Мувофиқи таҷрибаи чандинсолаам мушоҳида кардаам, ки мақолае барои таҳриру чоп ба идораи рӯзномаву ҳафтаномаву маҷалла месупорам, ягон муҳаррир ба табъи дили ман моли маро таҳрири дуруст ва табъи завқи ман таҳрир накардааст. Вале ҳамкории ман бо устод Баҳманёр (ёдашон ба хайр), ки дар бахши мақолаҳои фарҳангию ҳунарӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият мекарданд, ҳамеша табъи дили ман буд. Хусусун, мақолаи охиронам, ки устод пеш аз вафоташон ҷумлаҳои каҷи маро рост карда буданд (камина одатан ба русӣ менависам).

Ба хотири эҳтирому ёди устод лозим шуморидам, ки дар ҳафтаномаи «Самак» дубора мақоларо манзури хонондагон намоям. Боз ба хотири он ки маҷаллаи дӯстдоштаи мо «Садои Шарқ» бо тиражи хеле маҳдуд чоп мешавад.

Ногуфта намонад, ки ҳар камбудии мазмуни мақола – аз ман аст ва ҳар беҳбудии услубию навҷӯии баён – аз устод Баҳманёр.

Ёдашон ба хайр!

Ҳамчунон, миннатдорам аз сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб, ки мақолаи маро интихобан дар «Фейсбук» ба муҳокимаи хонандагон гузоштаанд.

Инак, мақолаи камина дар таҳрири зиндаёд Баҳманёр:

Қисмати аъзами ҳудуди Тоҷикистон дар замони Аморати Бухоро куҳсор ва мардуми он аз нигоҳи фарҳангӣ ақибафтода буданд. Ва дар арафаи таъсиси ҷумҳурӣ ин шуур боз ҳам таҳриф ёфта, шакли омиёна гирифта буд ва ҳаргиз наметавонист инъикосгари ҷараёни таърих бошад.

Ҳукумати болшевикӣ бо дағдағаи инқилоби ҷаҳонии сотсиалистӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳи табдил додани шуури асримиёнагӣ ба “шуури шӯравӣ” шуд. Зарурати дар зеҳни мардум ворид намудани фарҳанги пешқадами ғарбӣ-шарқӣ пеш омада буд.

Ин амалан чиро ифода менамуд?

Агар мухтасар гӯем, синтези ин ду фарҳанги континенталӣ дар як фарҳанги миллӣ бояд ҳамчун омезиши ҳамоҳанги кулли он афкоре, ки дар фарҳанги Ғарбу Шарқ созанда, пешқадам, навоварона, демократӣ ва инсондӯстона ба шумор меомад, ба фарҳанге алоҳида, масалан, ба фарҳанги тоҷикон пазируфта мешуд.

Ҳамаи ин дигаргунсозиҳо ба зудӣ бор оварданд: аксари тоҷикистониён ба дарки воқеии шароити зиндагии худ расиданд, аз хурофот раҳоӣ ёфтанд, соҳиби тафаккури муносиб ва воқеӣ гардиданд…

Акнун дар шароити нав, дар шароите ки Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ расидааст, зарурати амалӣ намудани ислоҳоти шуур, чи тавре ки дар даврони шӯравӣ буд, пайдо шудааст. Зеро аксари мардум имрӯз бо арзишҳо ва тасаввуроти куҳнашуда зиндагӣ мекунанд. Гарчанде тоҷикон дар воқеияти нав қарор доранд, яъне дорои идеологияи давлатии мустақил мебошанд, вале шуури ҷамъиятии аксарият аз шуури наве, ки бартарият пайдо намудааст, қафо монда истодааст.

Истиқлоли давлатӣ дар зоти худ пеш аз ҳама падидаи сиёсӣ мебошад. Аммо он тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа: иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва ғайраро фаро мегирад. Он, бешубҳа, ба аккумулятори тафаккури нави ҳам шахсият ва ҳам дар маҷмӯъ ҷомеа табдил меёбад. Вале на ҳамаи ашхос ва на ҳамаи табақаҳои ҷомеа омодаи дарки маъно ва аҳаммияти ҷойгоҳи наве мебошанд, ки дар он қарор доранд. Ва онҳо (шахсият ва қисмате аз ҷомеа) бо сабаби нафаҳмидану дарк накардани тафаккури нав ба муҳофизакор табдил меёбанд ва беихтиёр монеи рушди минбаъдаи ҷомеа ва фарҳанги он мешаванд.

Ин падида хоси тамоми ҷомеаҳое мебошад, ки дар онҳо тағйироти таърихии гузариш аз як вазъи иҷтимоӣ ба вазъи иҷтимоии дигар ба амал меояд. Ҳам шахсият ва ҳам ҷомеае ки чунин инноватсияро дарку фаҳм карда ва пазируфтааст, табиист, ки ба консерватизми онҳое ки ба умқи моҳияти ин дигаргунсозиҳо нарасидаанд, дучор мегардад.

Ва дар аксари маврид арсаи ҳунар ба майдони набарди муҳофизакорҳо ва онҳое ки ҷонибдори дигаргунсозӣ мебошанд, табдил меёбад.

Масалан, шеъри тоҷикон аз қадимулайём ҷойгоҳе бартар дар ҷомеа доштааст (бо баъзе истисноҳо), вале то ба ҳол ба шеъри замони нав табдил наёфтааст. Асарҳои замонасозона гарчанде дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро ироа менамоянд, аммо аз сатҳи ҷойгоҳи худ моҳияти ҳодисаҳои рухзадаро инъикос карда наметавонанд. Бино бар ҳамин, шеър дар байни мардум аз маъруфияти комил бархурдор нест. Гарчанде ҳастанд афроде ки майл ба сурудани шеъри нағз доранд, вале шеър нерӯи муассиру фарогири иҷтимоии худро аз даст додааст. Ин ҳолат ба вазъи ҷаҳонбинӣ ва психологии қисмати консервативии ҷомеа таъсири ҷиддӣ мерасонад, чароки замоне шеър коди фарҳангии онон будааст.

Зимнан, дар давраи мувофиқсозии шуури миллии тоҷикон ба шуури нави иҷтимоӣ (шӯравӣ), кори муҳиме ки зиёиён ба анҷом расониданд, табдил додани навъи асримиёнагии шеър ба шеъри модели шарқӣ-ғарбӣ буд.

Синтези Шарқу Ғарб дар фарҳанг ва ҳунар маънои муттаҳид намудани анъанаҳои беҳтарини фарҳангӣ ва ҳунариро дорад. Ин синтез, бо тағйир додани навъи ғайриқиёсӣ (ирратсионалӣ) ва мазҳабии тафаккур ба навъи мувофиқ бо даврони шӯравӣ, дар дигаргунсозии тафаккури тоҷикистониёни онзамона таъсири сазовор дошт. Тафаккури навъи шарқӣ-ғарбӣ фарҳанги ирратсионалӣ ва мистикиро ба фарҳанги ратсионалӣ ва реалистии дорои маънои муносиб бадал намуд.

Ҷомеаи даврони шӯравии Тоҷикистон дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба дараҷаи лозимии рушд ноил гардид ва ин маҳз таъсири ҳамин синтез буд.

Масалан, меъморӣ, ки бе ягон таблиғи лафзӣ аз кулбаҳои гилӣ то ба бунёди биноҳои барои зиндагӣ созгор тараққӣ кард, хомӯшона, бе эҷоди ҳангома, барои табдили шуури қафомонда ба шуури муосир мусоидат намуд. Дар ин ҷода театри навъи аврупоӣ, манзаранигории воқеӣ ва муҷассамасозӣ, ки дар замони ҳукмронии ислом мамнӯъ буданд, хидмати шоиста карданд.

Мехоҳам нақши кино дар он замонро махсус зикр намоям.

Дар баробари татбиқи фарҳанги нав ва табдили навъҳои анъанавии ҳунар ба моделҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон соли 1920 кинематография ҳам арзи вуҷуд намуд.

Пайдоиши кино дар ин канораи қафомондатарини аморати Бухоро падидае нодир буд. Кино ба шуури тоҷикони солҳои 20-30-уми асри ХХ таъсири инқилобӣ гузошт. Илова бар ин, ин таъсир барқосо, бе сарфи вақту воситаҳои зиёд анҷом пазируфт. Кино ҳамчун ҳунари тамошои оммавӣ, ки талаби саводнокӣ надорад, чун “оинаи ҷаҳоннамо” аз афсонаҳои тоҷикӣ, бо вуруди худ ба сарзамини тоҷикон муъҷизаи ҳақиқӣ барпо кард. Бо нурҳои худ шуури мардуми пойбанд дар ҳукми тасаввуроти пасафтодаро “равшан” ва озод кард, аз асорати ҷаҳолату қафомондагӣ раҳонид ва барои гузаштан аз як сатҳи тамаддун ба сатҳи дигари рушдкарда ва муосир, ки нерӯи ақл ва халлоқияти дастони инсон возеҳ ба мушоҳида мерасид, ба унвони нардбон хидмат намуд. Кино тоҷикони кӯҳистонии кандашуда аз тамаддунро бо тамоми инсоният пайванд кард. Ҳарчанд ҳокимияти шӯравӣ киноро бо ҳадафҳои таблиғотию ташвиқотӣ истифода мекард (ва ин амал дар даҳсолаҳои аввали мавҷудияти он махсусан чашмрас буд), бо вуҷуди ин, зуҳури кино дар Тоҷикистон барои ташаккул ёфтани шуури миллии мардум нақши муҳим дошт.

Мисоли барҷастаи ин гуфта филми “Муҳоҷир”-и нахусткоргардон, филмноманавис ва актёри тоҷик Комил Ёрматов буда метавонад. Минбаъд пас аз танаффуси кӯтоҳ филмҳои Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Бақо Содиқов ва дигарон рӯи навор омаданд.

Тибқи мушоҳидаи нишонаҳои зоҳирӣ, имрӯз низ масъала ҳамон аст, ки дар оғози истиқрори ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон буд, яъне зарурати ба сатҳи нав расонидани тафаккури аксарияти аҳолӣ. Ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол лозим меояд боз ҳамон вазифаи ҳамзамонсозии (синхронизатсияи) тафаккури ҷамъиятӣ бо идеологияи нав, бо фарҳанги дорои мундариҷаи навро ҳаллу фасл кунад.

Тафаккури нави иҷтимоию фарҳангӣ чист?

Дар марҳалаҳои аввали мавҷудияти Тоҷикистон дар шароити истиқлоли давлатӣ аллакай се давраи худогоҳӣ ва мутобиқати комил аз сар гузаронида шуд.

Марҳалаи якум – баъд аз фурӯпошии ИҶШС Тоҷикистон расман мақоми давлати соҳибистиқлолро гирифт (солҳои 1991-1997).

Марҳалаи дувум – анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, имзои шартномаи сулҳи байни тарафҳои мухолиф, гузаштани кишвар ба заминаҳои бунёди сохтори нави давлатӣ, муайян намудани стратегияи иқтисодиёти миллӣ, навъҳои хоҷагидорӣ, раҳо шудани кишвар аз бунбасти энергетикӣ ва коммуникатсионӣ (солҳои 1997-2015).

Марҳалаи сеюм аз соли 2015 шурӯъ то ба ҳоло идома дорад. Моҳияти ин марҳала дар рушди устувор ва пайвастаи иқтисодиёт, сиёсат, рӯ овардан ба фарҳанги умумиинсонӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ ва демократӣ ифода меёбад. Ин марҳала моҳиятан нав мебошад ва мо, тоҷикон, дар оғози роҳи он қарор дорем. Он ба мо ҳуқуқи ихтиёран ворид шудан ба муборизаи мураккаб, пурихтилоф ва пуррақобат дар ҷаҳони глобалии ахбор ва арзишҳоро медиҳад.

Ин марҳала ба насли ҷавони дорои тафаккури комилу пухта ва аз обу оташ гузашта, қодир ба рақобат, фаъолияти мустақилонаи эҷодӣ, соҳиби таҷрибаи кор бо технологияҳои навтарини алоқаҳои байниҳамдигарӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамзамон, ин насл бояд ба ҳифз ва навсозии арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ таваҷҷуҳ дошта бошад ва масъулият ҳис намояд.

Вазифаи марҳалаи муосир аз раҳоии фаврӣ аз такаббури миллии “филологӣ” мебошад, ки дар баҳсҳои парастиши забони миллӣ (меросмонда аз солҳои ахири даврони шуравӣ) ифода меёбад. Замони ташаккул додани такягоҳи минбаъдаи рушди ҷомеа, иқтисодиёти он ва дарёфтани роҳҳои воқеии табдили ин ҷомеа ба ҷомеаи ҳақиқатан плюралистии шаҳрвандӣ фаро расидааст.

Дар ҷаҳони глобалии имрӯза ягон кишвар ва ягон миллат дар танҳоӣ, фақат дар заминаи забон ва фарҳанги комилан миллӣ масъалаҳои мубрами худро ҳаллу фасл карда наметавонад.

Бояд зикр намуд, ки тафаккури нав бо мафҳумҳои “нигоҳи нав” ва “арзишҳои нав” алоқаманд аст. “Тафаккури нав” алтернатив надорад, вале антиподаш – “тафаккури куҳна” мебошад. “Нигоҳи нав”-ро наметавон ба унвони синоними “тафаккури нав” баррасӣ кард, ҳарчанд ки “тафаккури нав” унсур ва маҳаки асосии он ба шумор меравад. Аммо “тафаккури нав” нигоҳи дигаргуна ба арзишҳои мавҷуда буда, баррасии онҳоро мутобиқ бо усулҳои фаҳмиши нави арзишҳо аз нуқтаи назари мубрамият ва аҳамияти иҷтимоиашон дар назар дорад. Ҳамчунин тафаккури нав нигоҳи нав ба арзишҳои анъанавиро дар назар дорад. Воқеияти нави ҷомеаро ба ченакҳои куҳна андозагирӣ кардан ғайриимкон аст. Ҷомеаи муосири Тоҷикистон бояд ин ченакҳои навро таҳия намояд.

Ҳамаи ин тамоилҳои нав пеш аз ҳама дар асари ҳунарӣ инъикос меёбанд ва бояд ёбанд.

Нишонаҳои нахустини чунин тафаккур дар осори ҳунари муосири тоҷикистониён аллакай зуҳур карда истодаанд. Табиист, ки ин падида бо мурури замон суръати муносиби афзоиш ва рушди худро пайдо хоҳад кард. Он минбаъд ба мавзӯи баҳсҳои пурмаҳсул ва дастовардҳои нав дар бахши ҳунар табдил меёбад. Нигоҳи нав – эътирофи масъулият дар назди худ, ҷомеа, наслҳои оянда ва таърих мебошад. Таърих насли имрӯзаи тоҷиконро интихоб кардааст, то аз миёни ҳазорон роҳ роҳи асосии рушди миллатро пеш гиранд ва имкони мусоидат намудан ба рушди муваффақи ҷомеа ва фарҳанги онро дошта бошанд. Нигоҳи нав интихоби байни “худӣ” ва “бегона” мебошад. Имрӯз самти ҳаракат ба сӯйи оянда муайян шудааст: ҳаракати тоҷикон ва тоҷикистониён бояд ба самти фарҳанг ва арзишҳои муосир, демократия, таҳаммулпазирӣ, плюрализм, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҷомеа, пазироии дастовардҳои имрӯзаи илм сурат бигирад.

Ҳунари муосири тоҷик бояд инъикоси комилан мувофиқи воқеият, тафаккури нав ва нигоҳи нави озод ба усулҳои куҳнашудаи бадеӣ ва эстетикии ҷомеа, ифодакунандаи идеяҳои созанда ва навоварона бошад. Нигоҳи нав ва тафаккури нав бояд идеали нави эстетикӣ, мавзӯъҳои тозаи баробар бо сатҳи идея ва арзишҳои пешқадами ҷомеаро ки ҳанӯз пурра қувват нагирифтаанд ва равшан нашудаанд, таҷассум намоянд. Нигоҳи нав ва тафаккури нав бояд дар ҳунари тоҷик қаҳрамони нави аз нигоҳи иҷтимоӣ фаъол, ташаббускор, созанда, навовар, мустақил ва ҳамзамон инъикосгари тамоми тамоилҳои навтарин дар бахши маънавиёт, маориф, касбият, донандаи забонҳои муосир, дорои қобилияти вуруд ба алоқаи пуррақобат бо ҷаҳони глобалӣ ва бозор, донандаи технологияҳои навтарини алоқаҳои байниҳамдигарӣ бо шарикони ҷаҳониро тавлид намоянд. Нигоҳи нав ва тафаккури нав дар ҳунари муосири тоҷик мавзӯи нави ҷалбкунанда ва ташаккулдиҳандаи инсони нави дорои худогоҳии бошуурона ва созандаи насли нав мебошад.

Вале ҳунари муосири тоҷик, қатъи назар аз баъзе дастовардҳо дар бахшҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ, меъморӣ дур аз он аст, ки худро ба унвони падидаи фарогирандаи нигоҳи нав ва тафаккури нав муаррифӣ намояд. Аксарияти асарҳои давраи ҳозира гирифтори анахронизм, традитсионализм, парастиши анъанаҳои бадеии куҳнашуда ва баъзан ҳарзабофианд. Ин падида низ сабаби боздошт, ақибмонии шуури ҷамъиятӣ аз тафаккури нави муосир, арзишҳои нав, нигоҳи нав ба воқеият табдил ёфта истодааст. Таассуфовар он аст, ки синтези шарқӣ-ғарбӣ, ки дар даврони шӯравӣ ба таркиби ҳунари қадим, ба пайдоиши реализм ва бозсозӣ дар ҳунари тоҷик, ба ҷалби таваҷҷуҳ ба анъанаҳои пешқадами фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири мусбат расонида буд, дар марҳалаи ҳозираи рушди фарҳанги мо тадриҷан суст шуда истодааст. Ҳунари мо имрӯзҳо рӯ ба гирифтани мақоми ба ном фолклорӣ овардааст…

Ҳунар ва фарҳанги тоҷик дар маҷмӯъ системаҳои фарҳангофар мебошанд. Бино бар ин ҳунари тоҷик дар муддати кӯтоҳ, бо такя ба таҷрибаи кишварҳое, ки ба дараҷаи муосир ва пешқадами рушд расидаанд, муборизаи беҳударо паси сар гузошта, ба ҳадафҳо ва арзишҳои дилхоҳи худ ноил мегардад…

Дар ҳоли ҳозир шумори андаки ҳунармандоне ҳастанд, ки дар маҷрои татбиқи тафаккури нав меандешанд ва кор мекунанд. Мехоҳам мушоҳидаҳои худро дар мисоли филми режиссёри ҷавони тоҷик Носир Саидов ба унвони намуна баён намоям. Охири соли 2009 банаворгирии филми “Қиёми рӯз” (устод Баҳманёр, филмро надида буданд, унвони дар титрҳо будаи «Қиёми рӯз»-ро «Нимарӯзи ҳакиқӣ» тарҷима кардаанд. Ин иштибоҳи калон ҳисоб намехӯрад) ба анҷом расид.

Якум, он дар заминаи шароити нави иқтисодӣ ва истеҳсолӣ сохта шудааст. Махсусияти ин лоиҳа дар он буд, ки маблағгузории онро аввал инвесторҳои ватанӣ ба уҳда гирифта буданд. Аммо баъдан маълум шуд, ки онҳо имкони пардохти маблағи лозимаро надоранд. Носир Саидов ва Сафар Ҳақдодов ба бунёдҳои молиявии байналмилалӣ муроҷиат намуданд. Ниҳоят ҳам ҳомӣ ва ҳам маблағ ёфтанд ва кори банаворгирии филм ба охир расид. Ва мутобиқи хусусияти истеҳсолот, чи тавре ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, филм дар заминаи маблағгузории манбаъҳои мухталиф рӯи навор омад.

Дувум, он шояд аввалин филм дар таърихи кинои давраи истиқлол буд, ки дар мутобиқат бо хусусиятҳои рақобатпазирии стандартҳои кинои ҷаҳонӣ сохта шуд. Дар ин бора соҳиби чандин мукофоти кинофестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани филми “Киёми руз” гувоҳӣ медиҳад. Филм зиёда аз даҳ мукофот гирифт, нуҳтои он шоҳҷоиза мебошад. Яъне филм аз рӯи тамоми унсур ва пеш аз ҳама параметрҳои техникӣ, дар мувофиқат бо талаботи стандартҳои ҷаҳонии кино, ки ҳангоми сохтани ин навъи филмҳо талаб карда мешавад: садо, тасвир, монтаж, бозии актёрон, мазмун ва драматургия рӯи навор омадааст. Бояд гуфт, ки ба киносозони тоҷик барои расидан ба чунин дараҷа мутахассисони эронӣ ва русии махсус барои ин кор даъватшуда, ёрӣ расониданд. Яъне онҳое даъват шуда буданд, ки имрӯз маҳакҳои рақобатпазирӣ дар киноро муайян менамоянд. Мехоҳам саҳми сазовори кинематографистони эрониро махсус зикр намоям. Онҳо яке аз пештозони кинои ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Хеле муҳим буд, ки ҳамкорони хориҷӣ бо вуҷуди расонидани ёрии техникӣ, муҳтаво ва арзиши бадеии филми миллиро тағйир надоданд. Филм ҳама воқеияти манзараи миллиро инъикос намуд.

Аммо ин воқеият ба тарзи нав, дар заминаи тафаккури нав шарҳбандӣ карда шудааст. Ва ин махсусияти савум ва муҳими он ба шумор меояд. Филм як қатор масъалаҳои маънавӣ-ахлоқии хислати инсон ва ҷомеаро пешкаши бинанда намуд. Ин масъалаҳо гарчанде аз рӯи аҳамият ва арзиш хоси тоҷикон ва тоҷикистониён буданд, вале бо вуҷуди ин филмсозон аз доираи кинематографияи миллии анъанавӣ, ки пештар фақат алоқамандиҳои мардуми тоҷикро муаррифӣ менамуд, берун баромаданд. Ин филм дар чаҳорчӯби идеологияи шӯравӣ, ки васфи арзишҳои пролетариро мекард, сохта нашуда буд.

Ин падидаи тозаро муфассал дида мебароем.

Дар филм қисса карда мешавад, ки метеорологи рус якҷо бо бошандагони ду деҳи хурдакаки куҳистон, ки садсолаҳо дарёчае онҳоро аз ҳам ҷудо мекард, банохост шоҳиди симхоркашӣ дар сарҳад мешаванд. Сокинони ин деҳачаҳо ғайриихтиёр дар давоми як соат ба шаҳрвандони кишварҳои гуногун табдил меёбанд. Дар натиҷаи сарҳадгузорӣ ва минакорӣ дар зиндагии мардуми ҳарду деҳа мушкили зиёд эҷод мешавад. Масалан, мактаб бо талабагонаш дар як тарафи симхор, муаллим дар тарафи дигари он мемонанд. Таваллудхона дар ин тараф аст, занони ҳомилаи деҳи дигар ба он омада наметавонанд. Муҳимтар аз ҳама, таҷлили ҷашни арӯсии ду дилдода, ки дар ду тарафи симхор зиндагӣ мекунанд, ба масъалаи мураккаб табдил меёбад. Ин мушкил персонажҳои филмро ба сарҳадвайронкунӣ водор менамояд ва дар натиҷа қаҳрамони асосӣ -ҳавошиноси рус аз таркиши мина ҳалок мешавад.

Табиист, ки сужа ба андозае мушкилро ба иғроқ мерасонад. Аммо, вазифаи ҳунар аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мавҷудияти масъалаҳои барои бошандаи одӣ чашмнорас ҷалб намуда тавонад.

Дар филм мавзӯи муносибати байни миллатҳо равшану возеҳ садо медиҳад. Мавзӯи асосии филм ҳам ҳамин мебошад. Метеорологи солманди рус Кирилл Иванович бо аҳолии ҳарду деҳа – Сафедоби боло ва Сафедоби поин пайванди дӯстӣ дорад. Муносибати дӯстонаи онҳо аз рӯзи аввали ба ин сарзамин омадани Кирилл Иванович маншаъ мегирад. Кирилл бо тақозои кору зиндагӣ забони тоҷикиро ёд мегирад ва ин амал марди русро бо аҳли ду деҳа боз ҳам наздиктар месозад. Гузашта аз ин қаҳрамони дигари асосии филм – Нилуфар (фарзанди Пирназар, ки дар ҳамсоягӣ бо истгоҳи ҳавошиносӣ зиндагӣ мекунад), ҳамкори Кирилл Иванович аст, таҷрибаи кори ӯро меомӯзад. Ҳамкории наздик бо Кирилл Иванович ва меҳру муҳаббати инсонӣ Нилуфарро водор менамояд, ки ӯро падар хонад. Кирилл ва падару модари духтарак инро ба унвони як амри табиӣ мепазиранд. Ва духтарак хоҳиш менамояд, ки дар ҷашни арӯсиаш Кирилл дар паҳлӯи падараш бошад. Падару модари духтарак ба ин кор розиянд. Ба ин муносибатҳо падару модари домод низ эътирозе надоранд. Салими падари домод, намояндаи миллати тоҷик набуданаш аён аст, бо риояи мулоҳизоти сиёсӣ дар ин хусус ишора карда намешавад. Ин аз нуқтаи назари мухотабдории филм ҳам муҳим мебошад, ки баъдан дар ин бора хоҳем гуфт.

Мувафаққияти филм дар пайванд ба иштироки ситораи кинои рус Юрий Назаров дар сохтани он мебошад. Сенарияи “Қиёми рӯз” махсус барои ӯ таълиф шудааст (Чунин таҷриба дар кинои тоҷики даврони шӯравӣ ба мушоҳида намерасад).

Пирназари қаддароз инсони меҳрубон ва шӯх аст. Ҳамсари ҳомилаи худро, ки Робиамоҳ аст, беандоза дӯст медорад.

Нилуфару Ҳаким ду ошиқу дилдодаи мақбуланд. Гузашта аз ин, ҳарду хислату хӯйи хос доранд.

Масалан, бори аввал ба чеҳраи духтарак менигарем. Он зебоии зоҳир ва ботини дӯшизаро ифода менамояд. Дар ниҳоди ӯ шояд то ҳанӯз нишонаҳое аз кӯдакӣ ба мушоҳида мерасад, вале ҳамзамон чеҳра монои чеҳраи фаришта аст. Чашмони калону дурахшони духтар бозтобе аз туфулият ва маъсумият мебошад. Мехоҳӣ чашм аз ин чеҳра наканӣ, чароки дар он нишонаи зебоии то ҳанӯз номакшуфро мебинӣ…

Салим, вақте ба хостгорӣ меояд, дар баробари падару модари духтар низ аз Кирилл Иванович иҷозату ризояти баргузории ҷашни арӯсиро мехоҳад. Ин ишораи эҳтиром ба шахсияти Кирилл Иванович мебошад, ки як оилаи тоҷик ӯро чун узви баобрӯи хонавода пазируфтаанд…

Ин зиндагии гуворо ва бародаронаи афроди миллатҳои гуногунмиллатро фақат як нафар – Нусрат, ки Кирилл Ивонавичро дар деҳа одами бегона медонад ва пайваста дар ҳақаш бадгӯӣ мекунад, табоҳ карданӣ мешавад. Аммо дар пасманзари рӯҳияи бошандагони ду деҳа, Кирилл аз эҳтироми эшон бархурдор аст, дар вазъияти перомуни хатти сарҳад ба амал омада ва хавфи таркиши мина ҳама омодаи шунидани маслиҳати ӯ мебошанд.

Дар филм амалиёти ҳарбӣ гузаронида намешавад. Деҳаҳо дар кӯҳсор ҷойгир шудаанд. Аммо Кирилл Иванович ҳангоми тамос бо идораи марказии ҳавошиносӣ дар Душанбе хабари ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистонро мешунавад. Ва ин ба драматургияи филм шиддати иловагӣ мебахшад.

Дар робита ба ин дар мисоли чанд филмномае, ки Носир Саидов рӯи экран овардааст (“Қиёми рӯз”, “Муаллим”, “Роҳ”), услуби сенариянависи навовар дар кинематографияи давраи ҳозира аз Сафар Ҳақдодовро мавриди таҳқиқ қарор додам. Ӯ аз як асар то ба асари дигар усулҳои зеринро риоя менамояд: Усули якум, ҳангоми моделсозӣ кардани консепсияи филм саҳнаҳои хандаовар ва ғамангез, мисле ки дар ҳаёт бошад, пайиҳам меоянд. Ӯ дар фурсатҳои муносиб аз имконияти офаридани саҳнаҳои хандаовар ва ғамангез хуб кор мегирад. Маҳдудиятҳои жанриро навоварона лағв мекунад. Дар филми “Қиёми рӯз” аз ин усул моҳирона истифода кардааст. Созандагони асосии саҳнаҳои хандаовар дар филм Пирназари қаддарози содадил ва Салим, ки муносибати мутаассибона ба хари сафеди худ дорад, мебошанд. Ҳам Пирназар ва ҳам Салим гоҳе дучори саҳнаҳои хандаовар мегарданд ва гоҳе худ сабабгори зуҳури ин саҳнаҳо мешаванд…

Сафар Ҳақдодов майл ба заминикунонии бошууронаи қаҳрамонони худ дорад, ҳолаи нури гирди сари онҳоро дур мекунад, онҳоро ба одамоне табдил медиҳад, ки дар гирду атрофи мо зиндагӣ мекунанд. Ин хосияти нави кинои тоҷик аст ва таваҷҷуҳи бинандаро ба филм бештар ҷалб менамояд.

Усули дувуме, ки дар ҳамаи сенарияҳои Сафар Ҳақдодов такроран ба мушоҳида мерасад, ба рамз (символ) табдил додани ҳодисаҳои муқаррарӣ мебошад. Яъне ҳодисае ҷузъӣ дар батни матн маънои гуногун пайдо мекунад. Ин падида дар филмҳои дигари Носир Саидов, ки аз рӯи сенарияҳои Сафар Ҳақдодов наворгирӣ шудаанд, низ ба мушоҳида мерасад.

Дар “Қиёми рӯз” бо вуҷуди кулли мушаххасот, инфиродикунонии хислатҳо, ғайр аз мушаххас намудани персонажҳои тоҷик ва Кирилл, ба хотири мушаххасан мухотабнок нашудани филм ба миллати қаҳрамонони дигар ишора карда намешавад. Муаллифон ҳамеша ин махсусиятро равшан тасаввур ва қатъан риоя мекунанд. Дар акси ҳол, филм маҳдуд ва пойбанди ҳодисае мушаххас мешуд ва пуррамзию сермаъноии худро гум мекард.

Бо вуҷуди реалистӣ будани жанр, бо вуҷуди бозии реалистии актёрон, филм рамзӣ аст. Дар он сухан на танҳо дар бораи ҳодисаи ҷузъӣ ё минтақавӣ меравад, ки маъмулан дар ҳаёти мо рӯй додаанд. Яъне ин ҳодисаи мушаххас дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, ки сарҳадҳои шартан хеле шаффоф доштанд ва бо касби истиқлол ҳар яке аз ин давлатҳо саъйи кашидани хати сарҳад мекард, ҷой дошт. Аммо бо вуҷуди мавҷудияти ин далели таърихӣ, филм дорои хулосаи фалсафӣ низ мебошад. Маълум мешавад, ки ин мавзӯъ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низ мавриди истифода қарор гирифта будааст. Илова бар ин, сиёсатбозон тарзҳои гуногуни маҳдуд намудани ҳаракати инсон аз як кишвар ба кишвари дигарро эҷод кардаанд…

“Мо аз тафсири сиёсии таърих дур шудаем. Аз нигоҳи сиёсӣ филм шарҳи мушаххаси худро дорад. Дар он барои мулоҳиза майдон фарох аст. Қаҳрамонони асосии филми ман мехоҳанд оила барпо намоянд, аммо барои ин имконият надоранд. Сарҳад арзи вуҷуд менамояд. Ва ба ақидаи ман, ин масъаларо нисбатан васеъ, дар миқёси ҷаҳон, ба як минтақа маҳдуд нашуда нишон додан лозим аст” – мегӯяд Носир Саидов.

Бино бар ин филми киносозони тоҷик ба унвони даъвати маҳкум кардани ҳама гуна таҳдид ба ҳаракати инсон садо дод. Филм ёдовари он аст, ки вақте шӯру шаафи сиёсӣ ва худхоҳии ҳукумат ҳама гуна ҳаракати табиии ҳаётӣ ва манфиатҳои одамонро зери назорат мегирад, пайомадҳои нохуш дорад.

Муаллифи сенария Сафар Ҳақдодов ин мушкилро чунин шарҳ медиҳад: “Қиёми рӯз”… дар бораи он аст, ки боре сарҳади умумии деҳотро тақсим намуда, сарнавишти бошандагони онҳоро ба харобӣ оварданд. Он на фақат марзгузории ҷуғрофӣ балки фоҷиаи одамон мебошад, мушкилест, ки ҳама чиз ва ҳама касро фаро гирифтааст. Мо онро бо чашми худ дидем ва аз сар гузаронидем – моро маҷбур намуданд дар “вазъияти сарҳад” зиндагӣ кунем. Мо дар империя таваллуд шуда будем, вале саҳаргоҳе бедор шудем ва фаҳмидем, ки дар кишвари дигар зиндагӣ мекунем, дар як он ба бегонагон мубаддал гардидем. Сарҳад тарзи зисти мо шудааст, дар шуури мо маъво гирифтааст. Панҷаҳои гирои сарҳад сахттар моро мефишорад ва на танҳо ба маънои ҷуғрофии он…

Филм ҳамчунин кӯшиши ба мулоҳиза гирифтани зуҳури сохти нав – сохти фардгаро, гӯшагир ва ҷудоихоҳ низ мебошад. Кинои мо намоиши саҳнаест, ки дар он ҳукмҳои шартӣ метавонанд зиндагии одамро душвор, психологияи онҳоро маъюб кунанд, сабаби душманӣ ва нобоварӣ ба якдигар гарданд… Маҳдудият зӯроварӣ ба инсон аст, ки табиат озодиро дар сиришти ӯ коштааст. Ва ягон механизми сунъӣ наметавонад ин сифотро аз ниҳоди инсон берун афканад. Яъне, назарияи “ҷудо кардану ҳукм рондан” барои башар марговар аст…”.

Аммо марги Кирилл – қаҳрамони мусбати филм, марди русе, ки дар миёни тоҷикон ва миллатҳои дигари ин ду деҳа зиндагии осуда дошт, низ рамзӣ мебошад. Муаллифон изҳори таассуф мекунанд (ва аксарияти кулли бинандагони филм дар кишварҳои мухталиф ба ин нуқтаи назар шариканд), ки анъанаҳои неки расман ироанашудаи даврони шӯравӣ дар мавриди муносибати байни миллатҳо гум шуда истодаанд. Ва ҳавошиноси рус низ нопадид мешавад ва ин зерматни рамзии филм маънои онро дорад, ки империяи муайянкунандаи фазои сиёсӣ дар ин минтақа фано шудааст…

Ҳамин тавр дар ин филм тафаккури нав, нигоҳи нав ва арзишҳои нав хеле боназокат ва аз ҷанбаҳои мухталиф зуҳур намудаанд. Мутаассифона, ин падидаҳо дар дигар навъҳои ҳунари муосири тоҷик, ба вежа дар кинои тоҷик то ба имрӯз ба унвони рӯйдоди воқеӣ зоҳир нашудаанд.

Меъмории наву муосир низ таъсири хомӯшонаи худро аз даст надодааст. Он дар муқоиса бо меъмории замони шӯравӣ, баландошёна, дорои моделсозии инфиродӣ, дизайни хуб, хусусиятҳои равшани миллӣ (масалан, истифодаи ороиши декоративии анъанавӣ бо тафсири модернистӣ, истифодаи гунбаз ба унвони рамзи миллӣ) мебошад.

Бархе аз ҷавонон мусиқии эстрадӣ ва рэпро меписанданд… Аммо, мусиқии полифонии тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон шуҳрати зиёд дорад, шунавандаи кофӣ надоранд.

Телевизиони Тоҷикистон миёни мардуми одӣ маҳбубият дорад, вале аксари зиёиён ё аз барномаҳои он норозианд, ё онро тамошо намекунанд, зеро он то кунун аз тафсири касбии идеяҳои аслан нав хеле дур аст.

Театри тоҷик ҳоли аз ин ҳам ғамангезтар дорад. Ҷавобгӯи дарду хостаҳои ҷомеаи муосир намебошад. Албатта, спектаклҳое чун “Шабе дур аз Ватан” (театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов), “Мурофиаи девонагон” (театри давлатии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова) ҳам ҳастанд. Аммо инҳо падидаҳои алоҳида мебошанд. Театри муосири тоҷик ба мавзӯи инъикоси тафаккури нав, мушкилоти нави воқеӣ даст намезанад.

Дар манзаранигорӣ мавридҳои ҷудогонаи зуҳури тафаккури нав ба мушоҳида мерасад. Масалан, ба ақидаи мо, он дар эҷодиёти Сабзалӣ Шарифов зоҳир мешавад…

Ҳамаи ин дар маҷмӯъ боиси пайдоиши шиддат дар ҳаёти ҷомеае мегардад, ки мехоҳад аз банди ҷомеаи анъанавӣ раҳо шавад ва ба сафи ҷомеаҳои рушдкарда ва мутамаддин бипайвандад.

Саъдулло РАҲИМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь