Журналисти асил ҳамеша воқеоту ҳаводис ва рӯйдодро санҷида, бар асоси далел қаламфарсоӣ мекунад. Касби журналистӣ бо воқеънигорӣ ва баёни ҳақиқат аз дигар  ҳирфаву тахассусҳо тафовут дорад. Журналисти асил нафарест, ки дар ҳавои воқеиятҳои замонию маконӣ нафас мекашад ва дар партави ақлу макнтиқ ба таҳияи матолиби публитсистӣ мепардозад.

Ҳадафи рӯзноманигор, қатъи назар аз шароиту вазъият, бояд баёни воқеияти рӯзгор бошад. Ба сухани дигар, рӯзноманигор бо беадолатӣ ва зулму истибдоди дохилию берунӣ дасту панҷа нарм намуда, ба хотири барафроштани парчами адолат ҳатто дар майдони мубориза ҷоннисорӣ мекунад.

Ҳамин аст, ки чунин журналистон ҳамеша мавриди фишору таъқиби гуруҳҳою созмонҳои террористию ифротӣ қарор мегиранд. Ӯ аз қабл медонад, ки чӣ ҷодаеро интихоб кардааст ва чӣ хатароте дунболагираш мебошанд. Аз ин лиҳоз, омодагии муқовиматро бо беадолатӣ ва разолат дорад. Аз ҷониби дигар, ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигории журналист ба бисёр гурӯҳу созмонҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб, дасисабоз ва иғвогару тавтеасоз намефорад ва онҳо, бо истифода аз усули фишору таъқиб зидаш амал мекунанд.

Гуруҳҳои террористию ифротгаро барои бастани даҳони журналисти асил ва ҳақиқатнигор аз зуроварӣ ва ҳатто куштор истифода мекунанд, то ин ки воқеиятҳои рӯзгор ва махсусан, симоҳои хашину муғризу иғвогарашон ошкор нагарданд. Таҳқиру тавҳин, латукӯб ва билохира террор алайҳи журналистони асили дунявӣ, ки аз воқеият  ва ҳақиқат дифоъ намуда, бар зидди хушкандешию таассуби мазҳабӣ мубориза мебаранд, аз махсусиятҳои фаъолияти созмонҳои ифротии динӣ, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ буда ва ҳаст.

Ҳамин тавр, қатлу озор ва террори журналистон методи маъмулии фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатист. Мисолҳои зинда ва гӯё аз қатлу фишори масъулону аъзоёни ташкилоти табоҳкори наҳзатӣ бар зидди рӯзноманигорони асили миллат зиёданд.

Дар ин маврид ба ёд овардани яке аз нахустин террорҳои наҳзатӣ дар соли 1992 нисбат ба журналисти машҳуру маъруфи миллат, фидокор, хоксор ва далеру ҷуръатманди миллӣ устод Муродулло Шерализода аз рӯйи инсоф мебошад.

Устод Муродулло Шерализода бо сабаби ҳақиқатҷӯӣ ва воқеънигории худ қурбонии қудратталабӣ, султахоҳӣ ва хуношомии наҳзатиҳои ифротӣ гардида, ба унвони як муборизи Ватан ва нахустин нафари дар раҳи озодӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон кушташуда шинохта шудааст.

Журналисти овозадори тоҷик Муродулло Шерализода соли 1945 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд зода шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа намудааст. Устод дар вазифаҳои ходими адабии редаксияи рӯзномаи “Маориф ва маданият” (1966), ходими калони илмии сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон – филиали Институти марксизм – ленинизми назди КМ ҲКИШ (1966-1970) бомуваффақият фаъолият кардааст.

Таҷрибаи кор дар хориҷ аз кишварро устод дар Афғонистон гузаронида, ду маротиба – солҳои 1970-1974 ва 1978-1982 дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1974-1978 ва 1982-1987 устод дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири сектори тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон адои хидмат кардааст.

Сипас, ӯ дар КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон ба кор даъват шуда, ба сифати бозрас (инструктор)-и шуъбаи муносибатҳои хориҷӣ (1987-1988) ва ёвари Котиби якуми КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон (1988-1990) ифои вазифа намудааст.

5 октябри соли 1990 устод Муродулло Шерализода бо Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Сармуҳаррири  Рӯзномаи “Садои мардум”- нашрияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таъйин гардида буд. Ӯ дар давраи дар вазифаи сармуҳарририи нашрияи бонуфузи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон – рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият карданаш, матолиберо мунташир месохт, ки аз воқеияти рӯзгору зиндагии миллӣ  бармеомад. Ӯ аз тариқи ин минбари матбуотии мардумӣ дар робита бо масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва соири мушкилоти мардумӣ гузоришу мусоҳибаҳо ва матолибу мақолаҳои ҷолиби публитсистӣ интишор медод.

Ҳаводису ҳассосиятҳо, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист бар асари амалҳои тахриботии ТТЭ ҲНИ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд омада буданд, дар рӯзномаи “Садои мардум” таҳти роҳбарии устод Муродулло Шерализода хеле хуб инъикос меёфтанд.

Вай ба сифати як журналисти миллӣ бар мабнои донишу биниш ва собиқаи зарурии рӯзгор хуб дарк карда буд, ки ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле боздорандаи инкишофу тараққиёт аст ва зиёда аз ин, абзори шикасту заволи фикрию эҷодии ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, М. Шерализода дар самти баланд бардоштани огоҳиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар ҷомеаи он замон ҷаҳду талоши фаровон варзидааст.

Дар воқеъ мубориза бо террористони наҳзатӣ ва дигар неруҳои тахрибкор, мутаассиб ва хурофотӣ, ки ибтидои солҳои навадуми асри бист барои ба даст гирифтани қудрати сиёсию низомӣ талош мекарданд, аз авлавиятҳои кори рӯзноманигорӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Муродулло Шерализода ба шумор мерафт.

Муродулло Шерализода то охирин лаҳзаҳои зиндагиаш дар миёни мардум буд, дар таъмини амнияту суботи кишвар бо тамоми имкнониятҳо кушид ва мубориза бурд ва саранҷом дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллат ва Ватан ҷон бохт.

Ҳамин тавр, сардабири нашрияи мардумии “Садои мардум” устод Муродулло Шерализода, ки ҳамзамон вакили Шӯрои Олии кишвар низ буд, 5 майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии Шӯрои Олӣ бо дастури яке аз саркардаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ мулло Абдуғаффори хунхор бераҳмона кушта шуд.

Қатли ин марди шарифу фарзанди фарзонаи миллат нахустин террору даҳшатафкании тудаи зиддимиллии наҳзатӣ буд. Вай қурбонии дасисабозону иғвогарони замон дар симои манфури ТТЕ ҲНИ гардид.

Бо қатли устод Муродулло Шерализода раҳбарону масъулини  табаҳкори ТТЭ ҲНИ мехостанд, ки зиёиёни муборизу ватандӯстро гирифтори даҳшату ҳарос карда, тарсу ҳаросро дар баданаҳои иҷтимоӣ ҷой кунанд ва мардумро таҳти тасаллут қарор диҳанд.

Вале террористони наҳзатӣ хато карда буданд, зеро миллати тоҷик дар муттаҳидӣ бар он неруи душману табоҳкор ғолиб омад ва сулҳу оромӣ дубора дар кишвар барқарор гардид. Албатта, дар раҳи расидан ба озодию истиқлол нақши чеҳраҳои бузурги журналистикаи муосири тоҷик, аз ҷумла Муродулло Шерализода бузург ва фаромушнашаванда аст. Хотираи неки ӯ то абад боқист.

Б. Ибодов, пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь