Таърихи бунёди чойхонаи «Роҳат»

Чойхона, ҷойи ҷамъиятест, барои истироҳат, ки аз хонаи чойнӯшӣ иборат аст.

Дар гузашта чойхонаҳо ҷойи баҳамойии шоирону ҳофизону ровиён ва шабгузаронии мусофирон будаанд. Чойхонаи «Роҳат» низ яке аз чойхонаҳои таърихии шаҳри Душанбеи пойтахти Тоҷикистон маҳсуб меёбад, зеро он бо санъати меъмории сирф миллӣ бунёд ёфтааст.

Таърихи сохта шудани он низ аҷиб будааст.

Боре падари Ӯлҷабоев Турсун Ӯлҷабоевич (котиби якуми КМ ҳизби Комунистии Тоҷикистон, солҳои 1956-1961) ба шаҳри Душанбе меояд ва муддате дар ҳамин ҷо чун меҳмон мемонад. Замони сайру гашти шаҳр мебинад, ки дар гӯшаҳои он чойхонаҳои хурди назарногир вуҷуд доранд. Пеш аз рафтан ба ватани худ Хуҷанди бостонӣ, назди писараш Турсун Ӯлҷабоевич медарояд ва писар аз падари бузургвори хеш пурсон мешавад, ки падарҷон шаҳри Душанбе ба Шумо писанд омад? Ҷавобан падар чунин андешаҳои худро баён менамояд: «Писарам, шаҳри Душанбе бисёр шаҳри хубу зебо будааст, вале дар маркази он ягон чойхонае нест, ки мусофирон омада, дар ин ҷо дам гирифтаву роҳат намудаву гоҳ-гоҳ шабнишинӣ ҳам намоянд!». Аз ин гуфтори падар Турсун Ӯлҷабоевич лаҳзае сукут варзида, пеш аз хайру хуш ба падар чунин ҷавоб медиҳад: «Падарҷон, бори дигар ҳангоми омаданатон, Худо хоҳад, дар паҳлӯи ҳамин иморати Ҳукумат чойхонае бунёд месозем ва номи онро аз рӯи гуфтори худатон чойхонаи «Роҳат» номгузорӣ менамоем, Шумо ба ин фикри ман чи мегӯед-гӯён писар ба падар эҳтиромона муроҷиат менамояд» ва падари бузургвори Турсун Ӯлҷабоевич хушнуд мешаваду ба писараш чунин фотиҳаи хубе  медиҳад: «Писарам ҳамеша ёру мададгорад, Худои меҳрубон бошаду ба халқу Ватани хеш софдилона хизмат намо! Чи тавре, ки мардум мегӯянд: Хока гирӣ зар гардад». Писар падари худро паси гуселонидан тамоми меъморони кордону бомаҳорат ва мусаввирони чирадастро ҷамъ намуда, аз онҳо маслиҳати судманде пурсон мешавад ва ҳамаи онҳо хушнудонаю якдилона ба фикри котиби якуми КМ ҳизби Комунистии Тоҷикистон Турсун Ӯлҷабоевич розигии худро медиҳанду ниҳоят соли 1958 ин чойхона бунёд мешавад. Номи онро  чойхонаи «Роҳат» номгузорӣ менамоянд. То имрӯз ин чойхонаи таърихии номбурда, зеби шаҳри Душанбе буду ҳасту ва мемонад. Имрӯз бошад, ин чойхонаи таърихиро  Мансуров Саидҷон Ҳамроевич сарварӣ менамояд, ки аз тамоми гӯшаи канори дунё сайёҳон омада, ин кошонаи пур аз нақшу нигорро аксбардорӣ менамоянд, то ки ба ватани хеш бурда нишон диҳанд.

Бояд ҳатман ёдовар шавем, ки хизматрасонии ин макон дар сатҳи олӣ қарор дорад…

Бо амри тақдир як ҳамкурсам солҳои 2000 аз Душанбе ба мамлакати Чехословакия кӯч баста рафт ва ҳаргоҳе, ки бо ман дар тамос мешавад, як сухани аҷиберо такрор ба такрор мегӯяд: «Шарифҷон, ба хӯрокҳои чойхонаи «Роҳат» бахусус лагмону кабоби он то ҳанӯз, муштоқам, суҳбати пирони хиради он ҷоро намегӯйӣ, ҳар бор ки аз интернет онро тамошо менамоям, оби дидагонам бе ихтиёр ҷорӣ мешаванд».

Дар толори фарҳанги-фароғатии он шодравонон шоирон, ба монандӣ: Устод Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Саидали Маъмур, аз шоирони ҳозира Гулрухсор, Ҳадиса Қуобонова, Камол Насрулло, Низом Қосим ва чанде аз шоирони хориҷӣ ба монанди Прабҳҷут(Ҳиндустон), Хусрави Эҳтишонӣ (Эрон) низ баромадҳо намуда ва чанде аз онҳо  дар васфи ин кошонаи таърихӣ шеърҳо низ эҷод намудаанд.

Устодони санъати тоҷик, ба мисол, Муслима Боқиева, Барно Исҳоқова, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, аз ҳозирин устод Ҷӯрабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Хурсандмурод Зарипов, Муродбек Насриддинов, Саидмирзо Нарзиев, Қурбон Содиқов, Мастона Эргашова, Давлатманд Холов ва дигарон дар толори маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатии ин чойхона барои мардумони хориҷию ватанӣ низ баромадҳо намуда, бо сурудҳои дилошӯби хеш дили ҳазорон нафар мухлисони хориҷию ватаниро шоду масрур менамуданд.

Дар ҳамин ҷо хостам фикри хешро ба охир расонаму шеъри тозаэҷодамро  бо номи «Чойхона -Роҳат», ки дар васфи чойхонаи «Роҳат» нависондаам, пешкашӣ мутолиагарони гиромӣ намоям, яке ба хотиротам ҳашт фазилати одобӣ нӯшидани чой расиду худ ба худ гуфтам: «Ҳар чи бодо бод, ҳамин ҳашт фазилатро низ рӯи сафҳа меоварам, зеро онҳо аз манфиат холӣ нестанд…”.

Одоби нӯшидани чой дар чойхонаҳо

Одоби нӯшидани чой ҳашт фазилат дорад:

Фазилати якум: Риоя намудани чойнӯшӣ хислати неки ҷавонмардон бошад.

Фазилати дуюм: Чойро бояд ба пиёла резанд.

Фазилати сеюм: Дар ҳалқаи нишастани ёрон чойро ба тамкин ба пиёла рехта ботартиб ва бо навбат дароз кардан ҷоиз аст.

Фазилати чорум: Дар ҳолати ҳузур доштани бузургон ва калонсолон пиёлаи чойро аввал ба эшон дароз кардан адаб буда, танҳо ба амр ва ризоияти онҳо нигоҳ доштани қолаби навбат ба талаб мувофиқ бошад ва чой аз як сар дароз карда шавад.

Фазилати панҷум: Чойро на пур ва на кам, дар ҳолати мӯътадил ба пиёла рехтан ба талаб мувофиқ мебошад.

Фазилати шашум: Ҳангоми нӯшидани чой баланд ҳурт кашидан, чойро пуф карда нӯшидан нашояд ва аз рӯи адаб набошад, зеро ҳангоми пуф кардан ҳавои аз дарун баромада, пиёларо ғайри табъ месозад ва боиси нороҳатии табъи дигарон мешавад.

Фазилати ҳафтум: Ҳангоми ба ҳалқае нишаст ва маҳфили ҳамзамонон чойнӯшӣ аз ёрон касе ҳузур орад, баъд аз салому алейк ва пурсупоси дӯст, пиёлаи чойро ба вай дароз карда, баъд аз он навбати муқаррареро идома кардан ба қоида мувофиқ аст, ки шахси чойрез инро ҳамеша мадди назар нигоҳ дошта бошад.

Фазилати ҳаштум: Ҳангоми чойнӯшӣ ва замзамаи маҳфили ёрон ҳазлу шӯхии беадабона гуфторҳои зараровар нашояд, балки суханҳои муфиди пандомез доир ба илму адаб бояд, ки хонаи дили ҳар яке аз нишастагонро мунаввар созад. Дар васфу ситоиши чой вассофони суханвар нозуктаъбони мӯътабар шеърҳо гуфтаанд ва ба ҷавҳари тафаккур маънии онро суфтаанд:

Зиннатафзои дили соҳибмиҷозон аст чой,

Зеби дасти пири барнову ҷавонон аст чой.

Ҷумла базми маҷлиси одам саропо тай задам,

Ҳар куҷо дидам ба дасти хубрӯён аст чой.

Медиҳад сайқал дили ҳар одамиро мисли гул,

Фикр агар созӣ ба худ, ҳамсӯҳбати ҷон аст чой.

Ҳаводорони чой ҳатто аз ҷӯшиши он обе, ки аз ӯ чой дам карда мешавад, илҳом гирифта ин мисраҳоро гуфтаанд:

Зи ҷӯши чойҷӯшаш  ин садо ҳар дам ба гӯш ояд,

Ки чойи талх равшан мекунад, табъи сухандонро.

Дар охиргуфтор шеъри тозоэҷоди худро бо номи “Чойхона-Роҳат” рӯи сафҳа меоварам, ки ба ихлосмандони чойхонаи “Роҳат” барги сабзе бошаду бошад…

Чойхона-Роҳат

Душанбе пойтахти Тоҷикистон

Ба ёд омад маро, чойхона-Роҳат,

Чу бошад дилрабо, афсона-Роҳат.

Ҳама озодагон оянд, дар инҷо,

Ки бошад ин макон, якдона-Роҳат.

Сафояш беҳтар аз ҷаннат бошад,

Хаёли ман ба ман, дурдона-Роҳат.

Чи сон қасраш, ки шоҳоне надида,

Фурӯзон қандилон, нуронаРоҳат.

Хушо, зебо, ҳама хизматрасонаш,

Бигӯйем, аҳсанат, ҷононаРоҳат.

Ба шоир шуд аён, ин нуқтаи дид,

Бароҳат мардумаш фарзонаРоҳат.

Саиди сарварӣ, чойхона-Роҳат,

Чу бошад ҷовидӣ, ин хонаРоҳат.

Шарифи ГУЛЗОД,

Аълочии маориф, омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь