Низоми дунявият – низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад. Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад.

Ҳадафи зиндагии инсонӣ бошад, озодии инсон аст ва инсонҳо танҳо дар ҷомеаи дунявӣ метавонанд озодии хешро ҳифз кунанд ва ба саодат ва ҳамзистии осоишта ба сар бибаранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар дигар навъи ҷомеаҳо, ки меҳвари онҳоро на арзишҳои баланди инсонӣ, балки арзишҳои динӣ ташкил медиҳанд, озодиҳои инсон маҳдуд гардида хираду заковат ва истеъдодҳои инсон саркуб карда мешаванд. Ин руҳия махсусан дар асрҳои миёнаи давлатҳои аврупоӣ ҳоким буд, ки он замон озодиҳои инсонӣ маҳдуд карда шуда ҳатто андешаи ӯ дар қолаби муайяни динӣ сурат мегирифт. Ҳамин буд,ки тули ҳазор соли пас аз дини расмӣ эълон шудани масеҳият ҷомеаи аврупоӣ гирифтори бумбасти фикрӣ, дучори сахти таасубу хурофот гардид.

Таассубу хурофот ҷомеаро ба самти бозмондагии фикрӣ дучор намуда, ҷойгоҳи инсониро маҳдуд сохт ва боиси инкивизатсия шудани даҳҳо донишмандону мутафаккирон гардид. Саранҷом асрҳои 14-16 марҳилаи тозае дар ҷомеаҳои Аврупо шуруъ гардид, ки бумбастӣ будан ва зидди ақлу хирад будани ҷомеаи теократиро ошкор намуд.

Маҳз дар ҳамин марҳила донишмандони забардасте дар ҷомеаи аврупоӣ зуҳур карданд ва раванди озодандеширо таҷдид намуда, ҳокимияти калисоро маҳдуд намуданд. Тадриҷан дар асоси таҷрибаҳои табиатшиносони ин давр аз қабили Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей ҷаҳонбинии динии асримиёнагӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида, баъдан асрҳои 16-17 дар заминаи он мутафаккирони наве ба арсаи фаъолият шуруъ намуданд, аз қабили Френсис Бекон, Рене Декарт, Бенедикт Спеноза, Томас Гобс, Девид Юм, Ҷон Лок ва Лейбнитс Готфирд Вилгелм, ки ин ақоидро идома дода, заминаи воқеиро ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ ва озодандешӣ гузоштанд.

Ин нафарон буданд, ки аз роҳи бунёди методологияи илмӣ масъалаҳои ҳастишиносиву назарияи маърифат ва ҷомеашиносиро такон доданд ва онро низом бахшиданд. Эҷоду дастовардҳои илмии донишмандони зикр гардида, заминаи хубе барои ба вуҷуд омадани равияи маорифпарварӣ гардид. Маорифпарварон афкори шахшудаву ақоиди бебунёди диниро мавриди интиқод қарор дода, идора намудани ҷомеаро тавассути аҳкоми динӣ ва дахолат намудани калисоро ба идоракунии раванди иҷтимоӣ омили асосии бадбахтии инсоният ҳисобиданд. Маҳз дар ҳамин замон аст, ки арзишҳои масеҳият ҷойгоҳи хешро аз даст дода, як дидгоҳи бумбастии монеи рушд буданаш ошкор мегардад.

Маорифпарварони фаронсавӣ Голбах, Гелветси, Ламетри, Дидро, Волтер донишҳои диниро мавриди мазаммат қарор дода, мазмун ва моҳияти донишро таҷдиди назар намуданд. Яъне онҳо донишҳои мадарасию диниро донишҳои бебунёд, хурофотӣ ва бемоҳият талақӣ намуда, шинохти табиат озодии инсон ва он донише, ки тавонад мушкили инсонро саҳлу сода гардонида, заминае барои пешрафти он ба вуҷуд орад, асли дониш арзёбӣ намудаанд. Ҳамин буд, ки буъди наве дар тафаккури аврупоӣ ба вуҷуд омад ва шинохту моҳияти дониш дигар гардида, ҷаҳиши бузурге дар тамаддуни аврупоӣ ба вуҷуд омад. Он имкон дод, ки низоми динии идоракунии ҷомеа маҳдуд гардида, низоми нави давлатдорӣ дар шакли низоми дунявият ва шакли идоракунии республикавию парламентарӣ ба ҷои низоми теокративу шакли идоракунии монархӣ рӯи кор омад.

Ин низом замина фароҳам овард, ки дар аксари арзишҳои мавҷудаи аврупоӣ таҷдиди назар ба вуқуъ ояд ва аз ҷустуҷӯи саодатҳои осмонӣ инсон ба саодатҳои заминӣ рӯ оварад ва аз меҳвар қарор додани офаридгор ва афкору аҳкоми динӣ, худи инсон меҳвари арзишҳо қарор гирифт ва бархурд ба ҳар гуна арзишҳо   аз дидгоҳи ин ки то чи ҳад онҳо метавонанд зиндагии инсонро саҳлу сода намоянд, мавқегирӣ карда шуд.  Низоми нави дунявият инсони аврупоиро аз банди хурофоту ҷаҳолат озод намуда, онро ба худи худаш баргардонд. Инсон аз як шахси банда ва тобии қувваҳои мармузи сарнавиштӣ ба як шахси офаранда, пуё, шахсиятсоз табдил гардида, дигар қисмати он дар дасти худаш буд.

Маҳз ҳамин гуна ҷомеа сабаб мешавад, ки инсони аврупоӣ ҳазорон имкони ношинохтаи хешро аз роҳи ақлу хирад баррасӣ намуда, аз табиат ба манфиати инсонӣ истифода менамояд ва бо тафаккури созандаи хеш, ба хотири беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагӣ аз роҳи халлоқият, ҳазорон навъи фанновариҳоро ба миён меоварад. Маҳз дар даврони дунявият ҷаҳиши бузурге дар ҳамаи соҳаҳои маънавию моддӣ ва иҷтимоии Аврупо дигаргуниҳои азиме рух доданд, ки дастовардҳои он болтар аз дастовардҳои миллионҳо соли мавҷудияти инсоният аст. Чунин тарзи тафаккуру биниш ба онҳо имконият додааст, ки ҷомеаҳои аз лиҳози илмиву маърифати солим, ки арзиши меҳварии онро инсон ва зиндагии шоистаи ӯ ташкил медиҳад, ба миён оварад.

Донишмандону мутафаккирони аврупоӣ инсонро аз банди таваҳум озод намуда, онро ба як мавҷуди озод, соҳибхирад ва сарнавиштсози зиндагии худ табдил дода, мардумсолориро тақвият бахшиданд. Қобили қайд аст, ки мардумсолорӣ танҳо дар ҷомеаи дунявӣ вуҷуд дошта метавонад. Зеро дар ҷомеаи теократии инсон ба маротиб маҳдуд аст ва дар он ҳеҷ гуна иродаву андешаи озод вуҷуд надорад. Озодандешону дигарандешон ҳамеша мавриди сарзаниш туҳмату таҳқир ва маҳкуму муҷозот қарор мегиранд. Аз ин рӯ, дунявият, мардумсолорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳам тавъаманд ва онҳо танҳо дар низоми дунявӣ метавонанд вуҷуд дошта бошанд.

Ҳарчанд садсолаҳост ҷомеаи теократӣ дар Аврупо бебунёд эълон карда шуда моҳияти хешро пурра аз даст додааст, вале дар Шарқи мусалмонӣ идеяи ҷомеаи теократӣ ҳануз побарҷост. Ба мондагории ин идея ду омил муассир аст.

  1. Дар ҷомеаҳои мусалмонӣ таҳаввули пайвастаи ҷаҳонбинии илмӣ сурат нагирифт, донишҳои диниву илмӣ дуруст арзёбӣ нашуданду моҳияти онҳо ошкор нагардид ва арзишҳои динӣ мавриди интиқод қарор дода нашудаанд.
  2. Омили дигар омили беруна аст, ки сиёсатҳои геополитикӣ ба хотири мардумони ин минтақаро дар бумбасти фикрӣ нигоҳ доштан ва аз онҳо ба ҳайси қувваи арзони корӣ истифода намудан ва ашёи хоми онҳоро бо нархи ночиз гирифтану онҳоро ба мардумони истеъмолгар табдил додан, ки бар манфиаташон аст, афкори диниро тарвиҷ намуда, идеяи ҳокимияти теократиро тақвият бахшидаанд.

Ҳамин аст, ки имрӯз дар аксар аз кишварҳои минтақаи Шарқи мусалмонӣ идеяи давлати теократӣ побарҷост ва аксар аз ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ин кишварҳо ба вуҷуд меоянд даъво аз бунёди давлати теокартӣ дорад. Аҷибтар аз ҳама ҳатто дар фазои як давлат якчанд ҳизб, ки дар охири хеш барчаспҳои динӣ доранд амал мекунанд ва ҳар яке хешро ҳақ ҳисобида дигареро ботил арзёбӣ мекунанд. Ин сабаб гардидааст, ки чунин ҷомеаҳо ҳамеша дар ҳоли нооромӣ, бархурд қарор гирифта, сатҳи хурофазадагию таассуб ва вопасгароӣ дар онҳо баланд аст.

Аз тарафи дигар низомҳои исломӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд намуда, дар онҳо дигарандешиву озодандешӣ комилан вуҷуд надорад. Дискриминатсияи ҷинсӣ дар сатҳи баланд буда, дар баъзе аз ин кишварҳо ба занон ба ҳайси инсони дуввумдараҷа муносибат мешавад. Ҳамчунин бархурдҳои мазҳабӣ дар дохили ин кишвраҳо вусъат пайдо карда, сабабгори нооромӣ, ҷангу бархӯрд ва беқайду бандубории ҷомеаҳои ин кишварҳо гардидааст. Ин гуна вазъи асафборро метавон дар кишварҳои Ховари Миёнаву Наздик ба осонӣ мушоҳида намуд.

Вуҷуди афкори вопасгарову хурофотӣ ва набуди тафаккури илмӣ дар ин ҷомеаҳо боиси он гардидааст, ки ҳар рӯз ҳазорон нафар аз бархурди ин гуна ақоиди бебунёд ба тарафи ҳамдигар ҳамлавар гардида, ба беҳудагӣ ҷони хешро аз даст медиҳанд. Ҳазорон нафар аз камдонишӣ ё бесаводиву нодонӣ аз сари ҷаҳолат ба гуруҳҳои ифротиву терористӣ мепайвандад ва зиндагии хешро қурбони афкори пӯсидаву бемоя мегардонанд.

Ҳарчанд далелҳои дар боло зикршуда перомуни ҷомеаи теократӣ ҷойи баҳс надоранд ва ин воқеият ва ин вазъ равшантар аз рӯз аст, вале иддае аз ҷоҳталабону мансабхоҳон ҳамин идеяи ҷомеаи теократиро мубаллиғӣ намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои хеш, яъне ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ, аз дин ва боварҳои мардум суиистифода намуда, мехоҳанд дунявиятро дар Тоҷикистон барҳам зада низоми теократиро рӯйи кор оваранд, ки он аслан наметавонад ба манфиати миллат ва ҷомеа хидмат намояд.

Инҳо дониста ё надониста афкори пучу хурофотӣ ва бебунёдро мавриди таблиғ қарор медиҳанд, ки ҷомеаро осебпазир намуда, ҷаҳлу нодониро вусъат мебахшад. Ин гуна афкор дар ниҳояти кор метавонад ҷомеаро ба бархӯрд оварда расонида, онро ноором гардонад.

Аз тарафи дигар ҳокимитяи теократӣ ҳувияти миллиро саркӯб намуда, боиси аз байн рафтани давлати миллӣ мегардад. Ҳамчунин озодиву ҳуқуқҳои инсонро поймол намуда, онро ба бардаву ғулом табдил медиҳад. Дар чунин низом дин ва боварҳо арзиши аслии хешро аз даст дода, ба абзори сиёсӣ, таъсиррасонӣ ва танзимнамоии гуруҳи ҳоким табдил меёбад.

Дар ин ҳолат динҳо на ба ҳайси арзиши муқаддассот барои фард, балки ба як руҳияи тарс табдил меёбад. Мутаассифона, ин гуруҳ ки аз популизм истифода мекунанд бо роҳи суханбофию суханпардозӣ мардумро гул зада, аз демократияву ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарф мезананд. Ҳол он ки бунёди ақоиди онҳо ба мардумсолорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мухолиф аст.

Хулоса раванди инкишофи воқеияти таърихии садсолаҳои охири тамаддуни башарӣ собит намудааст, ки инсоният танҳо дар низоми дунявӣ метавонад ба зиндагии шоиста бирасад ва истеъдоду моҳияти пурраи хешро ошкор намояд. Сарнавишти хешро ба дасти хеш бисозад. Аз ин рӯ моро низ зарур аст, ки дар пайи эъмори дастоварди бузурги тамаддуни инсонӣ – дунявият, ки дар он шарофату саодати инсонӣ таҷассум ёфтааст, бошем ва онро ҳифз намуда, ин масъулияти таърихиро ба насли ояндаи кишвар бегазанд расонем.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи фанҳои

 гуманитарии ДТТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here