Театри ба номи Маяковский як лоиҳаи муҳимми фарҳангӣ на танҳо барои Русия, балки барои ҳаёти ҷамъиятии тоҷикон аст. Қариб ҳар сокини пойтахт вобаста ба эҷодиёташ хотираҳои гарме аз ин театр дорад. Тахриби бинои кӯҳнаи театр дар маркази шаҳр тӯли солҳои зиёд сокинони Душанберо ба ташвиш овардааст, ҳама бесаброна мунтазири кӯч кардани ҳайати кормандони театр ба бинои нав бо шароити муносиб барои идома додани эҷод ҳастанд. Интизор меравад, ки бинои нави театр ҳамчун маркази асосии фарҳангӣ хизмат карда, ба таблиғи забони русӣ ва ҳифзи анъанаҳои муштараки сокинони маҳаллӣ мусоидат кунад.

Мардумони Тоҷикистону Русияро мероси муштараки фарҳангӣ ба ҳам мепайвандад, ки бар асоси дӯстии чандинасра ва таърихи муштарак дар доираи як низом ташаккул ёфтааст. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба забон ва фарҳанги русӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Театри нав

Театри ба номи Маяковский яке аз муҳимтарин ва муътабартарин театрҳои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи бой ва эътибори байналмилалӣ дорад. Ҳамасола дар ҳар мавсим театр бо 4-5 спектакли нав тамошобинонро шод гардонида, ҳамеша шавқу ҳаваси онҳоро бедор мекунад. Аз ин рӯ, толори театр доимо пур аз тамошобин аст. Ҳайати эҷодии театр на танҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон, балки берун аз кишвар низ сафарҳои ҳунарӣ анҷом медиҳад. Чанде пеш дар шаҳрҳои Иваново ва Кинешмаи Федератсияи Русия намоишномаҳои «Базм ҳангоми вабо» аз рӯи асари Пушкин ва «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» намоиш дода шуда, аз ҷониби тамошобинон хеле гарм пазироӣ гардид.

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун оид ба тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва фаъолияти Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанберо пешниҳод кардааст. Созишнома 18-уми декабри соли 2023 дар Маскав ба имзо расида буд.

Хуршед Мустафоев, саррежиссёри Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский, дар ин бора андешаҳои худро иброз дошт: “Худи ҳиссиёти он, ки соҳиби хонаи нав мешавӣ, шодиву хурсандӣ ва нерӯи нав мебахшад. Ростӣ, мо ҳанӯз дар бораи он, ки пас аз ба охир расидани сохтмон ва кушода шудани театр дар навбати аввал кадом намоишномаро ба саҳна мегузорем, фикр накардаем. Ҳайати эҷодӣ аз он шод аст, ки дар соли нав сохтмони бинои нави театр оғоз меёбад. Ин хабари хеле хуш аст ва ҳамаи мо бесаброна он рӯзро, ки ба хонаи нави худ қадам мегузорем, интизор ҳастем.

Бинои кӯҳнаи Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе соли 2016 тахриб шуда буд. Сохтмони бинои нав ҳаёти театрро дубора барқарор карда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Театри мо ҳеч гоҳ эҷодиёти худро қатъ накардааст, тӯли ин солҳо ҳунарпешагон бо ҷидду ҷаҳди зиёд меҳнат мекарданд. Намоишномаҳо идома доранд, тамошобинон зиёданд ва мо умедворем, ки ба наздикӣ соҳиби саҳнаи худ мешавем. Айни ҳол мо дар театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият дорем, ки барои мо хонаи дуюм гардидааст. Ба шарофати дастгирии кормандони ин театр мо эҷодиёти худро давом дода, тамошобинонро шод мегардонем. Мо аз коллективи театри Лоҳутӣ барои меҳмоннавозиашон самимона миннатдор ҳастем.

Ҳоло мо нақшаи дақиқе дар мавриди он, ки театри навро бо кадом спектакл ифтитоҳ мекунем, надорем, вале бо баробари пайдо шудани саҳна мо аз болои намоишномаҳои  нав корро оғоз хоҳем кард. Хонаи нав моро барои бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор ва эҷод кардан ҳавасманд мегардонад. Ба эҳтимоли зиёд, барои намоишномаи аввал ягон асари классикони ҷаҳон, рус ё тоҷикро интихоб хоҳем кард. Мо идеяҳо ва маводи бисёр дорем – худи «Шоҳнома» чӣ арзиши бузурге дорад. Дар соли 2025 нақша дорем, ки аз рӯи «Шоҳнома» як намоишномае ба саҳна гузорем.

Мо бо режиссёрони рус фаъолона ҳамкорӣ мекунем. Ба наздикӣ мо нахустнамоиши спектакли «Издивоҷ»-ро аз рӯи асари Гогол баргузор намудем. Умедворам, ки чунин ҳамкорӣ на танҳо бо Русия, балки бо дигар кишварҳо, аз ҷумла бо Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя низ идома хоҳад ёфт. Мо ният дорем, ки бо театрҳои хориҷӣ низ ҳамкориро ба роҳ монем.Як спекталро дар ду кишвар намоиш диҳем, ки ба он нисфи ҳунармандон аз як кишвар ва нисфи дигарашон аз дигар кишвар ҷалб карда мешаванд. Мо нақша дорем, ки дар доираи сафарҳои ҳунарӣ табодули ҳунарпешагон ва таҷриба анҷом дода, намоишномаҳои худро ба тамошобинони кишварҳои гуногун пешкаш намоем. Боварӣ дорам, ки ин нақшаи мо амалӣ хоҳад гардид!”.

Соли 2024 дар шаҳри Душанбе байни Театри мусиқии мазҳакавии Хуҷанд ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри давлатии мусиқии «Операи Санкт-Петербург» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин созишнома табодули сафарҳои ҳунарӣ, иштироки солистон ва дирижёрони ҳарду ҷониб ва баргузории дарсҳои маҳорати муштарак ба нақша гирифта шудааст.

Қаблан дар соли 2023 ҳукумати Русия тасмим гирифта буд, ки барои сохтмони бинои нави театр 3,5 миллиард рубл ҷудо кунад. Сохтмони бино дар аввали соли 2025 оғоз гардида, он барои 500 тамошобин пешбинӣ шудааст ва ба монанди театри дар Набережние Челни воқеъгардида, ки яке аз муосиртарин театрҳои Русия ба ҳисоб меравад, муҷаҳҳаз карда мешавад. Ҳукумати шаҳри Душанбе барои сохтмони театр 1 гектар замин ҷудо кардааст. Илова бар ин, дар доираи ин созишнома сармоягузориҳо барои бунёди як маркази кӯдакони лаёқатманд ба маблағи 4 миллиард рубл ва 5,7 миллиард рубл барои сохтмон ва муҷаҳҳазкунии мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Бинои нав дар кӯчаи ба номи В. Маяковский бунёд карда мешавад.

Ҳадафи ин созишнома тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Русияву Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳайати эҷодии театр ва зиёд кардани теъдоди тамошобинони намоишномаҳо ба забони русӣ мебошад. Ин дар навбати худ ба тарғиби забони русӣ, ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳо, мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ

Дар шаҳри Душанбе марҳилаи аввали лоиҳаи фарҳангию маърифатии «Забони русӣ: мехонем, гӯш мекунем, тамошо менамоем (дар кишварҳои ИДМ)» ба охир расид. Ин иқдом аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия, Росконсерт ва Маркази фестивалҳои синамо ва барномаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Осорхонаи давлатии ба номи Л.Н. Толстойи шаҳри Маскав, ширкати «КиноФокус» ва муассисаҳои таълимию фарҳангии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст. Беш аз 500 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар лексияву консертҳои лоиҳа иштирок намуданд. Лоиҳа ба ҳифз ва тарғиби забони русӣ равона карда шуда, аҳамият ва ғанигии онро дар фазои фарҳангии ҷаҳонӣ таъйид мекунад.

Моҳи апрели соли 2024 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Театри миллии драмавии Русия (театри Александринский) барномаи маърифатӣ баргузор карда шуд. Бахши «Асосҳои менеҷмент дар театри муосири миллӣ» зиёда аз 35 нафар намояндагони соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистонро ба ҳам ҷамъ овард. Ҳамзамон барои 35 нафар ҳунарпешагони ҷумҳурии мо курси интенсивӣ таҳти унвони «Санъати актёрӣ дар шароити муосир», ки як лоиҳаи муштараки театри Александринский ва Донишкадаи давлатии санъатҳои саҳнагии Русия мебошад,   гузаронида шуд.

Дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография барои донишҷӯёни Точикистон коргоҳи миллӣ кушода гардид. Қабул таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳмудов сурат гирифта, санҷиш дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар тӯли 35 сол бори аввал довталабони тоҷик имкон пайдо карданд, ки дар коргоҳи миллии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография таҳсил кунанд. Теъдоди квотаҳо 15 ададро ташкил медиҳад.

Хуршед Мустафоев, саррежиссёри Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский: “Дар тӯли ин солҳо мо дар самти маъмулигардонии забони русӣ дар байни ҷавонон ягон душворӣ надоштем. Баръакс, тавре мебинем, ҷавонон бештар ба театр мераванд. Тақрибан 40%-и тамошобинони моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин боиси хурсандӣ аст. Мо тамошобинони доимӣ дорем, ки моро барои идома додани фаъолияти эҷодии худ ҳавасманд мегардонанд.

Сохтмони бинои нави театри ба номи В. Маяковский яке аз лоиҳаҳоест, ки ба таҳкими равобити фарҳангии байни Русия ва Тоҷикистон равона карда шудааст. Ин ташаббусҳо ба ҳифз ва маъмулигардонии забони русӣ, инчунин, ба рушди табодули фарҳангӣ мусоидат карда, барои ҳамкории эҷодӣ ва инкишоф додани истеъдодҳои ҷавонон имконият фароҳам меорад.

Сохтани театрҳо, марказҳои таълимӣ ва коргоҳҳои миллӣ барои муколамаи байни кишварҳо фазои мусоид фароҳам меорад, ки дар он фарҳанг ҳамчун пуле барои пайваст кардани халқҳо хизмат менамояд. Чунин лоиҳаҳо дар оянда барои ба роҳ мондани ҳамкории наздиктар, инчунин, ҳавасмандкунии наслҳои нав  ба эҷодкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ замина мегузоранд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь