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар…

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ин аст ки ӯ чун Саъдӣ ба ёди Шерозу чун Камол ба ёди Хуҷанд дар ёди Каздон буд ва ҳамеша орзуи ин хоку обу ёди ёрони ин сарзамин мекард. Ҳатто дар орзуи он буд, ки маргаш дар лаби дарёи Каздон фаро бирасад:

Олимиро ҳар куҷо бошад, чи дар наздику дур,

Ёди мурдан дар лаби дарёи Каздон бар сар аст.

Ҳарчанд ҳадафи тири душманони нохалаф қарор гирифт ва ҷони худро дар кӯчаҳои шаҳри азизу дӯстдоштааш Душанбе ва қавли худи ӯ «шаҳри зебои замон» супорид, вале ормони ҳамешагиаш бароварда гардид. Хоки поки ӯ, яъне мазори зиёратгоҳаш дар бари деҳаи Каздон ҷой гирифт. Чун ҳамеша ин орзуро дошт:

Ҷон дӯстдори деҳаи Каздон буду ҳаст,

Чун рафт аз бадан бари ӯ ҷо гирифтанист.

Ин марди куҳзодаи дарёдил, ки ҳамеша ба ёди обҳои мусаффои рӯди Каздон ва чашмасору сабзазори ин рустои биҳиштосои хеш аст, ба Душанбеи азиз, ки солҳо ӯро дар доманаш парварид, муҳаббати хос дорад ва ин муҳаббат ҳам сарчашма дар ишқи Ватани вай дорад. Ин самимият ва ин садоқати ӯ дар шеъри «Душанбе», ки онро фахри замон ва шаҳри зебои асри худ мешуморад, чунин танинандоз аст:

Эй Душанбе, шаҳри зебои замон,

Манзили хушбахтии бахти ҷавон,

Обрӯю эътибори тоҷикон,

Хоҳам умре,

Чун насими обшорони дара,

Чун навои рӯҳбахши шаршара,

Ҷовидон монӣ, ба дунё ҷовидон.

Эй Душанбе, шаҳри зебои замон,

Фахри мо ҳар ҷо ба назди дӯстон,

Хоҳам умре, аз дилу ҷон,

Ҷовидон монӣ, ба дунё, ҷовидон!

Ӯ ин шеърро шояд замоне гуфта буд, ки ҳанӯз мо дар қаламрави истиқлоли миллии хеш қарор надоштем, аммо эҳсос мешавад, ки ин шоири шӯридадил дар айёми хеш ин азамату шукуҳ ва мақоми маънавии Душанберо ҳамчун пойтахти Тоҷикистону тоҷикон шинохтааст ва бегумон агар имрӯз зинда мебуд ва бо чашмони хеш ин шукуҳи навину тозаи Душанберо медид, тасаввурнопазир аст, ки чӣ миқдор шодиву нишот ва масаррати рӯҳӣ вуҷудашро фаро мегирифт. Он ҷо ки ӯ дар айёми хеш аз дилу ҷон мехост, ки Душанбеи азиз ҷовидона бимонад, имрӯз дар нусрати шукуҳи навини Душанбе ин орзу бароварда шудааст ва ҳоло ки Душанбе шаҳри ҷаҳонист ва ҷаҳон ба сӯи ин шаҳри азиз чун пойтахти фарҳангӣ, шаҳри сулҳу оштӣ, сарзамини ваҳдати инсонӣ назар мекунад, ҳақиқати ҷовидонагии Душанбе ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва абадият сабт шудани он равшан мегардад.

Махсум Олимӣ муриди содиқи мактаби шеъри устодони сухан Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ ва Гулназар буд. Шеъре барои устод Қутбӣ Киром сурудаву ӯро фарзанди куҳ номидааст, ки шеъраш аз чашмаи Зарафшон ҷӯшидаву то қуллаҳои Бадахшон мерасад:

Ту фарзанди кӯҳистонӣ,

Ту фарзанди Зарафшонӣ.

Туро хоку гилат,

Ҷӯшида бо оби Зарафшон аст.

Ва парвози суруду шеъри ту боло,

Зи тори қуллаи кӯҳи Бадахшон аст.

Шиори ту,

Шиори ҷумла номардони нокас не,

Шиори ту шиори родмардон аст.

Ту фарзанди кӯҳистонию ошёнат,

Тори қуллаҳои кӯҳсорон аст.

Ҳарчанд Махсум Олимӣ худро пайрави устод Гулназар мешуморад ва мегӯяд, ки:

Пайравам дар шоирӣ бар Гулназар,

Шеър мисли Гулназар хоҳам навишт,

аммо дар сурудаҳояш рӯҳи шеъри устод Лоиқ пар мезанад. Ғазале, ки дар истиқбол аз як ғазали зебои устод Лоиқ суруда, шореҳи ҳақиқати ин амр аст:

Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард,

Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард.

(Лоиқ)

Маро рӯзе чу фасли навбаҳорон ёд хоҳӣ кард,

Чу хуршеде ба рӯзи барфу борон ёд хоҳӣ кард.

Агар як лаҳза аз шоми висол андар назар орӣ,

Шинӣ дар базми ҷамшедии ёрон, ёд хоҳӣ кард.

Даме ки оташи меҳри ту ҷоно, мешавад хомӯш,

Маро монанди нури меҳри тобон ёд хоҳӣ кард.

Замоне чун расад, аз кӯча танҳо бигзарӣ дилгир,

Бубинӣ шавқу шӯри дӯстдорон, ёд хоҳӣ кард.

Агар чун ман шабе шабзиндадорӣ то саҳар бурдӣ,

Зи ранҷу заҳмати шабзиндадорон ёд хоҳӣ кард.

Барои лаҳзаи хуш умри ту бо ину он бигзашт,

Кунун з-он лаҳзаҳо, аз худ пушаймон ёд хоҳӣ кард.

Ба вақте шеъру шоирро ба ҷои пул бадал кардӣ,

Кунун чун оби софи чашмасорон ёд хоҳӣ кард.

Махсум Олимӣ агарчи аз шеваи гуфтор ва сабку салиқаву вазни ғазали Лоиқ истиқбол мекунад, вале чун шогирди содиқи мактаби ин бузургон талош ба гуфтани ҳарфҳои дили худ кардааст ва ин равишро аз худи эшон, устодони арҷмандаш омӯхтааст. Муҳим дар ин роҳ сидқу хулуси шоир ба бузургони адабиёти мо, чун Қутбиву Лоиқу Гулназар эҳсос мешавад. Шоир талош кардааст, ки силки ин бузургони содиқ бимонад ва баробари ин дар кашфи роҳу равиши хеш иқдом намояд, чун дуои роҳро аз ин устодон гирифтааст. Бар ин асос, худ иқрор мекунад, ки:

Шеъри ман ҳар мисрааш ҳамвазну оҳанги худ аст,

Рӯйи ман дар зиндагӣ ҳамрӯю ҳамранги худ аст.

Сӯзу оҳанги шеъраш ҳам, воқеан, хоси худи ӯст, ки инро устоди бузурги адабиёти мо ҳам эътироф намудаанд ва муҳимтар аз ҳама, ин ҳақиқатро дар навбати аввал худ шинохтааст:

Байти Махсум Олимӣ дар гирудори зиндагӣ,

Дилписанди аҳли дил бо сӯзу оҳанги худ аст.

Воқеан, агар шеъри Махсум Олимӣ аз соддагиву равонии хосае бархӯрдор аст, аммо таҳқиқ дар ҷанбаҳои ҳунарии он метавонад нуктаҳои дигареро ҳам барои мо ҷилвагар созад, ки падидаҳои нотакрори ҳунарӣ каломашро хеле пурҷозибаву боназокат гардонидаанд. Ӯ ба ҷаҳони омадшуд бо нигоҳи ба худ хос назар меафканад ва ҳатто гоҳе дар ҳолу ҳавои муайян ва махсуси хеш ҷаҳонро ба гиря ё дар ҳоли ашк рехтан мебинад ва ҳатто ба ҷое мерасад, ки худи ҳолати муқаррарии инсонӣ – ханда ҳам дар нигоҳи мард ё инсони озурда ва ташнаву ташнаҷон ба гиря меояд:

Ханда андар нигоҳи озурда,

Ташнаву ташнаҷон ба гиря бувад.

“Гиряи ханда” ибораест, ки аз баёне парадоксӣ бархӯрдор аст, чун аз ду унсури мутаноқиз эҷод шудааст. Ҳарчанд ин вежагии ҳунарӣ бештар дар каломи шоирони сабки ҳиндӣ ривоҷ дошта бошад, огоҳиҳои шоиронаи Махсум Олимӣ ва қариҳаи халлоқии маънисозии ӯ дар каломи соддаву равонаш низ ҳамин падидаҳои бадеиро ҷилвагар месозад, ки суханашро зиннати махсус бахшидааст.

Ё дар байти дигар бо ғами худ арӯси мо будани шодӣ ҳамин шеваи тарҳи тасвирсозӣ ва маъниофариро ба намоиш мегузорад. “Ғами шодӣ” як ибораи парадоксист, ки танҳо дар ҳолати тафсири аҳволи отифии инсон маънибарорӣ аз он имконпазир аст ва онро танҳо шоире метавонад баён кунад, ки дар он ҳолу ҳаво роҳ кушодааст:

Пайваста бо ғами худ шодӣ арӯси мо буд,

Шавқи суруди моро, ҷуз мо касе надорад.

Ҳамин матлаб, ки нафари вуруд ба ин ҳолу ҳаво метавонад баёни мазкури парадоксиро маърифат кунад, дар мисраи дувуми ин байт ҳам ба гунае тафсир шудааст, яъне шавқи ин сурудро танҳо худ мо метавонем бишносем.

Таркибҳои ҷаззобу таъбирҳои шоирона дар ашъори Махсум Олимӣ низ фаровонанд, ки ҳамагӣ ба ҳунари нотакрори суханварии ӯ ишорат доранд. Масалан, дар як ғазали ӯ, ки таркиби “гул кардан” дар он радиф шудааст, чандин ибораҳои шоирона дорад, ки зеббахши маъниофариҳо ва сувари хаёли шоир гардидаанд. Аз ҷумлаи онҳо, «гарди мижгон гул кардан», «ишқу армон гул кардан», «чашми гирён гул кардан», «кишти ҳиҷрон гул кардан», «аз дил гул кардани санги Зарафшон» мебошанд, ки дар коргоҳи хаёли шоир офарида шудаанд:

Раҳораҳ гарди мижгонам кунад гул,

Замини ишқу армонам кунад гул.

Зи ҳастӣ баъди ҳар дидорбинӣ,

Сиришки чашми гирёнам кунад гул.

Бубинам баъди бӯсобӯси ҳасрат,

Саросар кишти ҳиҷронам кунад гул.

Ризо аз шодии ман, ҳамраҳи ман,

Зи дил санги Зарафшонам кунад гул.

Шоири маъруфи олмонӣ Ҳенрих Ҳейне фармудааст, ки «агар ҷаҳон битаркад, нахуст дарзаҳои дили шоирон эҳсос хоҳанд кард». Ҳамин ҳиссу ҳамин ҳолу ҳаво ҳамеша ҳамраҳу ҳамсафари Махсум Олимӣ будааст, ки дар шеъраш хеле аз воқеиятҳои зиндагонӣ қаблан тарҳ рехтаанд. Хеле аз пешомадҳои рӯзгорашро пешгӯӣ кардааст, чун шоире, ки шеър барояш паёме аз ҷовидона илҳом шудааст. Ҳанӯз фурсате, ки тири нохалафи душман синаашро нашкофта буд, поёни зиндагонии фоҷиабори хешро дар шеър барои ҳамагон эълом карда буд:

Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ,

Тарсам, ки мекушандам, як рӯз чун Ҳилолӣ.

Ӯ дар замоне, ки ҳамин эҳсоси ба поён расидани умр вуҷудашро фаро гирифта буд, дар яке аз ғазалҳояш гуфта:

Агар фарзанди ман бе ман бимонад,

Чӣ бадбахте, чӣ бадбахте ба дунёст.

Аммо Худованди бузургро шукргузорем, ки фарзанди азизаш Шаҳриёри азиз агарчи дасти навозиши падари хешро надид, Офаридгори бемислу якто лутфи инояти хешро барояш арзонӣ дошт, то ки ба рағми ҳама ранҷу азиятҳои қисмат бузург шаваду пайроҳаи қиблагоҳи худ, шоири шаҳир Махсум Олимиро бо ҳамон тавону нерӯи аз падар ба мерос гирифта идома диҳад. Шаҳриёри Олим, ки нусхаи поки падари бузургвори худ Махсум Олимист ва тамоми наҷобату асолат, ҳиммату ҷавонмардиву матонат ва ифтихори ватандории падарро на танҳо дар худ иқтибос кардааст, балки бо шевотарин равиш ҳам дар шеър ва ҳам дар зиндагиву кору пайкор такмилу таҷаддуд бахшидааст. Имрӯз ӯст, ки чун меросбари асили падар мероси маънавияшро фароҳам кардаву дар фикри нашру тарғиби ин осори ҷовидона аст. Таманно мекунем, ки Худованд барояш тавону нерӯи бештар аз пештар ато намояд, то парвози нотамоми падарро ба қуллаҳои баланди шеър, адабиёт, зиндагии саршор аз лутфу меҳрубонӣ бирасонад. Ва боз ҳам ин ормону орзуи падараш, ки амри қисматро барои ҷовидонагонии шеър дар ивази умри кӯтаҳ истиқбол намуда буд, амалӣ шавад:

Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман,

Роҳи ту ҳамвор не, шебу фароз.

Розиям худ бинам умри кутаҳе,

Лек хоҳам умри ту бодо дароз.

Мо ҳам дуои онро мекунем, ки давоми роҳи нарафта ва умри дарози надидаи падар ва ҳам умри ҷовидонаи шеър насиби Шаҳриёри азиз – меросбари шоири шаҳирМахсум Олимӣ гардад.

Нуралӣ НУРЗОД,

доктори илмҳои филологӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь