Дар рӯзҳои таҷлили 110-солагии рӯзномаи “Бухоро шариф”, ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва матбуоти тоҷик аз он сарчашма мегирад, дар Самарқанд рисолаи Ӯзбакбойи Раҳмон “Таърихномаи “Бухорои Шариф” ба табъ расид. Китоби мазкур натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаи муаллиф буда, дар он оид ба таърих, сохтор, доираи мавзуъҳо, таъсисдиҳандагон, кормандон ва рисолати нахустин ҷаридаи тоҷикӣ сухан меравад.
Ӯзбакбой Раҳмон, тавре аз сарсухан ва охирсухани китоб бармеояд, наздики 40 сол аст, ки ба рӯзномаи “Бухорои Шариф” сарукор дорад. Солҳои 80-ум ҳангоми таҳсилаш дар факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) профессор Намоз Ҳотамов “Масъалаҳои омӯзиши таърихи ҷадидони Бухоро” ном мавзуъро ба сифати таҳқиқоти илмӣ ба ӯ пешниҳод мекунад. “Ту алифбои арабиасосро хуб медонӣ, ба замми ин ӯзбекистонӣ мебошӣ, туро душворӣ пеш намеояд” – мегӯяд. устодаш ва тавсия медиҳад: – “Нусхаҳои рӯзномаи “Бухорои Шариф”-ро аз шаҳри Тошканд ва Бухоро метавонӣ дастрас намоӣ”… Ҳамин тавр, ин нафар ба бастаҳои “Бухорои Шариф” дастрасӣ пайдо карда, бо материалҳои он ошноӣ пайдо мекунад.
Паз аз хатми донишгоҳ ва дифои бомуваффақияти рисолаи дипломӣ ба ин ҷавони болаёқат пешниҳод мешавад, ки таҳқиқоти илмиро идома диҳад, вале ӯ чунин имкон пайдо намекунад ва ба зодгоҳаш деҳаи Эҷи Нурато баргашта омӯзгор мешавад.
Дар солҳои 90-ум бо фаро расидани бозсозӣ ва бедорӣ Ӯзбакбойи Раҳмон ба кори эҷодӣ мепардозад ва доир ба масъалаҳои баҳсталаби таърих, забон, атрофи маънои калимаҳои маҳаллии бостонӣ (монанди «Бухоро», «Нурато»), ҷойҳои қадимаю маконҳои муқаддас, мазорҳо, расму оинҳои миллӣ ва аҳли равшанфикру ҳунарманди куҳистони Нурато мақолаҳо навишта, дар матбуоти тоҷикии Ӯзбекистон нашр мекунад. (Юнуси Имомназар Деҳаи зархез. – Т., 2016. – 224 саҳ. с. 89-90). Махсусан, нигоштаҳои ӯ дар мавриди нашрияи “Бухорои Шариф” диққати соҳибназаронро ҷалб мекунад. Ҳамин аст, ки дар доираҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ӯро ҳамчун “олими беунвон” (Овози тоҷик, 12 марти соли 2002) мешиносанд.
Аввалин мақолаи Ӯзбакбойи Раҳмон доир ба нашрияи нахустини тоҷикӣ “Бухорои Шариф” чӣ гуна рӯзнома буд?” ном дорад, ки он дар нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” (№96, 15 августи соли 1990) ба нашр расидааст. Ин мақола зуд мавриди эътибори муҳаққиқон қарор мегирад. Валӣ Самад дар китобаш “Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал” (Душанбе 1992) ба ин мақола баҳо дода, аз он иқтибос мекунад. Қироншоҳ Шарифзода низ дар китоби “Бухорои Шариф”: назаре пас аз 100 сол” ин мақоларо ба сифати яке аз аввалин навиштаҳо оид ба нахустин нашрияи тоҷикӣ ёд мекунад. Ӯзбакбойи Раҳмон пажӯҳишҳояшро идома дода, то ба имрӯз доир ба “Бухорои Шариф” 14 мақола ба нашр расонидааст. Бархе аз он мақолаҳо дар маҷмӯаи “Розҳои таърих” (2016) шомил гардидаанд.
Соли равон ба пешвози 110-солагии рӯзномаи “Бухорои Шариф” ин муҳаққиқ пажӯҳишҳояшро ҷамъбаст карда, дар қолаби як рисолаи хурд ба зевари табъ оростааст. Дар “Таърихномаи “Бухорои Шариф” Ӯзбакбойи Раҳмон доир ба заминаҳои пайдоиш, нашри нахустин шумора, дастандаркорон ва кормандони аввалин ва муҳтавои нашрияи “Бухорои Шариф” маълумоти муфид медиҳад.
Ӯзбакбойи Раҳмон заминаҳои пайдоиши “Бухорои Шариф”-ро натиҷаи бедорӣ ва тараққихоҳии ҷадидон медонад ва таъсири тағйироти ҷараёнҳои сиёсиву иҷтимоии Русияро, ки ба Осиёи Миёна муассир буд, низ нодида намегирад.
Муаллиф таъсиси “Бухорои Шариф”-ро натиҷаи талошҳои ду тан аз бедорони замон – Мирзо Сироҷ (1878 – 1914) ва Мирзо Муҳиддин Мансуров (1862 – 1934) медонад, ки барои таъсиси рӯзнома саъю кӯшиши зиёд карданд. “Барои пайдоиши нашрияҳо заминаи тиҷоратӣ низ зарур аст. Аз нуқтаи назари онҳо бояд нашрия чун манбаи даромад фаъолият мекард, он бояд боиси даромади сармоявӣ мегардид. Ниҳоят, ба гуфтаи устод Айнӣ “чораи ин корро Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ ёфтанд. Онҳо аввал мудири матбааи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри газета ваъдаи манфиати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд. Левин ба умеди фоида ба майдон баромад, дар ин бора ба элчихона муроҷиат кард”. (Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Душанбе, 1987, саҳ. 106).
Равшанзамиру тараққихоҳи замон, яке аз чор миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров бо тоҷирони рус ҳамкорӣ дошт, ба нашри рӯзнома ба забони маҳаллӣ саҳмгузор гардид. Бо Г. Л. Левин ба гумоштаи сиёсии Русия дар Бухоро муроҷиат карданд. Гумоштаи сиёсӣ Миллер 9 марти соли 1912 бо мактуб ба амир муроҷиат кард. Дар мактуб мазмун ва моҳияти рӯзнома мушаххасан муайян гардида буд: ”Бухорои шариф” рӯзномаи ҳаррӯза, тиҷоратӣ – саноатӣ буда, манфиати аморати Бухороро ҳимоя мекунад, дар асос ва рӯҳияи шариат нашр мегардад”. (ЦГА Уз ССР, фонд 3. 0. 1 ед. хр.№ 456).
Ҳамин тариқ, рӯзи якшанбеи 4-уми рабиуссонии соли 1330 ҳиҷрӣ (11 марти соли 1912 ) нахустшумораи рӯзномаи “Бухорои шариф” нашр гардид. Вазифаи мудирии рӯзномаро то шумораи 34-ум Мирҳайдар писари хоҷа Қосим Мирбадалуф, ки дар Элчихонаи рус мутарҷим буд ва Мирзо Ҷалол Юсуфзода ба уҳда доштанд. Аз 20 апрели соли 1912 имзои Мирҳайдар Мирбадалуф аз рӯзнома бардошта шуда, вазифаи муҳаррирӣ ба зиммаи Мирзо Ҷалол Юсуфзода вогузошта мешавад.
Ба мушоҳидаи Ӯ. Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии рӯзномаи “Бухорои Шариф” рӯҳияи маорифпарварӣ доштани он аст. Муаллиф менависад: “Кормандони рӯзнома, ки рӯҳияи маорифпарварӣ фаро гирифта буд, кӯшиш менамуданд, сабабҳои қафомонии аморатро ошкор карда, роҳҳои бартараф сохтани мушкилотро дарёфт намоянд. Ва сабаби асосиро дар бесаводии халқ дидаанд. Калиди наҷотро аз он зулмоти аморат дар «мактаб, мактаб ва боз мактаб» дидаанд”.
Ӯ. Раҳмон дар натиҷаи варақ задани саҳифаҳои “Бухорои Шариф” ба хулоса меояд, ки “ҳамчун асбоби тараққии маориф нашр гардида, ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад ва ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун месозад”. Ба ин мақсад дар рӯзнома зери унвони ахбори маҳаллӣ ва Туркистон, ахбори дохила, ахбори хориҷа, бахши адабиёт, солимӣ (“Ҳифз – ус – сиҳат”) , эълонҳо, бахши ғояи омол, яъне мақсаду амал хабару мақолот ва ҳикояву намунаҳои назмӣ дарҷ гардидаанд. Ҳар як шумора аз бахши ғояи амал оғоз меёбад, ки дар он мақсади нашр ва вазифаҳои рӯзнома инъикос ёфтааст. Дар бахши ахбори маҳаллӣ ва Туркистон хабару мақолаҳо оид ба ҳаёти сиёсии аморат, сафарҳои амир, тараққии савдо дар кишвари Туркистон дарҷ шудаанд. Бахши ахбори дохила бошад, доир ба мавқеъ ва инкишофи савдо дар Русия хабару мақолот интишор додааст. Бахши ахбори хориҷӣ аҳолии Бухоро ва атрофи онро аз аҳвол ва зиндагии мардуми Эрон, Афғонистон, Ироқ, Туркия, Чин ва дигар мамолик хабардор менамуд. Дар бахши эълонҳо бошад, оиди кушодашавии корхонаҳо, вақти ҳаракати поездҳо, номгӯи китобҳои дар фурӯш буда ва дигар ҳодисот маълумотномаҳо чоп шудаанд”.
Мавзуъи дигаре, ки диққати Ӯзбакбойи Раҳмонро дар саҳифаҳои “Бухорои Шариф” ҷалб кардааст, баҳси забон аст. Муҳаққиқ ба навиштаи И. Брагинский, ки “Бухорои Шариф”-ро “рӯзномаи пантуркистӣ” медонад, баҳс карда, ба хулосае меояд, ки матолиби рӯзнома “бо пантуркизм ҳеч гуна равобит ва ё ҳамақидагие дида намешавад”. Баҳси забонро дар саҳифаҳои рӯзнома пайгирӣ карда муҳаққиқ ба чунин натиҷа мерасад:
“Бақохоҷа бинни Ҳодихоҷаи Самарқандӣ баҳс дар хусуси забонро ҷамъбаст намуда, доир ба макони ташаккулёбии забони форсӣ дар Мовароуннаҳр ва арзи ташаккулёбии он иброз доштааст: «Дар номераҳои қаблии ин рӯзномаи мо гуфтугӯи зиёде дар бораи забон дарҷ шуда, изофа дар ин боб ин чанд сатрро ба мавқеи арз мегузорам: аҳолии аслии ин хитаи Мовароуннаҳр аз канори Ҷайҳун (Амударё) то ҳудуди Хуҷанд ва Сайҳун (Сирдарё) ва мулки Фарғона форс буданд. Ва забони модарии эшон ҳам форсӣ буд. Чунончӣ, китоби тоърих ва қомусҳои фаннӣ нишон медиҳанд, ки ватани аслии аъм (қавм – Ӯ. Р.)-и ориёнӣ Байнаннаҳрайн (саҳв омада, Мовароуннаҳр хонда шавад – Ӯ. Р.), яъне миёни рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун будааст. Баъд аз он ҷо ба атроф ва акнофи олам мунташир ва парешон шудаанд». («Бухорои шариф», шумораи 14 аз 27 марти соли 1912). Ин тезис зарбае буд бар таълимоти пантуркизм, ки онро чӣ донишмандони собиқ шӯравӣ ва чӣ муҳаққиқони эронӣ эътироф дошта, тақвият додаанд”.
Ӯзбакбойи Раҳмон дар умум ба ҳамаи паҳлӯҳои рӯзномаи “Бухорои Шариф” таваҷҷуҳ карда, бахшҳои онро мавриди таҳлилу барассӣ қарор додааст. Ӯ ҳадафи рӯзномаи “Бухорои Шариф” ва кормандони онро тағйир дар афкори мардуми Бухоро ва аз зулмот ба рӯшноӣ баровардани онҳо медонад: “Ҳа, кормандони рӯзнома ободии Ватанро ба худ фарз дониста, адои онро қарз пиндоштаанд. Aлбатта, дар вазъияти аморати Бухоро иҷрои он фарзҳо имконнопазир буд. Сохтори давлатӣ ба иҷрои он орзую омол имконият намедод…”, вале бо вуҷуди ин “Бухорои Шариф” барои поя гузоштан ба ташаккули матбуоти тоҷикӣ асос шуд. Ва натанҳо матбуоти тоҷикӣ, балки бо замимаи ӯзбекии “Тӯрон” барои рушди матбуоти ӯзбек низ хизмат кард.
“Ба шарофати “Бухорои шариф” дар Осиёи Миёна газетаҳои тоҷикӣ ва фарогири саҳифаҳои тоҷикӣ, рӯйи кор омаданд. ”Самарқанд” яке аз чунин нашрияҳои дузабона буд, ки аз апрели соли 1913 то сентябри соли 1913 ҳамагӣ 45 шумора ба чоп расидааст. Ношир ва муҳаррири рӯзномаи “Самарқанд” Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ асосгузори ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон буд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ маҷаллаи “Ойина”-ро низ таъсис дод, ки шумораи аввалинаш 20 августи соли 1913 ба табъ расид. Ҳар ду нашрия ба ду забон (тоҷикию ӯзбекӣ) ба табъ расидаанд…”-менависад, Ӯзбакбойи Раҳмон.
“Бухорои шариф” бо замимааш “Тӯрон” умри дароз надид, “вай мисли барқе дар осмони Бухоро дурахшида ғайб зад” (Валӣ Самад. Асари номбурда, саҳ. 52). Ва 2 январи соли 1913 “ин ду ниҳол, ки акнун ба мева додан даромада буданд, бо табари зулм ва истибдод аз боғчаи халқ бурида партофта шуд” (С. Айнӣ. Асари номбурда, саҳ. 99).
Ӯзбакбойи Раҳмон дар рисолаи хеш аз навиштаҳои устод Садриддин Айнӣ, Наҷмиддини Ковиёнӣ, Валӣ Самад ва китобу мақолаҳои пешини муҳаққиқон Қироншоҳи Шарифзода ва Абдухолиқи Набавӣ истифода кардааст. Маълум мешавад, ки ӯ ба таҳқиқоти ахире, ки дар Тоҷикистон доир ба “Бухорои Шариф” сурат гирифтааст, дастрасӣ надорад. Ҳамин аст, ки ӯ бештар дар атрофи маводи худи рӯзнома ҳарф мезанад ва дар асоси он хулоса мебарорад. Дастрасӣ надоштан ба адабиёт сабаб шудааст, ки рисолаи Ӯзбакбойи Раҳмон аз лиҳози фарогирӣ маҳдудтар бошад, вале ба ҳар сурат ин китобча барои шинохти “Бухорои Шариф” арзишманд аст.
Барно СОҲИБОВА,
Одил НОЗИР