Рӯзи 3-юми июли соли равон дар Осорхонаи шахсии шореҳи собиқадор ва пуркори варзиш Нарзулло Латипов 20-солагии Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ва Рӯзи хабарнигорони варзишӣ бо баргузории чанд чорабинии хотирмон таҷлил карда шуд, ки дар он намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ ҳузур доштанд.
Дар оғози ҳамоиши навбатӣ Нарзулло Латипов – раиси АЖРВТ журналистони риштаи варзишро бо ин ду санаи ҷашнӣ табрику муборакбод намуда, аз ҷумла гуфт: «Журналистикаи варзишӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозад. Варзиш натанҳо мавриди таваҷҷуҳи умум ва завқи мардум, инчунин омили муҳими тарбияи ҷавонон, мустаҳкамшавии саломатии одамон ва муносибатҳои байнидавлатӣ гардидааст. Он ба ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, таҳкими дӯстӣ ва сулҳ мусоидат мекунад».
– Дар айни ҳол беш аз 70 нафар хабарнигорон ба узвияти Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон қабул шудаанд. Хабарнигорони варзишӣ, ки дар анбуҳи рӯйдодҳо қарор гирифта, дар бораи мушкилиҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нақл мекунанд, барои ҳалли онҳо низ мусоидат менамоянд. Хабарнигорони варзишӣ дар ин рӯз дар чорабиниҳое, ки бахшида ба иди касбиашон барпо мегардад, ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит месозанд. Ҳамкасбони гиромӣ, бори дигар идатон муборак! Дар инъикоси ҳаёти варзишии кишвар илҳоми тоза, қалами тез ва толеъ ёратон бошад!,- илова намуд Нарзулло Латипов.
Мавриди зикр аст, ки ба хотири таҷлили ин ду санаи фархунда ба табрики журналистони риштаи варзиш Шодӣ Сафаров – ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Баҳрулло Раҷабалиев – президент ва котиби генералии пешини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Маҳмуди Абдуллоҳ – муовини аввали раиси Федератсияи самбои Осиё ва котиби генералии Федератсияи самбои Тоҷикистон, Алимаҳмад Мирзоев – собиқ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва президенти Федератсияи камонварии Тоҷикистон ва Бобоҷон Маҳмадрасулов – собиқ муовини аввали раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, котиби генералии Федератсияи бокси Тоҷикистон омаданд ва бо арзи сипосу ҳузури худ аз адои иҷрои рисолати касбии воқеанигорони риштаи варзиш бо як самимият ёд кардаву қадршиносӣ намуданд.
Гуфтан бамаврид аст, ки Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) аз соли 1995 таҷлил мегардад.
AIPS ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 165 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон узви AIPS мебошанд. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ки 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74-уми AIPS дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.
Хабарнигорони варзишӣ дар ин ҳамоиш иброз доштанд, ки онҳо дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти бузургтарини мавсими имсола – Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, тавассути расонаҳои хабарӣ сари вақт иттилоъ хоҳанд дод.
Зимнан, Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио 11 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард: Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (ҳарду шиноварӣ).
Хабарнигорону меҳмонони ҳамоиш инчунин аз Осорхонаи шахсии шореҳи пуркори варзиш Нарзулло Латипов дидан карданд. Осорхона якуним сол пеш дар ҳавлиаш, берун аз Душанбе дар мавзеи хушобу ҳавои Лучоб кушода шудааст. Масоҳати осорхона 65 метри мураббаъ аст ва ҳадаф аз таъсиси он зинда нигоҳ доштани таърихи варзиш, фарҳанг, адабиёт, санъати тоҷик ва таърихи хонаводагии эшон аст. Дар ин осорхона шореҳ ҳосили кори беш аз панҷоҳсолаи худро ҷамъ овардааст, ки қалби дилхоҳ бинандаро бо аксу мусавада ва нигораву осори бебаҳову таърихии худ тасхир мекунад.
Дар анҷоми ҳамоиш воқеанигорони риштаи варзиш барои адои рисолати касбӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳм гузоштан дар ҳаракати варзишии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ қадр карда шуданд.
Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ